БУНЁДИ РОҒУН ВА СЕЛИ КӮЛОБ ё чӣ робитаест миёни ину он

Сиёсат 20.05.2010 18:39

АНДАР БАЁНИ ОН КИ "РОҒУН"-РО БОЯД СОХТ

Мо бунёди ниругоҳи барқи обии "Роғун" - ро ғояи ваҳдатсозу миллатофар ва ҳатто номус ва иззати миллӣ хондаем. Мо ҳама аз муҳим будани сохтмони ин иншооти бузург ҳарф мезадем ва аз харидории саҳмияҳои он меболидем. Банда дар мулоқоте, ки рӯзи 8 декабри соли 2009 Раиси ҷумҳурамон бо рӯзноманигорон дошт, дар баробари таъсиси як Маркази қавии хабарӣ дар Роғун аз ҳисоби журналистони миллатдӯсту шинохта, ҳамчунин ба Президент гуфта будам, ки "Шумо мутмаъин бошед.

Мо ҳамеша дар ҳифзи манофеъи миллӣ ва дар дифоъи кишвар сипари боэътимод хоҳем буд ва чун Роғун масъалаи ҳаёт ва мамоти тоҷик шудааст, ё мо ин ниругоҳро месозем ва сарбаланду гарданфароз мешавем, ё ин ҳама ормону умеди хешро зери рӯди Вахш гӯр мекунем ва барои як умр дастнигар боқӣ хоҳем монд. Ва Роғунро бояд сохт"!

АНДАР БАЁНИ ОН КИ ЗАМОНЕ ҲАМА "РОҒУН" МЕГУФТ

Мо қариб чаҳор моҳ шабу рӯз дар бораи Роғун гуфтем, то ҳанӯз села - села ба саҳмияхарӣ рафтан ё бурдани аҳли ин ё он корхона ва раҳпаймоиҳои мардум ба ҷонибдорӣ аз сохтмони иншооти аср, ки аз гӯшаҳои мухталифи кишвар аз тариқи телевизионҳои мо пешкаши мардум мешуд, дар ёдҳо боқист. Сари бунёди Роғун он қадар шӯру валвала кардем, ки шояд давлатмарди ҳамсоя ба ин натиҷа расид, агар тезтар ба иқдоме даст назанад, яқин ин тоҷикҳо то ахири моҳи январи соли 2010 роҳи обро хоҳанд баст. Вале роҳи обро, ки мо даъвии бастан доштем набастем ва Ислом Абдуғаниевич (хонда шавад сел) "секин" роҳи моро баст.

Бунёди Роғун дар тафаккури раҳбарони иддае аз кишварҳо ҳамон андешаи ғалатеро эҷод кард, ки барномаи ҳастаи Ирон дар зеҳни Амрикову аҳли рикобаш ҷо карда. Ҳамин буд, ки мунозираву мухолифат сари буду набуди Роғун авҷ гирифт.

Бунёди Роғун ончунон моро масту мот кард, ки қариб дигар ҳама гапу кор дуюмдараҷа шуд. Овозхон Пардаи Қосим ба сохтмон рафта парма дар даст кӯҳ мешикофту "клип" месохт. Давлат Назрӣ ҳам аз Давлат Сафар ном шоир таронаеро, ки аз сари эҳсоси худшиносӣ барои Роғун эҷод карда буд, оҳанг баста пеши мардум рехт. Беҳрӯзи Забеҳулло, шоир ва рӯзноманигори фарзонаи тоҷик аз Ирон навишт, ки "Роғун набардгоҳи ҳастиву нестӣ ва фалсафаи худии мост." Роғун ҳатто ронандаи "БелАЗ"- ро шоир кард ва ӯ аз сари эҳсоси худшиносӣ шеъре гуфту ду- се рӯз баъд ҳофизи шинохта Давлатманди Хол, ки ҳарчӣ ва аз ҳаркӣ намехонад, онро ба наво кашида пешкаш намуд. Зинда хоҳад буд миллате, ки ронандааш ҳам шоир аст. Нашрияҳо ҳам қиссаи Роғунро ба чоп медоданду дар васфу ситоиши Роғун озмун эълон карданд. Ҳизби халқии демократӣ хешро пуштибони маънавии сохтмони НБО- Роғун донисту ҲНИТ сандуқи Роғун боз кард. Аҷаб хушҳолу сарфароз будем.

