ҶИНОЁТИ КАЛСАРҲО ВА МИЛИСА ДАР РУСИЯ

Сиёсат 05.02.2010 11:01

Тоҷик беҳушу беёд дар ҳавои ниҳоят сард болои замин афтода буд. Садои бонги: "Русия - барои русҳо!" ва "Челни ҷойи бегонагон нест!" ба гӯш мерасид ва ҷасади тоҷики афтода бо сахттарин шаттаҳо латукӯб мешуд. Ин ҳодисаи нангин дар Маскаву Питер, ки дар онҷо фашистони нав ба ҷинояткорӣ одат кардаанд, рух надодааст. Ин ҷиноят дар шаҳри Челни ба вуқӯъ пайваст (муаллифи ин хабар блоггер Ленар Батиршин аст, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., 26.11.2009). Нақли Батиршин бад-ин минвол мебошад: "Соати нуҳу ними бегоҳӣ се донишҷӯйи тоҷик бо миқдоре маҳсулоти ғазоӣ дар роҳ ба хобгоҳашон мерафтанд, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Руслан ва Анвар тавонистанд, ки фирор кунанд, вале Ҳусейн дар чанг монд.Ӯ аввалтар дар чанголи "муборизони роҳи покии нажод" монд. Ҷавонмарди 18-соларо ба утоқи бозёфти ҳуш (реаниматсия) - и шифохонаи ёрии таъҷилӣ оварданд. Танҳо дар вақти бомдод ӯ бахуд омаду ҳушёр шуд. Ин тоҷикписарон донишҷӯёни соли аввали Академияи муҳандисӣ-иқтисодӣ дар шаҳри Набережние Челни буданд. Онҳо мегӯянд, ки дар бораи қатли хориҷиён дар Русия медонистанд ва барои ҳамин тасмим гирифтанд, ки дар Тотористон таҳсил кунанд. Муносибаташон бо ҳамкурсон хеле хуб ҳам густариш ёфт.

Аз "Омега" мо нон, картошка ва тухм харидем, - мегӯяд Ҳусейн. - Акнун торик шуда буд. Роҳро гузашта ба паскӯча даромадем ва то корпуси мо ҳамагӣ 30-40 метр монда буд. Дӯстонам каме пештар рафтанд ва ман сабтҳои телефони мобилиамро бо диққат аз назар мегузаронидам. Ҳеч садое ҳам нашунидам ва ба қафо ҳам нанигаристам…"

Ҳусейн 6 сол боз ҷанги дастӣ машқ мекунад. Дар Челни узви клуби кикбоксинг шудааст. Аммо машқҳош барояш мадад накарданд: "Чашмам ҳанӯз ба телефонии мобилиам буд, ки як зарбаи сахтеро дар сарам эҳсос намудам. Бо ягон намуд оҳанпорае заданд. Дигар ёд надорам. Ба ҳуш омадам, ки дар шифохонаам".

Ҳамватанони Ҳусейн нақл мекунанд, ки ҳамлагарон 6-7 нафари 18-20 сола буданд. Лаҳзае, ки ҳамлаи тӯда бар болои Ҳусейни афтодаро дидаанд, ба ҷониби иқоматгоҳашон давиданд. Кӯмаку ёрӣ хостанд. Дар давоми 2-3 дақиқа баргаштанд, аммо он ҷинояткорон гурехта буданд. Ба гуфтаи шоҳидон, Ҳусейнро на беш аз як дақиқа латукӯб карданд.

-Ҳеч гуна хатарро эҳсос накардем, - нақл мекунанд донишҷӯён. Шояд ба онҳо вақте диққат доданд, ки дар мағоза бо забони модариашон сӯҳбат мекарданд.

- Мо аслан дар ҳайратем. Хуб, ки ҷавонро накуштанду маъюб нашуд. 17 сол боз дар Челни зиндагӣ дорам ва гумон ҳам надоштам, ки дар ин шаҳр чунин ҳодиса шавад. Зеро дар Тотористон ҳамаи миллатҳо хешро дар хонаи худ эҳсос мекунанд, - мегӯяд раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳр Зоирхон Каримов (ҷарроҳе, ки ҳаёти даҳҳо нафарро наҷот додаст).

Бино ба иттилои ба мо расида, бархе аз гумонбарон дастгир шудаанд. Яке аз онҳо ҳамакнун ҷинояташро гувоҳӣ додааст. Онҳоро бо шарти адами сафар раҳо кардаанд.

Рӯзномаи "Новые известия" (Иттилооти тоза) гузориши Дафтари ҳуқуқи инсон дар Маскав дар бораи ҷиноёти содиршуда дар асоси ксенофобия аз январ то сентябри соли 2009-ро интишор намуд. Теъдоди қурбониёни бадбинии нажодӣ дар муқоиса ба соли пеш коҳиш ёфтааст. Навмиллатгароёнро соли охир ба муддатҳои бештар ба зиндон маҳкум мекунанд. Аммо як тамоюли нав: нажодпарастон даст ба амалиёти даҳшатафканӣ (террористӣ) ва аъмоли барбарӣ мезананд.

