БА КУРСИИ РАИСИ ПОРЛУМОН КӢ ТАКЯ МЕЗАНАД? Шукурҷон Зуҳуров ё Давлат Усмон?!

Сиёсат 01.02.2010 13:55

Пешниҳод шудани Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчун номзади интихоботии ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагон дар ҳафтаи гузашта барои расонаҳои хабарии хориҷӣ аз мавзӯоти хабарсоз буд. Дар конфронси минтақавии ҲХДТ номзадии Зуҳуров аз ҳавзаи Рашт пешбарӣ шудааст. Дар ҳоле Шукурҷон Зуҳуров дар ин ҳавза номзад пешбарӣ шуд, ки дар ду рӯзи қабл аз ин Давлати Усмон, яке аз чеҳраҳои саршинос ва аз сарони Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷик низ аз ин ҳавза тариқи худпешбарӣ номзадии худро барои ишғоли курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон муаррифӣ кардааст.

Аз рӯйи қонуни нонавиштае номзади баранда аз ҳавзаи Рашт, ба эҳтимоли зиёд аз номзадҳои аслии курсии раиси порлумони кишвар низ хоҳад буд. Ҳанӯз аз замони давлати Шӯроҳо то кунун ин суннат шикаста нашудааст, ба истиснои чанд мавриди кӯтоҳе, ки ин курсиро намояндагони дигар манотиқ фатҳ карда буданд, ҳамеша ба ин курсӣ намояндаи минтақаи шарқи Тоҷикистон такя задааст.

Дар ду навбати ахир Сайдулло Хайруллоев ҳам, ки раёсати Маҷлиси намояндагонро бар ӯҳда дорад, маҳз аз ҳамин ҳавзаи интихоботӣ вакил будааст.

То замони омода шудани ин гузориш аҳзоби дигари сиёсии кишвар номзадҳои худро аз ин ҳавза ҳанӯз пешбарӣ накарда буданд. Ҳадс зада мешавад, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ин ҳавзаи интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагон номзади худро пешниҳод нахоҳад кард.

Ба гумони ғолиб, ин ҳавза мавзеи набарди ин ду номзади воқеан ҳамвазн хоҳад буд ва пуршиддатарин муборизаҳои интихоботӣ маҳз дар ҳамин ҳавза хоҳад буд ва чашми нозирони интихоботӣ низ маҳз ба он дӯхта хоҳад шуд.

Соҳибназарон бар онанд, ки Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз сиёсатмадорони ботаҷриба ва бособиқа дар саҳнаи сиёсии кишвар буда, дар сулҳи тоҷикон нақши муҳим дошт ва аз нафарони содиқи Президенти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бархе аз соҳибназарон пешниҳоди номзадии Шукурҷон Зуҳуровро як интихоби дуруст ва худи ӯро як шахси шоиста унвон кардаанд.

Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров зодаи деҳаи Миёнадуи минтақаи Вахёи ноҳияи ҳозираи Тавилдара буда, ба саҳнаи сиёсии кишвар дар аввали солҳои 90-уми ворид шудааст. Ӯ дар ноҳияи Комсомолободи пешина раиси кумитаи иҷроия ва баъдан раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолиро дар назди ҳукумат бар ӯҳда дошт.

Вай баъдан се навбат вазири меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар таъин шуд. Шукурҷон Зуҳуров дар нахустин даври гуфтушунидҳои байни тоҷикон, ки дар моҳи апрели соли 1994 дар Маскав доир шуд, раҳбарии ҳайати ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Аз фазои қаблазинтихоботии кишвар чунин эҳсос мешавад, ки аслан мубориза миёни ҳизби халқии ҳоким бо дигар аҳзоби мухолиф дар ҳавзаҳои инфиродӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳизби ҳоким дар ин даври интихобот бештар рӯйи номзадҳои собиқадор ва озмуда ҳисоб кардааст, чун то имрӯз ба назар мерасад, ки ҲХДТ номзадҳои худро санҷида ва бар вазни номзадҳои мухолиф баркашида ва танҳо пас аз муаррифӣ шудани номзадҳои рақиб номзадашонро эълом доштаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон низ аз ҷониби созмони шаҳрии ин ҳизб дар Конибодом ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ гуфт, ки дар конфронси ғайринавбатии созмони шаҳрии ҳизб дар Конибодом номзадии муовини ҳизб Шокирҷон Ҳакимов пазируфта шудааст.

Дар ҳавзаҳои интихоботии инфиродии Бадахшон хомӯшии сабқати пешазинтихоботиро Ҳизби сотсиал-демократ халалдор карда, аввалин шуда намояндаи худ Алим Шерзамоновро дар ҳавзаи интихоботии № 41 номзад кард.

Дар ҳамин ҳол бо наздик шудани санаи хатми сабти ном довталабони асосӣ дар ҳавзаҳои интихоботии Хоруғ ва Ванҷ муайян шудаанд.

