ТИРПАРОНӢ ДАР ВАРЗОБ

Сиёсат 02.06.2010 23:09

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар ҳудудҳои посбонгоҳи Майхураи ноҳияи Варзоб миёни гурӯҳҳои номаълуме тирпаронӣ сурат гирифтааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сардори Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба "Миллат" ин ҳодисаро тасдиқ намуд. Аммо изҳор дошт, ки акнун гурӯҳи фаврӣ-тафтишоти ВКД барои таҳқиқи ҳодиса ба ҷойи воқеа сафар кардаанд ва бо сабаби дар даст надоштани маълумот аз тафсилоти ҳодиса худдорӣ кард.

Аммо хабаргузории "Авесто" бо такя ба як манбаи ғайрирасмӣ навиштааст, ки дар сар задании ин ҳодиса ду фарзия вуҷуд дорад: Якум ин ки гӯё миёни худи кормандони милиса заду хӯрд сурат гирифта бошад ва бар асари он як нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст, дигаре гӯё тирпаронӣ миёни кормандони милиса ва як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир, ки мехостанд ба шаҳри Хуҷанд бираванд, сурат гирифтааст.

Аммо дар ҳоле ки нашрия омодаи чоп мешуд, сабаби сар задани ин ҳодиса маълум нашуд.


«Миллат»
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97