Смартфони Samsung Galaxy A бихар ва аз “МегаФон Тоҷикистон” як моҳ интернет дарёфт намо

Ширкатҳо 18.02.2017 10:53

Ҳангоми харидории телефони Samsung истеҳсоли соли 2017 (навъи “Galaxy A3”, “Galaxy A5” ва “Galaxy A7”) муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” метавонанд яке аз бастаҳои махсуси интернетро пайваст намуда аз интернети ройгон тамоми моҳ истифода намоянд.

Бастаҳои нав, ки барои пайвастшавӣ аз 14 феврали соли 2017 дастрас мебошанд бо шарти пардохт дар моҳи дуюми истифодаи интернети мобилӣ амал менамоянд. Ба гунаи оддӣ, яъне ду моҳи интернет бо нархи як моҳ. Бастҳои махсус танҳо барои истифодабарӣ дар телефонҳои смартфон аз силсилаи Samsung Galaxy A нигаронида шудаанд. 

Номгӯйи бастаҳои интернетӣ ба навъҳои телефонӣ мувофиқ карда шуда бо нарх ва ҳаҷми трафик фарқият доранд:

  Барои навъи Samsung Galaxy A3 бастаи “А3” пайваст карда мешавад, ки бо нархи 55 сомонӣ 3000 Мб –ро дар бар мегирад.

 Барои навъи Samsung Galaxy A5 бастаи “А5” пайваст карда мешавад, ки бо нархи 65 сомонӣ 3000 Мб –ро дар бар мегирад.

 Барои навъи Samsung Galaxy A7 бастаи “А7” пайваст карда мешавад, ки бо нархи 75 сомонӣ 3000 Мб –ро дар бар мегирад.

Се бастаҳои болозикр ба дорандагони смартфонҳои ҷадвали нави Samsung Galaxy A ба таври ройгон дар моҳи якуми пайвастшавӣ бо шарти пешпардохт барои моҳи дуюми истифодаи интернет дастрас мебошанд. Бақияи трафикро аз рӯйи бастаи пайвасткардашуда тариқи фармони кӯтоҳи USSD *104# тафтиш метавон кард.

Дар сомонаи интернетии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” www.megafon.tj бо шартҳои Иқдом метавон муфассалтар шинос шуд.

 “Смартфонҳо аз ҷадвали силсилаи Samsung Galaxy А – миёни муштариён дар Тоҷикистон ниҳоят номдор мебошанд. Барои истифодаи амалҳои олии онҳо, интернети баландсуръат лозим аст. Бастаҳои 4G мобилии мо аз ҳама қарори беҳтаринанд. Барои ҳамеша дар алоқа будани муштариён ва аз дастгоҳҳузуру ҳаловат гирифтани онҳо мо як моҳи интернети ройгон пешкаш мекунем!” – қайд намуд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Дмитрий СЕМЁНОВ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97