АБДУЛЛО ҲАБИБОВ: БАҲМАНМОҲ БОЯД БАҲОИ ВОҚЕЪӢ БИГИРАД

Сиёсат 03.02.2010 18:42

Вақте амр қонунро иваз мекунад… Унвони китобест, ки ба хотираи қурбониёни баҳманмоҳи хунин бахшида шудааст. Дар 20 умин сол аз гузашти воқеоти хунини феврали соли 1990 Бунёди ҷамъиятии Дӯстони Русия рӯзи 2 феврал дар шаҳри Душанбе ин китобро, ки маҷмуъи мақолоти шоҳиди аслӣ ва яке аз онҳое, ки хукумати вақт хост барои рӯпуш кардани заъф ва иштибоҳоти худ ӯро ҳам қурбони дасиса кунад, генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибовро дар бар мегирад, муаррифӣ кард.

Абдулло Ҳабибов, муаллифи ин китоб дар маҳфили рӯнамоии китобаш гуфт, ки ҳадаф аз нашри ёддоштҳо баёни ҳақиқати ҳодисаҳои соли 1990 мебошад, ки як давраи муҳим ва сарнавиштсози миллати тоҷик аст, ки ҳанӯз баҳои воқеӣ нагирифтааст. Баҳои воқеъӣ ба он замон ва ҳаводисе, ки пойин намехост ва боло идора карда наметавонист.

Баҳманмоҳи хунин мояи нанги тоҷикон шуд ва эътироф накардани иштибоҳоти давлатмардони вақт ва баҳои воқеъӣ надодан ба он боис шуд, ки фоҷиа доман бизанад ва порчае аз таърихи тоҷиконро барои ҳамеша бо номи ҷанги шаҳрвандӣ сиёҳ кунад.

Саттор Турсун, ки ба китоби «Вақте амр қонунро иваз мекунад…» сарсухан навиштааст, зимни муаррифии ин китоб гуфт, ки ин фурсат фаро расидааст, ки бояд рози ниҳони ҳодисаҳои февралии солҳои 90-уми асри бист барои наслҳои баъдӣ ва имрӯз ифшо шавад. Ва ин аввалин қадами Абдулло Ҳабибов дар баёни ҳақиқати таҳаввулоти солҳои ахири шӯравӣ ва баҳманмоҳи соли 1990 мебошад. Ӯ афзуд: «Ман он воқеаҳоро як фоҷиаи миллӣ меномам, зеро касоне ки қурбон шуданд, фарзандони миллати тоҷик буданд ва миллати мо набояд онҳоро фаромӯш кунад».

Ин китоб маҷмаъи мусоҳибот ва мақолоти Абдулло Ҳабибовро аз соли 1990 то ба ин сӯ дар бар дорад, ки бештари матолиби ин китоб дар нашрияи «Миллат» интишор шудаанд.

Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки дар шумораҳои оянда мусоҳибаи ихтисосии «Миллат»-ро бо Абдулло Ҳабибов барои шумо азизон пешкаш кунем.

Ба умеде, ки қонун амрҳоро бекор кунад.


«Миллат»
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97