ИСТЕЪФО?! КУРСИҲО ШИРЕШ ШУДААНД Ё чаро дар Тоҷикистон касе ба истефоъ намеравад?

Сиёсат 08.06.2010 14:13

Ба назар чунин мерасад, ки дар Тоҷикистон танҳо он роҳбарони воломақоми давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, ки дар симои ҳукумати вақт оппозитсияи рақами як ё "зидди сохтори конститутсионӣ" шуморида мешаванд.

МАНСАБДОРОНИ БЕГУНОҲ

Роҳбароне, ки бо иддораҳои зиддахли худ наметавонанд вазифаҳои худро дар суботи аҳолӣ аз пешгирии офатҳои табиӣ ба анҷом расонанд, чун мусичаи бегуноҳ аз ҷониби касе на танқид мешаванд ва на ҷазо мебинанд. Ба ҳалокат расидани аҳолии осоишта аз офати табиӣ ва фавти кӯдакону ҷавонон аз вируси полиомиелит гӯё айби табиати Тоҷикистон аст, на вазифаи вазорату кумитаҳои зиддахл.

Ду моҳи ахир барои Тоҷикистон чун айёми пурмотам шуморида мешавад, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва вируси полиомиелит даҳҳо кас ҷони худро аз даст дода, садҳо тан бехонаву дар гашта, чандин миллион зарари молӣ ба иқтисодиёти кишвар расид.

Аз ҳама хисороти зиёд ва фавт ба вилоят Хатлон рост омад, ки тибқи гузориши ахире, ки Тоҷикистон ба СММ пешниҳод кардааст бар асари ин офати табиӣ 40 нафар кушта, 33 нафар бедарак ва 88 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Дар баробари ин 4,5 ҳазор нафар бехонаву дар гашта, ҷои зисти пештараи худро аз даст додаанд.

СУОЛЕ, КИ ҶАВОБАШРО НАЁФТ

Чандид сокинони ҷои воқеа ба рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ шикоят намуданд, ки "касе ба кӯмакашон то субҳи рӯзи дигар наомад" ва "агар гурӯҳи наҷотдиҳӣ меомаданд, ҷони чандин кас наҷот меёфт". Яке "марги модари" худро наззора мекард ва модаре мегирист аз болои дарахту нигоҳ мекард, ки чӣ гуна "кӯдакаш дар даруни сел бо фарёди кумак ҷон дод".

Аммо то ҳол суоли "чаро гурӯҳи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ҷои воқеа дер расиданд? " бе посух боқӣ мондааст. Ва ба марги ҳамаи ин ҳалокшудагону бедаракшудагон, кӣ гунаҳкор аст, мушаххас нашудааст? Дигар, ин мотами миллӣ аст ва чаро Прокуратураи генералӣ нисбати ин воқеа садо баланд намекунад ва парвандае намекушояд? Дар ҳоле ки воқеаро пешгирӣ кардан имкон дошт ва ҷони чандин касро имкони наҷот додан буд, пас бояд воқеа таҳқиқ шавад ва айбдоршавандагон муайян шаванд. Сад дар сад айбдор кардани табиат дар ин маврид ба ақли инсоне, ки дар асри ХХ1 зиндагӣ мекунад, рост намеояд.

ИСТЕЪФОРО БОЯД ЁД ГИРИФТ

Ду тан аз роҳбарони воломақоми Тайван, ки дар пешгӯӣ ва рафъи офати табиӣ масъул буданд, дар моҳи августи соли гузашта ба истеъфо рафтанд, чун натавониcтанд дар пешгӯӣ ва наҷоти аҳолӣи аз урагани "Моракот" муваффақ шаванд. Ҳамзамон пас аз ду рӯзи воқеа худи вазири дифои кишвар низ истеъфои худро эълон кард, чун изҳор дошт натавонист соате пештар артиши зиёдтарро ба ҷои воқеа барои наҷоти аҳолӣ фиристонад. Сарвари ин кишвар истеъфои ҳамаи ин нафаронро қабул кард. Аммо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Латипов Ҳ. А. аз оилаҳои зарардида ва онҳое, ки наздикони худро аз даст доданд, ҳади аққал узр напурсид.

