Бӯҳрон сари чанд расонаро хӯрд

Сиёсат 12.05.2010 21:53

Мушкилоти умда

Воситаҳои ахбори умум ба сифати яке аз ниҳодҳои иҷтимоии таъсиргузор эътироф шудаанд. Ин эътироф як шинохти хушку холӣ набуда, балки аз ҷойгоҳ ва таъсири онҳо дарак медиҳад. Яъне дар ҳоли ҳозир ВАУ ҳамчун асоситарин унсури ҷомеи демократӣ барои ҷойгоҳу мавқейи инсон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он дар қиболи ҳама гуна режим ва ҳукуматҳо ҷадал мекунанд.

Тоҷикистон низ баъди эъломи истиқлол масири ҷомеаи демократиро барои худ ихтисос дод ва озодии баён, яъне озодии ВАУ-ро ҳамчун яке аз аносири ҷомеаи демократӣ кафолат дод. Вале рушди ВАУ-и мустақил дар кишварҳои ҷаҳони сеюм ва кишваре мисли Тоҷикистон, ки акнун аз тангнойи режими худкомаи коммунистӣ берун омада буд, ба душворӣ имконпазир гардид. Феълан ҳам рушди ВАУ дар Тоҷикистон бар пояи омилҳои гуногун хеле суст ҷараён дорад.

Дар шароити ҳозир, ки воситаҳои ахбори омма фақат бо ду мақсад таъсис мешаванд ё аз таъсиси онҳо ду ҳадаф ба кор гирифта мешавад: Яке ҳадафӣ сиёсӣ ва дигаре ҳадафи иқтисодӣ. Дигар паҳлӯҳои журналистика дар зери ин ду ҳадаф рушд мекунанд, танзим мешаванд ва сайқал меёбанд. Вобаста ба ҳамин хусусият ВАУ мо ҳам хостем, ки пиромуни шароитҳои сиёсӣ ва иқтисодии расонаҳои Тоҷикистон чанд нуктаро матраҳ кунем.

