18 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣи китоби тозанашри ҷилди сеюми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор шуд.
Ҷилди сеюми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба «Наврӯз ва ҷашнҳои дигар», ки иборат аз 800 саҳифа аст, мунташир шуд. Донишномаи мазкур, ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик таҳия гардидааст, тӯҳфаи арзандае ба аҳли илм ва мардуми фарҳангдӯсти кишвар аз номи муассисаи мазкур ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бино ба қавли таҳиягарон, матолиби ин донишнома аслан, баъди ба тасвиб расидани «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013‒2020» 31 майи соли 2012 бо таваҷҷуҳ ба мақоми байналмиллалиро соҳиб шудани ҷашни Наврӯз мутобиқи қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-и Иҷлосияи 64-уми Маҷмаъаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид – фасли 4-и «Фарҳанги ҷаҳон», ки бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон ба тасвиб расида буд, бо истифода аз 1300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, публитсистиву ахборӣ ва маҷаллаву китобҳои алоҳидаи ба ҷашни Наврӯз бахшидашуда дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва бештар аз 200 китобу маҷаллаи дар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор, аз қабили Эрону Афғонистон ва соири мамолики хориҷ банашррасида гирдоварӣ, таҳияву тадвин шуда, пас аз супориши раиси ҷумҳур ҳангоми суханронӣ дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар (19.03.2018) боздиду комил гардида, ба нашр расид.
Китоб ҳовии муқаддима ва 8 фасл (Таърих, Гоҳшуморӣ, Рамзҳо, маросим, тадорукот, Суннату ойинҳои наврӯзӣ, Ашъори наврӯзӣ, Наврӯз дар ҷаҳони муосир, Дигар ҷашнҳо ва Тартиби алифбоии матолиб) мебошад.
Боиси зикр аст, ки ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик соли 2018 дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардида буд.