Шокирҷон ҲАКИМОВ: "ҚУВВАИ СЕЮМ" БА ИНТИХОБОТИ ШАФФОФ ХАЛАЛ МЕРАСОНАД

Сиёсат 24.02.2010 15:20

Сӯҳбати ихтисосӣ бо Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси ҲСДТ ва номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Конибодом

"ҚУВВАИ СЕЮМ" БА ИНТИХОБОТ ХАЛАЛ МЕРАСОНАД?!

-Шумо, ки дар корзори интихобот қарор доред, бигӯед, ки вазъ он ҷо чи гуна аст ва оё роҳ ба сӯйи як интихоботи шаффоф ҳамвор аст?

-Ба назар мерасад, ки вобаста аз наздик шудани замони баргузории интихобот фишор ва мудохилаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар баъзе ҳолатҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба раванди интихобот шиддат мегирад.

Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан бар хилофи иродаи сиёсӣ ва мавқеи президенти Тоҷикистон доираҳои муайяне дар маҳалҳо талош доранд, самимияти президенти Тоҷикистон ва ваъдаи додаи ӯро зери шубҳа гузоранд. Дар шаҳри Конибодом ба ғайр аз мулоқотҳое, ки аз тарафи комиссияи ҳавзавӣ ташкил карда мешавад, лозим донистам, ки худ низ дар доираи муқаррароти пешбинишуда бо интихобкунандаҳо мулоқотҳо дошта бошам. Дар оғози кор ҳеҷ монеа вуҷуд надошт, вале рӯзҳои охир дар шаҳр бо сӯъистифода аз мансаб ва фаро рафтан аз доираи ваколати хидматӣ алайҳи ман маъракаи сияҳкуниро шурӯъ карда ва мехоҳанд бо ҷалби раисони маҳалҳо, сардорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони корхонаҳо, ширкатҳо ва то ҳатто хоҷагиҳои деҳқонӣ ин амали ношоистаро бештар намояд ва дар ҳузури онҳо дар ҳаққи ман суханҳои носазоро раво дидаанд, ки асоси воқеӣ надорад. Чунин сӯҳбатҳо ҳам шудааст, ки гӯё агар намояндаи ҲХДТ баранда нашавад, боиси нигаронии президенти Тоҷикистон хоҳад шуд. Афзун бар ин як мақоми баландпояи қудратии шаҳри Конибодом низ аз нуқтаи назари он ки яке аз номзадҳо ҳамкасби ӯ ва намоянда аз ҲХДТ аст, вориди ҷараёни интихобот шуда, болои мардум фишор оварда истодааст. Бо кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр мулоқот карда, таҳдид намудааст, ки барои ба ҳадаф расидани номзад аз ҲХДТ мусоидат кунанд, вагарна шахсан аз онҳо сару либос ва погонҳояшонро пас хоҳад гирифт. Вале ба ҳар сурат ман гумон намекунам шахсоне, ки дар чунин сатҳ ифои вазифа мекунанд, бидуни дастур аз марказ, ки ман онҳоро "қувваи сеюм" меномам, амал кунанд. Салоҳи кор мебуд, ки президент нисбат ба ин ашхос тадбирҳои мушаххас меандешид. Ва онҳоро ё ба истеъфо мефиристод ва ё аз кор озод мекард. Дар хусуси прокурори ноҳияи Конибодом бошад, Шерхон Салимзода- додситони кулли Тоҷикистон, ки аз ҷонибдорони ислоҳоти воқеӣ аст, чораи мушаххас меандешид.

-Аммо манзури шумо аз "қувваи сеюм" кӣ аст, ки дар раванди интихобот халал ворид мекунад?

-Чунин ба назар мерасад, ки таҳти "қувваи сеюм" шахсоне амал мекунанд, ки наздик ба маъмурияти раёсати ҷумҳурианд. Онҳо доир ба сиёсатҳои кишвар дидгоҳҳои худро доранд. Аммо қасд доранд, бо халалдор намудани интихоботи озод обрӯ ва эътибори президенти Тоҷикистонро миёни кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои молиявие, ки барои густариши минбаъдаи равобиташон ба интихобот мутаваҷҷеҳ шудаанд, пойин баранд. Яъне онҳо дар зоҳир вонамуд мекунанд, ки бо президент ҳастанд. Аммо мақоми хидматиро барои зиёдтар шудани сарват ва то ҳатто содир шудани ҷиноят ва фасод истифода мебаранд ва бидуни мансаб ва ё мансабаке худро тасаввур намекунанд. Аз ин хотир на танҳо президент, балки мақомоти амниятӣ шахсияти ин гуна нафаронро бояд муайян кунанд. Масалан, ман гумон намекунам, ки худи президенти Тоҷикистон манфиатдор бошад, ки порлумони кишвар пурра бо намояндагӣ аз ҲХДТ ташкил шавад. Дар он сурат порлумон ҳамон порлумони шӯравиро пеши назар меоварад ва он бисёрҳизбие, ки мо ҳамчун рушди устувори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунем, низ халалдор мегардад. Фикр мекунам, ин кор ба манфиати давлат ва давлатдории мо нахоҳад буд.

