ДАВРОНИ КАДОМЕ ТИЛЛОӢ БУД?

Таърих 22.08.2008 16:51

аз Амонулло, Ҳабибуллои Калаконӣ, Зоҳиршоҳ, Наҷиб, Раббонӣ ё Карзай

бахшида ба 18-уми август, 89-умин солгарди истиқлолияти Афғонистон

Афғонистон бо таърихи 5 000 сола дар ҷуғрофиёи Осиёи Ҷанубӣ вуҷуд дошта, ки ибтидо дар таърих ба номи Ориёно ёд шудааст. Ва китоби таърихии Авасто, ки ҳикояткунандаи фарҳанг, мазҳаб ва забони он марзу бум буд, дар Балх навишта шудааст. Балх нуқтаи оғози тамаддуни ориёӣ мебошад, ки дар дили худ фарҳанг ва мазоили мухталифро парварондааст.

Шоҳони Балх то Бухорову Нишопур нуфуз доштаанд ва бузургтарин уламо чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ибни Сино, Амир Хусрави Балхӣ, Робияи Балхӣ, Султонғиёсиддини Балхӣ... дар Балх зода шудаанд.

Бузургии арози таҳти ҳокимияти шоҳони Балх шояд яке аз иллали адами контрол ва бурузи ихтилофот шуд, то ҷангҳои шадид ба вуқӯъ пайваст. Ин таҳаввулот боиси тағйирот дар ҷуғрофиёи сиёсӣ Ориёнои қадим гардид, чунончӣ Ориёно ба подшоҳони Форсу Мовароуннаҳр ва Бухоро тақсим шуд. Қитъаи боқимонда ба номи Афғонистони имрӯз ёд мегардад, баъдҳо қитъаи боқимондаи Ориёнои қадим ба номи Хуросон тағйири ном кард.

Бо зуҳури Ислом Хуросон яке аз муқтадиртарин ҳукумат дар Осиё мансуб мешуд, чунончӣ дар замони салтанати Ғуриҳо ва Ғазнавиён нимҷазираи Ҳиндро дар тахти ҳокимияти худ даровардаанд ва як бори дигар нақшаи сиёсӣ ва ҷуғрофии он тағйир ёфт. Ин бор Ғазна бештар ба маркази дарборнишинон табдил шуд ва дар аҳди салтанати Султон Маҳмуди Ғазнавӣ адабиёти форсии дарӣ ба рушд ва ғаномандӣ даст ёфт, ки метавон аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ёд кард.

Бо рӯи кор омадани Аҳмадшоҳи Дуронӣ дар камтар аз ду қарни охир номи Хуросон ба Афғонистон табдил шуд ва акнун бештар аз як қарн мешавад, ки дар замони салтанати Темуршоҳ пойтахт аз Қандаҳор ба Кобул интиқол ёфт. Афғонҳо ҳамеша дар тӯли таърих бо ҳуҷум ва лашкаркашии аҷнабиён мувоҷеъ шудааст. Чунончи Афғонистон се бор бо инглисҳо дохили ҷанг гардида, охирин бор дар аҳди салтанати амир Амонуллоҳхон дар моҳи августи соли 1919 истиқлолияти худро аз инглисҳо ба даст овард ва аз он рӯз то инҷониб ҳар сол 18 - августро ҳамчун рӯзи Ҷашни истиқлол таҷлил мекунанд.

Амир Амонуллоҳхон шахсе мутараққӣ буд, ки дар замони ӯ аввалин бор Афғонистон ба рушд ва пешрафт дар соҳаи маориф, ҳуқуқ ва матбуот даст ёфт. Ҳамчунон дар саҳнаи байналмилалӣ низ муваффақиятҳое ба вуҷуд омад. Аммо чун мардум бештар мазҳабӣ ва сунатӣ буданд аз таҳаввулоти ҷадид ва мутараққӣ Амонуллоҳхон таъбири зидди мазҳабӣ намуда ва дар ҳар гӯшаву канори кишвар ихтисосоте барпо шуд, то ин ки Ҳабибуллоҳхон машҳур ба Бачаи Саққо аз Кӯҳдомани шимоли Кобул қудратро ба даст гирифт ва Амонуллоҳхон, ки нахост ҷанг даргирад ба Итолиё табъид шуд ва то охирин рӯзҳои ҳаёти худ дар он ҷо умр ба сар бурд.