Чунин раванд бо паҳншавии вируси фалаҷ ва марги чандин кас аз ин вирус дар Тоҷикистон низ дида мешавад. Худойдод Музаффарови 17-сола дар шаҳраки хаймаҳои Кӯлоб рӯзи 20 майи ҳамин сол даргузашт. Наздикони ӯ ба хабарнигори радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки "Худойдодро ҳамагӣ се рӯз таб карда, ногаҳон фавтид ва пизишкон ба онҳо гуфтаанд, ки фарзандашон ба бемории фалаҷ гирифтор шудааст". Донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шаҳноза Мамадраҳимоваи 23-сола ҳам ба гуфтаи хешовандон пас аз ду рӯзи таб ва бемадорӣ дар яке аз беморхонаҳои Душанбе дар аввали моҳи майи соли равон даргузашт (Аъзам Мирзоев, сартабиби санитарии кишвар ин фактаро дар сӯҳбат бо "Миллат" таъйид накард, аммо муаллифи матлаб мегӯяд, ки бо марҳума ошноии дерина доштааст ва аз асрори марги ӯ воқиф аст). Ҳамчунин чандин кӯдаки то синни 10 сола бар асари гирифторӣ ба ин вирус фавтиданд. Ба ҳамин минвол тибқи иттилои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аз аввали рӯзҳои пайдоиши ин беморӣ дар соли 2010 то 21 майи ҳамин сол бар асари бемории фалаҷ дар Тоҷикистон 12 кас ҷони худро аз даст додааст. Ва тибқи иттилои ахири Вазорати тандурустии кишвар 392 нафар бо гумони гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи имконоти тибби муосир "ҳарчанд бемори полиомиелит аз марг наҷот дода мешавад, аммо нишонаҳои фалаҷ дар ягон узви ӯ боқӣ мемонад". Масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон маншаи паҳншавии вирусро аз бемороне медонанд, ки "ба Ҳиндустон сафар доштаанд ва ё аз ин кишвар ба Тоҷикистон омадаанд". "Ин вирусро набояд одӣ шумурд, он тезпаҳншаванда, хатарзо ва марговар аст. Дар ҷое, ки он пайдо шавад, бояд карантин эълон шавад "-мегуяд Дениел, яке аз духтурони беморхонаи шаҳри Ню-Йорк.

ЧАРО АЗ МАРДУМ УЗР НАМЕПУРСЕМ?

Тоҷикистон бо ду мушкилоти тоза рӯбарӯ аст ва масъулине, ки дар ин раванд ӯҳдадории худро ба анҷом нарасондаанд на ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва на ба истеъфо рафтанд. Дар ҳоле ки Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон бо кадом сабаб омадани ин вирус ба Тоҷикистон ва бехабарии масъулинро иқрор нашудааст, узр пурсидан аз онҳоеро, ки наздикони худро аз даст додаанд, вазифаи худ намешуморад? Ё шояд масъули паҳншавии ин беморӣ ниҳоди дигарест, марзбонӣ ё гумрукӣ Ва ё шояд ин ҷо боз шамоли табиати Тоҷикистон айбдор бошад?

ИСТЕЪФО ШЕВАИ МАРДИСТ

Дар моҳи марти ҳамин сол вазири тандурустии Булғория Божидар Нанев ҳам бо мақолаҳои бисёри ВАУ ва айбдории ӯ аз ҷониби Прокурори генералии ин кишвар, дар омода кардани доруи номувофиқ ба истеъфо рафт. Сарвазири Белгия Ив Летерм дар моҳи апрели соли равон танҳо бо сабаби он, ки натавонист ду ҳизби мухолифро ба эътилоф биёрад ва дар кишвар низоъи забониро аз байн барад, аз вазифааш истеъфо дод.

Денис Блейр, сардори истихборотии Амрико, дар пайи баҳсҳо аз нокомии хадамоти истихборот, ки натавонистааст аз чандин талоши террористҳо дар Амрико чилавгирӣ кунад, ба истеъфо рафт.

Вазири иқтисоди Итолиё Клаудио Скайола дар аввали моҳи майи ҳамин сол истеъфо дод, ки номи ӯ дар рӯйхати порагирони сохтори зиддикоррупсияи ин кишвар қарор дорад.

Метавон даҳҳо мисол овард аз нукоти ҷаҳон, аммо кадоме аз вазирон дар Тоҷикистон нахустин шуда, гӯяд, ки "ман ба истеъфо меравам, чун натавонистам масъулиятро дар назди халқу ватан ба анҷом расонам"?. Ин нишони мардонагист ва номуси инсонист"- гуфта буд генерал Бонопарт.

Посухи ин суолро ба доварии вақт ва нигоҳи коршиносон месупорем.


Акмали ҚАДАМ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97