Аз Олимпиада то Олимпиада

Варзиш 17.07.2008 14:07

Олимпиада. XXIX Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ. Варзишгарони тоҷик бори 4 - ум пас аз истиқлол, зери парчами кишвар дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя хоҳанд кард. Ин дафъа теъдоди варзишгарони тоҷик дар бонуфузтарин мусобиқаи байналмилалӣ доир ба варзиш назар ба мусобиқоти қаблӣ афзудааст. 13 варзишгари тоҷик аз рӯи 5 намуди варзиш дар ин мусобиқа ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз ин рӯ перомуни омодагии варзишгарони тоҷик ва чанд масоили дигар бо Президенти Кумитаи Олимпии кишвар Раҷабалиев Баҳрулло Ҷунайдуллоевич сӯҳбате оростем, ки матлаби онро манзури хонандагони ҳафтавори "Миллат" мекунем.

-Мехостем ҳарфи шуморо дар остонаи шурӯъи Бозиҳои олимпӣ бишнавем.

-Мехоҳам аввалан мардуми қаҳрамону шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии XXIX Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ, ки то оғози он қариб 20 рӯз боқи мондааст, яъне аз 8 август то 24 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин пойтахти кишвари Чин баргузор мешавад, шодбош гӯям ва аз онҳо хоҳони дастгирии варзишгарони тоҷикро, ки дар ин мусобиқаи бонуфузтарини олам шарафи варзиши кишварро ҳимоя мекунанд, намоям.

-Лутфан аз онҳое мехостем ном бубаред, ки парчами шарафи кишвар дар дасти онҳост?

-Дар ин мусобиқот 13 варзишгар аз рӯи 5 намуди варзиш: 2 нафар дар варзиши сабук - Галина Метяева ва Дилшод Назаров (гурзпартоӣ); 3 нафар дар бокс - Ҷаҳон Қурбонов (вазни 81кг), Шералӣ Достиев (48кг), Анвар Юнусов(51кг); 3 нафар дар гӯштини тарзи дзю - до - Расул Боқиев (вазни73кг), Шералӣ Бозоров (81кг), Неъмат Остонқулов (90кг) ва 2 нафар дар гӯштини тарзи озод - Юсуф Абдусаломов (84кг), Виталий Карякин (60кг); 2 нафар дар шиноварӣ - Алишер Чингизов ва Екатирина Измайлова (шинои озод дар масофаи 50 метр) ва 1 нафар дар камонварӣ - Албина Камолиддинова қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар ин мусобиқот варзишгаронро мураббиён; Носир Бозоров, Владимир Елчининов ( ҳар ду дэ-до), Саламшоҳ Муҳаббатов, Зайнуддин Холиқов (ҳар ду тарзи озод), Бобоҷон Маҳмадрасулов, Аббос Неъматуллоев, Мирзо Шамсиев (ҳар се бокс), Рашид Саидов (варзиши сабук), Людмила Ляшинка (шиноварӣ) ҳамроҳӣ мекунанд. Бояд зикр кард, ки барои нахустин бор аст, ки баробари теъдоди варзишгарон чунин теъдоди мураббиёни тоҷик дар ин мусобиқот иштирок мекунанд. Ҷамъулҷамъ дар рӯзи ифтитоҳи XXIX Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ 30 намояндаи кишвар, аз инҳо; 13 варзишгар, 12 мураббӣ, 3 намояндаи расмӣ ва ду нафар намояндаи сарпараст зери парчами Тоҷикистон қадам хоҳанд зад.

-Тафовути шароити ширкат аз солҳои қаблӣ дар чист?

-Назар ба Олимпиадаҳои қаблӣ ин дафъа варзишгарони тоҷик аксари роҳхатҳоро дар натиҷаи ғолибияти инфиродӣ дар мусобиқаҳои интихобӣ дастрас намуданд, танҳо барои шиноварон ва камонварон роҳхат ба таври истисноӣ дода шуд. Ҷойи таъкид аст, ки танҳо дар ҳолати то 3 роҳхат доштан, Кумитаи Олимпии байналмилалӣ роҳхатҳои имтиёзӣ ба баъзе намудҳои варзиш барои ҳавасманд кардан ва тарғиби варзиш дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ медиҳад. Вале то додани чунин дархост варзишгарони мо аллакай дорои шаш роҳхат гардида буданд ва танҳо ба хотири рушди ин намудҳои варзиш ба мо роҳхатҳои имтиёзӣ доданд.

-Хуб, омодагиҳо барои ширкат дар ин маросими бузурги варзишӣ дар кадом вазъ аст?