Ҳабибуллоҳхон дар муддати ҳудуди се моҳ ҳокимияти худ кӯшиш намуд, то бештар ихтисосотро хомӯш ва фаромини исломиро содир созад, чунончи вай ба номи "Ҳабибуллоҳ- ходими дини Расулуллоҳ" машҳур шуд. Эшон шахсияти миллӣ буда, эҳсосоти зидди хориҷӣ дошт ва равобиташ бо инглисҳо нохушоянд буд, аз ин рӯ дар 1931 Нодиршоҳ аз ҷануби кишвар ба Кобул лашкар кашид ва Ҳабибуллоҳ маҷбур ба ақибнишинӣ ба шимоли Кобул шуда дар қасри Ҷабрсароҷ ҷогузин шуд, ки баъдан ба асоси имзои созишнома Нодиршоҳ муттаҳид ба додани саҳм дар ҳукумати худ барои ӯ шуд, аммо замоне, ки Ҳабибуллоҳ ба Кобул баргашт бо чил тан ҳамроҳонаш ба фармони Нодиршоҳ ба дор овехта шудаанд. Дере нагузашт, ки худи Нодиршоҳ айни боздид аз мактабе дар Кобул мавриди сӯиқасди яке аз шогирдони мактаб қарор гирифта ҳалок шуд ва писари 18- солааш ба номи Зоҳиршоҳ дар 1931 ба тахти салтанат расид. Ногуфта намонад, ки дар замони Нодиршоҳ ду бора қавонини аҳди Шоҳ Амонуллоҳ бо шиорҳои муҳофизакоронаи мазҳабӣ эҳё шуд. Муҳаммадзоҳиршоҳ тақрибан ҳудуди 40 сол, яъне аз 1931 то 1972 дар Афғонистон ҳукумат кард, ки дар замони ӯ чандин бор Луяҷирга, яъне Маҷлиси миллии Афғонҳо даъват шуд, ки қонуни асосӣ ба тасвиб расид. Порлумон ба асоси интихоботи озод ба вуҷуд омад ва озодиҳои чашмгире дар соҳаи сиёсати матбуот амалӣ гардид, чунончи мардуми Афғонистон беҳтарин рӯзҳои умри худро дар сулҳу сафову фаровонӣ мегузарониданд. Бо истифода аз ҳамин озодиҳо аз соли 1962 то 1965 аҳзобӣ мухталифи сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки умдатиранашон исломгароён бо роҳбарии Ҳабибурраҳмон, Бурҳонидини Раббонӣ, Гулбиддин Ҳикматёр, Расули Сайёф ва дар ҷониби муқобил чаппиҳо ё коммунистон бо роҳбарии Миракбари Хайбар, Нурмуҳаммади Таракӣ, Бабрак Кормал ва дигарон мебошад.

