НАШРИЯҲО, ДОДГОҲ ВА МАБЛАҒИ ҲАНГУФТ

Сиёсат 09.02.2010 14:00

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Албатта қазияе, ки бар сари чанд ҳафтанома дар Тоҷикистон омадааст ва ҷониби ниҳодҳои давлатӣ даъвогар шудаанд дар арафаи интихобот чандон кори хуб нест. Лекин аз ҷониби дигар ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки дар додгоҳ аз рӯйи рӯзномаҳо ё барои ҳимояи шаъну шарафи худашон даъво кунад. Лекин баъзе даъвоҳое, ки дар пешниҳоди онҳо ба суд оварда шудааст, аз ҷумла барасии ҳамин даъво, ки фаъолияти рӯзномаҳо қатъ карда шавад, ин аз нигоҳи мо тамоман нодуруст аст.

Зеро ки дар ин нашрияҳо чандин нафар одамҳо кор мекунанд, набояд дар давраи қазия ё даъвои онҳо дар раванди судӣ фаъолияти рӯзномаҳо баста шавад, бояд онҳо фаъолият дошта бошанд. Даъвои судӣ бояд бо роҳи худаш равад, лекин дар арафаи интихобот ин ягон кишварро зеб намедиҳад.

Ман ҳеч чиз пешгӯӣ карда наметавонам, лекин вобаста ба ин изҳороти муштараки Созмонҳои журналистӣ аз 1 феврали соли 2010 пахш шудааст, мавқеи Иттифоқи журналистон дар ҳамонҷо инъикос ёфтааст.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Назари ман ин аст, ки пеш аз интихобот ин кор он қадар хуб нашуд. Лекин мо тарафдори қонун ҳастем. Ҳамаи нашрияҳо бояд ба қонун итоат кунанд ва қонунро вайрон накунанд. Новобаста аз он ки онҳо ҳукуматӣ ҳастанд ё ғайриҳукуматӣ. Яъне дуруғ навиштан ё дар ҳақи ягон кас тӯҳмат кардан, ғайбат кардан набояд, ки шакли кори рӯзноманигор ё нашрия бошад.

Ин чиз ба интихобот таъсир ё латма ворид намекунад, танҳо ҳамин ки баъзе аз рӯзноманигорон аз он метарсанд, ки худсензура зиёд мешавад. Ин кор кори хуб нест. Мо бояд дар арафаи интихобот хеле шаффоф ва демократӣ муносибат кунем, ҳам рӯзномаҳои озод, ҳам рӯзномаҳои давлатӣ ва ҳам кормандоне, ки ба ин масъалаҳо масъул ҳастанд.

Қироншо Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии "Журналист"

Ба додгоҳ кашидани нашрияе ё шаҳрванде аслан дар ҷомеаи демократӣ як чизи муқаррарӣ аст. Чун дар тасаввури омиёнаи мо ба додгоҳ кашидан ин гӯё як ҷазо додан бошад, вагарна додгоҳ адолат аст. Албатта қилро аз хамир додгоҳ хоҳад ҷудо кард. Вале ба назари ман ҳамчун як рӯзноманигор ва муҳаққиқи соҳаи журналистика чунин менамояд, ки аслан ба додгоҳ кашидани аз ҷумла нашрияи "Миллат" ин як фармоиши иҷтимоӣ шояд бошад. Ва ё чуноне мегӯянд, дар зеҳн оҳанг ё намуди сиёсӣ ҳам дорад. Чун бубинем, ки чанд сол пеш ҳам дар арафаи интихоботи гузашта низ чандин нашрияҳои мустақилро ба додгоҳ мекашиданд. Ҳатто манъи чопи онҳо ҳам шуда буданд. Дар чанд соли охир дар мо гӯё озодии матбуот вуҷуд дошт, шахсан маро ба хавотир ҳам меовард. Ман се сол пеш дар як мусоҳибаам гуфта будам, ки мутаассифона ин озодиҳои матбуотии мо, озодиҳои шахсии мо ё озодиҳои сиёсии мо муваққатӣ ва пора - пора ҳастанд. Яъне аз интихобот то интихобот, аз як маъракаи сиёсӣ то маъракаи дигар. Вале мутаассифона ин озодиҳо кафолатдодаи конститутсионӣ нестанд.

