Сузандузд аз говдузд бадтар аст

Ширкатҳо 13.02.2012 10:08

ИНДИГО! ва Pardokht.tj! Маблағи маро баргардонед!

ё, куҷо аз "ҳилла"-и бандаки алоят бираҳам? Билайн"!!!

"Мусиқии ман"-ро дар "Билайн" кӣ навохта буд?

Screenshot-93Чандест мушкили "Билайн"-ӣ дорам. Чунин ба назар менамояд, ки ин ширкати бо дар назардошти вазъи иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон "сиёсат"-и хидматрасонии худро тез-тез тағйир медиҳад. Аз бозе ин ширкати мухобиротӣ дар фазои пурмавҷи Тоҷикистон пайдо шудааст, бори аввал нест, ки амалҳои номатлуби худро нисбати муштариён раво мебинад. Намедонам шояд масъулини ширкат гумон доранд сӯзангумкуниҳои мардуми тоҷик мисли дигар поймолшавии ҳуқуқҳояшон нодида мемонад ва ё мардум "сент"-ҳояшонро ҳисобу китоб намекунанд, ки баъзан пурсида, дар баъзе ҳолатҳо беибо аз баланси мардум "сент" кам мекунанд. Тирамоҳи соли гузашта баъди якчанд маротиба ирсол намудани паёмҳои номуваффақашон барои ҷалби мо ба хидматрасонии истифодаи оҳангҳои "бепул"-е, ки шабонарӯз 10 сентии муштариҳошона кам мекунанд, духтаракони куртабиллайн худ тасмим ба гирифтани тамос шуданд. Қаблан пешниҳоде карданд, ки агар хоҳиш дошта бошед, мо ба Шумо оҳангҳои Садриддинро ройгон медиҳем, танҳо шабонарӯз аз ҳисоби Шумо чанд "сент"-е гирифта мешавад. Розӣ нашудам. Аммо тирамоҳи соли 2011 буд, ки шикояти истифодабарандагони "Билайн" оид ба нест шудани маблағи ҳисоби телефониашон зиёд шуд. Зимни як сӯҳбат масъулини қӯрғонтеппагии ин ширкат иқрор шуданд, ки аз асари як иштибоҳе рақамҳои тамоми муштариён бо тарзи автоматӣ ба хидматрасонии "Мусиқии ман" ворид шуда, ҳудуди як ҳафта рӯзе аз ҳар рақам 10 сентӣ ихтисор карда шудааст. Ман теъдоди аниқи истифодабарандагони рақамҳои "Билайн"-ро дар Хатлону сатҳи ҷумҳурӣ намедонам, аммо дар ҳамон шабу рӯз хисорот танҳо ба суратҳисоби ман аз 4 сомонӣ гузашта буд.