- Варзишгарони мо барои иштирок дар Олимпиада ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд ва ҳоло марҳилаи охирини омодагирӣ фаро расидааст. Ҳамин рӯзҳо аз рӯи барномаи махсус варзишгарон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он тайёрӣ мебинанд. Масалан, намояндагони варзиши сабук дар ҷумҳурии Украин, шиноварон дар ҷумҳурии Узбакистон, гӯштигирон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва боксчиён дар пойгоҳи сайёҳии "Варзоб" таҳти роҳбарии мураббӣ Бараев Ҳамид, ки аз ҷумҳурии Қазоқистон даъват шуда ва ғайр аз ин довари дараҷаи байналмилалӣ доир ба бокс мебошад, омодагӣ мегиранд. Ҳамчунин, аз 20 июли соли ҷорӣ боксчиёни ба Олимпиада роҳхат гирифта, дар мусобиқаи кушод оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ - Исмоил Ҳамзалиев дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ширкат меварзанд, ки ин ҳам як марҳилаи омодагирӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз он тамоми варзишгарон ба шаҳри Душанбе баргашта озими Чин мешаванд.

-Магар имкон надорад, ки ин варзишгарон сарҷамъ машқ кунанд?

-Дар масъалаи дар як пойгоҳ ҷамъ овардани варзишгарон ва якҷоя гузаронидани машқҳои омодагирӣ, имрӯз Кумитаи Олимпӣ чунин имконияти молӣ надорад то варзишгаронро, ки ба Бозиҳои Олимпӣ роҳхат гирифтаанд, дар як пойгоҳ гирд оварда ва машқ диҳад. Зеро барои ин мабағи зиёд лозим аст ва Кумитаи Олимпӣ, ки як ташкилоти ҷамъиятию ғайридавлатӣ мебошад ва барои нигоҳдории Кумита Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ва баъзе ашхоси хайрхоҳ кӯмак мерасонанд, дар танҳоӣ чунин имконият надорад. Ҳамчунин вазифаи Кумитаи Олимпӣ тайёр кардани варзишгарон ва гузаронидани мусобиқоти варзишӣ нест, зеро ин вазифаи Федератсияҳои варзиш ва Кумитаи варзиши кишвар мебошад. Кумитаи Олимпӣ танҳо барои иштироки варзишгарон дар мусобиқоти байналмилалӣ доир ба гирифтани роҳхат барои иштирок дар Олимпиада бо Кумитаи варзиш ва Федератсияҳои кишвар ҳамкорӣ ва кӯмакҳо оид ба тайёр кардани ин ё он аснод мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки барои иштирок кардан дар бозиҳои ниҳоии Олимпӣ, яъне барои гирифтани унвони баланди қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ ба ягон варзишгар ё тими мунтахаби ин ё он кишвар ҷоизаҳои пулӣ дода намешавад. Иштирок кардан дар ин гуна бозиҳо барои ҳар як варзишгар мояи ифтихор мебошад, чунки қаҳрамони ин бозиҳо ҳеч вақт собиқ қаҳрамон ҳисобида намешаванд. Яъне агар қаҳрамоне боре дар як намуди варзишӣ дар ин Бозиҳо медали тилло ба даст оварда ва дигар дар ин мусобиқот иштирок накардааст, ӯро ҳеҷ вақт собиқ қаҳрамон муаррифӣ намекунанд, балки доимо қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ мемонад. Нигаҳдории боксчиён дар пойгоҳи сайёҳии "Варзоб" ҳам аз тарафи Кумитаи Олимпӣ ва ҳам аз тарафи Кумитаи варзиши кишвар сурат гирифт, зеро дар танҳоӣ ин кумитаҳо имконияти нигаҳ доштани як варзишгарро, яъне таъмин бо хӯроки серғизои севақта, ҷойи хоб, даъвати мураббӣ ва ғайраҳоро надоштанд. Аз ин лиҳоз тасмим шуд то имкониятҳои худро якҷоя карда ба боксчиён имконияти гузаронидани ин марҳилаи омодагириро муҳайё созанд. Намояндагони дигар намуди варзишҳо мутобиқи барномаҳои Федератсияҳои худ ба XXIX Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ омодагӣ мегиранд.

-Умед ҳаст, ки варзишгарони тоҷик дар миёни дигар варзишгарон, ки шароити беҳтару хубтари машқу тамринро дар кишварҳояшон доранд, сазовори медал бишаванд?

