Торнигори “Футболи Тоҷикистон” аз ҳодисаҳои ҳамла ба муҳоҷирони кории ғайрирус дар Русия ва қатлу куштори онҳо, аз муносибати бепарвоёнаи мақомдорони Русия ба ин ҳодисаҳо ва бемуҷозот мондани қотилон - неофашистони рус шадидан нигарон аст.
“Футболи Тоҷикистон” куштори ахири ваҳшиёна ва бераҳмонаи ҷавони 20-солаи тоҷик: Салоҳиддин Азизовро шадидан маҳкум мекунад ва аз давлати Тоҷикистон ТАЛАБ(!) мекунад, то вокуниши қотеъонаи худро баён кунад ва минбаъд барои ҳимояи шаҳрвандонаш, ки ба Тоҷикистон солона беш аз 2 млрд доллар ворид менамоянд, тамоми талошашро ба харҷ диҳад.
“Футболи Тоҷикистон” нотаи ахири эътирозии сафорати Русияро нисбат ба ҳафтаворҳои “Миллат”, “Фараж”, “Нигоҳ”, “СССР” ва “ФК-Капитал” комилан беасос медонад ва онро чун як талоши номуваффақона ва ноӯҳдабароёна барои ба дигар сӯ ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ва болотар аз ин, таҳқир нисбат ба Тоҷикистон унвон мекунад.
“Футболи Тоҷикистон” дар эътироз ба ҳамаи ин гуфтаҳо, то тағйири мавзеъи ҳукумати Русия нисбат ба масъала аз ҳисоби бозиҳои чемпионат ва Ҷоми ин кишвар дар озмуни “ФУТБОЛДОН”-аш худдорӣ мекунад.
“Футболи Тоҷикистон” умедвор аст, ки мавқеъи торнигорро хонандагонаш дарк хоҳанд кард ва ба хотири ҳимоя аз шарафи Ватан ва ҳамватанонашон аз ин мавқеъ пуштибонӣ менамоянд.
Posted on December 25,
2008 by follower