Ширкати амрикоии Мorphogenesis эълом кард, сӯзандоруe сохтааст, ки селлулҳои саратони баданро шиносоӣ мекунад ва ба системи эминии бадан иҷоза медиҳад, онҳоро аз байн бибаранд.
Мorphogenesis, ки дар бахши тавсеа ва таҳқиқоти гендармонӣ ва селлулдармонӣ фаъолият мекунад, иддао дорад, доруе барои саратон сохта, ки дар ҳоли ҳозир озмоишҳоро дар ҳайвонот сипарӣ карда ва дар марҳалаи озмоишҳои инсонӣ қарор дорад.
Сӯзандоруи мазкур immunefx ном дорад ва амалкарди он ба гунае аст, ки пас аз тазриқ, селлулҳои саратониро шиносоӣ карда ва дар ихтиёри системи эминии бадан қарор медиҳад.
Ин воксин дар ояндаҳои наздик ва баъд аз анҷоми озмоишҳо вориди бозор хоҳад шуд.
То кунун афроди мубтало ба саратон маҷбур ба анҷоми кимиёдармонӣ ва шуъодармонӣ буданд аммо дар сурате, ки озмоишҳо муассир будани ин доруро таъйид кунад, ин метавонад инқилобе дар раванди дармони саратон ба вуҷуд оварад.
Сӯзандоруи мазкур бо истифода аз гендармонӣ ва селлулдармонӣ, селлулҳои саратониро водор мекунад то як антигени хосси бактериоиро рӯйи сатҳи худ нишон диҳанд, ки системи эминии бадан ба ин тартиб ба роҳатӣ ин селлулҳоро шиносоӣ карда ва аз байн мебарад.
Ин ширкат тобистони имсол озмоиши клиникии ин навъ аз гендармониро барои дармони туморҳои саратонӣ оғоз мекунад. Озмоиши ин дору рӯйи шаш бемор, ки мубтало ба саратони пӯст ҳастанд, анҷом мешавад.