Мушкилоти сиёсии расонаҳо

Мушкилоти сиёсӣ чист? Яъне монеагузориҳо дар роҳи рушди матбуот, озодии сухан ва фаъолияти озодонаи расонаҳо. Дар Тоҷикистон чунин вазъ ба таври таъкидшуданӣ вуҷуд надорад. Заминаҳои ҳуқуқии таъсисдиҳӣ ва ба роҳ мондани ВАУ дар Тоҷикистон фароҳам аст. Яъне Қонуни асосии кишвар ва қонунҳои дигари соҳавӣ озодии баёнро кафолат медиҳанд. Қариб 10 қонуни соҳавӣ фаъолияти ВАУ-ро бевосита ё ба восита танзим мекунанд. Яъне дар Тоҷикистон фазо барои таъсис ва рушди ВАУ мусоид ҳаст. Ҳокимияти иҷроия ҳарчанд бо ВАУ-и мустақил ҳамкории самаранок надорад, вале барои пешрафти он ҳам монеъаҳои ҷиддӣ, ки хоси режимҳои ғайридемократӣ мебошанд, намегузорад. Дар шароити имрӯза, албатта назарияи озодии матбуот ин озодӣ аз ҳукумати иҷроия мебошад. Яъне ВАУ мустақил набояд ба ҳукумати иҷроия тобеъ бошанд ва ё вобаста бошанд. Дар Тоҷикистон ВАУ-и мустақил аз ҳукумати иҷроия ва сохторҳои дигари давлатӣ вобаста нестанд. Ва озодии баён ё истиқлоли расонаҳо ҳам ин маънои ҷанг бо ҳукуматро надорад. Балки расонаҳо бояд дар қиболи зафъ ва камбудии ҳукумат мавқеъ бигиранд ва дар мавриди муваффақияти он бояд истиқбол кунанд. Яъне Тоҷикистон имрӯз аз нигоҳи озодии матбуот то як ҳадди муайян ташаккул ёфтааст. Дар чанд соли пештар барои рушд ва фаъолияти ВАУ монеҳои ҷиддӣ гузошта мешуд. Хусусан, агар давраи дуввуми ташаккул ва рушди ВАУ-и мустақили Тоҷикистон аз солҳои 2001-2002 оғоз шавад, ин гуна мисолҳои зиёданд. Монеагузориҳои ҷиддӣ дар роҳи фаъолияти ҳафтаномаҳои «Неруи сухан», «Рӯзи нав», «Одаму олам» ва ғайра ҳамин хусусиятро доштанд. Яъне қазияи онҳо ё қазияи аз фаъолият мондани онҳоро метавон сиёсӣ унвон кард. Чун дар он замон ҳукумат аз фазои сиёсӣ ҳарос дошт ва ВАУ имкони таблиғ ва ё пиёда кардани сиёсату ниятҳои неруҳои дигари фаъоли сиёсии кишварро доштанд. Имрӯз ҳамин гуна хатари ВАУ аз ҷониби ҳукумат эҳсос намешавад, аз ин рӯ, мушкилоти сиёсӣ камтар ба чашм мерасанд. Хусусан, баъди Амри перзиденти кишвар аз 4-уми марти соли 2005 (№Ап-1677) дар бораи доир намудани нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ як навъ ҳамкории ҳукумат бо ВАУ ранг гирифт. Фармони № 622-и президент дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои таҳлиливу танқидии ВАУ боз қадами ҷиддитаре дар роҳи ин ҳамкориҳо буд. Имрӯз ба таври возеҳ ё ҷиддӣ расонаҳо дар Тоҷикистон мушкилоти сиёсӣ надоранд, ба истиснои баъзе ҳолатҳо. Аммо ин маънои онро надорад, ки фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон барои озодона мавқеъгирӣ намудани расонаҳо мусоид мебошад. То ҳол ҳокимияти иҷроия рисолати аслии матбуотро нашинохтааст, мансабдорони давлатӣ дар симои расонаҳо як навъ рақибони худро эҳсос мекунанд. Ҳанӯз ҳам мушкилоти сиёсии расонаҳо зиёд ҳаст, аммо дар шароити сиёсии феълӣ ва авзои минтақа ҳукумат то андозае «шарик»-и расонаҳои мустақил шудааст. Ин албатаи иродаи ҳамешагии ҳокимияти иҷроя нест, вале дар шароити кунунӣ маҷбур шудааст то ба ин амалкарди расонаҳои мустақил «розӣ» шавад. Бо вуҷуди ин баъзе аз мушкилоти сиёсии ВАУ-ро метавон зикр кард. Масъалан, мушкили ташкил ё таъсис намудани телевизионҳои мустақилро метавон як навъ мушкили сиёсии расонаҳо унвон кард, ҳарчанд мақомоти масъули давлатӣ мегӯянд, ки ин мушкили сиёсӣ нест. Ба назари мо телевизион дар Тоҷикистон то андозае дар монополияи давлатӣ қарор дорад ва мақоми масъули додани иҷозатнома барои таъсис ва фаъолияти телевизионҳои мустақил-Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ бо ҳар баҳона монеагузорӣ мекунад. Ин монеагузориҳо ба назари мо аз доираи фаннӣ ва соҳавӣ берунтаранд ва характери сиёсӣ доранд. Чаро ки ҳукумат намехоҳад воситаи муқтадири таблиғотӣ-телевизионро аз даст бидиҳад ё дар баробари он рақиби дигаре дошта бошад. Агар чунин намебуд масъалан то имрӯз тибқи маълумоти гайрирасмӣ зиёда аз 30 ВАУ-и электрон? ва студиё?ои исте?сол? (продакшн) мушкили гирифтани и?озатнома (литсензия) –ро доранд. Ба ин далел рушди соҳаи телевизиони хусусиву муста?ил ба таври сунъ? боздошта шудааст ва наметавонад ?амчун шакли со?ибкор? ва ё ҳамчун соҳаи муқаррарии ВАУ рушд кунад. Дар солҳои ахир, дар фаъолияти баъзе воситаҳои электронии ахбор мушкилиҳо пайдо шуд. Аз ҷумла қатъ шудани пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» дар ду давра, мутаваққиф шудани пахши як қисме аз барномаҳои радиои «Ватан» бар асари мушкилоти молӣ ва мушкилоти мавҷӣ ё фаннии СМТ. Ҳарчанд ин қазияҳоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон як мушкилоти фаннӣ унвон кард, аммо то андозаи инро метавони ҳароси ҳокимияти иҷрои номид. Вале ба таври қотеъ гуфта наметавон, ки инҳо сирф мушкилоти сиёсӣ бошанд. Аҷиб ин аст, ки худи дастандаркорони ин воситаҳо низ дар мавриди характери сиёсӣ доштани қазияи расонаҳояшон ба таври расмӣ изҳори назар накардаанд.

Қазияҳои ахирии додгоҳи матбуоти мустақили Тоҷикистонро низ метавон то андозае аз мушкилоти сиёсии расонаҳо унвон кард. Аз ҷумла, дар як давраи муайян ба таври силсилавӣ ба додгоҳ кашида шудани 5 нашрияи мустақил ва асосан аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва мансабдорони давлатӣ то андоза нодида гирифтани нақши ВАУ мебошад. Ҳарчанд ин мушкил мушкили худи нашрияҳо бо мақомоти давлатӣ ҳаст, аммо дар ин замина ҳукумати иҷроия метавонад, ки кумак кунад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки нашрия худро ҳақ меҳисобанд.

