Симҳои телефонро кӣ медуздад

Ширкатҳо 22.02.2011 17:28

Kabelhoi_rangaҲодисоти дуздидани моликияти ҷамъиятӣ имрӯз иллати равонӣ ва ҳам моддӣ дорад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, қоидаҳову меъёрҳо ва қонунҳо дар назди  силоҳ пой бар зону заданд ва одатҳои зишти иҷтимоӣ  амсоли зӯриву дуздӣ ҷойгузини арзишҳои ахлоқӣ шуданд

. Нафарони зиёде бо зӯри тӯфанг соҳиби молу ҳол, дару ҳавлӣ, мошину мақом гардиданд, ки ин раванд, чун намунаи норавою ношойиста ба ҷиҳати равонии насли имрӯз бетаъсир намонд. Ҳоло бисёр душвор аст барои аксари ҷавонон, ки миёни хубу зишт, зӯриву шафқат, дуздиву саховат ва ҳалолу ҳаром тафовут бигузоранд. Вақтҳои охир дуздиву даст ба амволи бегона задан боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. "…Солҳои охир аз тарафи шахсони номаълум ҳодисаҳои дуздии ноқилҳои хатҳои алоқа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд рух медиҳад. Дар соли 2010 теъдоди 20 ҳодисаи дуздии ноқилҳо ба қайд гирифта шуд, ки ин ба иқтисоди корхонаҳо хисороти зиёди молӣ расонда, бойиси норозигии муштариён гардид". Бо ҳамин мазмун муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия Бег Зуҳуров ба унвони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ нома навишта, хоҳиши ёрӣ намудааст.

Сардори кулли ҶСК "Тоҷиктелеком" Музаффар Ҳимматов дар нишасти матбуотӣ оид ба афзудани ҳодисаҳои дуздии кабелу сим ва нахҳои хати нурии "Тоҷиктелеком" арз намуд, ки мутахассисони соҳа бе дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва кӯмаки ҷомеъа дасти дуздонро кӯтоҳ карда наметавонанд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 16 ҳазор чоҳи кабелу сим мавҷуд аст, ки сари ҳар кадоми онҳо посбон гузоштан амри муҳол аст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар шаҳри Норак кабели дорои 600 риштаи ҷуфт дуздӣ шуд, ки барои барқарор кардани алоқа як ҳафта заҳмат кашидан лозим шуд. Дар ноҳияи Синои пойтахт низ ҳодисаи дуздии кабели телефонӣ, бо кӯмаки кормандони алоқаи телефонии шаҳрӣ (ГТС) ошкор карда шуд. Дар ин муддат 21 ҳодисаи дуздӣ рух дода, дар маҷмӯъ 5 ҳазору 100 метр кабел дуздӣ шудааст, ки 100 метри он ба ҳисоби миёна 50 доллар арзиш дорад.

Барои посух гирифтан ба суолҳои хеш ба сардори Раёсати иттилоотӣ ва баҳисобгирии ҶСК "Тоҷиктелеком" Алибек Бекназаров муроҷиат намудем. 

- Шояд дар дуздидани кабелу симҳои хати нурӣ худи кормандони соҳа даст дошта бошанд?

- Ин гумон ботил аст. Алоқачиён, заҳмати сангини дубора пайвасту барқарор кардани хати кандаро хуб медонанд. Фурӯши сими дуздида бошад, фойидаи андак дорад ва аз сад як ҳиссаи зиёни онро низ пардохт карда наметавонад. Ва виҷдони корманди собиқ ва чӣ ҳозира ҳаргиз ба чунин кор иҷоза намедиҳад. Аслан дар дуздии симҳо ва кабелҳо наврасон ва майзадаю дуздони аз нозукиҳои ин соҳа бехабар даст мезананд.

- Кабелҳои алоқаи телефонӣ, симҳо ва хатҳои нурӣ чӣ хосият доранд, ки дуздонро ҷалб мекунад?

