ИФТИХОРЕ ОЛУДА БО ТАЪНУ ТАҲҚИР

Сиёсат 27.06.2008 22:32

«Миллат»- ро аз рӯзи зуҳураш то кунун ҳамвора мехонам. Нашрияест ҷолиб ва ҳам дорои матолиби хубу хонданӣ. Зуҳураш фикр мекунам зарур ва саривақтӣ буд. Дар бедории миллӣ, шинохти хеш ва фарҳанги исломиву тоҷикии мо нақши бузурги носутудание дорад. Баҳсҳое, ки миёни хонандагони диду назариёти мухталиф дошта нашр мешаванд, вуҷуди касро ба андеша рондан такон медиҳанд, ки маҳз ҳамин чиз «Миллат»-ро аз дигар нашрияҳо боло гузоштааст.
Тобистони соли 2006 ин нашрия баҳси бародаронам бостоншинос Қиёмуддини Сатторӣ ва ҳуқуқдон Варқаи Зайниддинро сари он, ки мо ориёием, тоҷикем, ё мусалмонем дар чанд шумораи хеш пешкаши хонанда намуда буд. Ин баҳс хеле ҷаззоб буд ва ёди он дар хотири мо нақш баста, вале аз ҳақ нагузарем андешаҳои Қ. Сатторӣ басе мӯътамад ва илмӣ буд ва ҳам бадеъияти воло дошт, яъне масали машҳури «Гунҷишкро бояд қассоб кушад» он ҷо мувофиқат мекард. Он вақт чун Қиёмуддин изҳор кард, ки аввал мусалмон асту баъд тоҷик ва Варқа бо қатъият ориёӣ будам ва мемонам гуфт, фикр кардем ин баҳс тамом шудааст, вале боз дар тамузи тобистони имсола аз чӣ бошад, ки эҳсоси «худшиносӣ»- и Варқа хуруҷ кард, ва боз табли хатар навохт, ки: «Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст.» («Миллат», №25, 19 июни соли 2008)


Аслан ба бародарам Варқа ҷавоб гуфтанӣ набудам, зеро ҳамон вақт беҳтарин посухро ба афкори ватанпарастӣ ва худогоҳии ӯ бародарам Қ. Сатторӣ гуфта буд, ва ҳам фикр кардам, ки шояд боз пайдо шаванд мардоне аз миёни миллатам, ки ҳиҷоб аз рӯи асл ва моҳияти афкори муаллифи мӯҳтарам дур андозанд ва аз динситезиву араббадбинӣ ӯро канор бубаранд. Вале боз ҳам чун як бонуи мусалмон хомӯш истоданро барои хеш гуноҳ донистам ва ночор қалам рӯи сафҳа задам, то чизе гуфта бошам. Дар як навиштааш бародарам Варқа шояд аз рӯи эҳсоси баланди ватандориаш буд, ки арабҳоро аз қавли Ҳаким Фирдавсӣ қавми «кашкинапӯш» номид ва бародарам Қиёмуддин ҷавобаш гуфт, ки ба Фирдавсӣ тӯҳмат набандад, ин мусаннифи китоби «Амир Ҳамза» арабро «кашкинахор», на «кашкинапӯш» гуфтааст ва кашкин нони ҷавинро гӯянд ва ҳама медонанд, ки нон барои хӯрдан аст, на барои пӯшидан.(нигаред «Миллат» №31(49), аз 10-08- 2006с.)
Мақсади ман ба ҳама ҳарфу ҳиҷои мақолаи бародарам Варқа «Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст» ҷавоб гуфтан не, танҳо мехостам ба чанд нукоти он посух бигӯям. Ҳар мусалмони воқеъӣ, барои касе, ки Ислом ифтихор аст, баъди мутолиаи мақолаҳои дар боби «худшиносӣ ва ватанхоҳӣ» навиштаи ҳуқуқшинос Варқаи Зайниддин худро таҳкиршуда эҳсос мекунад. Ба ҳар ҳол ин ақидаи ман аст.
Роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани эҳсоси ватандорӣ ин нест, ки милалти дигарро таҳкир кунем ва дар пояи тӯҳмату дурӯғҳои бофта барои миллати хеш рейтинг эҷод кунем, ки мо пеш, бузург, соҳиби таъриху тамаддуни ғанӣ будем, моро омаданду куштанду сӯхтанд, осори бемисоламонро бурданд ва барои ҳамин имрӯз ин қадар мушкилот дорем. Шумо бубинед, Олмон хоки Русияро солҳои 1941- 1944 бо ғалбер бехт, бештар аз 20 милиюн урусро қатл кард, вале ҳич урус ин пастиро ба худ раво намебинад, ки миллати олмон- немисҳоро таҳқир бикунад. Бояд ҳар фарди огоҳу миллатпараст, хосса як ҳуқуқшинос, ҳомии ҳуқуқҳои башар, ки дар асл бояд инсондӯст ва аз рӯи тақозои вазифа ба ҳар миллату мазҳабе эҳтиром қойил бошад, ақаллан кинаву адовати доштаашро дар ботини хеш фурӯ нишонад, на ин ки зери ниқоби «ватандӯстӣ ва худшиносӣ» нафрату кинаи ба арабу турк доштаи хешро берун андозад ва қаламу коғазро муртакиби гунаҳ созад.(Агар чунин гуфтан ҷойиз бошад) Ин амал аз ойини ҷавонмардӣ ва диндорӣ нест. Мо хешро мусалмон бигӯему бе ҳич андеша бинависем, ки: «Тоҷики сода ва зудбовар зери нақораи «идеологияи ислом» сахт рақс мекард.», магар таъна бар дини хеш задан ва безорӣ кардан аз ойини хеш нест?
Чун ҷойи гуфтан омад бояд бигӯям, ки бародарам Варқа, мақолаат ғалатҳои зиёди забонӣ дорад, вале ин кори мо ва мавзӯъи баҳси мо ҳам нест ва ба ҳар сурат қалам задани як марди низомӣ бойиси таҳсин аст. «Тоҷики содаву зудбовар зери нақораи «идеологияи ислом» чӣ «сахт рақс»- е кардааст, бароям номафҳум аст. Агар ҳамин таҳорату тоъати Худои холиқ, ҳаҷу закот, хайру садақот, намозу рӯза, чилёсину ҷаноза, масҷиду мадраса, муллову амри маъруф, қироъати Қуръону арабидонӣ маънии «зери нақораи «идеологияи ислом» сахт рақсидан»- ро дошта бошад, пас мутмаъин бошед, ки ин тоҷики ба қавли шумо «сода ва зудбовар» то қиёми Соъат пойбанди ин идеология ва дар банди ин «рақс» гирифтор хоҳад монд.
Бародарам Варқа, ман чанде пеш китоби донишманди Эрон Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ «Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Эрон»- ро хондам, ки сидқан ва дӯстона мутолиаи онро барои шумо тавсия медодам. Ин бузургмард, ки ҷаҳони Ислом ӯро чун олим эътироф дорад, менависад, ки:
«Ҳақиқат ин аст, ки иллати мусалмон шудани эрониён(яъне тоҷикон ҳам, таъкид аз мо) як чиз аст: эронӣ рӯҳи худро бо Ислом созгор дид ва гумгаштаи хешро дар Ислом ёфт.»
Бо имони комил мегӯям, ки аз он «Таърихи КПСС», ки ҳардуямон замоне хонда будем ва шумо то имрӯз дар мақолаҳоятон аз он ва аз навиштаҳои таърихнигорони шӯравӣ ва муаррихини мусалмонбадбин иқтибосҳо оварда, тоҷиконро ба «худшиносиву ватандӯстӣ» ҳидоят мекунед, китоби ин донишманди мусалмони форсзабони худамон сад бор мӯътамад ва болост, ғайр аз ин хату забонаш ҳам туркиву арабӣ нест, ки бойиси малоли хотират гардад, балки лаҳнаш форсии тоҷикӣ ва хаташ сириллик аст.