Афғонистон дар аҳди салтанати Муҳаммадзоҳиршоҳ узви Созмони Миллали Муттаҳид як қатор конфронсҳо ва аҳдномаҳои байналмилалӣ шуд, ҳамчунон иртиботи дипломатии худро бо бештар аз 60 кишвари ҷаҳон ба роҳ монд. Аммо дар арсаи рушди санъат ва тавлидот пешрафте надошта ҳамчунон як кишвари масрафӣ боқӣ монд. То билохира дар 1972 замоне, ки Муҳаммадзоҳиршоҳ таи як сафари расмӣ дар Итолиё ба сар мебурд, сардор Муҳаммаддовуд писари амакаш дар як таҳаввули сиёсӣ ба қудрат расид, ки Афғонистон аз сохти шоҳӣ ба ҷумҳурият тағйир кард. Дар муддати 5 сол ҳокимияти сардор Муҳаммаддовудхон Маҷлиси миллии Афғонҳо даъват шуда ва тағйироти мусбате дар Қонуни асосӣ ва қавонини маданӣ рӯнамо гардид. Дар ин замон ақшори мухталифи мардуми Афғонистон бештар дар ҳукумат ҷой гирифтааст. Таълимоти ибтидоӣ ҳамчунон иҷборӣ ва занон бештар мавқифи давлатӣ ёфтанд, аммо аз сӯи дигар аҳзоби сиёсӣ бештар бо ҳукумат даргир шуданд. Чунончи дар морти соли 1977 Миракбари Хайбар яке аз роҳбарони Ҳизби демократии халқии Афғонистон дар ҷараёни тазоҳурот алайҳи давлат кушта шуда ва боқӣ роҳбарон, Нурмуҳаммад Таракӣ, Бобрак Кормал ба зиндон андохта шуданд, ки дар апрели 1978 тарафдорони Ҳизби демократии халқӣ бо шӯриши низомӣ ҳукумати сардор Муҳаммаддовудро суқут дода ва мавсуфро ба қатл расонидаанд. Аз соли 1977 то декабри соли 1979 ба тартиб Нурмаҳмад Таракӣ ва Ҳафизуллоҳи Амин ба қудрат расиданд, дар ҳоле ки ҳар ду гироиши коммунистӣ доштанд ва ба Шӯравӣ вафодор буданд, аммо эътимоди Кремл аз Ҳафизуллоҳи Амин соқит шуда, дар декабри соли 1979 Шӯравиҳо бо фиристодани нируи низомӣ ба Афғонистон Ҳафизуллоҳи Аминро сарнагун ва ҳукумати ҳаводори Шӯравӣ аз иттиҳоди ҷиноҳӣ халқу парчам таҳти роҳбарии Бобрак Кормал ба вуҷуд оварданд. Аз соли 1978 фармонҳои мӯтаъдидӣ тавассути кумитаи марказии Ҳизби демократии халқӣ дар мавриди тақсимоти иҷбории замин аз заминдорон ба камзаминон саводомӯзии иҷбори мардум ба хусус занон дар рустоҳо ва таъини ҳаққи маҳри занон мавриди норозиятии мардум қарор гирифт ва аз ҷониби ҳам шиорҳои ҳизбӣ дар мутобиқат ба эҳсосоти мазҳабӣ пиндошта намешуд. Ҳамин масоил боис шуд, то як теъдоди зиёде аз мардум ба хусус рӯҳониён ба кишварҳои ҳамсоя Покистону Ирон муҳоҷират намуданд ва як теъдоди дигари рӯҳониён ва заминдорон таввасути ҳукумати Ҳафизуллоҳи Амин дастгир ва кушта шуда ва ё ба маҳкамаҳо андохта шуданд. Ин дар ҳоле буд, ки дар соли 1976 роҳбарони ҷиноҳҳои исломгаро, ки дар тарҳи кудато алайҳи ҳукумат сардор Муҳаммад Довудхон ноком шуда будаанд, ба Покистон фирор намуда ва иддае дастгиру зиндонӣ шудаанд, ки аз ҷумла Инҷинер Ҳабибурраҳмон буд, ки дар зиндон ба қатл расид. Аз декабри соли 1979 то соли 1988 дар муддати 9 сол нируҳои низомии Шӯравӣ ба ҳимоят аз ҳукумати ҳаводори Шӯравӣ Кормал ва Наҷибуллоҳ мувоҷеъ ба ҷанги шадид алайҳи мухолифини давлат, ки аз Покистон таҷҳиз мешуданд, буданд. То билохира Шӯравиҳо таҳти фишори шадиди иқтисодӣ, талафоти инсонӣ ва фишорҳои байналмилалӣ ба беҳудагии ҷанг дар Афғонистон пай бурда, ба ҳукумати Наҷибуллоҳ гузаштанд, хоки Афғонистонро тарк гуфтанд. Ҷанг алайҳи ҳукумати Наҷибуллоҳ шиддат ёфта аз се яки шаҳрвандони кишвар зодгоҳашонро тарк карда ба кишварҳои Покистону Ирон паноҳгузин шудаанд. Тарҳи мусоилиҳаи миллии Наҷибуллоҳ ба мувафаққият наанҷомида, билохира нируҳои даруни ҳукуматӣ дар ҳамдастӣ бо муҷоҳиддин дар апрели соли 1992 боиси суқути ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ шуданд. Муҷоҳиддине, ки алайҳи ҳукумати таҳти ҳимояи Шӯравӣ ва асокири артиши сурхи Шӯравӣ меҷангиданд, ба қудрат расиданд ва рӯҳонии мазҳабӣ Сибғатуллоҳи Муҷаддадӣ ба сифати раиси ҷумҳур ҳарфи вафодорӣ ёд кард. Муҷоҳиддин расман пирӯз шуда ва Афғонистон ба номи Ҷумҳурии Исломӣ эълон шуд. Аммо аз соли 1992 то 1996 гурӯҳои мухталифи муҷоҳиддин бар сари расидан ба қудрат бо ҳукумати марказӣ таҳти роҳбарии Бурҳонидини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҷангиданд, ки дар асари он боз ҳам як теъдоди мардум аз пойтахт ба хориҷ маҷбур ба муҳоҷират