Аҳолии Тоҷикистонро мешуморанд

Хабари хуб 23.07.2009 15:00

Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон барои анҷоми саршумории аҳолӣ аз ҳукумат 40 млн. сомонӣ талаб кардааст. Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи давлатии омори кишвар инро дар нишасте матбуотӣ эълом кард. Қарор аст, ин саршуморӣ тӯли даҳ рӯз аз 20 сентябр то аввали октябри соли 2010 анҷом шавад.

Саршумории аҳолии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби шумориши аҳолии курраи Замин, ки бояд тибқи барномаи Созмони Милали Муттаҳид то охирҳои соли 2011 дар тамоми кишварҳои ҷаҳон анҷом шавад, сурат хоҳад гирифт.

Мерган Шаҳбозов гуфт, ки бо дарназардошти вазъи мушкили иқтисодӣ, ин кумита маблағи камтарини мавриди ниёз барои баргузории саршумории аҳолиро аз ҳукумат дархост кардааст.

Ӯ афзуд: "Мо аз вазорати молия барои анҷоми саршуморӣ ҳудуди 11,5 млн. доллар дархост кардем. Аммо мехоҳам таъкид кунам, ки барои мисол Қазоқистон, ҳарчанд ҷамъияти он каме бештар аз 15 млн. нафар аст, барои анҷоми саршумории аҳолӣ ҳудуди 72 млн. доллар масраф кардааст. Яъне сари ҳар шаҳрванд 5-долларӣ сарф кардааст. Вале мо дар ин саршуморӣ барои ҳар шаҳрванд мехоҳем фақат 1.6 доллар сарф кунем."

Дар посух ба ин суол, ки бо дарназардошти омори зидду нақиз дар бораи теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, саршумории равбатии аҳолӣ то чи андоза метавонад дақиқ ва дуруст бошад, Мерган Шаҳбозов гуфт: "Мо барои омодагӣ ба саршумории аҳолӣ аз давлат аллакай 6 млн. сомонӣ дарёфт кардем ва фаъолият дар ин самт хуб пеш рафта истодааст."

Раиси кумитаи омор таъкид кард, ки ин кумита дар мавриди муҳоҷирони кории тоҷик танҳо омореро дар даст дорад, ки аз фурӯдгоҳ, гумрук ва роҳи оҳан дарёфт мешавад. Бар асоси ин иттилоот, кумитаи омор теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русияро аз 360 то 450 ҳазор нафар арзёбӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол Раиси кумитаи омори кишварамон гуфт, ки ин кумита мехоҳад қабл аз ҳар кишвари дигари минтақа ба системаи мудерни ҷамъоварӣ ва таҳлили омор гузарад.

©2008 - 2023 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97