МО ҶАНГИ ИТТИЛООТИРО БОХТЕМ Ё чаро таблиғи фурӯши саҳмияҳои Роғун қатъ шуд?!

Сиёсат 24.04.2010 17:14

ТАБЛИҒИ ФУРӮШИ САҲМИЯИ РОҒУН ТАМОМ ШУД

Таблиғи фурӯши саҳмияҳои Роғун аз ҷониби давлати Тоҷикистон манъ карда шуд, гузоришест, ки Би-би-Си пахш намуд. Якбора гирифтани ин тасмим боиси таваҷҷуҳ аст. Не?! Дар гузориши Би-Би-Си омадааст, ки "Давлати Тоҷикистон таблиғоти густурда барои фурӯши саҳоми "Роғун"-ро мутаваққиф кардааст. Ҳамчунин мақомот пешбинӣ кардаанд, ки аз ин ба баъд фурӯши саҳоми ин тарҳ коҳиш хоҳад ёфт ва "ин амре маъмулӣ" аст.

Тибқи гузоришҳо, то ҳол дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 185 милюн дулор аз саҳоми ин нерӯгоҳ ба фурӯш рафтааст. Аксел Шиммелпфенниг, раиси ҳайъати эъзомии Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 13 апрел ба хабарнигорон гуфт, ки ин ниҳод аз тасмими давлати Тоҷикистон барои поён додан ба таблиғи харидории саҳоми "Роғун" пуштибонӣ мекунад. Вай афзуд, ки дар ҷараёни мулоқоти ин ҳайъат бо мақомоти тоҷик, онҳо изҳор доштаанд, ки аз ин ба баъд коҳиши мизони харидории ин саҳомро пешбинӣ мекунанд ва ин як амри қобили қабул аст. Зимнан, аз рӯзи душанбе аз барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиюни Тоҷикистон гузоришу барномаҳои таблиғотӣ барои фурӯши саҳоми "Роғун" ҳазф шудаанд".

Дар ҳоле ки талошҳои ҷониби Тоҷикистон барои бунёди Роғун дар ВАО-и давлатӣ ба таври густарда таблиғ мешуд ва дар соли 2010 қариб мӯҳтавои аслии телевизионҳои Тоҷикистонро саҳмгузорӣ дар Роғун ташкил медод, чаро як бора тасмим бар ин шуд, ки таблиғи фурӯши саҳмияҳои Роғун қатъ шавад?! Дар гузориши Би-Би-Си сареҳан таъкид нашудааст, ки қатъи таблиғи фурӯши саҳимияҳо дастури кист, танҳо зикр шудааст, ки роҳбарияти Тоҷикистон рӯйи ин тасмим қарор гирифтаанд. Аммо нуктаи аслии тасмим ин аст, чаро якбора таблиғи фурӯши саҳмияҳои Роғун қатъ гардид.

Оё ин тасмим ба ҷараёни минбаъади сохтмони Роғун бастагие дорад ё не? Оё ин тасмим ба муносиботи имрӯзи Тоҷикистону Узбакистон иртибот мегирад? Оё шӯру шавқи мардум, ки ҳамеша дар пардаи телевизион пуштибонӣ аз фурӯши саҳмияҳои Роғун мекарданд, чӣ мешавад? Яъне, агарчӣ тасмим як тасмими мантиқист, вале ин ба мавқейи қатъии Тоҷикистон дар мавриди бунёди Роғун дигаргуние ворид мекунад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки қатъи таблиғи фурушӣ саҳмияҳои Роғун як амри маъмулист ва он бояд пештар сурат мегирифт.

