Дар рӯзҳое, ки тамоми олам дар саммити Созмони Милали Муттаҳид доир ба тағйири иқлим дар Ню-Йорк ҷамъ меояд, СБМ Тоҷикистон лоиҳаи наверо оид ба тағйири иқлим, гендер ва муҳоҷират ифтитоҳ менамояд.
Ин кишвари кӯҳистонии Осиёи Марказӣ ба офатҳои табиӣ фавқулодда осебпазир мебошад, ки бо харобшавии муҳити зист, тағйирпазириҳои иқлим шиддат ёфта, ба иқтисоди он таъсири ногувор мерасонанд.
Тӯли солҳои зиёд муҳоҷират барои одамони зиёде ба стратегияи мутобиқшавӣ табдил ёфтааст, чунки даҳҳо ҳазор нафар, асосан мардон, дар кишварҳои ҳамсоя ва берун аз қаламрави онҳо кор меҷӯянд. Чунин вазъият занонро ба рафъи мушкилоти нав, аз ҷумла пайомадҳои нохуши офатҳои табиие, мисли хушксоливу обхезиҳои рӯзафзун дар хонаводаҳову ҷамоатҳояшон вомегузорад.
Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон дар остонаи мулоқоте, ки СБМ ва Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе доир карданд, тавзеҳ дод: “Сухан на танҳо дар бораи ҳифзи муҳити зист меравад. Мо бояд ба кумаки техникӣ ба занони танҳо гузошташуда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Ин метавонад расонидани маълумоти махсус доир ба хидматрасониҳои молиявӣ ва фаъолиятҳо дар соҳаи тағйири иқлим, такмил додани фарогирии молиявӣ дар миёни занон, таҳия намудани давраи омӯзишие метавонад бошад, ки ба ҷанбаъҳои гендерӣ равона шудааст ва хидматрасониҳои паҳнсозии дониш, ки хонаводаҳоро ба идора кардани хавфҳои хушксолӣ, обхезиҳо ва офатҳои дигар, беҳтар омода хоҳанд намуд”.
Мулоқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таври муштарак ташкил шуда, муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ дар он ширкат варзиданд.
Аз фурсати мазкур истифода бурда, СБМ ба ташаббуси нави худ барои фаҳмидани пайвандиҳо миёни муҳоҷират, гендер, тағйири иқлим ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз мебахшад. Ин ташаббуси нав ба таъмини воридсозии масъалаҳои муҳоҷират ба сиёсатҳову барномаҳои соҳавии тағйирёбии иқлим ва баръакс, ҳамчунин арзёбии самаранокии мудохилаҳои эҷоди зарфият барои занони таркшуда бо мақсади мусоидат ба мутобиқшавии хонаводаҳои дарёфткунандаи маблағҳои интиқолӣ равона шудааст. Барномаи дусола аз ҷониби Бунёди рушди СБМ дар ҳаҷми 200 000 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст.
Ин намояндаи СБМ афзуд: “Мо зарурати фаолсозии талошҳои миллӣ, минтақавӣ ва байнулмилалиро барои ҳалли масъалаҳову имкониятҳое эътироф менамоем, ки бо муҳоҷирати одамон алоқаманд буда, дар натиҷаи таъсири таконҳову фишорҳои экологӣ ба вуҷуд меоянд. Дар чорчӯбаи лоиҳаи худ мо дар кори стратегӣ ва тарғибот, таҳқиқот, эҷоди зарфият ва фаолиятҳои амалиётии соҳаи мазкур ҳамроҳ бо Ҳукумати Тоҷикистон, шарикони байнулмилалӣ ва агентиҳои миллӣ иштирок хоҳем кард”.
Лоиҳа ба амалисозии Стратегияи миллии Тоҷикистон доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳм хоҳад гузошт.