Ёд бод он рӯзгорон ёд бод!

АНДАР БАЁНИ ПИРОНИ НОЗИР ВА ТАФТИШИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Яъне, дигар гап гапи Роғун буд ва таблиғу ташвиқ самар дод, ки ба як зудӣ 800 миллион сомонӣ дар суратҳисоби он ғун шуд. Ин ҷо дар бораи он миллионҳо ман чизе намегӯям, зеро комиссиюне ҳам оиди назорати маблағҳои ба Роғун ирсол шуда таъсис ёфта, ки дар ҳайати он чанд тан аз пирони кор, нафақахӯрони хизматнишондода ҳастанд ва аминам эшон рӯзе ба ҷомеъа хоҳанд гуфт, ки пулҳои мардум куҷо ва чӣ гуна масраф шуданд. Худо умри дароз ва тавфиқашон диҳад, пирони моро. Вале чаро нохост он валвалаву шӯр ва таблу сур аз телевизиону радио гум шуд, мисле ситора, ки рӯз нопадид мешавад. Ва гуфтанд, ки Бонки ҷаҳонӣ чунин хостааст ва нафаҳмидам, ки як бонк бигузор ҷаҳонӣ ҳам бошад, ба маъракаҳои мо чӣ кор дорад. Ва ҳанӯз аз ин дархости Бонки ҷаҳонӣ ба худ наомада будем, ки намояндаҳояш бо сарварии муовини раиси ин бонк барои тафтиши Роғун ба Душанбе омаданд. Ва гуфтанд, ки Узбакистону Қазоқистон чунин хостаанд. Аҷаб нирӯмандие, як хоҳиш бас аст то Бонки бонуфузе чорқат шуда лаббайк гӯяд ва осемасар тафтишро оғоз кунад.

АНДАР БАЁНИ ОВОЗАҲО

Ва ҳоло тафтиш идома дораду овоза карданд, (Илоҳӣ ин овоза дурӯғ бошад!) ки корҳои сохтмонӣ гӯё дар Роғун бояд мутаваққиф шаванд, (забонам намегардад, инро бигӯям) ҳарчанд тафтишгарони Бонки ҷаҳонӣ ҳам ба хулосае омадаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар Роғун ҳанӯз шурӯъ нашуда ва он ҷо корҳои барқароркунӣ ҷараён дорад.

Пас, боз ҳам агар ин ҳама овозаи дурӯғ аст, чаро таблиғи Роғун манъ шуд? Ё қарор кардем, ки ором, бе ҳамҳамаву дамдама Роғунро бисозем, то касеро талхакаф накунем? Агар чунин қарор шуда, пас бар Ҳукумати мо офарин!

АНДАР БАЁНИ БЕЧОРАГИИ МУН ВА ХУДОНОТАРСҲО

Чаро Русия вақте мегӯяд, ки агар 70 дар сади саҳмияи Роғунро ба ихтиёраш бидиҳанд, онро хоҳад сохт, вале давлати Тоҷикистон чун худ онро мехоҳад бисозад сардамдорони рус зӯргӯӣ мекунанд, ки ҳама гуна тарҳҳои энержиро мо бояд бо кишварҳои поёноб мувофиқа кунем? Чаро давлати ҳамсояи мо ду моҳ боз қаторҳои пур аз бору колои Тоҷикистонро боздошту ҳеч санади байнулмилалиро писанд накард ва ҳатто ҳарфи Пан Ги Мун, дабири кулли бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ- СММ- ро ба як ҷав нахарид?

Ё ҷаноби Мун дар ҳалли қазия бечора монд, ё ҳақро дар ҷониби дигар дид? Чӣ бояд кард, роҳи ҳалли масъала куҷост? Доиман андешае маро азият медиҳад, ки ин чӣ бозист, ин чӣ ҳиллаву найранги аҳриманист ва коргардони ин намоишномаи фоҷиавӣ кист, ки аз ғазаби Худо натарсида як миллати беозорро, ки ҳадафаш танҳо рушд ва аз фақру нодориву торикӣ наҷот бахшидани хеш аст бо ин шеваҳои ноҷавонмардона ва бурун аз чаҳорчӯби ахлоқи башарӣ азият медиҳад.