- Кабелҳои хати нурӣ сим надоранд, дохилашон аз шишаи борик иборат аст, ки бо суръати ҳаракати нур аз худ ахборро нақл медиҳанд. Сифати чунин алоқа олӣ аст ва имрӯз дар ҷаҳони мутараққӣ танҳо аз ҳамин анвоъи кабел истифода бурда мешавад. Ҷумҳурии мо бо чунин нави алоқа бо тамоми ҷаҳон пайваст аст. Хати нурии алоқа аз ҳудуди Узбакистон ворид шуда, ба Афғонистону Ирон ва Чин меравад. Арзиши алоқа аз тариқи хати нурӣ хеле арзон мебошад. Мутаассифона, афроди нодон онро сими қиматнок гумон карда, канда медузданд ва вақте дарунашро боз мекунад ба ҷуз шиша чизе намеёбанд. Пас, онро ба партовгоҳ ҳаво медиҳанд, зеро он ҳатто барои бастани ҳезум ё дарзаи алаф ба кор намеояд.

- Кабели хатҳои телефон чӣ?

Kabelhoi_rabga_2- Кабелҳои алоқаи телефонӣ аз симҳои одӣ, яъне аз 10 то 600 симриштаи ҷуфт иборат мебошанд, ки филизашон асосан мисӣ мебошад. Мисро бошад, дар хориҷ, аз ҷумла, Чину Афғонистон, бо нархи қимат мехаранд. Умуман филизотро дар ҷумҳурии мо, аз ҷумла, оҳан, пӯлод, алюминий, мис, никел ва ғайраро асосан барои фурӯш ба хориҷиён ҷамъоварӣ ё дуздӣ мекунанд.

Бо пойфишорӣ ва пешниҳоди мо соли 2008 мақомоти дахлдори давлатӣ хариду фурӯши филизоти рангаро дар ҷумҳурӣ манъ карда буд. Аз шарофати ин амр тамоми нуқтаҳои қабул дар ҷумҳурӣ баста шуда, расо се сол дуздии оҳану филизоту сим коста шуда буд. Вале моҳи ноябри соли гузашта, бо чӣ зарурати барои мо номаълум боз хариду фурӯши филизот ва металлҳои ранга иҷоза дода шуд ва натиҷа он шуд, дуздӣ ба маротиб ривоҷ ёфт.

- Чӣ тадбир андешидед, то хисороти соҳаро пешгирӣ кунед?

- Сари ҳар чоҳи кабел намешавад ва наметавон посбон гузошт. Мо дар Душанбе, ҳар ҷо имкон буд, дар чоҳҳо хабаррасон (сигнализатор) насб кардем. Чоҳҳои кабели алоқаи телефонӣ аз ҳам дар масофаи 70 - 100 метр фосила доранд. Дар сарпӯши онҳо қулф гузоштан имкон надорад. Шаҳр серодам аст ва агар дузде сарпӯши чоҳро бардошта, кабелро дуздад ҳам, роҳгузарон ба он диққат намедиҳанд. Сигнализатор бошад, билфурсат хабар медиҳад, ки дар фалон макон кабел бурида шуд. Мо бо кӯмаки кормандони ҳифзи тартибот алаккай дуздонро дар ноҳияи Сино дастгир кардем.

Дар шаҳри Турсунзода низ бо чунин усул дуздонро, ки аз таҳхона кабелро бурида буданд, боздошт намудем. Буридану дуздидани ноқилҳои нахи нурӣ бештар дар марз бо Узбакистон рух медиҳад. Ноқили нурӣ аз тариқи симчӯбҳо мегузарад ва дуздиданаш осонтар аст. Дар Бадахшон бошад, сангчарху сел, тармаю обхезӣ бойиси канда шудани нахҳои нурӣ мешавад, на дуздӣ.

- Чун мутахассис чӣ умед доред?

