Дар шаҳри Сочи Мусобиқаҳои XII-уми умумироссиягӣ оид ба футбол дар байни дастаҳои хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” ба поён расиданд. Дастаҳо аз Орск ва Смоленск дар чемпионати мазкур бар дастаҳои кӯдакон аз Осетия ва Тоҷикистон ғолиб омаданд. Футболбозони тоҷик дар доираи мусобиқаҳо барои иштирокчиёни даври ниҳоӣ ҳарифони хеле боқувват баромаданд. Ин далел ҳангоми аз ҷониби ташкилкунандагон мукофотонида шудани иштирокчиён зимни имтиҳони шахсӣ тасдиқ шуд: Зиёвиддин Каримов (дастаи “Наврӯз”, мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав) ва Худобахш Раҳимов (“Дӯстӣ”, мактаб-интернати №1 ш.Душанбе) дар категорияҳои синну соли худ тӯбзанҳои беҳтарин эътироф карда шуданд.
Чемпионати «Будущее зависит от тебя»-ро ширкати «МегаФон» аз соли 2005 бо дастгирии Иттиҳоди футболи Россия, Вазорати варзиш, ВКХ ФР ва фонди хайриявии “Футбол – барои кӯдакон” доир менамояд. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳо аз с.2011 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Футболи Тоҷикистон доир карда мешаванд.
Соли равон дар даври ниҳоии мусобиқаҳо зиёда аз 150 писарбачагону духтарони синнашон аз 12 то 15 сола аз 19 дастаи Россия, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ қувваозмоӣ намуданд. Даври ниҳоӣ худ бояд бо ғайрати зиёд мегузашт, вале натиҷаҳо аз тахмин зиёд баромаданд. Бар муқобили даста аз Орск дастаи “Наврӯз” аз мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бозингари беҳтарини худ Зиёвиддин Каримов, ки аллакай дар соли гузашта бозингари беҳтарини мусобиқаҳо эътироф шуда буд, баромад намуд. Мухлисону шарикони даста ба ӯ номи Мессиро доданд, вале худи ӯ ба Неймар монанд будан мехоҳад.«Мо бояд бурд намоем», – бо боварии том пеш аз бозиҳо мегуфт мураббии асосии “Наврӯз”Ҳамза ПИРОВ. Вале бозингарони дастаи «Оренбуржье” ҳарифи худро хеле хуб омӯхтанд: ба Мессии тоҷик, ки билохир дар даври ниҳоӣ як тӯбро ба ҳисоби худ зада буд, Роналдои муносиб пайдо гардид. Влад Зубачёв – Роналдо аз “Оренбуржье” дар мусобиқаи мазкур ду гол зада, бозӣ бар фоидаи дастаи вилояти Оренбург бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Футболбозони Смоленск низ ба даври ниҳоӣ дар категорияи синну соли калон бо ҷидду ҷаҳди зиёд ворид шуданд. Сараввал онҳо бар дастаи “Непоседы” аз вилояти Маскав бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, сипас дар даври нимниҳоӣ бар дастаи пурзӯри Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз омаданд. Бар дастаи “Дӯстӣ” (ки ба забони русӣ “дружба” тарҷума мешавад) ғолибият ба шарофати зарбаҳои дурусти Рустам Прокофев ва Андрей Галузин ба даст оварда шуд. Пирӯзии ниҳоӣ бар дастаи “Барс”-и Осетия чунон ба даст омад, ки хушнудии бозингарони Смоленск ҳадду канор надошт.
“Бозиҳои даври ниҳоӣ хеле бошиддан сурат гирифта, дар баробари ин, хеле зебо мегузаштанд ва сабаби он аён аст: зеро туҳфаи асосӣ – сафар ба Лондон буд. Бо чунин сатҳи дастаҳо бозингарони мо аз категорияи синну солашон калон ҷоизаи “биринҷӣ” ва бозингарони синну солашон хурд ҷоизаи “нуқра”-ро ба даст оварданд, ки ин натиҷаи хеле хуб аст. Ин бор дақиқ аён буд, ки дастаҳои Тоҷикистон аллакай ситораҳои худро пайдо намуданд. Ба бозингарони тоҷик танҳо боқӣ мемонад, ки ному обрӯи ҳарифони пурқувватро нигоҳ дошта, дар соли оянда пирӯзиро ҳатман ба даст оваранд!” – изҳор дошт директор оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Валентина БУТНИК.
