Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел бо сафари расмӣ ба Русия рафт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, илм ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энержӣ ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар назар аст, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва дигар мақомоти он кишвар дидор ва гуфтугӯ кунад.