Содаву зудбоварӣ бародар! Кӣ дигар парвои Зардушту авлоду аҷдоди ӯро дорад. Зардушт ва идеологияи ӯ агар дардхӯри ҷомеаи имрӯз мебуд, он ба мову ту намерасид. Бубин, нафти Ироқ, ки даркор буд, аз ҳич курду араб, шиъаву суннӣ пурсиданд? Не! Дар як рӯзи рӯшан лашкари «наҷотбахш»-и ҷаноби Буш вориди хоки муқаддаси Ироқ шуд ва шербачаҳои амрикоӣ он ҷо ва бо он мардум чӣ карданд, ба худат аён аст, ки ҳиҷ ҳоҷати баёни мо нест. Ҳайкалчаҳои аз қарни Зардушт монда, ки даркор буданд, барои Эрмитажро зеб додан ба Санкт- Петербург кашонида шуданд ва ин ҷо олимони содаи моро гуфтанд, ки ин Зардушт як бузурмарди тоҷик буд, муайян кунед, ки ӯ аз кадом минтақаи Тоҷикистон аст. Салимшоҳ Ҳалимшоҳи шоъир даъво кард, ки зодгоҳи Зардушт Бадахшон аст ва аспашро дар алафзорҳои Роштқалъа мечаронд. Карим Абдулови таърихчӣ бошад, гуфт, мастчоҳӣ буд, ва шутурсавор дар саргаҳи рӯди Зарафшон гаштугузор кардааст. Профессор Юсуфшоҳи Яъқуб бар он назар аст, ки Зардушт аз наздикии Шаҳритӯс буд ва аз оби ширини Амударё нӯши ҷон мекард. Як каси дигар зодгоҳи ӯро таги кӯҳи Чилдухтарон гуфт. Хулоса, як ҷустуҷӯву ковиши бемаъниву беасос барои ёфтану мақбара сохтан ба як шахсияти ба андешаи ман мавҳуму хаёлӣ то кунун давом дорад. Вақте чизе дар бораи Зардушт мегӯем фикр мекунам як бор ба навиштаи ду тоҷикмарди бузург: олими ҷаҳонӣ Абурайҳони Берунӣ ва муфассир ва таърихнигори барҷаста Муҳаммад Ҷарири Табарӣ ҳам нек диққат диҳем, ки оид ба шахсияти ин одам чӣ гуфтаанд.
«Зардушт дар Фаластин пеши Ирмиёи пайғамбар чизе омӯхт ва даст бар соҳирӣ зад ва ба дуъои Ирмиё гирифтор ва мубталои иллати песӣ гашт. Дар Балх баъди чанде зоҳир шуд ва шоҳ Гуштоспро ба дини хеш хонд.» Ман ростӣ ҳич намефаҳмам ва ҷавобе ҳам намеёбам, ки ҳамин Зардушту кеши ӯ барои як касе, ки хешро мусалмон медонад, чӣ ҷойи ифтихор дорад.
Худро мусалмон донистану ба рӯҳи Зардушт дуъо хондан чӣ маънӣ дорад?!
Вақте ҳайкали Ленин дар сентябри соли 1991 дар Душанбе сарнагун шуд, як нафаре, ки ба Зардушт эътиқод дошт, гиряи талхе мекард. Кадоме ҷавобаш гуфт, ки:
Зардушт бигӯяду ба Ленин гиряд,
Зардушт чӣ нисбате ба Ленин дорад?!
Хайр, агар Зардушт касе ҳам буда бошад, дигар чӣ суд дунболаш давидан, беҳтараш бигӯед, ки Аҳурамаздо раҳматаш кунад. Динаш мансух, дудаш куштаву оташаш хомӯш аст.