Тибқи гузориши тозатарин Хонаи Озод? ё Freedom house ро?еъ ба вазъияти озодии матбуот дар ?а?он, То?икистон бо рутбаи 78 ?амчун ду соли пеш, дар радифи кишвар?ои “ноозод” ?арор гирифтааст. То?икистон дар фе?расти Хонаи Озод?, дар ма?оми 178-ум ?арор дорад ва 15 зина болотар аз да?гонаи кишвар?ое ?арор гирифтааст, ки гӯё дар онҳо бадтарин вазъи матбуот ҷой дошта бошад. Албатта, то куҷо воқеият доштани ин гузориш ҳам барои мо бешубҳа нест, вале ҳамоно гуфтан мумкин аст, ки дар ҳоли ҳозир мушкилоти сиёсии ҷиддии расонаҳо дар Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои, ки зикр гардид вуҷуд надорад. Дар ин миён мушкили таъсис ва рушди телевизионҳои хусусӣ истисност.

Мушкилоти иқтисоди (моли)-и расонаҳо

То имрӯз дар мавриди мушкилоти иқтисодӣ ё молии расонаҳои Тоҷикистон ҳеҷ кадом тадқиқоти мукамал ё ҷиддие сурат нагирифтааст. Аммо мутаминан буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ таъсири манфии ҷиддие ба фаъолияти расонаҳо дар кишвар гузоштааст. Ва ин таъсир то имрӯз эҳсос мешавад ва гуфтан имкон дорад, ки то дергоҳ дар фаъолияти расонаҳо асароти манфии худро мегузорад. Нимаи соли 2009 зиёда аз 40 сарму?аррир ва ро?барони ташкилот?ои расонаӣ ба Ҳукумати Ҷум?урии То?икистон дар мавриди таъсири бӯҳрон ба фаъолияти онҳо ва пайомадҳои пешгирии он муроҷиат карданд, ки мутаассифона ин муроҷиат бе натиҷа монд. Ҷавоби ҷониби ҳукумат бо имзои вазири вақти рушди иқтисод ва савдо, Ғулмҷон Бобозода аслан ин муроҷиатро рад кард. Дар сурати қисман дастгирӣ шудани ин муроҷиат, ба назари мо метавонист, ки ин амал то андозае шиддат ва таъсири бӯҳронро ба расонаҳо камтар кунад. Аз ҷониби дигар, метавонист як навъ дастгирии давлатии расонаҳои мустақил ҳамчун рукни муҳими ҷомеаи демократӣ бошад. Аммо тавре ки маълум аст ин амал сурат нагирифт. Мушкилоти иқтисодӣ имрӯз дар фаъолияти расонаҳо хеле ҷиддӣ ҷой доранд. Пеш аз ҳама теъдоди нашри ҳафтаномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон хеле поин аст, ки ин далели нуқсонҳои зиёд дар бозори иттилооти кишвар аст ва аз вазъи сангини иқтисодии расонаҳо гувоҳӣ медиҳад. Аз суйи дигар бо таъсири омилҳои объективу субъективӣ ташаккул наёфтани бозори солими реклама тавонистааст, ки ин мушкилро шиддат бахшад. Дар чанд соли ахир нашрияҳову воситаҳои дигари ахборе таъсис ёфтаву бар асари мушкилии иқтисодӣ аз байн рафтаанд. Аз ҷумла, мутавақиф шудани нашрияҳои «Бомдод», «Вақт», «Гол», «Дирафш», «Бозаргон», чанд давра аз фаъолият мондани «Факт и кментарии» чандин телевизионҳоли маҳаллӣ далели ин гуфтаҳоянд. Хусусан, имрӯз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, тахминан ҳудуди 2,5 то 9 ҳазор теъдоди нашр доранд. Барои як кишваре, ки зиёда аз 7 миллион аҳолӣ дорад ин теъдоди нашр вазъи сангин ҳисобида мешавад. Зеро онҳо наметавонад аз ҳисоби доштани теъдоди бештари нашр сатҳи иқтисодии нашрияҳо ва ҳақмузди рӯзноманигоронро боло бардоранд, ки ин омил таъсири худро ба касбияти журналистикаи тоҷик ва дар маҷмӯъ, барои ташаккул ёфтани журналистика ва ВАУ-и Тоҷикистон мегузоранд. Яъне имрӯз дар Тоҷикистон расонаҳо мушкилоти сангини иқтисодиро, ки қабл аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ низ вуҷуд дошт ва дар давари буҳрон боз шиддат гирифт, аз сар мегузаронанд. Ҳамаи ин аз он далолат мекунанд, ки бозори иттилотӣ дар Тоҷикистон бар асоси принсипҳои иқтисодиву бозорӣ ташаккул наёфтааст.