Сафаров мегӯяд, ки набояд аз ин тасмим интизороти дигаре дошт ва ҳаргуна суханеро, ки миёни мардум дар мавриди ҷараёни минбаъадаи сотмони Роғун пайдо мешавад, набояд як чизи ҷиддӣ пиндошт:

"Дар байни мардум ҳамавақт овозаҳо вуҷуд доранд, вале мо бояд нисбати онҳо муносибати ҷиддӣ дошта бошем ва мағзро аз пӯст фарқ кунем. Аслан, Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди тарғиби фурӯши саҳмияҳои Роғун хеле иқдоми ҷиддӣ гирифт ва ин як ғояи миллии мо шуд ва мардумро хеле ба ҳаракат овард ва нишон дод, ки халқи мо ягона аст. Яъне, новобаста аз динаш, миллияташ ва маҳалаш ҳар касе дар ин кор саҳм гирифт. Хеле муҳим аст, ки ҳама Роғунро ба сифати як объекти аслии миллии худашон қабул доранд ва медонанд, ки ояндаи худи онҳо ва бачаҳои онҳо ба бунёди Роғун вобастагӣ дорад. То ҳатто Роғунро мардуми мо ҳамчун як механизми геополитикию механизми ифодаи манфиатҳои миллӣ баҳогузорӣ мекунанд. Аз ин сабаб ман фикр мекунам, ки навобаста аз он ки тарғибу таблиғи фурӯши саҳмияҳо кам мешавад ё зиёд, раванди харидории ин саҳмияҳо давом хоҳад кард. Шояд суръаташ суст шавад, вале давом хоҳад кард. Дар маҷмӯъ ин раванд қатъ намешавад".

САҲМИЯ БИХАРЕМ Ё НАХАРЕМ?!

Аммо Аксел Шиммелпфенниг раиси ҳайъати сафарбаркунии Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон ба хабарнигорон изҳор намуд, ки давлати Тоҷикистон то охири соли 2011 барои бозсозӣ дар НБО-и Роғун маблағи кофиро дорад. Яъне аз мантиқи суханони намояндаи Сандуқи байналмилалии Пул бармеояд, ки шояд раванди фурӯши саҳмияҳои Роғун низ шакли дигар бигирад ё маҳдуд шавад. Аммо Сайфулло Сафаров муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент ин корро ношуданӣ меҳисобад:

"Маҳдуд кардани фурӯши саҳмияҳо мантиқӣ нест, навобаста аз он ки ин хоҳиши кӣ ҳаст. Танҳо ба хотири он метавонад маҳдуд бошад, ки пули ҷамъшуда барои сохтмон дар як ду соли наздик кифоя бошад. Яъне барои имсол пул зарурат надорад, аммо пул барои солҳои оянда ва давом ёфтани сохтмон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, ман тарафдори он нестам, ки худи фурӯши саҳмияҳо маҳдуд карда шавад".

Аз ҷониби дигар коршиносон ҷамъоварии маблағи мардумро низ як таъсири дигар ба иқтисодиёти Тоҷикистон медонанд. Аз ҷумла Макото Оҷиро, намояндаи Бонки Осиёии Рушд, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки фурӯши саҳмияҳои "Роғун" ба вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон асароти манфӣ дорад. Ба назари вай ҷамоварии ҳудуди 200 миллион доллар аз мардум ва аз муомилот боздоштани онҳо, дар арсаи тиҷорат, сохтмон ва бахшҳои дигари иқтисодии Тоҷикистон таъсироте барҷо мегузорад. Аммо Шодибек Қодиров, коршиноси масоили иқтисодӣ назари дигар дорад. Ӯ пайомадҳои манфии фурӯши саҳмияҳоро камтар мебинад. Ба назари вай "Фурӯши саҳмияҳо ба иқтисодиёт таъсири манфӣ надорад. Танҳо як таъсир дошта метавонад, яъне ҳаҷми истеъмолоти дохилиро кам мекунад. Нафароне, ки ба андозаи 5000 сомонӣ саҳмия харида бошанд, ҳаҷми истеъмолоти хонаводааш ба ҳамин миқдор кам мешавад. Аз ҷониби дигар ҷамъоварии маблағҳо ба иқтисодиёт таъсири бад расонида наметавонад. Феълан ин маблағҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ ҳастанд, ки муваққатан онҳоро истифода мебаранд. Яъне ҷамоварии маблағҳо аз як тарафи дигар метавонад такфили кредитии бонкҳои тиҷоратиро зиёд кунад. То ҳатто метавонад сабаби паст шудани дараҷаи фоизи қарз низ гардад. Агар ин маблағҳо дар бонкҳо нигоҳдорӣ шуда бошанд, онҳоро гардиш медиҳанд ва гардиши онҳо захираҳои қарзи бонкҳои тиҷоратиро зиёд мекунад. Агар ин маблағҳо дар сохмони НБО-и Роғун истифода шуда бошад, дар ин иншоот як қатор корхонаҳои сектори хусусӣ низ фаъолият мекунад, ки ин нишонаи зиёд шудани сармоягузории давлатӣ ба иқтисодиёт мебошад. Чунин тарзи сармоягузорӣ талабот ва фоидаи сектори хусусиро зиёд мекунад".