Варқа, чаро аз «рақси тоҷик зери нақораи «идеологияи ислом» ёд мекуниву рақсҳои кардаи ҳардуямонро зери «гитараи идеологияи коммунистӣ(бехудоӣ)» ба ҳукми фаромӯшӣ месупорӣ, ё ҳоло ҳам «Чун ғараз омад ҳунар пӯшида шуд»
Бояд аз 71 сол на сахт, балки оҳиста- оҳиста ҷунбонданҳои мову падаронамон зери нағмаи гитори коммунистон мегуфтӣ, ё нахостӣ, ки бародарони калонамон, шарики стротежиамон биранҷад. Бало дар сари турку араб, хуб кардӣ аз таҷовузи урусҳо ба Осиёи Миёна, қатлу ғорати мардуми мо, дар 20 соли аввали табаддулоти хунини ленинӣ(аз соли 1917 то соли 1937) ду бор иваз шудани алифбо, ба хусус решакан кардани хати форсӣ, аз гаҳвораи тамаддуни хеш Самарқанду Бухоро умрбод ҷудо шудани тоҷик ҳарфе нагуфтаӣ. Медонам андешаи як милиюн тоҷикеро кардӣ, ки имрӯзҳо дар дари хонаи урус нон меҷӯянд.
Бародар Варқа, чаро аз куштанҳои ҳазорсол пеш, ки Қутайба кардааст, гуфтаӣ, вале аз бештар аз 10 ҳазор тан ҷавонмарди дар чанд соли ахир дар Русия ҷон бохтаи тоҷик лаб намекушоӣ?!
Ё агар аз ин боб бигӯем, ифтихори миллиамон коста мешавад.
Қутайба чӣ кард, ҷавобашро пеши Худои хеш гуфт, вале ба модароне, ки бачаҳояшон барои мардикорӣ ба Русия рафтаву ҷисми наҳифашон аз он ҷо даруни тобутҳои оҳанӣ омадааст, кӣ ва чӣ ҷавобе мегӯяд?!
Журналист, ҳуқуқдон, зиёӣ, мансабдор… ё ҳиҷ кас?
Чаро аз ин боб ҳарфе намезанӣ?
Ба қаъри қарни 7- ум ғутта зада, чӣ меҷӯӣ ва аз кӣ бадгӯӣ мекунӣ? Як бор гирду пешатро бо чашми ҳақиқат назар кун.
Ифтихори миллӣ ва ватандӯстиамонро агар турку араб аз байн бурда бошад, чаро барқарораш намекунем, дигар чанд сол аст, ки на турк парвои мо дораду на араб ба умурамон дахолат. Агар мақсад аз бедор кардани ҳуввияти миллӣ эҳёи кеши зардуштӣ ва бад- ин васила аз араб қасос гирифтан бошад, фикр мекунам ин масъала 1300 пеш барои ҳамеша ҳал шудааст ва амалӣ шудани он як орзуи ширине хоҳад буд, ки ҳазорон доъиёни бозгашт ба «худшиносӣ» онро бо худ ба гӯр бурданд.
Ва аз Абумуслиме, ки ҳеч араб ё эронӣ буданаш маълум нест ва касе буд, ки дар қатлу террори шашсад ҳазор мардуми Хуросон даст дошт, қаҳрамони миллӣ сохтан барои тоҷикон як амали ноҷоест ва ба шаъни марде чун шумо, ки алайҳи ҷиноёту ҷинояткорӣ мубориза мебаред, ҳиҷ зебанда нест. Хиёнат ва ҷиноёти Муқаннаъро агар бигӯям, сӯҳбат дароз хоҳад шуд, аз ин рӯ хотират наранҷад як бор «Сиёсатнома»- Ҳаким Низомулмулкро, ки тоҷик буд ва ҳам «Таърихи Табарӣ»-ро бихонед, шояд андешаатон оид ба ин «қаҳрамон» дигар шавад. Имрӯз аз ҷинояткорону одамкушҳо қаҳрамон сохтану эшонро пуштибони мардум нишон додан ба ҳукми анъана даромада, ҳатто баъзе расонаҳои хабарии мустақил дар ин боб аз якдигар гӯйи сабқат мебаранд.
