Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Бойгонӣ

Билети қатор арзон шуд 19.03.2009 14:22
Камбуди теъдоди мусофирон дар қатори Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия бо вуҷуди поён рафтани қимати билет ҳамоно боқӣ мондааст. Намояндагони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар пайи музокирот бо ҳамтоёни узбаки худ ба коҳиши баҳои транзити қаторҳои тоҷикистонӣ аз қаламрави Узбакистон муваффақ шудаанд.
Бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ сӯхт 30.10.2008 14:24
28 октябри соли ҷорӣ бар асари оташгирӣ бинои Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сӯхт. Мутобиқи иттилоъи хадамоти сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Шоҳмансур, ки ҳамшафати бинои Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад, бонги оташгирӣ ба қисми наватадории ин хадамот соати 8.37 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ворид гардидааст.
Бо 4 миллион доллар Душанбе аз партовҳо халос мешавад? 31.07.2008 01:34
Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа барои ҳалли мушкили партовҳо дар шаҳри Душанбе чаҳор миллион доллар кумаки билоъиваз кардааст.
Боз ор, Бозори моро, боз ор! Соядасте барои ворисони осори Бозор Собир 18.06.2008 20:02
Силсилаи мақолаҳоро шурӯъ аз мақолаи "Бозор Собир дар мо намеғунҷад" то мавзӯъи соядастҳои устод Бозор Собир ва атрофи фаъолияти адабӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ мутолиа кардам. Ростӣ чунин ба назар мерасад, ки гӯё бузургони адабу фарҳанг ва ашхоси болаёқатро ҳамеша тақдир дар озмоишҳо ....
Боз 36 автобус ба пойтахт омад 12.03.2009 14:54
Ба пойтахт боз 36 автобуси нави тамғаи "ПАЗ" ворид карда шуд. Директори Муассисаи воҳиди давлатии коммуналии "Автобус - 1" Фирдавс Саидов ба хабаргузории "Ховар" хабар додааст, ки акнун ҳамаи 150 автобуси нави ба пойтахт овардашуда ба сокинон ва меҳмонони он хизмат мерасонанд.
Боз зилзила 05.01.2009 18:08
Субҳи имрӯз, 5 январ, дар шаҳри Душанбе ба шиддати се дараҷаи Рихтер зилзила рух дод. Маркази ин зилзила Афғонистон дониста шудааст, ки шиддаташ шаш дараҷаи Рихтер гуфта мешавад.
Боз се кӯдакро селоб кушт 14.05.2009 14:51
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз фавти се кӯдаки дигар бар асари ҷорӣ шудани селоб аз боришоти ахир хабар додаанд. Дӯстмурод Забиров, сухангӯйи ин кумита рӯзи 12 апрел гуфтааст, шомгоҳи душанбе дар асари боришоти зиёд дар деҳаи Машъали ноҳияи Рӯдакӣ, селоб ҷорӣ шуд.
Боз тоҷике кушта шуд ва боз дар Русия 18.12.2008 13:59
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав аз ҷароҳати зиёде бар асари зарби корд даргузаштааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 16 декабр хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли манобеъи ниҳодҳои интизомии Русия гузориш додааст.
Боз Шоҳзода Эндрю меҳмонӣ омад 30.10.2008 14:25
Шоҳзода Эндрю, писари дуюми Элизабети дуюм, маликаи Бритониё,бори дуюми ба Душанбе ташриф овард. Сафари аввали ду сол қабл аснои кушодани бинои нави Сафорати Бритониёи Кабир ба амал омада буд.
Боз як пирӯзии Анвар Юнусов 18.08.2008 18:00
Боксчии тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 52 килограмм ба сӯи дарёфти медали Олимпӣ қадаме ба пеш гузошт.
Боз як пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов 14.08.2008 23:28
Варзишгари тоҷик Ҷахон Қурбонов дар даври навбатии мусобиқаи боксчиён дар вазни 81 кг бо ҳисоби 7 – 1 ба рақиби хорватии худ Сиволия Елитсу Мариё пирӯзӣ ба даст овард.
Боз як Шӯроободиро асир гирифтан 19.03.2009 14:22
Мақомоти умури дохилаи ноҳияи Шӯрообод, хабар додаанд, ки як сокини ин минтақаро як гурӯҳи мусаллаҳи афғон гаравгон гирифтааст. уфтодааст. Наим Неъматов, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод, рӯзи чоршанбе 11 март ба хабарнигорон гуфтааст, ин ҳодиса дар мавзеъи Бардараи ҷамоати Саричашмаи ин ноҳия рух додааст.