шуданд. Дар ин замон гурӯҳе аз толибони мадориси динӣ ва хориҷони ҷангҷӯ алайҳи шӯравиҳо иштирок намуда будаанд, аз Покистон таҳти шиорҳои сахтгиронаи исломӣ дохили Афғонистон сохта шудаанд, ки дар октябри соли 1996 Кобулро дар тасарруфи худ дароварда ва ба тарафи Шимоли Афғонистон пешравӣ карданд. Аммо дар шимол бо муқовимати шадиди неруҳои Аҳмадшоҳи Масъуд як тан аз фармондеҳони аршади ҳукумати Бурҳонидини Раббонӣ мувоҷеъ шуданд. Дар ҳоле, ки 90 фисади хоки Афғонистонро ишғол карда буданд, дар ба даст овардани манотиқи Панҷшер,Тахор ва Бадахшон ба талафоти шадид ба шикаст мувоҷеъ шуданд. Дар сентябри соли 2001 ду ҳодисаи муҳими таърихӣ таҳаввулоти сиёсиро дар Афғонистон рақам зад, ки яке кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд дар асари як тавтеъияи байналмилалӣ ва дигар инфиҷороти муҳим дар Амрико, ки баъдан амрикоён ҳавомили ҳаводиси сентябри соли 2001 - ро ба Асома бини Лодан таҳти ҳимояти толибон шиносоӣ карданд. Ва ин ки Амрико қаблан Асома бини Лодан ҷангҷӯи арабтаборро, ки масъули инфиҷорот дар Арабистони Саъудӣ мутаҳам карда хосгори таҳвилдиҳии он ба Амрико гардида буд, аммо толибон аз таҳвилдиҳии он ба Амрико худдорӣ карда буданд. Ин авомил боис шуд, то Амрико ҳамалоти низомии хешро алайҳи толибон дар Афғонистон оғоз намуд, ки ҳукумати толибонро шикаст намуда ва нируҳои вафодор ба Аҳмадшоҳи Масъуд Кобулро тасарруф намуда ва ҳукумат таҳти роҳбарии профессор Бурҳонидини Раббонӣ ба кор оғоз кард. Ва оҳитста-оҳиста нируҳои низомии байналмилалӣ таҳти роҳбарии Амрико ба номи мубориза алайҳи лонаҳои теруризм вориди Афғонистон шуданд. Дар аввали соли 2002 конфронси муҳим бо иштироки роҳбарони афғонӣ дар шаҳри Бун, пойтахти Олмон тадбир ёфт, ки дар асари он Ҳомид Карзай ба сифати раиси ҳукумати муваққати Афғонистон таъйин гардид. Ва ҳамчунон тасомиме дар мавриди тасвиби Қонуни асосӣ, интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ ва ташкили урдуи миллӣ, полиси миллӣ ва ҳузури нируҳои ҳофизи сулҳи байналмилалиро ба тасвиб расониданд, ки як теъдоди зиёди намояндагон аз кишварҳои ҳамсоя ва мамолики ҷаҳон дар пои созишномаи фавқ имзо карданд. Бо тадвири Маҷлиси Миллӣ афғонҳо дар Кобул бо иштироки шахсиятҳои миллию сиёсӣ ва мазҳабии Афғонистон ба шумули Ҳазрат Муҳаммадзоҳиршоҳ ба тасамоми конфронси Бумро ройи эътимод дода амалан заминаи ҳукумати ҷадиди Миллӣ муташакил аст, аъзо ва нируҳои мухталифи сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон мусоид шуд. Дар соли 2003 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ байни 18 рақиби сиёсӣ баргузор гардид, ки Ҳомид Карзай ба ҳайси аввалин раиси ҷумҳури мунтахаб интихоб гардид. Баъд дар соли 2004 интихоботи озоди парлумонӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа баъд аз тақрибан 30 сол Афғонистон соҳиби парлумонӣ озод гардид ва ба тартиб то ҳамакнун августи соли 2008 ба тартиб Қонуни асосӣ ба тасвиб расида, урдуи 120 000 нафара ташкил ва дар ҳолати тавсиа аст, пулиси миллӣ, нируҳои сарҳадӣ эҳё гардида қувваи муканина бо меъёрҳои байналмилалӣ эҷод ва ҳокимияти давлатӣ дар 90 %- и кишвар густариш ёфта, миллиордҳо доллар кӯмаки байналмилалӣ ба манзури бозсозӣ ва эҳёи муҷаддади Афғонистони ҷангзада ба ин кишвар сарозер шуда, ки дар асари он садҳо километр ҷодаҳои асосии кишвар аз сар асфалт шуда, ҳазорҳо идораи давлатӣ, макотиб, пулҳо, заминҳои зироатӣ, манобеъи об ва барқ таъмир гардид, аммо бо он ҳам давалати Афғонистон бо мушкилоти ҷиддие мисли кишт ва тарофики маводи мухаддир, фисоди идорӣ, нируҳои терористӣ ва толибон мувоҷеъ мебошад. Ҳамчунон мушкили марзӣ бо Покистон яке дигар аз авомили тадовоми ҷанг дар Афғонистон ном бурда мешавад. Вале таъмини мавҷудияти озодии байён ҳарчанд ба миқиёси кам ҳам агар бошад, вуҷуде бештар аз 10 шабакаи телевизионӣ, даҳҳо радиоҳо, садҳо нашрияи чопи озоди ғайридавлатӣ бидуни сонсур моро ба ояндаи равшани Афғонистон умедвор месозад.



Ғуломнабии Ирфонӣ нависандаи Афғонистон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97