Бо ибтикори муассисаи “Parking” дар шаҳри Душанбе, дар рӯзи нахусти моҳи август аз асари ишқии нависандаи барҷастаи рус Александр Куприн бо номи “Олеся” дар тарҷумаи Аҳмадшоҳ Комилзода рӯнамоӣ шуд.
Шаҳноз Комилзода, духтари мутарҷими “Олеся” мегӯяд, вақте дар сафҳаи фейсбукам дар бораи чопи ин асар хабар додам, бисёре аз дӯстонам хоҳиш карданд, то барои мутолиа китоби мазкурро барояшон амонат бидиҳам. Акнун фурсат фароҳам шуд, дӯстони азизам, тавонистанд китобро бо соядасти мутарҷим Аҳмадшоҳ Комилзода соҳиб бишаванд, ки ин манро аз ду ҷиҳат хеле хушҳол кард.
Повести «Олеся» намунае аз осори барҷастаи адабиёти рус аст, ки нависандаи тавоно Александр Куприн онро соли 1898 навиштааст. Ин нахустин асари бузургҳаҷми нависанда буда, ки ба эътирофи ӯ, дӯстдоштатарин асари ӯст.
Мавзӯи марказии асар аз ишқи фоҷиавии ашрофи шаҳрнишин Иван Тимофеевич бо ҷавондухтар Олеся, ки соҳиби истеъдоди фавқулода аст, ҳикоят мекунад. Воқеаҳои повест дар яке аз канораҳои Украина, ки Иван Тимофеевич ба он ҷо омадааст, сурат мегирад.
Аҳмадшоҳи Комилзода рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик ин асарро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Заррин Давлатзода