Дар ин гузориш омадааст, ки аз оғози январ то 30-юми сентябри соли 2009 миллатгароён 181 ҳамлаву ҳуҷум анҷом додаанд. Дар натиҷа 59 нафар кушта ва 235 тан маҷрӯҳ шуданд. Дар муқоиса ба ҳамин муддат дар соли 2008 теъдоди қурбониён ба таври малҳуз коҳиш ёфтааст: он вақт 100 тан кушта ва 308 нафар захмӣ шуда буданд.

Бештари ҷиноятҳо дар соли 2009 монанд ба соли 2008 дар минтақаи Маскав (25 кушта ва 109 захмӣ), дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (8 кушта ва 25 маҷрӯҳ) ва ҳамчунин дар Челни ва Нижний Новгород ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар миёни қурбониён бештар шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон мебошанд.

Коршиносон "лидерӣ"-и ғамбори русҳои этникӣ (дар рӯйхат дар ҷойи дувуманд - 5 куштаву 9 захмӣ)дар рӯйхати кушташудагонро бо он тавзеҳ медиҳанд, ки ҳамлаҳои пайдарпай ба намояндагони ақаллиятҳо ба падидаҳои ҷавобии миллӣ гардиш мегирад. "Одамон мусаллаҳ шудан мегиранд, онҳо дигар тоби хушунат аз ҷониби саркалҳоро надоранд", - шарҳу тавзеҳ медиҳад мудири Дафтари ҳуқуқи инсон дар Маскав Александр Брод ба рӯзномаи "Новие известия".

Шумораи маҳкумшудагон ба далели бегонабадбинӣ дар соли 2009 як маротиба бештар шудааст. Аз январ то сентябри соли 2009 230 нафар маҳкум шудаанд, ки нисбат ба соли 2007 яку ним баробар бештар мебошанд. Дар ин сол 52 миллатгаро ба муддати аз 5 то 25 соли зиндон ва 50 нажодпараст аз 1 то 5 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум шуданд. 61 ҷинояткори дигар шартан маҳкум гардидаанд. Бархе омилони иғвогарӣ ҷарима супурданд ва барои бархе ҳам "табобат" тавсия шуд.

Ҳамзамон А. Брод афзоиши ҷазо ва коҳиши ҷиноятро ба ҳам рабт надода, инро иттифоқи назар медонад. "Дар шароити бӯҳрон бозсохти идеология ва ташкилоти калсарҳо сурат мегирад, - мегӯяд ҳамсӯҳбати рӯзнома. - Ҷавонон бо завқу шавқи зиёд ба идеяҳояшон муносибат мекунанд. То мушкилоти мавҷудаи муҳоҷират ҳалли худро наёбанд, ҳатто бо таҷрибаи фаъоли истифодаи ҳуқуқ мо наметавонем комёб шавем". Ин ҳомии ҳуқуқ ёдовар мешавад, ки дар вақтҳои ахир нажодпарастон аз қатл ба терроризм гузаштаанд: "Ин дигар куштори одӣ нест. Худи ҷавонон ҷиҳозҳои таркишдиҳанда месозанд, алайҳи милиса аъмоли зӯроварӣ нишон медиҳанд".

Бо хулосаи охирони ҳомии ҳуқуқ баҳс кардан душвор аст. Милиса дар Русия барои ҳама, ҳам бегонагон ва ҳам худиҳо дарди сар шудааст. Мо ҳанӯз барвақт навишта будем, ки соли 2004 дар истгоҳи "Соколники"-и метрои Маскав корманди милиса Рустам Байбекови бебилетро ҳадафи тир қарор дод. Тир ба даҳони қурбонӣ расида, аз гарданаш гузашта буд. Дар бораи он, ки соли 2007 дар шаҳри Екатеринбург (вилояти Свердловски Русия) ду милиса шаҳрванди Тоҷикистонро боздошту ғорат карданд, навишта будем. Вақте, ки ӯ аз милисаҳо ашёи худро талаб кард, ӯро ба ҷангал бурданду дар онҷо паронданд. Даҳҳо ҳодисаи ба ин монанд ҷой доранд. Вақте милисаҳо инро аз ёд мебаранд, онро аз нав такрор мекунем. Дар зер якчанд далели ифшошудаи "ҳимоят"-и милиса аз шаҳрвандони осоиштаро, ки танҳо дар соли 2009 рух додаанд, меоварем (албатта, ҳазорон ҳодисаҳои дигар ба қайд гирифта намешаванд ва маълумот дастраси мардум намешавад).

