Иқдоми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳифзи муҳити зист

Хабари хуб 30.04.2021 09:18
Рӯзхои 27-28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Шабакаи иқлимии ташкилотҳои ғайридавлатии кишвар конфронси "Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дастгирии амали иқлим" баргузор шуд.
Ин нишаст дар остонаи конфронси СММ доир ба тағйирёбии иқлим дар Глазгои Британия бо дастгирии БРСММ баргузор шуд. 
 
Тағйирёбии иқлим барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор барои инсоният таҳдид мекунад. Мушкилоти ин бахш дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон низ дар давраи то соли 2030 ворид шудааст. 
 
Ҷомеаи шаҳрвандӣ шарики муҳим дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим мебошад.Тавре мутахассисон зимни конфронс таъкид карданд, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо нарм кардани таъсири тағйирёбии иқлим пешсаф мебошанд. Фаъолиятҳои чашмгири онҳо кор бо ҷомеаҳои осебпазир, занон, дар амал татбиқ намудани технологияҳои "Иқлимӣ-интеллектуаллӣ", иҷрои корҳои тарбиявӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба корҳои иқлимӣ ва экологӣ мебошад. 
 
Дар рӯзи дуввуми конфронс муколамаи "Ташаккули мавқеъ ва тавсияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони Тоҷикистон доир ба амалҳои зарурӣ дар мубориза бо тагйирёбии иқлим дар формати "фазои кушод" баргузор шуд. 
 
Шаҳноз Комилзода
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97