АНДАР БАЁНИ ОН КИ ЗӮРИ ДУНЁ КИСТ?

Агар воқеъан, Узбакистон ин қадр зӯр буд чаро мо қаблан дасти қавӣ доштан ва тавонмандии онро нашинохтем? Пас кист он зӯре дигар, то ӯро восита кунему ҳамсояро моили хеш созем? Чин, Амрико, Русия, Ирон ё Покистон?!

Яқин, ки Чин зӯр нест. На- на, Чин зӯр аст, вале он зӯре нест, ки ба хотири Тоҷикистон муносибаташро бо давлати узбакҳо тира созад. Чин паҳлавони ботаҷриба ва зӯри эҳтиёткор аст. Ӯ беандеша ба пойи Узбакистон ҳалук намеандозад. Чин гуфт, ки ниругоҳи Зарафшонро месозад ва чун ҳамсоя нороҳат шуд, аз раъйи хеш баргашт.

Амрико зӯри рақами 1- и дунёст, вале имрӯз бо мушкилоти эҷодкардаи хеш дар Ироқу Афғонистон саргаранг аст ва ҳам рӯйи Ирон ҳисоб гирифта. Ва барояш аз расидан ба умқи бунёди Роғун, ки чӣ аҳамияте он барои рифоҳу сарбаландии имрӯзу ояндаи миллати тоҷик дорад, муҳимтар он аст, ки бигӯяд Тоҷикистон дар масъалаи озодии баён дар радаи 178 қарор дорад. Мо дар чӣ фикру Амрико дар чӣ хаёл!

Русия чуноне медонем аллакай ҳарфашро гуфта, ки бо Узбакистон дар ҳама кор маслиҳат дошта бошем. Ва Русия хуб медонад, ки Каримов аз бунёди Роғун хушҳол нест ва мо ҳам медонем, ки ҳамсоя дар оши маслиҳати тӯй хостгоронро маҳри дандоншикан хоҳад фармуд, ки мунтаҳо аз қабули шартҳои "тағои арӯс" дида безан гаштан беҳтар аст.

Ростӣ, Ирон сари ҳалли мушкилоти мавҷуда ва аз гирифторӣ наҷот бахшидани кишвари ҳамзабони хеш чӣ коре метавонад бикунад, бароям маълум нест. Ҳаминро медонам, ки Ирони дӯсти мо чанд сол боз нияти неки таъсиси як шабакаи талевизионии форсизабононро дар сар дорад, вале мисле, ки дар ғоре раҳбанду саргум монда. Агар ғайрат кунаду ҳамон "Сангтӯда- 2"-ро дар вақташ бисозад, раҳмати Худо бар ҳафт пушташ.

Покистон 20 сол аст, ки нақшаи бунёди Роғунро дар даст дорад, саҳфаҳои он тавофуқнома зарду рангхӯрда гашта, вале ин зӯрро кадом дигар зӯре намегузорад, то барои мову ниёзи худ Роғун бисозад. Пас, хулоса ин аст, ки ёрӣ хостан аз давлати Зардорӣ маънӣ надорад.

Акнун роҳ куҷост, то мушкил комилан ҳал шавад, дар ҳоле, ки зӯри ҳеч зӯре ба он намерасад, ё сода карда гӯем, Зӯрҳо намехоҳанд онро ҳал бикунанд?

АНДАР БАЁНИ ОН КИ ҶАҲОН БА САВДО РАФТА

Ва боз ҳам ҳамон суъоле маро ором намегузорад, ки агар бунёди Роғун муҳим буд, пас манъи таблиғи ин идеяи ваҳдатсоз чаро сурат гирифт?

Чаро аз аввал андеша накардем ва кишварро то ҷое ба мушкилот мувоҷеҳ сохтем? Касе даъвӣ дорад, ки мо мушкил надоштаем, пас чаро ду ҳазор вагон ду моҳ боз дар Узбакистон раҳбанд монд, ки 800 вагони он гуфта шуд орду ғалла аст.