Боздошти 26 хориҷӣ дар Тоҷикистон 21.05.2009 15:16
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар як амалиёти вижа 26 шаҳрванди хориҷиро барои вайрон кардани муқаррароти иқомат боздошт кардаанд. Сухангӯйи Вазорати корҳои дохили Маҳмадулло Асадуллоев гуфтааст, ки ин амалиёт ба манзури иҷрои муқаррароти нав дар бораи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Боздошти се марзбон ва як хориҷии қочоқчӣ 25.09.2008 14:57
Вазорати корҳои дохилаи кишвар перомуни боздошти як гурӯҳи сенафарии марзбонон, ки дар қочоқи зиёдтар аз 25 кг маводи мухаддир дар минтақаи марзии кишвар бо Афғонистон даст доштанд, иттилоъ додааст.
Боздошти як шаҳрванди Афғонистон 01.07.2008 23:45
Бино ба иттилои хабаргузории «Помир Медиа», кормандони раёсати оҷонси назорати маводи мухаддир дар вилояти Бадахшон, як шаҳрванди Афғонистонро боздошт ва аз ӯ 49 кг маводи мухаддири банг мусодира кардаанд.
Боздошти як ҳамраҳи Мулло Абдуллоҳ 18.06.2009 14:24
Дар Тоҷикистон як нафар аз сокинони кишвар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Мулло Абдулло боздошт шудааст. Тибқи иттилои манобеъи милиса, рӯзи 16 июн дар ноҳияи Ваҳдат Туробшоҳ Солеҳов, як сокини 33 солаи ин ноҳияро боздошт кардаанд.
Бозмондаҳои ҷанги дохилӣ қурбонӣ мегиранд 30.04.2009 14:34
Бар асоси иттилои Маркази минрӯбии Тоҷикистон рӯзи 27 апрел, ду мактаббача дар ноҳияи Рашт, ҳангоми чаронидани ҳайвони хонагӣ бо мин бархурда, шадидан захм бардоштаанд.
БОЗОР СОБИР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 20.12.2008 15:55
Дер боз мехостам дар бораи устоди бузурги шеъри форсӣ, яке аз саромадони бузурги худшиносии миллӣ, шахсияте, ки шеър ва кору пайкораш аз овони наврасӣ ба камина таъсири сахти равонӣ дорад, Бозор Собир мақолае нависам ва хушам меояд, ки ин навиштаи ночизи банда ба ҷашни мубораки 70 солагии устод рост ....
Бозорсӯзӣ ба Кӯлоб кӯчид 12.03.2009 15:06
Ба асари оташсӯзие, ки шаби 6-7 март, дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб рух дод, як фурӯшгоҳи бузург комилан сӯхт.
Бонки миллӣ қарз меканад 23.07.2008 19:20
Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, бахше аз маблағи қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пулро пардохт кардаанд.
Бонки Осиёии Рушд 100 миллион доллар медиҳад 26.02.2009 13:56
Бонки Осиёии Рушд эълом кардааст, ки дар ду соли оянда ба Тоҷикистон маблағи беш аз 100 млн долар кумаки билоиваз медиҳад. Дар баёнияе, ки дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе рӯзи 23 феврал интишор дод, аз қавли Макото Оҷиро, намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон, гуфта мешавад, ки бахши аъзаме аз ....
Бонки Осиёии Рушд қарз нaмедиҳад 04.12.2008 14:06
Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст аз ироаи қарз ва эътибороти молӣ ба Тоҷикистон дар чаҳор соли оянда худдорӣ кунад. Масъулони ин бонк мегӯянд, ки дар ин муддат ин ниҳоди молии байналмилалӣ ба Тоҷикистон танҳо кӯмакҳои билоъиваз ироа хоҳад кард.
Бонки Ҷаҳон ҳушдор медиҳад 16.10.2008 14:37
Бонки Ҷаҳонӣ хушдор додааст, ки паёмадҳои бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон барои кишварҳои Осиёи Миёна сангин хоҳад буд. Ба гуфтаи Шигео Катсу, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Миёна дар ин замина бештар осебпазиранд.
Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумат тавсия медиҳад 13.11.2008 15:14
Бонки Ҷаҳонӣ, ки яке аз қарздиҳандагони асоси кишвар аст, барои пешгирӣ аз таъсири шадиди бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тавсияҳое ба мақомоти кишвар ирсол кардааст.
Бонки Ҷаҳонӣ боз 20 млн доллар ёрӣ мекунад 19.02.2009 15:13
Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, 20 млн долар барои ҳимоят аз буҷаи давлати Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ кумак кунад. Манобеъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17 феврал, бо пахши ин хабар эълом доштанд, ки ин сеюмин тарҳи ҳимоят аз ислоҳоти давлати Тоҷикистон дар чорчӯби стротегияи коҳиши фақр ....
©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97