Тоҷикон дар режаи низомӣ дар Майдони сурх ширкат варзиданд

Сиёсат 25.06.2020 12:08

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ба Маскав рафтааст, дар маросимии мутантан ба ифтихори таҷлил аз  75-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм дар Майдони Сурх ширкат варзид.

Дар ин режаи низомӣ, ки бо ҳузури ҳудуди 14 ҳазор низомӣ сурат гирифт, Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 70 нафар таълимгирандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.  Режаи низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад,командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбаладӣ кардааст.

Дар ин режаи низомӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи низомӣ истифода шуда, 24 намунаи муосири техникаи низомӣ - мудофиавӣ муаррифӣ шуд. Дар ин режаи низомӣ дар баробари намояндагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, ҳамчунин аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат доштаанд.

Бино ба иттилои торнамои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз анҷоми режаи низомӣ дар Майдони Сурх,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Соронбой Жээебеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бар асари кашфи ду тан аз ҳамроҳони ҳайъаити расмии  ин кишвар дар фурудгоҳи Маскав, ки  ба куруно мубтало будаанд, натавонистаат дар ин маросим ширкат кунад ва бар ватани хеш бозпас гаштааст. Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов, раиси чумҳури Туркманистон ба Маскав нарафтааст. Аммо ба ин муносибат як шеър навиштааст ва шояд ба оҳанг онро бихонад. Кишвари Украина дар ин маросим ширкат накардааст.

  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97