Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар зимни баргузории маросиме аз се тан бонувони ихтироъкори ҷумҳурӣ, Зоидова Муътабар - ходими илмӣ, химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, Мухтарова Парвина - ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Маҳмудова Тахмина - Муовини декан доир ба илм ва донишҷӯёни шартномавии факултети «Нақлиёт»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, ки дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии бонувони ихтироъкор «KIWIE – 2020» ва Форуми байналмилалии бонувон соҳиби медали тилло гардиданд, кадршиноси кард.
Бино ба иттилои сайти расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, намоишгоҳи мазкур дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ рузхои 23 то 25-уми октябри соли ҷорӣ баргузор шуд, ки аз 17 кишвари аъзои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 441 нафар (230 ихтироъ) бонувони ихтироъкор ширкат варзиданд.
Завқизода З. А. дар ин маросим гуфтааст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020, №1445 эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ ва масъулиятнокеро ба миён овард, ки ғолиб баромадани бонувон-ихтироъкорон натиҷаи самаранокии он ба ҳисоб меравад.
Вазир Завқизода барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони Намоишгоҳро табрик ва ҳавасмандгардонӣ намуда, барои аз бар намудани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ даъват кардааст.