Аз ҳама чизи муҳимтарин дар замони мо ин аст, ки азбаски қазияи "Миллат" қазияи ягона нест, бар думболи қазияи телевизиони СМТ, бар думболи қазияи рӯзномаи "Пайкон" сурат гирифт ва баъд аз ин қазияи "Озодагон", "Фараж", "Азия плюс" низ шурӯъ шуд, ман фикр мекунам, ки ин чизҳо ҳама як маъракаи тарҳрезишуда ҳастанд ва мехоҳанд, ки бо ҳамин то андозае даҳони журналистонро банданд ё ин ки журналистону нашрияҳоро, ба хусус нашрияҳои ғайритавлатиро ҳушдор диҳанд, ки аз хат нагузаред. Яъне мақомоти ҳам иҷроия ва баъзе намояндагони мақомоти судӣ ё қудратӣ ҳам бо ин даъвоҳои худ, бигзор онҳо дурустанд ё нодуруст гуфтан мехоҳанд, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон ҳади худро донад. Яъне аз гуфтаву хостаҳои онҳо берун пой нагузоранд, ки ин як таомули хавфнок ҳам ҳаст, ки дар оқибат барои коҳиш ё Худо накунад аз байн рафтани озодии сухан дар Тоҷикистон сабаб нагардад.

Султони ҲАМАД, рӯзноманигори мустақил

Худоро шукр ба замоне расидем, ки бо журналист дар кишвари мо дигар чун 14-15 сол пеш бо забони камон сухан намегӯянд. Аз тариқи маҳкама ҳаллу фасл шудани мушкили байни журналист ва хонанда дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ як чизи маъмулӣ мебошад. Дар кишвари мо ин падида то 3-4 моҳ пеш, яъне то ба додгоҳ кашида шудани ҳафтаномаи "Пайкон" аҳён-аҳён ба чашм мехӯрд. Шояд барои ҳамин дар рейтинги кишварҳое, ки дар он ҷо озодии матбуот то андозае риоя мешавад, мо дар қиёс бо баъзе аз кишварҳои ҳамсоямон дар ҷои намоёнтаре будем. Мутаассифона, дар ин авохир ҳафтаномаи "Миллат"-ро роҳбарони вазорати кишоварзӣ, ҳафтаномаҳои "Азия-плюс", "Фараж", "Озодагон" кормандони масъули додгоҳи олии кишвар ба маҳкама кашида, талаб кардаанд, ки аз ин нашрияҳо товони ҳангуфти молӣ ё худ пулӣ, гӯё барои паст задани шаъну шарафи онҳо, рӯёнда шавад, ки ин ба обрӯю эътибори сиёсии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, ба фикри ман, таъсири манфӣ расонданаш мумкин аст. Зеро кам нафароне, чи дар дохил ва чи дар берун аз кишвар, бовар хоҳанд кард, ки ин се қазия тасодуфан иттифоқ уфтодааст ва онҳо бо маъракаи интихоботи порлумонӣ ҳеҷ рабте надоранд. Масъалаи ба миён омада ҳатман роҳи дигари ҳал, ҳали бидуни додгоҳӣ, низ дорад. Он роҳро ҷустану пайдо кардан зарур аст. Фикр мекунам, дар ҳали ин проблема Шӯрои навтаъсиси матбуоти Тоҷикистон, ки аксарияти созмонҳои бонуфузи журналистии кишварро муттаҳид сохтааст, метавонад нақши созанда дошта бошад. Бо рӯёндани ҷаримаҳои ҳангуфту бастани ҳафтаномаҳо мо мушкилотеро, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад ва ин нашрияҳо онро мунъакис сохтанд, наметавонем аз байн бубарем.


©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97