ШИКАСТИ РОҒУН, ШИКАСТИ МИЛЛАТ АСТ

Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки шакли нодурусти таблиғи ин саҳмияҳо боиси чунин тасмим шудааст. Зеро шаклҳои таблиғ аз доираҳои муқаррарӣ фаротар рафта, шаклҳои дигари мамнӯъ, маҷбуркуниву таҳмилкунӣ низ истифода гардидаанд.

Раҳматкарими Давлат, таҳлилгари тоҷик дар ин маврид изҳор мекунад, ки; "кори хуб шуд, ки таблиғи саҳмияҳои Роғун қатъ шудааст, зеро ин кор ба ягон меъёри қонун, на қонуни тиҷорат ва на сиёсат мувофиқат мекунад. Роғун як бори дигар тамаллуқкор будани мансабдорон ва умуман, тафаккури тамаллуқкории тӯдаҳоро ба намоиш гузошт. Аз ин ҷиҳат хуб аст, ки мардум худ ва мансабдоронашро дар оинаи Роғун дид. Мусаллам аст, ки ҳеҷ расона бе пул каси дигарро таблиғ намекунад. Суол ин аст, ки агар Роғун Ҷамьияти саҳҳомӣ аст, пас барои таблиғи фурӯши саҳмияҳои худ чанд сомонӣ пардохтааст? ТВТ аз кадом ҳисоб як ҷамьияти саҳҳомиро таблиғ кард? Аз ҳисоби андози мардум. Аммо сарфи назар кардани давлат аз таблиғи Роғун агар таҳти фишори СБП ва БҶ сурат гирифта бошад, заъфи мушовирони иқтисодӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон аст. Онҳо бояд қаблан чунин фишореро пешбинӣ мекарданд ва ба раҳбарияти ТВТ ва масъулине дар ҳукумат, ки тасмим мегиранд, мегуфтанд, ки тибқи фалон банди муқаррароти созмони тиҷорати чаҳонӣ ва ё БҶ ва ё СБП чунин коре маҷоз нест. СБП даъво дорад, ки аз як сӯ барои касри буҷа, нигахдории қурби пули миллӣ ва маошу нафақа ба Тоҷикистон қарз медиҳад, аз суи дигар давлати Точикистон мардумро ташвик мекунд, ки ин пулро дар харидории сахмияи Рогун сарф кунанд.

Масъалаи дигар ин аст, вакте пул дар сахмияхари сарф мешавад ин барои тичрати хурду миёна ва гардиши пул халал мерасонад ва ба ин тартиб ба зиндагии мардум таъсири бад хохад дошт. Ин аст даъвои созмонхои моли, ки Точикистон аз онхо карздор мебошад.