-Мо аз ҳамаи варзишгаронамон умед дорем, ки барранда хоҳанд шуд. Зеро пирӯз шудан дар намудҳои варзиш на танҳо ба шароиту имконоти молӣ, балки ба иродаи инсон низ вобаста аст. Боз мо умеди бештаре аз варзишгар Дилшод Назаров дорем, зеро ин дуввумин Олимпиада ҳаст, ки ӯ ширкат меварзад ва таҷрибаашро дорад. Агар бахти Дилшод бихандаду ба даври ниҳоӣ роҳ биёбад, яъне дар байни 10 гурзпарто мақом гирад, он гоҳ ӯ метавонад, барои гирифтани яке аз медалҳо муборизаро идома диҳад. Инчунин аз гӯштигирон ва боксчиён медал интизорем, чунки баромади онҳо дар мусобиқаҳои қаблии ҷаҳонию минтақаӣ хеле бобарор буд. Ғайр аз ин дар байни онҳо низ ду варзишгари ботаҷрибае ҳаст, ки бори дуюм дар Бозиҳои Олимпӣ иштирок мекунанд. Инҳо Юсуф Абдусаломов ва Шералӣ Достиев мебошанд.

- Барои собқадорони варзиши тоҷик, ки дар гузашта мояи ифтихори на танҳо тоҷикон, балки тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, дар шароити имрӯзаи иқтисодии кишвар ягон гуна имтиёзе ё кӯмаке аз тарафи Кумитаи шумо ё федератсияҳо расонида мешавад?

- Кумитаи Олимпии кишвар барои се собиқадори варзиши тоҷик, номбардорони варзиши тоҷик Ҳасан Иброҳимов, Сайидмӯъмин Раҳимов ва Зебуннисо Рустамова мутобиқи имконияти имрӯзаи молиявӣ стипендияи умрбодӣ ба андозаи 50 доллари амрикоӣ таъин кардааст, ки ин ҳам як навъи ҳавасманднамоии варзишгарони ҷавон барои нишон додани натоиҷи хуби варзишӣ мебошад.

- Ғайр аз Кумитаи Олимпӣ кадом корхонаву ширкатҳои ватанӣ сарпарастии варзишгарони тоҷикро дар мусобиқоти бонуфзузи байналмилалӣ ба ӯҳда доштанд?

- Аз соли 2004 инҷониб, аниқтараш то давраи ниҳоӣ ба Кумитаи Олимпӣ ширкати мобилии "Вавилон", алалхусус директори кулли он Файзуллоев Беҳзод ҳамаҷониба кӯмаки молӣ мерасонд ва умедворем, ки дар оянда низ ҳамкории мо идома хоҳад ёфт. Дар бозиҳои ниҳоӣ тими Тоҷикистонро ширкати дигари мобилии кишвар "Билайн" низ сарпарастӣ мекунад.

- Дар футбол иборае ҳаст, ки мухлисони тим бозингари дувоздаҳум ба шумор мераванд. Оё гуфта метавонем, ки дар Пекин варзишгарони моро чи теъдоди мухлисон ҳамроҳӣ мекунанд?

- Ширкати сайёҳии "Роҳи абрешим" барои ташкили сафари мухлисон дар ибтидои сол бо чанд меҳмонхонаҳои он шаҳрҳое, ки дар онҳо Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ баргузор мешавад ва дар он ҷо варзишгарони тоҷик баромад карда, шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя мекунанд, қарордод баст. Вале ба сабаби паст будани вазъи иқтисодии кулли шаҳрвандони кишвар ин ширкат то кунун натавонистааст ягон роҳхатеро, ки арзишаш 4500 доллари амрикоӣ мебошад ва ба ин маблағ роҳпулӣ, арзиши ҷойи хоб ва ду бор бо хӯрок таъмин кардан ва арзиши билетҳои барои ба майдонҳои варзишӣ ворид шудан медарояд, фурӯшад. Ҳол он ки имрӯзҳо арзиши як ҷои хоб дар меҳмонхонаҳои Пекин ва шаҳрҳое, ки дар он бозиҳои Олимпӣ сурат мегирад, назар ба он арзише, ки ширкати "Роҳи абрешим" ба мухлисони тоҷик пешниҳод мекунад, чандин маротиба зиёд мебошад ва рӯзҳои Олимпиада боз ҳам афзунтар мешавад. Расман гуфта наметавонам, ки чӣ қадар мухлис дар рӯзҳои мусобиқа варзишгарони моро дастгирӣ хоҳад кард. Дар урфият дунё ба умед гуфтаанд, мумкин аст, ки як ё чанд мухлис ба таври инфиродӣ озими Олимпиада шуда ва дар лаҳзаи ҳасос дар байни садҳо мухлисони рақибон парчами Тоҷикистонро меафшонанду нидои Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон!-ро баланд мекунанд.

- Иншоллоҳ.

- Иншоллоҳ.

-Ҳафтаномаи "Миллат" ба тамоми он варзишгарони тоҷик ва мураббиёнин онҳо, ки имрӯз барои иштирок кардан дар XXIX Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ омодагӣ мегиранд, ба Шумо ва Кумитаи Олимпии кишвар ва сарпарастони он комёбиҳо хоҳон аст.

- Ташаккур.



Мусоҳиб Маҳҷуби КИФТОН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97