Шаби 26 ба 27-и апрели соли 2009 дар пойтахти Русия, сардори "Шӯъбаи корҳои дохилии Саритсино"-и сохтори Вазорати корҳои дохилӣ майори милиса Денис Евсюков дар ҳолати мадҳушӣ аз маводди алкулӣ дар супермаркети маскавии "Остров" бо тирҳои пистолет се нафарро ба қатл расонда, 6 тани дигарро захмӣ кард. (http://www.lenta.ru/lib/14197363/)

Дар моҳи октябри соли 2009 дар шаҳри Санкт-Петербург аъмоли як гурӯҳи муташаккили ҷинояткор иборат аз кормандони милисаи Русия, ки дар рабудан ва қатли одамони пирсол бо ҳадафи гирифтани хонаҳошон даст дошт, ифшо карда шуд. (http://www.rg.ru/2009/10/08/milicia.html) Ин даста наздик ба 30 узв доштааст.

(http://www.gazeta.ru/news/lenta/2009/11/09/n_1422 823.shtml): Дар оғози октябри соли 2009 дар шаҳри Балашихаи наздикии Маскав корманди 23-солаи милисаи рус дар ҳолати талош ҷиҳати ғорати филиали Сбербанк боздошт шуд.

Дар вилояти Челябински Урал 12-уми марти соли 2009 ҳамкори милисаи рус Василий Рукавишников дар ҷараёни моҷаро сари навҷавони соли таваллудаш 1988-ро бо корд бурид (http://www.gazeta.ru/news/lenta/2009/11/10/n_1422994. shtml).

Дар шаҳри Уссурийск се корманди милиса бо суъистифода аз ҳолати хидматиашон дар моҳи майи соли 2009 ду шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чинро ғорат карданд. http://www. gazeta.ru/news/lenta/2009/11/11/n_1423365.shtml

Дар шаҳри Тюмен ҳамкорони ОМОН-и Русия бо ҳадафи ба даст овардани молиёт ҳамлаи роҳзанонае анҷом доданд. (http://www.gazeta.ru/news/lenta/2009/11/11/n_1423494.shtml)

Дар шаҳри Маскав корманди милиса дар идораи кориаш ба номуси як зани боздоштшуда таҷовуз кард. (http://www.gazeta.ru/news/lastnews/2009/ 11/17/n_1425 363.shtml)

Дар Маскав милисаҳои маст як нафарро то мурдан заданд. (http://www.newsru.com/russia/24nov2009/bushlat.html)

… ва даҳҳо ҷиноёти дигар, ки дар инҷо зарурат ба овардани он нест.

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳангоми сафари расмии Сарвари давлати тоҷикон ба Маскав ваъда дода буд, ки барои ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тасҳилот мебахшад. Акнун возеҳ мешавад, ки манзур аз он шиддат бахшидан ба қавонини ҷорӣ будааст. Ҳамин тавр, сарвари идораи тафтишотии Кумитаи тафтишотии назди прократура (СКП)-и Маскав Анатолий Багмет пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони корӣ тартиботи гузориши дактилоскопӣ ва ДНК роҳандозӣ шавад. Дар ин бора Интерфакс иттилоъ дод.

"Дар ҳоли ҳозир органҳои ҳифзи ҳуқуқ наметавонанд раванди муҳоҷиринро ба танзим дароранд", - мегӯяд сарвари Кумитаи тафтишотии назди прократураи Маскав. Ба гуфтаи вай соли 2009 дар Маскав 530 куштор ва 2200 амали таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст. Бино ба гуфтаи Багмет наздик ба 70 %-и аъмоли таҷовуз ба номус ва 30%-и қатлу кушторро муҳоҷирини аз кишварҳои хориҷии наздик анҷом додаанд. Ба иловаи гузориши дактилоскопӣ ва ДНК, тафтиши ҳаррӯзаи қайди ҷойи зист ва иҷозаи кори муҳоҷирин ҳатмист, - мегӯяд сарвари СКП-и Маскав.

Дар нӯҳ моҳи соли 2009 беш аз 570 ҷасади шаҳрвандони тоҷик, ки берун аз хоки ватан ҷон додаанд ба кишвар оварда шудааст, - гуфтааст сарвари идораи омори демографӣ ва шуғли аҳолии Кумитаи давлатии омори ҶТ Елена Кислитсина ("Азия-Плюс" аз 15 октябри 2009). Ба гуфтаи вай, агар нодории баъзе хешовандон барои овардани аҷсоди наздиконашонро ба назар бигирем, мумкин аст, теъдоди мурдагон зиёдтар бошад. Ӯ ёдовар шудааст, ки дар соли 2008 ба Тоҷикистон 731 кафани рӯҳин бо аҷсоди шаҳрвандони ин кишвар оварда шудааст.

…Як чизро бе шубҳа метавон тасдиқ кард: ҳамаи рӯйдодҳо дар Русия далели онанд, ки мо бори дигар мешунавем, ки "Русия - барои русҳо" аст.


Турко ДИКАЕВ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97