Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Бойгонӣ

Қиммати барқ низ афзуд 08.01.2009 15:27
Мақомоти Тоҷикистон қимати истифода аз неруи барқ дар кишварро 25 дарсад афзоиш додаанд. Ин тасмим аз аввали соли нав ба мавриди иҷро гузошта хоҳад шуд.
Қиммати сафари Ҳаҷ се ҳазор доллар 05.09.2008 18:48
Ба гуфтаи Абдусалом Раҷабов, раиси бахши ташкили роҳхатҳои сафари Ҳаҷ дар вазорати фарҳанги кишвар, дар соли ҷорӣ қимати сафар ба Арабистони Саъудӣ барои ҳар як зойир 3 ҳазор доллар боло рафтааст.
Қиммати хона дар Душанбе пойин рафтааст 22.01.2009 14:11
Агентии сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, бар асари бӯҳрони молиявӣ нархи хона дар Тоҷикистон 30 дарсад поин рафтааст.
Қиммати ғизо дар намойишгоҳу бозор якест 13.11.2008 15:14
Дар кохи "Борбад" чанд рӯз ин ҷониб намоиши байналмилалии ғизо "Агрофуд", ки бо ибтикори ширкати иронии"Grow int. Co." ифтитоҳ шудааст, идома дорад.
ҚОДИЁНӢ – ДАЪВОГАРИ ДУРӮҒИНИ ПАЁМБАРӢ 28.12.2008 15:02
Қодиён номи деҳе дар иёлати Панҷоби Ҳиндустон аст. Аз он ҷо яке аз муддаиёни дурӯғини нубувват дар охири аср бо номи Мирзо Ғулом Аҳмади Қодиёнӣ ба дунё омада ва имрӯз ҳам маркази фаъолияти пайравони ӯ ба ҳисоб меравад. Пайравони Мирзо Ғулом Аҳмад ба "қодиёнӣ" машҳуранд ва ойине, ки ӯ ....
ҚОНУНИ ЗАБОН БО ЗАБОНИ ҚОНУН 25.07.2008 15:50
Ташаббусҳо ва талошҳои мо дар ростои иҷрои Қонуни забон ва расмияти воқеӣ бахшидан ба забони тоҷикӣ чун ҳамеша бештар дар сатҳи эҳсосу отифа анҷом мепазирад. Яъне бештари сӯҳбатҳо, мубодилаи афкор, мақолаҳо ва тадобиру маросиме, ки ба ин мавзӯъ, ба хусус дар соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ба назар мерасад, бештар ....
Қонуни забон нав мешавад 26.03.2009 16:18
Раиси ҷумҳури кишварамон хостори таҳияи тарҳи қонуни нав "Дар бораи забон" шуд. Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро дар даҳумин мулоқоти худ бо зиёиёни кишвар дар ҳоле матраҳ кард, ки соли ҷорӣ аз тасвиби Қонуни Забон дар Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад.
Қосимов пахтакориро солим мекунад 25.09.2008 14:58
Дар мулоқоти вазири кишоварзии кишвар Қосим Қосимов бо роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду тавсеъа Мате Блане эълом шуд, ки Тоҷикистон ба унвони нахустин кишвар дар Осиёи Марказӣ шомили Барномаи ҳимоят аз пахтакории солим хоҳад гардид.
Қотилони Салоҳиддин пайдо нашуданд 29.01.2009 14:33
Вазорати хориҷаи Русия дар посух ба ёддошти эътирозии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди сар буридани як шаҳрванди ин кишвар дар Маскав навиштааст, ки маъмурони рус натавонистаанд омилони ин қатлро пайдо кунанд.
Қочоқи осори фарҳангӣ пешгирӣ шуд 18.06.2009 14:23
Кормандони Идораи гумруки вилояти Хатлон, як шаҳрванди Афғонистонро барои даст доштан дар қочоқи осори фарҳангӣ ба хориҷи кишвар боздошт карданд.
Қуллаи нав дар Помир 05.03.2009 14:45
Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 феврал, дар ҷаласаи ҳайъати давлати, қуллаи беноме дар кӯҳистони Помир, "Озодӣ" номгузорӣ шудааст.
Қурби рубл паст мешавад? 13.11.2008 15:13
Раиси Бонки марказии Русия Сергей Игнатов дар нишасти матбуотӣ эҳтимоли коҳиши арзиши рублро рад накардааст. Пас аз суханронии Сергей Игантов арзиши доллари амрикоӣ дар муқобили рубли русӣ афзудааст, ки акнун як доллар аз 27 рубл зиёдтар гардидааст. Ба гуфти коршиносон аксари сокинони Русия нигарони аз даст додани пасандозҳои худанд.
Қурби сомонӣ дар баробари доллар пойин рафт 05.02.2009 14:39
Қурби сомонӣ, дар баробари доллар дар як рӯзи ахир ба таври чашмрас коҳиш ёфт. Дар марказҳои табодули арз қимати як долар то ба чаҳор сомониву даҳ дирам боло рафтааст.