Бо як дӯстам сари ин мавзӯъ баҳс доштам, гуфт, ки тақсимоти нави ҷаҳон шурӯъ шуда ва давлатҳои навпову минтақаҳои заифро таракагарони бузурге чун Русияву Амрико миёни ҳам ба савдо гузошта. Гӯё яке ба дигаре гуфта, Ирон аз ман, мухолифат накун ва бо Осиёи миёна ҳарчӣ мехоҳӣ бикун. Ва савдое ниҳонӣ ва бо ҳамин шева 2 сол қабл дар қиболи Гурҷистон ва соли равон сари Украина низ сурат гирифта будааст.

АНДАР БАЁНИ ОН КИ ҲОЛДОНОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Рашид Ғанӣ Абдулло, донишманди тоҷик бар ин назар аст, ки вазъи дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон ба амал омада, давом хоҳад кард, зеро давлати ҳамсоя имрӯз аз пуштибонии абарқудратҳо ба хусус Русия бархурдор аст ва он замоне роҳи ҳал пайдо мекунад, ки имкони бозӣ барои мо фароҳам ояд.

Аммо Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақаӣ мегӯяд, ҳимояти Маскав аз Тошканд давомдор нахоҳад буд ва он чӣ гуфта мешавад омили Русия дар муносиботи байни Тоҷикистону Узбакистон сахт таъсиргузор аст, ин тавр нест. Бубинед, ҳатто дар ҳамон мулоқоти Каримов дар Маскав ҷаноби Медведев баҳси обро ба миён нагузошт.

Чуноне ҷомеъаи Тоҷикистон огаҳӣ дорад аз сӯйи давлати мо қадами аввал барои ҳалли мушкилоти мавҷуда гузошта шуд ва як ҳайате дар раъси муовини сарвазирамон Муродалӣ Алимардон ба Тошканд фиристода ҳам шуд. Ва имрӯз сукути Алимардон бозгӯ аз он аст, ки ӯ аз Тошканд дасти холӣ бозгашта ва чун ҷониби Узбакистон низ аз натиҷаи он мулоқот дам фурӯ баста, маълум, ки он бар суди Каримов низ анҷом наёфта.

Искандари Фирӯз, журналисти тоҷик, бар ин ақида аст, ки ҳама гуна мулоқот бо Узбакистон бидуни мушорикати кишварҳои абарқудрат натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Ва мақоле ҳам имрӯз дар дипломатия роиҷ шуда: "Ҳаркӣ дили Узбакистонро ба даст орад, Осиёи миёнаро дар даст дорад".

Коршиноси масоили сиёсӣ Нуралӣ Давлат андеша дорад, ки ҳар кадоме аз давлатҳои абарқудрат мехоҳад дар Осиёи миёна нуфуз дошта бошад. Узбакистон на фақат бар бунёди Роғун, ҳатто ба Сулҳи тоҷикон низ мухолифати ошкоро дошт ва Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризояти миллиро дар 27 июни соли 1997 имзо накарда буд ва онро фақат бо гузашти чанд сол зери фишори СММ имзо намуд. Ин бозии бузург дар минтақа 200 сол қабл шурӯъ шуда ва Русия ҳанӯз сад сол муқаддам низ ҳамеша рӯйи Тошканд ҳисоб мекард. Имрӯз бо омадани Амрико ва ба бозӣ ҳамроҳ шудани Чин нақши Русия то ҷое ин ҷо суст шудааст,- мегӯяд Нуралӣ Давлат.

Рашид Ғанӣ Абдулло ҳамчунин гуфт, ки нуфузи Узбакистон то дараҷаест, ки ҳатто мувофиқаи ҳосилшудаи миёни Чин ва Тоҷикистон дар мавриди бунёди ниругоҳи Зарафшон бо мухолифати Тошканд мутавақиф шуд, аз ин рӯ кишвари моро зарур аст, ки қудратманд шавад.

БА ҶОЙИ ХУЛОСА: АНДАР БАЁНИ СЕЛИ КӮЛОБ

Шаби 7 май Кӯлобро об зер кард. Қалбам то дер ба ёди куштагони он сели одамхор, ки гуфтанд "хости Худо чунин будааст", хун аст.

Сели Кӯлоб ҳодисаи мудҳишест, ки шояд мо то имрӯз ба умқи дарки он даҳшат нарасидаем ва ин интизорро ҳам доштам, ки ҳатман ба ёди куштагони сел, ба хотири қалби маҳзуни ҳазорон ғамзадаву хонабардӯшон як рқзи Худоро Мотами миллӣ эълон мекунем, ки дареғо, то ҳанӯз ин амал сурат нагирифта.

