Қиматтарин мошини ҷаҳон ба нархи 11 миллион доллар ба намоиш гузошта шуд

Хабари хуб 06.03.2019 12:56

Қиматтарин мошин дар ҷаҳон дар намоишгоҳи байналмиллалии “мошин Женева” ба намоиш гузошта шуд.

Ширкати фаронсавии Bugatti дар намоишгоҳи байналмиллалии “мошин Женева”, қиматтарин мошини ҷаҳонро мавриди муъаррифӣ қарор дод.

Ин мошин La Voiture Noire ном дорад ва қимати он 11 миллион доллар мебошад.

Гуфта мешавад, ширкати Bugatti то кунун як нусхаи ин мошинро тавлид карда ва ин нусха қабл аз намоиш ба фурӯш расидааст. Ширкати Bugatti аз ироаи номи молики ин мошин худдорӣ намудааст.

Мошини мазкур ба муносибати 11-умин солгарди таъсиси ширкати Bugatti ва бар асоси нусхаи Bugatti Chiron сохта шудааст.

Пеш аз ин расонаҳо мошини Bugatti Chiron- ро сареътарин мошини ҷаҳон номида буданд.

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97