Дигар ин ки ин созмонҳои молии ҷаҳонӣ мехоҳанд дар идораи тарҳи бузурге назири Роғун саҳм дошта бошанд. Зеро ояндаи минтақа аз ин тарҳҳои обӣ вобаста аст. Ва ин навъи фишор ба Тоҷикистон аст. Мақомоти Тоҷикистон аз тарафи худ умедвор аст, ки ин созмонҳо дар сохтани Роғун ба ӯ кӯмак мекунанд. Ба ин умед ҳанӯз ҳам ба ҳарфи ин созмонҳо гӯш медиҳанд. Тоҷикистон ва миллати тоҷик аз як сӯ ба унвони миллат ва аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кафили сарнавишти ин давлат - миллат дар пешорӯи имтиҳони бузург қарор доранд. Дар воқеъ, номи ин имтиҳон Роғун аст. Ё онро месозем ва наҷот меёбем ва ё барои шояд даҳ ё садсолаҳои дигар саркӯб мешавем. Шикаст дар ин имтиҳон ба маънои даст кашидан аз як тарҳ не, ба маънои шикасти андешаи истиқлол ва идеяи давлати мустақил аст".

Воқеан, Роғун тарҳи аслиест, ки нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дар минтақа таъмин мекунад ва лағзишҳои нодуруст дар бунёди ин тарҳ ба мавқейи минбаъдаи устувори Тоҷикистон бастагӣ дорад.

САҲМИЯ МАҶБУРӢ БУД?

Шодибек Қодиров мегӯяд, ки "тарзи таблиғи нодуруст ва тарзи нодуруст ба роҳ мондани фурӯши саҳмияҳо ба ин тасмим омаданро асоснок мекунад. Як қатор мансабдорон бо роҳҳои гуногуне, ки дар ихтиёрашон доранд, тавассути ин фишангҳо мардумро маҷбур мекарданд, ки аз ин саҳмияҳо харидорӣ кунанд".

Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки набояд дар харидории саҳмияҳо маҷбуркунӣ вуҷуд дошта бошад. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мансабдорон набояд мардумро маҷбуран ба харидани саҳмияҳо сафарбар кунанд. Ӯ мегӯяд, ки "ин масъала барои Ҳукумати Тоҷикистон фаҳмо буд".

МУҲОСИРАИ ИҚТИСОДӢ ДАВОМ ДОРАД

Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон чунин тасмимгириҳо мекунад ва ин тасмим миёни доираҳои гуногун назароти мухталифро ба бор меовард, ҳамоно Тоҷикистон дар муҳосираи иқтисодии Узбакистон боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумоти охирин зиёда аз 3600 вогонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон бидуни ҳеҷ кадом далели мушаххас боздошта шудаанд. То имрӯз дар мавриди ба мувофақа расидани роҳбарони кишварҳо ё масъулон ҳеҷ гуна иттилое вуҷуд надорад. Аз ҷониби дигар барои ҳалли мушкил кӯшишҳо ба таври ҷиддӣ ба назар намерасанд. Яъне ташаннуҷи муносибот то андозае вуҷуд дорад, ки тавофуқи гуфтушунид то ҳол ҳосил нашудааст. Дар блокада мондани Тоҷикистон оқибатҳои хубе ба думбол надорад. Зарари иқтисодиву сиёсиву равонии блокада то дергоҳ дар фазои Тоҷикистон эҳсос мешавад. Дар ҳоли ҳозир ин блокада ба зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум халалҳои ҷиддӣ ворид кардааст.