Шумо дар мақолаатон «Ориёӣ будам ва ҳастам»(«Миллат»№ 34, 31. 08. 2006) менависед, ки «миллати мо беш аз 5 ҳазор сол пеш бо амри Худованд аз ориёнажодон офарида шудааст», яъне тоҷикон ориёӣ набуданд, Худо онҳоро аз ориёиҳо офарид. Нодиртарин ва ҷолибтарин фарзияро пешниҳод кардаед, яъне Худои Қодир як бор Бобои Одамро аз хок ва бори дуввум Бобои Тоҷикро аз ориёиҳо халқ кард. Баъди ин боз дар «Миллат»(№ 25, аз 19- 06- 2008) аз «таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи шукӯҳманди ин миллат» ҳарф мезанед.
Офарин бародар, дар ду сол умри ин миллатро ба ҳазор сол дароз кардаӣ, ки ин бешубҳа аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва ватандӯстиат гувоҳӣ медиҳад. Шояд маъхаз ё манбаъи наверо оид ба пайдоиши тоҷик пайдо кардӣ. Солиҷон Комилов, як корманди ҳукумати вилояти Хатлон навиштааст, ки Худованд Одаму Ҳавворо чун аз биҳишт берун кард, рост дар болои кӯҳи Бадахшон фуровард. Агар маблағ мебуд ва як экспидитсияи ҷустуҷӯӣ ташкил мешуд, шояд дар болои кӯҳҳои Помир чойнику пиёлаи Бобову Бибиамонро меёфтем, онгоҳ ба гӯши ҷаҳониён мерасонидем, ки якум шуда дар олам мо пайдо шудаем ва ҷаҳон аз мост.
Вале чӣ фойида?!
Амрико бо таърихи камтар аз сесад солааш ҷаҳонро дар бузбозӣ андохтааст, мо бо таърихи ба қавли шумо беш аз шашҳазорсолаамон се моҳи зимистон ва ду моҳи баҳори имсол барқ надоштем.
Бародари азиз, ту ҳуқуқшинос ҳастӣ ва қонунро ҳам шояд хуб медонӣ ва бигӯ, ки ин ҳақро ба ту кӣ додааст, ки забони як миллатро «пур аз тумтароқ» хонӣ. Шояд тамасхур занӣ ва маро ба паст будани эҳсоси ватандорӣ мутаҳҳам намоӣ, вале ҳиҷ медонӣ, ки арабӣ забони беҳтарин авлоди Одам, паёмбари мову ту Ҳазрати Муҳаммад(с) аст. Ин забонест, ки муқаддастарин китоби дунё, каломи Худо бо он нозил шудааст, вале пардаи эҳсоси «ватандӯстӣ ва ифтихорот»-и пучи миллӣ он қадар пеши чашмонатро торик кардааст, ки ҳатто аз эҳтиром доштан ба забони як миллат он тараф истад, забони Қуръону Паёмбари азиз будани онро аз ёд дониста бурдаӣ. Шумо менависед, ки гӯё арабҳо «ин сарзаминҳои обод ва сабзу хуррам гашта, миллати зиёд озод(?) ва аз дидгоҳи фарҳангӣ(?) болотар аз худро ёфта», «як омили заъфи худшиносии миллии(?) мардуми тоҷик ва кулли форсизабонон» гаштаанд.
Бародар, дар бораи кадом ифтихору худшиносии миллӣ мегӯед, агар моро имрӯз ифтихоре ҳаст аз мусалмон буданамон ҳаст, агар мусалмонем, пас ифтихоре, ки дорем ин аз уммати охирин паёмбари Худо буданамон ҳаст.
Дигар ҳамааш бозии дунёӣ, фиреби назар аст.
Мехоҳам ба як иддаъои беасоси дигарат, ки ростӣ аз ин лофи дурӯғини ватанхоҳӣ ва аз ин афсонаҳои «ширинат»-ро хондан сарам чарх зад, посух бигӯям ва ҳаволаатро ба Худо кунам.