Пеш аз ҳама, бозори реклама дар Тоҷикистон як ҳолати аҷиб дорад. Эълон ва рекламаҳои мақомоту корхонаҳои давлатӣ ба таври ғайрирасмӣ аз ҷониби ВАУ-и давлатӣ манополия шудааст. Бештари эълону рекламаҳои ин мақомот ба ВАУ давлатӣ пешниҳод мешаванд. Аз тарафи дигар эълону рекламаҳои созмону ташкилоти хориҷӣ, аз ҷумла созмонҳои фаъолияташон ба ВАУ марбут низ, танҳо ба як ду нашрия ба таври доимӣ пешниҳод мешаванду халос. Албатта, дар куҷо ба нашр расонидани эълону реклом ин сирф тасмими ҷониби рекламадиҳандагон аст, вале ба назари мо, агар созмонҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон мудаии пуштибонӣ ва ҳимояти озодии баён мекунанд, ҳамин эълону рекломро ба нашрияҳои дигар низ пешниҳод мекарданд, метавонист то андозае ба вазъи иқтисодии расонаҳо кумак мекард ва ҳам ба ин восита ба рекломдиҳандагони дигар таъкид мешуд, ки рӯйи ин нашрияҳо ҳам ҳисоб кунанд. Аз ҷониби дигар, то имрӯз аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ низ ҳеҷ кадом барнома ё лоиҳаи махсусе дар мавариди дастгирии иқтисодии расонаҳо созмон дода нашудааст ё пешниҳод нагардидааст. Танҳо дастгирии техникии нашрияҳо аз ҷониби САҲА, ки аз пеш ҳам вуҷуд дошт, дар ин муддат тавонист то андозае расонаҳоро аз фанношавӣ раҳоӣ бахшад ва албатта, инро метавон аз муваффақтарин тарҳ ё лоиҳаҳои САҲА номид. Аз ҷониби дигар, дарёфти бурсия ё грантҳои созмонҳои хориҷӣ барои расонаҳои кишвар хеле мушкил шудааст. То ҳатто, ба таври ғарирасмӣ ин бурсияҳо дар асоси тавофуқ дарёфт мешаванд, ки ин фаъолияти шафофи ин созмонҳоро низ зери суол қарор додаст.

Бо назардошти ҳамин, зарурат пеш омдааст, ки бояд ҳам давлат ва ҳам созмонҳои хориҷӣ, ки худро ҳомиёни ҳуқуқи башар ва пуштибони аслӣ ва асосии озодии баён меҳисобанд, барои раҳоии расонаҳо аз мушкили иқтисодӣ ё ҳадди ақал мӯътадил гардонидани шидати ин мушкил, бояд тарҳ ва лоиҳаҳои мушахасеро амалӣ кунанд. Зеро ба назари мо дар ҳоли ҳозир дар ВАУ ду мушкил асосӣ вуҷуд дорад: Якум, фурӯхта тавонистани маҳсулоти иттилотӣ ва дигаре таъмин кардани фурӯши маҳсулоти иттилоотӣ ба василаи ба фурӯш баровардани маҳсулоти босифати сиёсӣ. Аз ин нигоҳ, масълаи носолим будани бозори иттилоотии Тоҷикистон ин танҳо ҳолати табиӣ бозор нест. Яъне фақат мушкили иқтисодии расонаҳо ба касбияту масоили кадрии расонаҳо бастагӣ надорад. Чаро ки кадрҳои журналистикаи тоҷик метавонистаанд дар ВАУ хориҷӣ бо муваффақият кор кунанд ва ё ба ибораи дигар ба «стандарти ҷаҳонӣ» мувофиқ бошанд, вале дар расонаҳои дохилӣ не? Яъне масоили кадрӣ омили асосӣ нест. Аз ин рӯ, бо назардошти вазъи имрӯзии расонаҳои Тоҷикистон бо қатъият метавон иброз дошт, ки расонаҳо феълан ба пуштибонии молиявию иқтисодии давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ниёз доранд, то ба пуштибониҳои дигар. Дар ҳоли ғайр, мавҷудияти ин вазъ ба рушди журналистикаи ҷаддиди тоҷик таъсири бештаре гузошта, дар ташаккул ВАУ ба сифати як институти сиёсиву иҷтимоии муқтадир ҳамчун авомили манфӣ таъсир мегузорад.


Иршод СУЛАЙМОНӣ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97