Иштибоҳи "Билайн" девори "Фейсбук"-ро чаппа мекард

Технократҳои Қӯрғонтеппа иброз медоранд, ки яке аз самтҳои фаъолияти ҳар ширкати мобилӣ ҷалби бештари муштариён буда, яке бо нархҳои арзони гуфтугӯиву ширкати дигар бо интернети арзон, саввумӣ бо тарофаҳои нав диққати муштариёнро ҷалб мекунанд. Намедонам чаро, дар охирҳои моҳи сентябри соли 2011-ум муштариёни "Билайн" бе хоҳиши худ ба хидматрасонии "Мусиқии ман" пайваст карда шудаанд. Тарзи пайвасти он "худсарона" аз тарафи ширкат роҳандозӣ шуда буд. Чунин хидматрасонӣ аз 14 то 31 декабри соли гузашта низ ба муштариён "пешниҳод" шуда буд, ки чунин худсарӣ хилофи ҳама гуна қонунҳои навишта мебошанд. Як нафар аз муштарии ширкати мазкур норозиигии худро чунин баён кард, ки Ширкат бо "пешниҳод"-и хидматрасонии "Мусиқии ман" ӯро қарздор карда, баъдан кормандони "Билайн" ба ин амали худ иқрор шудаанд. Яъне ширкат намехостааст, ки бо ин шева маблағро аз суратҳисоби муштариёнаш бигирад. Кормандони техникии филиали "Билайн" дар Қӯрғонтеппа дар навбати худ иброз доштанд, ки "қарз"-и муштариён бо навбат автоматӣ бекор карда мешавад. Аммо ин муааммо то 2 - 3 рӯз кашол меёбад ва то ин муддат муштарӣ имкони занг заданро надорад. Зеро агар маблағе ба суратҳисоби худ ворид кунад, ба ҳисоби "қарз"-и пайдошуда ихтисор мешавад. Мисли мо эродгирандаҳо аз амалиётҳои пурмуаммои "Билайн" дар Қӯрғонтеппа кам набуданд. Воқеан шикояти муштариён дуруст аст, ки дар симои намояндагии "Билайн" дар Қӯрғонтеппа на кормандони техникӣ (тавре ки роҳбари ин марказ дар Қӯрғонтеппа ҷаноби Суҳроб иброз дошт, онҳо танҳо корҳои техникиро иҷро мекунанду ба ҳалли мушкилоти дигари муштариён марказ- Душанбе муваззаф аст), балки маслиҳатгаре дидан мехоҳанд, ки мушкили вобаста ба маблағҳои мардумро ҳаллу фасл кунанд. Ба бахти ин ширкат он шабу рӯз аксари мардум дастрасӣ ба интернет надоштанд, вагарна аз бори шикояти муштариёни алоқаи "Билайн" девори "Фейсбук" "чаппа" мешуд.

Ин ширкат то кунун ба он бовар аст, ки баъзе амалиётҳои рақамиаш зери курта-"бренд"-и зардусиёҳ, ки манзараҳои Қӯрғонтеппаро фаро гирифтаанд, пӯшида мемонад. Дигар муштариёни ӯро намедонам, аммо шахсан ба муаллифи ин сатрҳо чандин маротиба мешавад, ки аз 0611 занг зада мехоҳанд, ки ман иҷоза диҳам, то ҳар рӯз "сент"-ҳои маро барои оҳангҳои интихоб намудаашон сарф кунанд. Охирин маротиба нашуд, ба мусоҳибдухтари телефонӣ эътироз кардам: - Ман намехоҳам барои оҳангҳои дӯстдоштаи Шумо "сент"-и зиёдатӣ сарф кунам! Дар ҳамин шароити иқтисодию сатҳи хидматрасонии Шумо "Мусиқии ман" он сӯ истад, аз овози булбул ҳам безорам.

Намедонам он лаҳза нозанини "Билайн"-ӣ кай тамосро қатъ кард, аммо ман хело ширкати онҳоро танқид кардам.

Чанде қабл дар як суҳбат атрофи нағмаҳои "Биллайн"-ӣ як дӯсти кордонам низ иброз дошт, ки "Биллайн" ба рақамҳои муштариёнаш "шаст"- (крючок)-и айёр мепартояд. Агар муштарӣ фаҳмид хуб, вагарна нофаҳмида нуқтаеро зер кард, ки ишораи ризоият дошта бошад, тамом. То мефаҳмад, ки ё қарздор шудааст, ё ҳисоби телефонаш баробари сифр.

Аз борон гурехта, зери жола…?

Баъди нобоварӣ ба "Билайн" банда "симкорт"-и "Мегафон"- и худро, ки бекор монда буд, аз нав фаъол кардам, то дар лаҳзаҳои зарурӣ ба қавле дар дашт намонем. Дар як шӯъбаи хидматрасонии ин ширкат дар Қӯрғонтеппа барои аз нав барқарор кардани рақамҳои муддате бекорхобида 8 сомонӣ пардохт намудам. Аммо бегоҳии он рӯз фаҳмидам, ки маблағи пардохтнамудаи маро барои барқароркунӣ (гӯӣ боми хонаи маро таъмир карда бошанд) ҳамту гирифтаанд. Намедонам барои чӣ?! Зеро ҳар харидори "симкорт"-и МЛТ дар ҳисоби рақамаш 1 доллар маблағ дорад, аммо муштарие, ки мехоҳад рақами худро барқарор кунад, аз нархи симкорти нав ҳам зиёд маблағ сарф карда, боз ҳам ҳисоби рақамаш баробари сифр мешавад. Чаро?