Навиштаӣ, ки: «Арабҳо… даст ба нест намудани осори тӯли асрҳо офаридаҳои бузурги фарҳангӣ(?) ва адабию илмии миллати мо гашта(?) дар ин сарзамини бузурги ориёӣ тамоми навиштаҳоро бо забони форсии миёна(паҳлавӣ, сакоӣ, суғдӣ) сӯзонда, несту нобуд намуда, ҳуруфоти ин забонҳои ориёиро куфр эълом намуда, миллати моро аз решапайванди чандҳазорсолааш ҷудо намудаанд.»
Бародар Варқа, бо сафсатта гуфтану газоф бофтан ва хушку берӯҳ ҳарф задан ҳиҷ гоҳ миллати мо ободу пешрафта нахоҳад шуд. Ин дилсӯзиҳои ноогоҳона ва дар нотавонии хеш сахту талх гуфтану гунаҳкор сохтани миллатҳои дигар, ба хусус мусалмонон ҳаргиз ба суди сарбаландии миллати азизи тоҷик нест, агар воқеъан инро хостор бошӣ. Акнун таваҷҷӯҳ намо, ки як марди ҳамватанамон, як олими бузург, муаллифи асари «Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Эрон» ба ин тӯҳматномаи бебунёдат чӣ посухе омода кардааст.
«Кӯчактарин санаде дар даст нест, ки хулафои Араб, ҳатто Умавиҳо мардуми Эронро ба тарки забони худ… маҷбур карда бошанд. Он чӣ дар ин замина гуфта шудааст, мустанад ба ҳич санади торихӣ нест, ваҳму хаёл ва ғаразу мараз аст.»(саҳ. 656) Баъдан донишманди мазкур гуфтааст, ки хулафои Аббосӣ беҳтарин мушаввиқ(тарғибгар)- и забони форсӣ буда, моил набуданд, ки забони арабӣ дар миёни мардуми Эрон роиҷ гардад. Ҳеч кас эрониёнро маҷбур накард, ки бо забони арабӣ шоҳкор халқ кунанд. Магар мумкин аст касе бо зӯр шоҳкор халқ кунад?
Ва як дигар иқтибосе ҳам барои комил шудани ҷавоби хеш бароят аз ин китоби зикраш рафта ироа мекунам, то мутмаъин гашта бошӣ, ки ҳич касе Берунии бузургро барои бо арабӣ навиштани шоҳасарҳояш маҷбур накарда буд. Ва акнун сабаби бо тозӣ асар офаридани ӯро аз забони аллома Мутаҳҳарӣ бишунав:
«Оё ин айб аст бар эрониён, ки пас аз ошноӣ бо забоне, ки эъҷози Илоҳиро дар он ёфтанд ва он мутаъалиқ ба ҳич қавме набуд ва онро забони китоби Худо медонистанд ба он гаравиданд ва онро тақвият карданд ва забони ширину латифи имрӯзи форсиро сохтанд.»
Чун дилам хост, ки дар ин ҷо ба ҷавобномаи хеш, ки эҳсоси хастагӣ намудам, нуқта гузорам, ба гӯшам садои як овозхони бадахшӣ, ростӣ исмашро намедонам расид, ки бо лаҳни ширинаш мехонд:
Тоҷикистон ҳама дунёи манӣ
Ошёни дили шайдои манӣ.
Он қадар ин суруд ҳисси ифтихор аз Ватан ва эҳсоси меҳанпарастиамро ба ҷӯш овард, ки ҳама он бардошти нохуше, ки аз мақолаи бародарам Варқаи Зайниддин доштам аз хотирам зудуда шуд. Мутмаъин гаштам, ки таъсири як байти мазмуни ватанхоҳӣ дошта беҳтару болотар аз як мақолаи бузургест, ки муаллифаш бо таъну бад гуфтани дигар ақвом ва ғараз ҷӯстанҳо мехоҳад хешро ҳомиву дилсӯзи миллат ва ҳодии мардум ба сӯи худшиносӣ бидонад.
Ва аз Худо мехоҳам, ки дар роҳи сарсабзии миллати азизи мусалмони тоҷик моро тавфиқ диҳад.


Райҳони Раҳматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97