ҲАМСОЯИ ЗАРАРРАСОН 20 МИЛЛИАРД ЗАРАР ОВАРД

Ҳоҷимуҳаммад Умаров коршиноси умури иқтисод мегӯяд, ки зарари расонидаи Узбакистон хеле калон аст. Ба назари вай "аз соли 1991 то имрӯз зарари иқтисодие, ки Узбакистон ба Тоҷикистон расонидааст беш аз 20 миллиард доллар мебошад. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон то он дараҷае заиф аст, ки наметавонад ба Шӯрои Амнияти СММ муроҷиат кунаду арз намояд, ки қариб 20 сол боз Узбакистон моро дар блокада нигоҳ медорад. Аз Шӯрои Амният талаб кунад, ки як комиссияи босалоҳият ва бонуфуз аз ҷониби СММ сохта шавад, ки ҳамин хисороти блокадаро аз аввал то охир тафтиш кунад. Баъзе аз соҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ мерасад, ки таъсири Узбакистон дар ин маврид зиёд аст. Масалан, дар хоҷагии қишлоқ соҳаи токпарварию боғдорӣ ҳоли табоҳ дорад. Истеҳсоли шарбатҳо ва шароб низ нест шудаанд. Сабаб чӣ буд? Сабаб он буд, ки Узбакистон намегузорад, ки мо аз қаламрави он маҳсулоти асосиро гузаронем. Соҳаи меваҳои ситрусӣ низ гум шуда истодааст, дар ҳоле ки мо дар фазои пасошӯравӣ дар истеҳсоли меваҳои ситрусӣ ҷойи аввалро мегирифтем. Вақте ки мошинҳо ин намуди меваҳоро бор мекунанду мебаранд, дар сарҳад қасдан 7- 8 рӯз нигоҳ медоранд, ки ин меваҳо қисман мепӯсанд". Вале Умаров айбро танҳо аз Узбакистон намедонад ва ба назари вай хомӯшии Тоҷикистон дар баробари ин гуна тасмимоти ноодилонаи Узбакистон низ боис мешавад. Ба назари Умаров монеагузориҳои Узбакистон дар мавриди бунёди Роғун ҳеч омили иқтисодиву экологӣ надорад, ба гуфтаи ӯ "инҳо ҳама баҳонаҳои ҷониби Узбакистонанд, вагарна Роғун бар асоси нақша сохта мешавад ва ҳеҷ гуна хатароте надорад".

РОҒУН БЕШТАР РАНГИ СИЁСӢ МЕГИРАД

Акнун рӯз то рӯз масъалаи бунёди Роғун характери ҷиддии сиёсӣ мегирад. Ин гуна ранг гирифтани масъала ба зиндагии мардуми Тоҷикистон таъсироти амиқ мегузорад ва заминаҳои гуногунеро барои ҳодисаҳои дигар муҳайё месозад. Меҳмоншо Шарифов, корманди илмии пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки "масъалаи бунёди Роғун ва блокадаҳои сунъӣ ва фармоишии Узбакистон як ба як ба таҳқиқи равоншиносӣ ниёз дорад. Инсон як мавҷуди рӯҳонӣ, фикркунанда ва тез таъсирпазир мебошад, ки вобаста ба ҳолате ки дар зиндагӣ дорад, иртиқопазир аст. Ҳар гуна шароит ва хунукшавии муносиботи сиёсӣ метавонад ба зиндагии мардуми Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад. Вобаста ба он ки ҳолати психологии инсонҳо дар чӣ сатҳ қарор дорад, ҳолати ҷомеа низ муайян мешавад".

Воқеан бунёди Роғун дар ду давра, ки оғоз мешавад, боиси норооҳатии Узбакистон ва баъзе кишварҳои дигари манфиатдор мегардад. Вале ҳодисаҳо ва муносиботи ахир нишон медиҳанд, ки бунёди Роғун аз доираи таваҷҷуҳи қудратҳо берун нест. Ҳарчанд ки манъи таблиғи саҳмияҳои Роғунро соҳибназарон як тасмими роҳбарияти Тоҷикистон медонанд ва таъсири авомили хориҷиро дар он камтар медонанд, вале бунёди он барои минтақа як масъалаи ҷиддӣ боқӣ мемонад. Тоҷикистон, ки азми ҷиддии худро аз минбарҳои гуногун эълом дошта буд, бояд ин мавқеашро ҳифз кунад.


Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97