Оё имкон буд, бо харҷи чандсад ҳазор сомонӣ кореро ба анҷом мерасонидем, ки ин фоҷиа рух намедод ва мардумро мотамзадаву хонавайрон намесохтем? Агар "ҳа" пас чаро чунин нашуд?. Агар "не", пас аз Худо бояд хост, ки ин миллату сарзаминро аз офату балоҳо нигаҳбон бошад. Ва акнун бо сарфи миллионҳо ва шояд миллиард сомонӣ бояд хисороти селро ҷуброн кард, вале аниқ, ки то дер манзили мардум дар Чармгарони Кӯлоб хандарез нахоҳад буд. Президент Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми Паради низомӣ бахшида ба 65- умин соли Ғалаба бар фашизми Олмон аз макони офатзада дидан карда гуфт:

-Мо бояд дасти ҳам бигирем ва мушкилоти якдигарро сабук кунем.

АНДАР БАЁНИ ОН КИ МО ТОҶИКЕМ

Суханони Президент бақалбҳои мардуми мотамзада ва осебдида то ҷое рӯҳу тавон бахшид ва мардум дид ва эҳсос кард, ки раҳбараш дар рӯзи суру мотам бо ӯст. Хеле дардам кард, ки фоҷиаи Кӯлоб (хонда шавад фоҷиаи миллати тоҷик)- ро интизор шуда, Каримов ҳамсоя будан бо Тоҷикро ба хотираш овард, ки чанд вагон орду ғаллаи моли ҳалоли худамонро, ки ду моҳ боз раҳбанд буд, раҳо кард. Гӯё рӯйи фоҷиаи миллати ман ҳисоб гирифт ва хешро барои тоҷик қадрдону қаҳрамон кард. Ва дар телевизиони миллате, ки Роғунро мехоҳад бисозад ва онро ҳаёту мамоти хеш донистааст, Ислом Каримов, ки ҳамеша ба бунёди он мухолифат дошт, "азиз"- у "мӯҳтарам" шуд. Инро ман мефаҳмам, мо миллате ҳастем, ки ҳарчанд зиёд ранҷу азобамон додаанд, вале боз ҳамеша бахшидаем ва тавони озори касеро надоштаем. Ва ҳам фармудаи ҷадди бузургамон Ҳазрати Амири Кабири Ҳамадон сармашқи зиндагиамон буда: Ҳаркӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!

АНДАР БАЁНИ РАҲБАНДӢ ВА ХОТИРБИНӢ

Масъулини КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" чанд рӯз қабл иттилоъ дода буданд, ки ҷониби Узбакистон мегӯяд, роҳи оҳанро дар қаламрави кишварашон сел хароб карда, аз ин рӯ вагонҳои пурбори мо он ҷо раҳбанд мондаанд, вале ин қатораҳои мусофирбари мо ҳар рӯз аз тариқи кадом роҳ ба Маскав ва аз он ҷо ба ин сӯ равуо доранд?!"

Ин дар мавриди он ки вагонҳои мо дар кишвари ҳамсоя раҳбанд буданд, ё хайр ва ҳам андешаест барои дарёфти ҳақиқати селхезӣ дар Узбакистон. Ростӣ, аз он ки яке замона дигар гашту мо ҳам дигар гаштем, хеле хушҳолам ва дуъо мекунам, ки то бод чунин бодо. Муътадил гаштани муносибот миёни ду кишвари бародар, ки аз фитнаи замон нофаҳмӣ доштанд, бузургтарин дастоварди тайи як соли ахир аст.

Хонандаи закӣ, агар хотиратро сиёсатҳои замонаи ноҷӯр парешону мушавваш сохта бошад, илоҷе куну бо замона бисоз. Ва инсоф бихоҳ барои мо, ки баъзан ба хотири "ҳусни тафоҳум", "вазъиятро тезу тунд накардан", "сиёсатҳои дунёӣ" ва боз саду як сабабҳои дигар гоҳ- гоҳе аз рӯйи зарурат гапҳое мегӯем, ки худ ҳам намехоҳем, вале ночор мегӯем.


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97