Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Смартфонҳо ва планшетҳо дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” зиёдтар фаъолият мекунанд

Ширкатҳо 17.03.2017 10:11

Мутахассисони ширкати “МегаФон” функсионалҳои навро дар шабакаҳои насли сеюм ва чорум ба кор бароварданд, ки ба туфайли онҳо дастгоҳҳои мобилии муштариён аз ҳисоби безарядшавии оҳистаи аккумуляторҳо зиёдтар фаъолият мекунанд. Функсионалҳоро бисёр навъи смартфонҳо ва планшетҳо доро мебошанд, ба таври автоматикӣ амал намуда пайвасткунии махсусро талаб намекунанд.

 Кори замимаҳои мобилии бисёр “муошират”-и доимии гаҷетҳоро бо шабакаи оператори алоқа талаб мекунанд. Реҷаи “хуфта”-ро ба реҷаи фаъол иваз намудан ҳам дар ҳамон ҳолате, ки агар истифодабаранда қабул ва ё таҳвил намудани ҳаргуна маълумотҳоро оғоз менамояд ва ҳам дар реҷаи замина (в фоновом режиме) амалӣ карда мешавад – мисол, ҳангоми тағйирсозии барономаҳо ва замимаҳои дар смартфон насбкардашуда. Ивазшавии мунтазами давраҳои “хоб” ва “бедорӣ” ва мубодилаи ҳаҷми зиёди маълумотҳо бо шабака ба он оварда мерасонанд, ки аккумулятори дастгоҳҳатто дар реҷаи интизорӣ (в режиме ожидания) тезтар безаряд мешаванд.

Барои он, ки муштариён нороҳатиро аз сабаби камшавии вақти кори планшет ва смартфон ҳис накунанд, муҳандисони ширкати “МегаФон” ба шабакаҳои насли сеюм функсионали Fast Dormancy Profiling-ро ҷорӣ намуданд. Ин амал ба гаҷетҳои мобилӣ барои зуд “бедор шудан” кумак мекунанд ва қувваро аз ҳисоби камкунии ҳаҷми маълумотҳо сарфа менамояд, ки барои “муошират” дастгоҳро аз пойгоҳи базавии наздиктарин талаб мекунад. Дар натиҷа суръати шабака ва вақти умумии фаъолияти автономии гаҷетҳои мобилӣ баланд мешаванд. Ба туфайли схемаи дигари пайвастшавӣ бо шабака дар реҷаи интизорӣ 10% зарядро сарфа намудан мумкин аст. Функсионалро бисёр навъҳои смартфонҳо ва планшетҳо доро буд, ба таври автоматикӣ амал менамоянд ва пайвасткунии махсусро талаб намекунанд.

Дар шабакаи насли чорум функсионали аз рӯйи амал монанди Discontinuous Reception -ро ҷорӣ карда шудааст. Ин амал инчунин истеъмоли энергияи дастгоҳҳои мобилиро ҳангоми ҷойивазкунии муштарӣ байни пойгоҳҳои базавии 4G паст мекунад ва ба гаҷетҳо барои самаранок тағйир намудани реҷаи “хуфта” ба реҷаи фаъол имкон медиҳад. Чӣ тавре, ки санҷиши функсионали нав нишон дод, вақти истифодаи фаъоли батареяҳои смартфонҳо то ду маротиба меафзояд. Дар реҷаи хуфта аккумулятор ба 45% оҳиста бе заряд мешавад.

 “Дастгоҳҳои абонентӣ ва худи шабакаи мобилӣ боз ҳам “доно” шуда истодаанд. Бисёри технологияҳои нав ба таври автоматикӣ амал мекунанд, ки танзими махсусро талаб намекунанд – ва дар баробари ин истифодаи хизматрасониҳои алоқаро муносбтар менамоянд. Функсионалҳои Fast Dormancy Profiling ва Discontinuous Reception маҳз ҳамин гуна мебошанд. Бо корандозии онҳо муштариёни мо мобилии ҳақиқӣ мемонанд”, шарҳ медиҳад директори инфрасохтори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Павел БЕЛЕСОВ.

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97