"МАРДУМИ КОНИБОДОМ ТАБИАТАН ОЗОДАНДЕШАНД!"

-Мардум то куҷо аз барномаи Шумо ва шахси Шумо ҷонибдорӣ мекунад?

-То ҷое огаҳӣ ёфтам, бо дастури раиси ҳукумати шаҳри Конибодом аз ҳисоби кормандони шаҳрдорӣ ва соҳаи маориф як гурӯҳ таъсис дода шуд. Онҳо эътибори номзадҳо ба Маҷлиси намояндагонро муайян намуданд. Вақте онҳо фаҳмиданд, ки аксарияти мардум аз номзадии ман ҷонибдорӣ кардааст, аммо ба хотири он ки бо ғазаби раиси шаҳр рӯ ба рӯ нашаванд, натоиҷи назарсанҷиро иваз кардаанд. Вале бо вуҷуди ин натиҷаи ниҳоӣ ин шуд, ки ман тақрибан якуним маротиба аз номзади ҲХДТ бештар раъй ба даст овардаам. Аз ин хотир шояд, ки раиси шаҳри Конибодом ва додситони ин шаҳр ба ҳангоми сӯҳбати ахир бо масъулони ноҳия ҳарфҳои дурушт ва ҳатто таҳқирро раво дидаанд. Зеро ҳукумати ноҳия бо тамоми имкон ва нерӯ шароитро барои муаррифии намояндаи ҲХДТ фароҳам кардааст, аз ҷумла ҳамроҳ бо раиси ҳукумати шаҳр ва додситони ноҳия номзади мазкур дар маъракаву маросимҳои мардумӣ иштирок мекунанд. Вале боз ҳам мардум чунин аксуламал нишон додаанд. Аслан мардуми Конибодом табиатан озодандешанд. Имконияти муқоиса кардани барнома ва шахсияти номзадҳо ва мақоми иҷтимоии онҳоро дорад. Ва азбаски раиси ҳукумати шаҳр тарбиятдидаи ин муҳит нест, мехоҳад раванди интихоботро бо усулҳои дигар танзим кунад. Аммо додситони Конибодом дар кори интихобот таҷрибадор аст ва ӯ мусоидат карда буд, ки дар интихоботи соли 2005 ғалабаи номзади ҲХДТ дар муқобили Муаттара Ҷӯраева дар ҳавзаи ноҳияи Ашт бо фарқияти якунимфисад таъмин шавад. Зеро дар он давра ӯ дар Ашт додситон буд. Вале мардуми Конибодом бо иродаи худ дар интихобот ширкат меварзанд. Ва агар мо ба интихоботҳои қаблии ин ноҳия таваҷҷуҳ намоем хоҳем дид, ки онҳое пирӯзӣ ба даст овардаанд, ки ба мардум такя кардаанд ва ормонҳои мардумро болотар мегузоранд.

-Оё агар интихобот бо ғиромбозӣ ҷамъбаст шавад ва натиҷаҳо дасткорӣ шавад, фикр мекунед, мардум аз шумо дифоъ мекунад?

-Агар дар хотир дошта бошед, дар панҷ соли пеш дар Конибодом кӯшиши тақаллуб вуҷуд дошт. Мардум се рӯз гирдиҳамоӣ карда, овоз ва номзади мавриди назари худро ҳимоят карданд. Ҳоло ба таври сунъӣ кӯшиши гирифтани пеши роҳи ворид шудани як нафар шахсиятро масъулони ҲХДТ дар ноҳия карда истодаанд. Дар интихоботи гузашта низ номзади ҲХДТ дар Конибодом баранда нашуд. Ӯ нафари доро буд, вале мардум ӯро намешинохтанд. Ҳарифи маро аз ҲХДТ мардум камтар мешиносанд. Аммо доираҳои манфиатдоре ҳастанд, ки мехоҳанд ӯро баранда бубинанд.

