Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

«Вавилон-мобайл» муштарии 2 000 000-умашро қадр кард

Ширкатҳо 11.12.2010 14:31

babilon-1_2010Ширкати мобилии «Вавилон- мобайл» соҳиби ду миллион муштарӣ гардид. Одинаев Шарофиддин Баҳриддинович, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз 11 декабр муштарии 2 миллионуми ширкати «Вавилон- мобайл» эълон шуд.

 

Ба ин муносибат дар шӯъбаи муштариёни ширкати мазкур, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ маросими бошукӯҳи қадрдонӣ аз муштарии думиллионум бо ширкати масъулину кормандони «Вавилон-мобайл» ва рӯзноманигорони расонаҳои хабарии мухталифи кишвар баргузор гардид.

babilon-2_2010Дар маросими муаррифии муштарии думиллионуми ин ширкат раиси кулли «Вавилон- мобайл» Беҳзод Файзуллоев, сарвари Асотсиатсияи алоқаи мобилии ҷумҳурӣ Ғафур Иркаев, роҳбари намояндагии ширкати HUAWEI дар Тоҷикистон ҷаноби Ма Гуан И ва раиси департаменти рушд Масъуд Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуда, Шарофиддин Одинаевро барои муштарии думиллионуми ширкати «Вавилон- мобайл», соҳиби автомобили сабукрави ҷопонии тамғаи Хундай ва сертификат барои ду миллион сонияи ройгон шуданашро табрик гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки муштарии хушбахти ширкати «Вавилон- мобайл» Шарофиддин Одинаев дар нашрияи «Маърифат ва омӯзгор», ки ба қавли мавсуф сарвариашро журналист Ҳокими Азиз бар дӯш дорад, ба ҳайси мудири хоҷагӣ кор мекунад. Аҳли эҷоди «Миллат» Шарофиддин Одинаевро барои ин комёбӣ ва бахти дар остонаи Соли нави милодӣ ба суроғаш омада ва кормандони ширкати «Вавилон- мобайл»- ро барои соҳиби 2 миллион муштарӣ гардидан шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ ва барори кор мехоҳанд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97