Ҳамин тавр аз байн як ҳафта гузашт. Рӯзи 3-юми феврал зимни сафари мо ба ноҳияи Қубодиён ҳаво каме сард шуду мавҷҳои "Билайн" то ба Қубодиён нарасиданд. Мо ба маркази дилерии воқеъ дар бинои меҳмонхонаи Қубодиён даромада, ба суратҳисоби "симкорт"-и "Мегафон" 6 сомонӣ маблағ пардохт кардем. Аз рӯи ваъдаи хидматрасони маркази дилерӣ Иброҳим, баъди 1 дақиқа бояд Ширкати "Мегафон" ба рақами телефони мо паёми ворид шудани маблағро ирсол мекард. Аз байн 6 соат гузашт, аммо аз "паём"-и суратҳисоб хабаре набуд. Мо дуввумбора ба ин марказ муроҷиат кардему боз ваъдаҳо гирифтем, ки бинобар мушкили техникӣ, маблағҳои мо дар куҷое дармонда будааст. Дар рӯзи дуввуми интизорӣ, ки ҳеҷ паёми воридшавии маблағ ба телефони мо намеомад, дилерҳои қубодиёнӣ ба мо рақами 93 432 00 01 дода гуфтанд: Ба ҳамин рақам занг занед, масъули маблағҳои пардохтшуда соҳиби ҳамин рақам аст. Ман хабари пардохти маблағҳои муштариёнро аз телефони рақамаш 93 411 83 52 ирсол кардаам. Мо аз хидматрасонии ширкати "Pardokht.tj" истифода мебарем,- гуфт Иброҳим.

"Мегафон"!!! Ту муштариёнро қарздор намекардӣ ку!?

Аз байн се шабонарӯз сипарӣ шуду мо ба маркази Ширкати "Индиго" дар Қӯрғонтеппа муроҷиат кардем, то инки соҳиби рақами 93 432 00 01-ро ба ман шинос намоянд. Корманди филиали мазкур иброз дошт, ки ба ин гуна хидматрасонӣ ширкати "Pardokht.tj" муваззаф буда, онҳо аз хидмати алоқаи Индиго истифода мебаранд. Аммо дар сомонаи "Pardokht.tj" танҳо суроғаи электронии Баҳром Норбоевро ёфтем, ки ӯ масъули вазифаи паҳнкунии "Автомат"-ҳои худхидматрасон будааст. Дар ин сомона ба ҷузъ рақамҳои телефоние, ки дар мавҷ нестанд, дигар суроғаи электронӣ ва ё телефони мушахаси масъули маблағҳои пардохтнамудаи муштариёнро наёфтем. Аз ин рӯ ба Баҳром мактуби шикоятие ирсол намудам, ҳарчанд ӯ масъули ин кор нест.

Зимни сӯҳбат бо кормандони бахши қӯрғонтеппагии "Мегафон" маълум шуд, ки онҳо ҳам сарфаҳми чунин ҳолатро намераванд, ки чаро баъди пардохти 8 сомонӣ барои барқарор кардани рақами хобрафта ва 6 сомонии иловагӣ ҳанӯзам дар ҳисоби рақами "Мегафон"-и ман 0,37 $ қарз рафта истодааст. Кормандони шӯъбаи "Мегафон", ки дар меҳмонхонаи "Дидор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа қароргоҳ доранд, мегӯянд: "Ширкати алоқаи "Мегафон" ба муштариён қарз намедиҳад, аммо аз куҷо дар ҳисоби ман қарз пайдо шудааст, чизе гуфта натавонистанд. Зеро дар 30 дақиқаи ҳузури мо дар он шӯъбаи хидматрасонӣ алоқаи интернетӣ канда шуда буд. Баъди интизориҳои дурудароз ҷавони хушмуомилае ваъда дод, ки дар баробари пайдо шудани алоқа ҳатман ба ман занг зада, мушкили рақами телефонамро шарҳ медиҳанд. Лаҳзае ин матлаб таҳия мешуд, аз ваъдаи "Мегафон" 25 соат гузашта буд. Аммо аз кормандони "Мегафон" лоақал "гудок"-е намеомад.