-Шанси шумо дар ин интихобот чи гуна аст?

-Ман дар як сӯҳбати қаблии матбуотӣ шанси худро 70 дар сад гуфта будам. Вале тайи ин чанд рӯзи фишоровариҳо ва маҳдудкуниҳои ҳуқуқи интихобкунандагон аз сӯи мақомот сабаб шудааст, ки таваҷҷуҳ, эҳтиром ва муҳаббати мардум нисбати ман бештар шавад. Мардум аксуламал нишон дода истодаанд. Ва то ҳатто дар мулоқотҳое, ки бо иштироки номзадҳои дигар сурат мегирад, ба таври ошкоро масъалагузорӣ ҳам мекунанд. Ошкоро аз фишорҳои ҳукумати шаҳри Конибодом интиқод мекунанд, ки хилофи ваъда ва сиёсати эълоннамудаи президенти кишвар дар бораи интихоботи озод ба кори он халал ворид мекунад ва нисбати президент тухми гумону шубҳаро кишт мекунанд. Ман аз нозирони дохилӣ ва байналмилалӣ хоҳиши онро дорам, ки ҳавзаи интихоботии моро зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Ва ҳамин тавр аз ҳарифи худ Насрулло Маҳмудов ҳам, ки намояндаи додситонӣ аст, тақозо кардам, ки дар баробари беадолатиҳои интихоботии масъулон хомӯш набошад.

"НОБИҒАҲОИ КОНИБОДОМ ҶОНИБДОРИ МАНАНД!"

-Дар Конибодом афроди мӯътабар ва шахсиятҳои шинохта хеле зиёданд, оё онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд?

-Боиси тазаккур аст ва барои ман мояи ифтихор аст, ки нобиғаҳои миллат ба монанди Акбари Турсуну Саъбанисо Ҳакимова ва донишмандони мумтозе чун Зафар Ҷӯраевич Усмонов, Рашид Раҳимов, Шарофҷон Раҳимов ва чандин нафар академику профессорҳо, олимони варзида ва ҳамчунин вакили имрӯзаи Маҷлиси намояндагон шахси маъруф Юсуфҷон Аҳмадов ва аҳли зиёву фарҳанги Конибодом ҷонибдори ман ҳастанд. Дар ин миён ҳукумати шаҳр борҳо кӯшид, ки онҳоро аз ман дур созад, вале онҳо, ки афроди масъул ва дорои мақоми баланди иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ҳама тарафдори як таҳаввули мусбати иҷтимоӣ ва сиёсианд, ҳамақида ва ҳамнафаси ман ҳастанд. Ва ҷонибдории онҳо ба ман рӯҳу илҳом мебахшад ва аз тарафи дигар водор мекунад, ки дар ақида ва мавқеи худ устувор бошам.

"МАРДУМ ЗИРАК АСТ, МЕДОНАД, КӢ ЧӢ МЕГӮЯД!"

-Оё дар мулоқотҳо бо мардум дар заминаи суолҳое, ки раъйдиҳандагон матраҳ мекунанд, миёни шумо ва ҳарифон мубоҳисот сурат мегирад?

-Бале, чунин ҳолатҳо ҷо доранд. Як нуктаро бояд қайд кард, ки мо бо риояти одоби сиёсӣ баҳс мекунем ва миёни мо ягон ҳолоти истисноӣ пеш наомадааст ва мо ба таҳқиру ҳақорат роҳ надодаем. Аммо чун рақиби мо аз ҲХДТ аст, талош мекунад аз муваффақиятҳо гап занад ва камбудиҳоро нодида бигирад. Ва афзалияти ман дар он аст, ки оид ба омилҳо ва сабабҳои камбудиҳои ҷойдошта ва сабабҳои натиҷаи мусбат надодани барномаҳои мухталиф аз ҷумла дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сӯҳбат намоям. Дар бораи мушкилоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон, номукамалии низоми ҳокимият, нодурустии сиёсати давлатии ҷобаҷогузории кадрҳо, монеаҳо дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, адами шаффофият дар низоми ҳокимият ва мушкилоти матбуоти даврӣ ва ғайра, ки бештар сӯҳбатҳо кардам, мардум худ зирак аст, дарк мекунад, ки кӣ аст ва чӣ мегӯяд. Ва дар ин робита низ таваҷҷуҳи мардум зиёдтар ба ман аст ва ин аз тарзи муроҷиат ва саволҳояшон эҳсос мешавад. Одатан дар ҳар як мулоқот даҳ-дувоздаҳ савол ба ман меояд ва танҳо як-ду савол ба ҳарифи ман. Худи ин баёнгари он аст, ки мардум мехоҳанд бештар дар робита ба воқеияти давлату давлатдорӣ ва имрӯзу фардои миллат посухи дуруст ва ростро бигиранд.