- Солҳои пеш кабелдуздӣ ҷиноят ҳисоб мешуд ва дуздонро зиндонӣ мекарданд, зеро бо ҷарима кардан пеши ин тамоюли номатлубро намешавад гирифт.

Дигар ин ки аксари дуздон ин корро аз нодонӣ мекунанд, дар мисоли нахи нурӣ, зеро моли дарёфтаашон ба чизе ба кор намеояд ва кирои дуздӣ ҳам нест. Аммо зиёнаш хеле бузург аст. Мақомоти давлатӣ ва ҳазорон муштариён аз алоқа чандин соату рӯз маҳрум мешавад. Ба корхона зиёни бисёр мерасад.

Мо тамоми шӯъбаҳои "Тоҷиктелеком"-ро дар ноҳияҳо муваззаф кардем, ки нигоҳбони хати алоқаӣ ҳудуди хеш бошанд ва бо мардуму кормандони дохилӣ иртиботи зич барқарор намоянд. Раҳбарияти мо низ бо номаи махсус мақомоти ҳифзи тартиботро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.

- Бештар ҳодисоти дуздӣ дар куҷо рух медиҳанд ва чӣ тойифаи одамон ба он даст мезананд?

- Ҳодисоти дуздии кабел беш аз ҳама дар шаҳри Душанбе рух медиҳад.

Чанд муддат пеш дар кӯчаи Айнӣ ду бор ба қадри 80 метр ва боз 170 метр, маҳаллаи Зарафшон 45 метр, кӯчаи Федин 50 метр, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 75 метр ва боз дар 16 ҷойи дигар аз 10 то 40 метр кабелро дуздиданд. Ҳамин тариқ, дуздии кабел ба як ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта, асосан ҷавонону наврасон ба он даст мезананд.

Аҳли ҷомеъа ба алоқаи телефонӣ ниёзи зиёде дошта бошад ҳам ва аз аъмоли дуздон баъзан воқиф ҳам бошанд, мутаассифона ба мо хабар намедиҳанд. Охир, аксари маврид кабелҳо аз чоҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ дуздида мешаванд ва фарзандони ин сокинон дар он шариканд. Мутаассифона, аз 21 ҳодисаи дуздӣ ҳамагӣ дутои он ошкор гардида, бо ҷазои сабук, яъне рӯёндани товони зарар хотима ёфтааст.

- Роҳсозон низ гоҳе бойиси канда шудани хати алоқа мешаванд?

- Солҳои пеш буд. Аммо ҳоло мо бо роҳсозони ҷумҳурӣ, кормандони хидмати техникиву маишӣ ва корезӣ алоқаи зичу ҳамкорӣ дорем. Онҳо ҳангоми тарҳрезии барномаю нақшаҳои хеш, таъмиру таҷдид, бо мо мувофиқа мекунанд ва маслиҳатҳои моро ба назар мегиранд.

 

PS.  Дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди филизот, бахусус, металҳои ранга вуҷуд надорад.  Иҷозат додан ба қабул, яъне хариду фурӯши чунин мавод ба манфиати иқтисоди кишвари мо нест. Зеро манфиатҷӯён бо ҳар роҳу восита, ҳатто дуздӣ металҳои қиматдорро ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои қабул мефурӯшанд ва ахиран ин моли пурбаҳо ба хориҷи кишвар меравад. Ҳол он ки ҳар метри он бо қиммати дучанд аз Русия, Белорус ва Чин харидорӣ мешавад. 

Дуздон симу, кабелҳоро сӯзондаю об карда, онро ҳамчун мол корношоям мегардонанд ва филизоти дохили он - мис, оҳану алюминиро дар ивази арзиши ночиз ба нуқоти қабул месупоранд. Чунин амал нишони заъфи хаёли ашхоси нодон аст, ки ба қадри техника намерасанд. Ин монанд бар он аст, ки шахси чоҳиле компютерро бишканад ва чун оҳанпора бифурӯшад. Ё гаҳвораро пора карда чун ҳезум ба бозор барад.

Сардор Раҳдор

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97