«Рақам» ҳаётро рангин месозад

Ширкатҳо 31.03.2017 11:55

Тайи 20 соли ба истилоҳ “давраи мобилӣ” ҳаёти сокинони Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфт. Технологияҳои нав дар ҳама гуна шароит барои дар тамос будан бо наздикон, ба таври фаврӣ ҳал намудани масъалаҳои корӣ, гирифтани илму маърифат, хушвақтӣ кардан мусоидат мекунад. Ва ин танҳо қисми болои айсберг мебошад: иноватсияҳои мобилӣ имконият фароҳам меоваранд, то ба ҷаҳон бо чашмони боз нигоҳ намоӣ ва ҳамон соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳудудҳое, ки то воридшавии “рақам” кам касон соҳаи ояндадор мешумориданд инкишоф диҳӣ. Дар бобати таъсири технология ба ҳар кадоме аз мо ва дар маҷмуъ ба кишвар, мо бо Денис НИКИТИН, директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” суҳбати ихтисосие анҷом додем.

– Лутфан, бигӯед, ки алоқаи мобилӣ дар ҷомеаи муосир то чӣ андоза муҳим аст ва технологияҳои мобилӣ чи чизеро тағйир додаанд? 

– Дарвоқеъ чизи бисёре тағйир кардааст, аз ҷумла намунаҳои рафтор ҳам тағйир ёфтаанд. Масалан, барои дар бораи чизе аз хешу табор суол кардан, ки дар дигар кунҷи кишвар зиндагонӣ мекунад, пештар чӣ кор мекардем? Ба назди ӯ мерафтем (дар баробари ин мумкин буд, ки ӯро дар хона пайдо кардан натавонем) ё ин, ки тариқи телефони ноқилӣ занг мезадем – вале он на дар ҳар хонадон буд, дар деҳаҳои баландкуҳ дар хусуси ин неъмати мутараққӣ ҳатто орзу кардан ҳам номумкин буд. Ҳоло бошад як дақиқаи суҳбат бо телефони мобилӣ кифоя аст. Ё ин, ки ирсоли мактуб: пештар мактубро бо даст навиштан лозим буд, лифофаро ба почта бурда вақти зиёде ҷавоби мактубро интизор шудан лозим меомад... Почтаи электронӣ имкон медиҳад, ки ҳамаи ин амалҳоро дар сонияҳои башумор анҷом бидиҳӣ. Ҳамин тавр, ҳам вақт ва ҳам маблағ сарфа мешавад. Инчунин дар вазъияти фавқулодда алоқаи мобилӣ ҳангоми даъвати хадамоти наҷотдиҳанда тариқи рақамҳои кутоҳи ройгон дар сонияҳои башумор ҷузъи муҳими ҷиддӣ гардидааст.

– Вале ҳолатҳои фавқулода одатан дар ноҳияҳои дурдаст рух медиҳад, масалан дар баландкӯҳҳо, ки он ҷо бештаре аз операторон ҳоло ҳам шабакаи худро надоранд...?

– Аз ҳамин сабаб мо кушиш ба харҷ дода истодаем, ки дар навбати аввал маҳз дар чунин маҳалҳо шабакаро рушд бидиҳем. Айни замон аз рӯйи фарогирӣ “МегаФон” дорои яке аз шабакаҳои беҳтарин дар Тоҷикистон мебошад – аз хизматрасониҳои мо 98% аҳолии кишвар истифода карда метавонад. Мутахассисони мо корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд, ки одамонро бо алоқаи босифат таъмин созанд. Тасаввур кунед, ки чи тавр дар баландии куҳҳо як пойгоҳи базавӣ ҷойгир карда мешавад. Садҳо килограмм таҷҳизот ба нуқтаи интихобшуда бо “даст” бурда расонида мешавад. Барои он, ки “база”-и насбшуда дар маҳалле, ки хати қувваи барқ мавҷуд нест ба кор дароварда шавад, қарорҳои техникии нодир баровардан лозим меояд, ба монанди батареяҳои офтобӣ ва генераторҳои шамолӣ. Ва дар харитаи фарогирӣ нуқтаи нав пайдо мешавад – ҳаёти сокинони маҳаллӣ андак бошад ҳам, дигаргун мешавад.