Ду сол паиҳам ба ҳайси шарики даври ниҳоии мусобиқаҳо нахустин боғи махсуси кишвар Сочи Парк баромад менамояд. Баҳри рӯҳбаланд намудани иштирокчиёни мусобиақаҳо пеш аз мусобиқаҳои ҳалкунанда иштирокчиёни мусобиқаҳо пас аз рӯзи нахустини сабқатҳо ба Сочи Парк даъват карда шуданд. Иштирокчиён дар майдонҳои фароғатӣ дилхушӣ намуда чархофалакбозӣ намуданд, аз намоишгоҳи делфинарий, намоишгоҳи муҷассамаҳои регӣ ва намоишгоҳи мултимедиягӣ дар Театри Шаршара боздид карданд.
Рӯйдодҳоро дар доираи мусобиқаҳо нӯҳ шарики федеролии иттилоотӣ ба таври васеъ инъикос менамоянд: шабакаи телевизионии «Россия-24», шабакаи варзишии «МАТЧ ТВ», агентии хабарҳои варзишии «Р-Спорт», маҷаллаи «Совспорт. Футбол», радиои «Спорт FM», манбаи варзишии «Чемпионат», портали иттилоотӣ-хабарии ВЕСТИ.RU, портали хабарҳо дар аксҳои BigPicture.ru ва Федератсияи журналистони варзишии Россия. Шарикон на танҳо ба таври муфассал ҳамаи марҳилаҳои мусобиқаҳоро инъикос мекарданд, балки инчунин туҳфаҳои махсусро барои иштирокчиён пешниҳод менамоянд. Инак, манбаи варзишии Чемпионат “Бозингари аз ҳама арзанда” (Most Valuable Player MVP) – ба ин унвон Никита Смирнов аз дастаи «Оренбуржье» аз шаҳри Орск сазовор гардид. Шабакаи телевизионии МАТЧ ТВ «Мураббиёни беҳтарини даври ниҳоӣ» -Алексей ПетровваСергей Храмовро аз дастаи «Надежда»и Қазон табрику муборакбод намуданд. Федератсияи журналистони варзишӣ туҳфаи «Fair Play» («бозии бошарафона»)-ро ба дастаи “Наврӯз” аз Тоҷикистон, ки дар давоми мусобиқаҳо нисбатан бештар нисбати ҳарифони худ изҳори эҳтиром намуда буданд, супорид.
Маълумот оид ба лоиҳа:
Мусобиқаҳои “Будущее зависит от тебя” ҳарсола аз ҷониби ширкати “МегаФон” бо дастгирии Вазорати варзиши ФР, Вазорати маориф ва илми ФР, Вазорати корҳои хориҷии ФР ва Федератсияи футболи Россия гузаронида мешавад. Тӯли 12 соли таърихи мусобиқаҳо дар он зиёда аз 800 дастаҳои хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои 140 шаҳрҳои Россия, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ, Абхазия, Латвия, Хитой ва Ҷумҳурии Белоруссия иштирок намуданд. Аз соли 2005 зиёда аз 30 000 духтарон ва писарбачагон барои ғолиб омадан мусобиқа мекарданд. Якҷоя бо фонди “Измени одну жизнь”ташкилкунандагони мусобиқа наздики 1 700 анкетаҳои видеоиро ташкил намуда, 384 кӯдакон аллакай оилаи навро пайдо карданд.
Сомонаи расмии мусобиқаҳо: http://football.megafon.ru/
Оид ба фаъолияти хайриявии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”
«МегаФон Тоҷикистон» – оператори алоқае мебошад, ки дар тамоми ҳудуди кишвар дастрас аст. Вазифаи иҷтимоии “МегаФон” – муттаҳидсозии одамон, аз байн бардоштани монеаҳо дар муошират, таъмини дастрасии зуд ба маълумот дар ҳама шароитҳо ба шумор меравад. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти хайриявии ширкат – дастгирии кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории волидайн маҳрумбуда, кӯмак ба нафарони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ, кӯмак ба зарардидагони ҳодисаҳои нохуш ва дастгирии кормандони ширкат дар вазъиятҳои мухталифи ҳаётӣ ҳисобида мешаванд. Ба ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои иҷтимоии худ оператор фаъолона шариконро аз ҳисоби созмонҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони маъруф ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ аз тамоми Тоҷикистон ҷалб менамояд. Дар соли 2016 ширкати “МегаФон Тоҷикистон” як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва хайриявӣ аз ҷумла лоиҳаҳои “Синамои бемаҳдуд”, “Оянда аз ту вобаста аст”, “Интернети оянда”-ро амалӣ намуд, ки ҳамаи онҳо сазовори мукофотҳои фестивалу озмунҳои байналмилалӣ гардиданд.