Қурби сомонӣ кам шуд, қурби газ боло 23.04.2009 14:02
Арзиши гази табиӣ, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз моҳи ҷорӣ ҳудуди 10 дарсад боло рафтааст. Муовини аввали раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов, сабаби ин амрро ба коҳиши арзиши сомонӣ, дар баробари долари амрикоӣ медонад.
ҚӮРҒОНТЕППА ё ЛЕВАКАНДё кӣ мехоҳад рӯҳи бузургонамон шод шавад? 09.01.2009 13:59
Аз дер боз бисёре аз таҳаввулоти таърихӣ бо дигаргун шудани номҳои ҷуғрофиёӣ ҳамроҳ буда ва таърихи кишвари мо низ аз ин қойида дар канор набудааст. Охирин мавриди номгардонӣ дар Тоҷикистон тобистони гузашта сурат гирифт ва ҳамзамон 6 ҷамоати деҳот, 88 деҳа ва 2 шаҳрак дар ноҳияи Рӯдакӣ номгардон шуд. ....
Ҳаётой Мӯъминова аз саҳна қаҳр кардааст 19.03.2009 14:20
Ҳаётой Мӯъминова, як сарояндаи шинохта ба Би-Би-Си гуфтааст, ки дар эътироз ба "фишору беадолатиҳо" нисбат ба ӯ, саҳнаро тарк хоҳад кард. Додгоҳи ноҳияи Сино Ҳаётой Муъминоваро барои "нақзи қонуни танзими маросими мардумӣ" ҷарима бастааст ва ӯ мегӯяд, ки дар пайи фишори мақомот, қасд дорад, сарояндагиро тарк кунад.
Ҳайбулло Латифов: «МО КАМКОР НЕСТЕМ!» 24.07.2008 19:23
Зимни нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид, раиси кумита Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, мо аз озмуни ҳафтаномаи "Миллат", ки хонандагони ин ҳафтанома моро камкор баҳо дода буданд, розӣ ҳастем. Вале камкории мо на аз он сабаб аст, ки фаъол нестем, балки вазъи кишвар дар ин давра ....
Ҳалокати даҳ нафар дар садама 28.08.2008 20:13
Бар асари як садамаи автомобилӣ дар роҳи Душанбе - Кӯлоб даҳ нафар кушта ва ду нафар захмӣ шудаанд.
ҲАМ ҶИДДИЮ ҲАМ ШӮХӢ 31.12.2008 21:30
ЖУРНАЛИСТИ СОЛ Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири нашрияи мову шумост, ки тӯли як сол заҳмат кашида, матолиби нашрияро хонданбоб кардааст. Аз ҷумла силсилаи мусоҳибаҳои Толибшоҳи Сайидзода зери унвони "Аз истиқлол то иҷлосияи 16" аз ҷониби хонандаи "Миллат" истиқбол гардид. Ҳайъати эҷодии "Миллат" бо назардошти зангҳои телефонии хонандагони азиз ба ин натиҷа расиданд, ....
Ҳамкории Бадахшони ду сӯйи марз 26.03.2009 16:17
Ду вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи 19 март, дар нишасте дар шаҳри Хоруғ роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳангро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар Бадахшон, истифодаи муштарак аз обҳои ҳарду сӯйи марз барои обёрии заминҳои лалмӣ ва бекорхобида, соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Панҷ барои ҷилавгирӣ ....
Ҳамкории вазоратҳои Афғонистон ва Тоҷикистон 10.07.2008 03:03
Имрӯз Зарораҳмади Муқбил, вазири умури дохилии Афғонистон ва Маҳмадназар Солеҳов, вазири корҳои дохилаи кишварамон ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои ин ду ниҳодро ба хусус дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо тероризм ва гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ба имзо расонданд. Вузарои Тоҷикистону Афғонистону ба дунболи имзои ин санад бо хабарнигорон нишасти ....
Ҳамкориҳои низомӣ бо Покистон 05.03.2009 14:46
Холид Усмон Қайсар, сафири Покистон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон мулоқот доштааст. Дар ин дидор мавзӯъи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ миёни Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудааст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия нокофӣ арзёбӣ шуд 07.07.2008 20:57
Ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия дар мулоқоти ахири руасои ҷумҳури ин ду кишвар нокофӣ арзёбӣ шудааст.
Ҳамлагар дастгир нашудааст 18.09.2008 15:25
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи кишвар хабари баъзе расонаҳоро дар мавриди дастгир шудани фарде гумонбар дар ҳамла ба милитсияи шаҳри Исфараро тақзиб кардааст.
Ҳамовозии соҳибкорони тоҷики муқими Русия ба иқдоми бародарон Неъматовҳо 01.08.2008 21:30
Як қатор ҷамъиятҳои тоҷикии Русия ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намуда, изҳори ақида карданд, ки онҳо тайёранд, то ба варзишгарони тоҷике, ки ҷоизадори мусобиқоти Олимпӣ дар Чин мегарданд, мукофотҳо диҳанд.мукофотҳо диҳанд.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97