Тибқи ин ёддошти тафоҳум бояд то 14-уми июли соли ҷорӣ тамоми аслиҳа ва муҳимоти ҷангии дар ихтиёри мардум буда, таслими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардад. Гуфта мешавад, то ҳоли ҳозир зиёда аз 100 силоҳи оташфишон ва шумори зиёди тир ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст. >
Дар ин санад ҳамчунин дахолат ба фаъолияти мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз сӯйи ҳар гуна гурӯҳҳо маҳкум шудааст. Дар санад таъкид шудааст, ки мушкилоти мавҷуд танҳо бо роҳи қонунӣ ҳал шавад.
Дар ёддошти тафоҳум ҳамчунин ҷойгиркунӣ ва ҷойивазкунини ҷузъу томҳои нируҳои мусаллаҳи кишварро ваколати истисноии сарфармондеҳи кулли нируҳои мусаллаҳ-Президенти Тоҷикистон арзёбӣ шуда, дахолат ба ин масъала аз сӯйи гурӯҳҳои мухталиф ва шаҳрвандон амали зидиконститутсионӣ талаққӣ мешавад.
Зимни имзои ин тафоҳумнома аз мардуми Бадахшон даъват шудааст, то ба хотири ба эътидол омадани вазъ дар минтақа аз тадобири андешидаи ҳукумат пуштибонӣ кунанд.
Ҳамчунин баргузории ҳар гуна гирдиҳамоӣ, ки бойиси халалдор гаштани вазъи ҷамъиятӣ мегардад, бидуни иҷозаи мақомот мамнӯъ эълон шудааст.
Аммо раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов дар вокуниш ба як банди ин ёддошт дар мавриди манъи гирдиҳамоӣ онро кӯшиши маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ кард ва ҳамчунин дар сӯҳбат бо "Миллат" гуфт, ки намояндаи ҳизби эшон, аз ҷумла худи ӯ ҳам дар вақти имзои санади ёдшуда ҳузур надоштааст.
Вай изҳор дошт, ки амали ин ду тарафи имзонамудаи санад набояд ба ташаннуҷи авзоъ дар минтақа сабаб шавад. Ӯ гуфт, алҳол онҳо ба тавофуқ расиданд, аммо шаҳрвандон дар мавриди эҳсоси нигаронӣ аз амният ва ё поймолшавии ҳуқуқҳояшон дар оянда низ аз ҳуқуқи конститусионии озодии андеша истифода хоҳанд намуд.
Собиқ фармондеҳони нируҳои мухолифин дар минтақа мегӯянд, ки бо дарёфти кафолати афв онҳо ба имзои ёддошт ризоият доданд. Толиб Аёмбеков, сардори шӯъбаи омодагии ҷангии қисми марзбонӣ дар Хоруғ, яке аз чаҳор нафари тарафи дигари имзонамудаи санад таъйид кард, ки вай расман ба ифои вазифа дар қисми марзбонӣ шурӯъ намудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъҳо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба ҳайси бознишастаи хадамоти марзбонӣ ба ҳаёти мулкӣ бармегардад.
Дар ҳамин ҳол, Имомназар Имомназаров таи пахши як баёния фаъолияти комиссияро дар эътидоли вазъ дар минтақа мусбат арзёбӣ намуда, аммо гуфтааст, мансабдорони сатҳҳои мухталиф ба мақсади ҳифзи курсӣ ва сӯистифода аз мансаб қонунро ба бозича табдил медиҳанд ва амали онҳо ба ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи гуногун сабаб мегардад. Вай мақомотро ба ноогоҳӣ аз масоили оддитарини рӯзгор ва кӯшиши бо истифодаи зӯроварӣ ҳал намудани мушкилот муттаҳам намудааст.
Ёдгоршо Мамадасламов, дигар аз ин нафарон таи солҳои охир дар доираи лоиҳаи бозгашти собиқ размандагон ба ҳаёти мулкӣ кӯмаки созмонҳои байналмилалиро дарёфт ва дар бунёди иншоотҳои хизматрасонӣ муваффақ шудааст.
Коммисия бо имзои ин ёддошт марҳилаи аввали фаъолияташро поён додаст. Намояндагони маҳаллаҳои шаҳр изҳор доштаанд, ки дар таъмини субот бо мақомоти давлатӣ кӯмак хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз ниуои низомии воридшуда ба Бадахшон тавассути тайёра бозпас гардонда шуданд. Гумон меравад, ки ин гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохила ва амният мебошанд, ки хориҷ гаштанашон талаб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки вуруди якбораи нируҳои низомӣ ба Бадахшшон ба дунболи як моҷаро байни додситони вилоят Рашид Гулматшоев ва Имомназар Имомназаров яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақа оғоз ва сабаби баргузории гирдиҳамоӣ шуда буд.