Тими мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар риштаи футбол барои ширкат дар бозиҳои финалии чемпионати ҷаҳон – 2019 ба Бразилия меравад.
Қаблан дар назар буд, ки Чемпионати ҷаҳон – 2019 дар Перу баргузор гардад. Аммо комиссияи Федератсияи байналмиллалии футбол - FIFA, моҳи феврали соли равон, зимни боздид аз Перу қарор кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳон дар риштаи футбол миёни ҷавонони то 17-соларо иваз кунад.
Қарори баргузории чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 17-сола дар Перу моҳи марти соли 2018 қабул гардид. Он замон дархости Руанда бо сабаби мушкилоти тадорукотӣ рад шуда буд. Тибқи тақвими мусобиқот, чемпионат бояд аз 5 то 27 октябр баргузор шавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби ҷавонони Англия мебошад.
Тими ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия медалҳои нуқра ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2019 гардиданд.
Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар Чемпионати Осиё соҳиби медалҳои нуқра гардид, ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17 –сола ба Бразилия хоҳад рафт.