Гирифтани чиптаро фаромӯш кардаем

Имрӯз сешанбе мо барои гузаронидани маблағ терминалҳои кафолатнокро ҷустуҷӯй менамоем. Дар ҳалқаи мошингарди маркази вилояти Хатлон тақрибан 30-40 метр дуртар аз ШКД шаҳри Қӯрғонтеппа терминали сари роҳӣ мавҷуд аст. Азбаски ранги ин қуттии оҳанин каме тоза намуд, тавассути он ба рақами "Билайн", ки аз он халос шудан мехостам, аз нав маблағ пардохт кардам. Баъди он, ки терминал маблағи дар қабулгоҳаш гузоштаи маро фурӯ бурд, дар равзанаи он инчунин навиштаҷот пайдо шуд. "Гирифтани чиптаро фаромӯш накунед! Даъвои Шумо бе чипта қабул карда намешавад!"

Ба фикрам сурохи чиптабарории терминал ягон иллати "модарзод"-ӣ доштааст, ки алъон фаъол карда нашудааст. Яъне ин қуттии кӯзала чипта намедиҳад. Ана барои чӣ дар кишвари мо ҳисоботҳо ҳангуфт асту буҷаи давлат баробари даромади як ширкати хориҷиро надорад. Ҳамин тавр бештари терминалҳои Қӯрғонтеппа дар ҳамин сатҳ ба мардум хидмат мерасонанд. Мабодо агар маблағи Шумо ба ҳисоби телефониатон нагузашт, бидуни чипта даъвои Шумо қабул карда намешавад!

Умуман сатҳи хидматрасонии шабакаҳои телефонӣ дар Тоҷикистон ниёз ба як ислоҳоти ҷиддӣ дорад. Ба хусус дар самти пешкаш намудани хидматрасониҳои гуногун мардум аз беиттилоӣ ё "ночорӣ" маблағҳои "симкорт"-и худро бар бод медиҳанд. Ҳарчанд эътирози мардум оид ба нарху навои хидмати алоқаи мобилӣ ҳанӯз баланд нашудааст, аммо ҳолатҳои гум шудани маблағҳои мардум аз суратҳисобҳои телефонашон бешумор аст. Ба ҳадде, ки бо ҳамин андак - андак ба қавле "сӯзан"-гумкунии мардум метавон пеши дарёро баст. Бовар мекунед?

Аз чарчин - бозорҳои Тоҷикистон то девори Чин

Масъалаи баҳсталаби дигар дар олами муоширати гӯшакӣ ин Чарчин-бозори "симкорт"-ҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ мебошад, ки баробари бозори дискфурӯшӣ рушд мекунад. Аммо дар мавриди баҳс намояндагии ширкатҳои алоқаи мобилӣ "симкорт"-ҳои аз бозор харидорӣ намударо эътироф намекунанд. Суоле халқ шудааст, ки модоме намояндагии ин ё он ширкат инчунин симкортҳоро эътироф намекунанд, пас чаро ба ин рақамҳо аз ҷониби ширкат хидмат расонида мешавад? Умуман ин симкортҳое, ки бидуни қайду шиноснома фурӯхта мешаванд, чӣ гуна ба бозор бароварда мешаванд, модоме Ширкати соҳиби рақам ин симкортҳоро намешиносад?

Атрофи фаъолияти Ширкатҳои мобилӣ баҳсу андешаҳои зидду нақиз зиёданд, ки ҳамаи он дар як матлаб намеғунҷанд. Аз ин рӯ ҳоло як суолро барои муҳокима пешкаши хонанда мегардонем. Чаро дар Чине, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад, ҳамагӣ 4 ё шояд 5 ширкати алоқа фаъолият мекунаду дар Тоҷикистони буҷааш камтар аз даромади мусофирони дар ғурбат кору зиндагӣ мекарда, ин қадар зиёд ширкатҳо иҷозаи фаъолият доранд? Ё ман оид ба Чин иттилои дақиқ надорам?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97