Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Бойгонӣ

Ҷазо барои қочоқи шираи камол 11.12.2008 15:33
Парлумони Тоҷикистон ислоҳотеро дар қонуни ҷинойӣ ва қонуни расидагӣ ба тахаллуфоти идории ин кишвар ворид кардааст.
Ҷанҷоли роҳсозони чинӣ бо ҷавонони суғдӣ 23.07.2008 19:19
Мақомоти интизомӣ дар вилояти Суғд хабар додаанд, ки миёни теъдоде аз ҷавонони маҳалли бо сохтмоничиёни роҳсози чинӣ муноқиша рух додааст. Тибқи иттилои ҳамин манобеъ, ин ҳодиса дар назди майкадаи «Баҳори Аҷам», дар маҳаллаи 19 шаҳри Хуҷанд, иттифоқ афтодааст.
ҶАРИМА БАСТАН, РОҲИ РУШДИ ЗАБОН АСТва ё: ҳифзи забонро аз латишҳо ёд гирем... 23.01.2009 16:26
АГАР БА КОМИССИЯИ ТАТБИҚИ ЗАБОН УМЕД БАНДЕМ Дар мавриди забони тоҷикӣ навиштаанду боз менависанд. Мақсад аз навиштани муаллифон ин аст, ки забони ин миллату ин Ватан-тоҷикӣ мақому нуфузашро бештару беҳтар пайдо кунад. Вагарна, қаламбадастони мо дигар мавзӯе намеёбанд?... Ва ба ростӣ, ҳамин навиштанҳост, ки хиёбони Рӯдакӣ ба қадре тоҷикӣ шуд… ....
Ҷашни солгарди асосгузори назми шуғнонӣ 20.11.2008 13:51
Дар Иттифоқи нависандагони кишвар бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи шоири маъруф ва адабиётшиноси тоҷик Нодир Шанбезода конфронси илмӣ баргузор шуд.
Ҷашни устод баргузор нашуд! 20.11.2008 22:26
Таҷлил аз 70 солагии зодрӯзи Бозор Собир ба таъхир афтод. Маросими ҷашни 70 солагии зодрӯзи Бозор Собир, ки қарор буд, шоми имрӯз дар театри Лоҳутии шаҳри Душанбе, бо ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон баргузор шавад, ба таъвиқ афтод. Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба хабарнигори «Миллат» гуфт, ки таҷлил аз ....
Ҷаҳонпаҳлавон даргузашт 14.02.2009 14:04
Маросими видоъ ва ҷанозаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов рӯзи14-уми феврал, дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Калинини пойтахт б ҳузури садҳо нафар ҳаводораш баргузор шуд.
Ҷинояткор пас аз панҷ сол дастгир шуд 25.09.2008 14:57
Мақомоти қудратӣ дар шаҳри Кӯлоб Сӯҳроб Қурбонов, як тан аз ҷинояткорон ба аъмоли ҷиноиро пас аз панҷ соли ҷустуҷӯйи байналмилалӣ боздошт кардаанд.
ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР ДАР ҲУКУМАТ: «БАРҚИ ТОҶИК», «ТОҶИКГАЗ», «КУМИТАИ АНДОЗ» 15.01.2009 20:32
Имрӯз, 15 январ таҳти раёсати Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеъи Ҳукумати Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар рафти он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаву нақшаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мегарданд. Эмомалӣ Раҳмон аз пастравии ҳаҷми истеҳсолоти ....
Ҷопон ба бемористони милисаҳо ҳадя дод 19.02.2009 15:08
Сафорати Ҷопон дар Душанбе 17 феврал ба бемористони Вазорати дохилаи Тоҷикистон таҷҳизоти фаннӣ барои ташхиси бемориҳо ва табобати кормандонро ба таври ройгон ҳадя кард. Ёшиҳиро Накаяма, кафили сафорати Ҷопон дар Душанбе, дар маросими ҳадяи ин таҷҳизот ба хабарнигорон эълом дошт, ин иқдом дар чорчӯби тарҳҳои амнияти башарии давлати он кишвар ....
Ҷопон ба фақирон кӯмак мекунад 05.02.2009 14:37
Ҷопон эълом кардааст, ки ба хотири кӯмак ҷиҳати рафъи камбуди маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон ба кишварамон 4,7 миллион долар ихтисос хоҳад дод.
Ҷузҷониҳои нашъаҷалоб 13.11.2008 15:13
Се тан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки гуфта мешавад муддати дароз дар пойтахти кишвар ба харидуфурӯши маводи мухаддир машғул будаанд, аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.
ҶУМЪАБОЙ НИЁЗОВ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ 12.01.2009 22:14
Шахсияти шинохта, олим ва сиёсатмадори тоҷик Ҷумъабой Ниёзов рӯзи 11 январи соли 2009 оламро падруд гуфт. Дар манзили эшон маросими видоъ бо марҳум баргузор гардид, ки дар он наздикону пайвандон, ҳамкорону ҳамсафони ӯ гирди ҳам омаданд. Дӯстону ҳамкорон дар суханрониҳои хеш аз хислатҳои ҳамида ва одамияти баланди Ҷумъабой Ниёзов ....
Ҷӯрабеки Назрӣ Роғунро сохтанист 07.08.2008 14:41
Масъалаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун тайи чанд сол аст, ки дар маҳофили сатҳи баланди давлатӣ ва саҳифаҳои матбуоти дохиливу хориҷӣ мавриди ҳар навъ таҳлил, баррасӣ, баҳсу гуфтугузор қарор дорад. Дар чанд моҳи қабл Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Роғунро бо нирӯ ва маблағҳои худӣ, ҳарчанд бунёди чунин нирӯгоҳи ....
Ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз бунбаст 26.03.2009 16:16
Муовини раиси Бонки Осиёии Тавсеа гуфтааст, ки бо дарназардошти мушкилоти мавҷуд дар Тоҷикистон дар бахшҳои энержӣ ва роҳу боркашонӣ кӯмакҳои худро афзоиш хоҳад дод. Ҳамчунин ин бонк тасмим гирифтааст, ки ҳамкории худ бо Тоҷикистонро дар заминаҳои дигари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақвият диҳад.
“ТоҷикЭйр” ҳавопаймои чинӣ мехарад 12.02.2009 14:13
Ширкати "ТоҷикЭйр" эълом карда, ки дар зудтарин фурсат чанд ҳавопаймои МА 60 аз Чин барои парвозҳои озмоишӣ дар Тоҷикистон ворид хоҳад кард.
“Форбз”: Тиҷорат дар Тоҷикистон осон нест 26.03.2009 16:14
Тибқи пажӯҳиши ахири маҷаллаи «Форбз» (Forbes), Тоҷикистон дар заминаи озодии тиҷорат дар миёни 127 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 123-ро ба худ ихтисос додааст.
©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97