– Дар тӯли як сол ҳаҷми маълумотҳои “МегаФон Тоҷикистон” чи қадр баровард мешавад?

– Аз рӯйи паҳнои фарогирӣ “МегаФон” яке аз шабакаҳои беҳтарин дар Тоҷикистон мебошад – аз хидматрасониҳои мо 98% аҳолии кишвар метавонад истифода кунад ва садҳо одамон шабу рӯз кор мекунанд, то аҳолиро бо алоқаи босифат таъмин созанд. Садҳо килограмм таҷҳизот ба нуқтаи интихобшуда тавассути “даст” бурда расонида мешавад. Барои он, ки “база”-и насбшуда дар маҳалле, ки хати қувваи барқ мавҷуд нест ба кор дароварда шавад, қарорҳои техникии нодир баровардан лозим меояд, ба монанди батареяҳои офтобӣ ва генераторҳои бодӣ. Ва дар харитаи фарогирӣ нуқтаи нав пайдо мешавад – ҳаёти сокинони маҳаллӣ андак ҳам бошад, дигаргун мешавад. Ҳаҷми маълумотҳои коркарднамудаи “МегаФон” ҳам бузург мебошанд:

Дар як сол зиёда аз 2 млрд. дақиқа трафики овозиро мегузаронад – дар маҷмуъ қариб 4 000 соли суҳбат мебошад. Миқдори СМС-хабарҳо ба 100 миллион мерасад, ки ба 5 000 матни пурраи романи Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ” баробар буда дар ҳаҷм як китобхонаи калон мешавад!

-Истифодабарандагони интернети мо дар як сол зиёда аз 390 терабайтро берун мебароранд. Инро 260 ҳазор филмҳои сифати олии HD баробар кардан мумкин аст. Мавриди таъкид аст, ки ҳамаи ин ҳаҷмҳои бузург – танҳо дар трафики шабакаи мо мебошанд. Одамон ба технологияҳои мобилӣ одат намудаанд, онҳоро дар кор, хониш, саргармӣ истифода мебаранд. Ба туфайли онҳо тамоми ҳаёти мо дигаргун шудааст – боз ҳам роҳаттар ва шавқовартар. Тоҷикистон кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад, ки дар миёни давлатҳои бузурги ҷаҳонӣ ҷойи намоёнеро ишғол намояд. Ва ҳар қадаре, ки сатҳи рушди телекоммуникатсия баланд шавад, ҳамон қадар мо ба ин ҳадаф наздик мешавем.

– “Ҳаловат” аз алоқаи мобилӣ чӣ қадар арзиш дорад?

– Дар шароити имрӯз муштарии мо ба таври миёна барои хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ тахминан 20 сомонӣ дар як моҳ хароҷ мекунад – ин 3% аз даромади миёнаи сокинони Тоҷикистон мебошад. Барои анҷом додани сафар, ирсоли мактуб ва дигар тамосҳо, ки то пайдоиши алоқаи мобилӣ анҷом додан лозим мешуд, аз буҷаи оилавӣ маблағи зиёде хароҷ мешуд. Дар маҷмуъ ин як ҳиссаест барои ҳаёти пурҳаловат. Ҳамагӣ 3% харҷ имкон медиҳад, ки аз хона берун набаромада овози пайвандону наздиконро шунаванд – ҳатто агар онҳо дар дигар мамлакат кору фаъолият мекунанд. Бо ёрии интернети мобилӣ метавон дарс омӯхт. Бо телефони мобилӣ аз духтур метавон маслиҳат гирифт, ки дар дигар деҳа зиндагонӣ мекунад ва саривақт ба хешу табор кумаки худро расонид. Ин ҳам барои соҳаи иҷтимоӣ ва ҳам ба иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим мебошад. Алоқаи мобилиро тоҷирон ва кормандони мақомоти давлатӣ ҳам истифода мебаранд. Агар шахси оддӣ сарфаи зиёд намуда барои алоқа танҳо 3% маоши худро хароҷ кунад, он вақт дар миқёси давлат таъсири телкоммуникатсия ба вазъияти умумии иқтисодиёт дар ҳақиқат ҳам азим мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97