"РАҚИБИ МАН СИЁСАТМАДОР НЕСТ!"

- Албатта Шумо аз барномаҳои ҲСДТ дар барномаи пешазинтихоботиатон истифода мекунед ва ин ҳеҷ ҷойи шубҳа надорад, чун Шумо муовини раиси ин ҳизб ҳастед, аммо узвияти корманди мақомоти интизомӣ ба ин ё он ҳизбро қонунгузории кишвар мамнӯъ эълон кардааст, пас намояндае, ки аз ҲХДТ номзадиашро пешбарӣ намудаанд, дар ҳоле ки узви он нест, дар сӯҳбатҳояш аз ин ҳизб чи тавр ҷонибдорӣ мекунад?

- Ман дар интихоботи қаблӣ низ аз ин инҷо номзад шуда будам. Мардум дар бораи ҳизб маълумоти камтар, вале дар бораи шахсияти ман бештар маълумот доранд. Бо истифода аз ин фурсат кӯшиш дорам, ки маълумоти заруриро оид ба фаъолияти ҳизб ва мавқеъгириҳояш дар лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти ҷамъиятӣ ва марҳилаҳои мухталифи рушди давлатдорӣ иброз намоям. То андозае афкори ҷамъиятиро ташаккул ҳам додам. Дар хусуси шахсияти Насрулло Маҳмудов ҳаминро бояд зикр кунам, ки воқеан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ва ташкили сохторҳои ибтидоии ҳизбҳои сиёсӣ мумкин нест. Аз ин хотир вақте ман мегӯям, ки Маҳмудов Насрулло сиёсатмадор нест, манзурам ин аст, ки то лаҳзаи интихобот ӯ бо ягон ҳизб, ҷунбиш ё созмони ғайриҳукуматии хусусияти сиёсӣ дошта, робита надошт.

"МО БА ИҒВОҲО ЭЪТИБОР НАМЕДИҲЕМ"

-Алайҳи ҲСДТ ва шахсиятҳои сатҳи аввали он расонаҳои расмӣ матолиб интишор кардаанд ва дар онҳо ишораҳо мешавад, ки ин ҳизб ҳизбе аст, ки бо дастури Ӯзбакистон амал мекунад. Чаро ҳамин гуна иттиҳомот маҳз болои ҲСДТ омадааст?

-Ин бори аввал нест, ки моро ҳамин тавр мехоҳанд сиёҳ кунанд. Агар мақомоти амниятии кишвар ё додситони кулл далел медошт, албатта парванда оғоз ва роҳбарияти ҳизби моро муттаҳам мекарданд. Ин ҳарфҳо танҳо иғво ҳастанд на бештар аз он. Сабаби асосӣ-зодгоҳи раиси ҳизб аст. Аммо Камол Айнӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Ато Муҳаммадҷонов ва қаблан устод Айнӣ ва садҳо фарзонагони тоҷик дар қаламрави имрӯзаи Ӯзбакистон ба дунё омдаанд, ки ҳар кадоме дар таърихи миллати тоҷик нақш ва мақоми хосса доранд. Онҳо ҳам зодагони Ӯзбакистони шӯравӣ буданд, вале бо мурури замон ва гардиши айём лозим донистанд, ки барои фарҳангу иқтисодиёту сиёсати Тоҷикистон хизмат кунанд ва саҳми онҳо дар ташаккули фарҳангу афкори ҷамъиятиву сиёсӣ, пешрафти иқтисодиёт дар Тоҷикистони имрӯза камтар нест ва ин гумонҳои бад фақат баҳона аст ва як бозии ифлоси доираҳои муайян. Аз ин хотир мо ба ин ҳарфҳо одат кардаем ва кӯшиш мекунем, ки ин гуна иттиҳомотро нодида гирем.

- Ташаккур. Пирӯз бошед!


Сӯҳбати Абдуқаюми ҚАЮМЗОД
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97