Дар ду ҳавзаи интихоботии Бадахшон 9 нафар барои ишғоли ду курсии порлумон вориди сабқати интихоботӣ шудаанд, ки чор нафарӣ номзад дар ин ҳавзаҳои интихоботӣ мубориза хоҳанд бурд

Мирганд Шабозов, раиси Кумитаи омори Тоҷикистон, номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии инфиродии 41-и Хоруғ пешбарӣ шуд. Номзадии Мирганд Шабозовро вакилони конфронси минтақавии бахши вилоятии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Хоруғ дастгирӣ кардаанд.

Қаблан интизор мерафт, ки ҳавзаи инхоботии ҷумҳуриявии Хоруғ ба майдони сабқати асосии намояндагони ин ду аҳзоб - халқии демократӣ ва сотсиал-демократ табдил меёбад. Зеро масъулини бахши вилоятии ҲНИТ гуфтаанд, ки онҳо чун нишонаи ҳамраъйӣ дар ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии Хоруғ номзадашонро вориди сабқат нахоҳанд кард. Аммо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ дар ин ҳавза номзади инфиродии худ Алидод Чароғабдолов, мудири китобхонаи ин вилоятро пешбарӣ кардааст. Ҳамчунин ба таври худпешбарӣ Мирзоҳусейн Ғуломҳусейнов, менеҷери Ширкати "Помирэнержӣ" дар ноҳияи Ишкошим дар ин ҳавза номзад шудааст.

Дар ҳамин ҳол гумон мерафт, ки дар ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии № 40-и Ванҷ намояндагони аҳзоби халқии демократӣ ва назҳати исломӣ барои соҳиб шудани курсии порулмон аз ин ҳавза талош хоҳанд варзид.

Конфронси минтақавии Ҳизби халқии демократӣ Нарзулло Ҷонов, раиси ноҳияи Ванҷро номзад ба вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии Ванҷ пешбарӣ карда буд. Конфронси минтақавии ҲНИТ бошад, дар маркази ноҳияи Ванҷ Мирзораҳим Кузов, аъзои раёсати олии ин ҳизбро, номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардааст. Ахиран ба таври худпешбарӣ Ниёзбек Рамазонов, сардори раёсати роҳи ноҳияи Шуғнон ва Шамсмуҳаммад Назриев, сардори раёсати нақлиёт ва роҳҳои ВМКБ ба сабқат ҳамроҳ шудаанд.

Аммо ахиран хабар расид, ки ба иллати напардохтани маблағи пурраи гаравпулӣ феҳрасти номзадҳои интихоботи порлумонии бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар ихтисор шудааст.

Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 19-уми январ ҳангоми тасдиқи расмии феҳрасти аҳзоб шумораи номзадҳоро коҳиш дод, зеро ин аҳзоб натавонистаанд, барои ҳар яке аз шахсони пешбаришуда гаравпулӣ пардохт намоянд.

Дар ин миён танҳо Ҳизби халқӣ-демократӣ тавонистааст, рӯйхати ҳизбии худро дар шакли пуррааш ба тасвиб расонад.

Ба ин тартиб, феҳрасти ҳизбии номзадҳо ба таври зайл тасдиқ шуд:

Ҳизби халқии демократӣ - 22 номзад

Ҳизби наҳзати исломӣ - 20 номзад

Ҳизби коммунист - 9 номзад

Ҳизби сотсиал-демократ - 7 номзад

Ҳизби аграрӣ - 6 номзад

Ҳизби сотсиалист - 3 номзад

Ҳизби демократӣ - 2 номзад

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 4 номзад

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳизбҳои сиёсӣ номгӯи аз 20 то 22 номзадро пешниҳод карда буданд.

Ҷомеаи Тоҷикистон аз ин интихобот интизороти зиёде дорад ё не, чандон пураҳаммият ба назар намерасад, зеро ҳузур наёфтани аксарияти интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳим ба иллати муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз Ватан барои пайдо кардани қути лоямут, корзори интихоботҳоро дар кишвар камранг кардааст. Аммо ба назар мерасад, ки дар баробари аҳзоби сиёсӣ давлати Тоҷикистон низ таваққуоте барои касб кардани эътимоди бештар дар арсаи байналмилалиро аз ин интихобот дорад. Таъкиди Раиси ҷумҳур дар бораи баргузории интихоботи шаффофу демократӣ ва дахолат накардани мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба он аз як сӯ ва омодагии ҷиддии Ҳизби ҳокими халқӣ аз тарафи дигар дар ин интихобот ҷое барои гуфтани ин ҳарфҳоро дар ихтиёри соҳибназарон қарор додааст. Ба хусус ислоҳоти ҷиддӣ дар Раёсати ҲХДТ ва барканории ду чеҳраи калидии раҳбар дар ин ҳизб боис шудааст, ки ҳадс зада бишавад, ки ҲХДТ дар чеҳраи нав ба марҳилаи наве аз таърихи кишвар ворид шудан мехоҳад. Ба узвияти Кумитаи марказии иҷроияи ҳизб шомил шудани Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Раиси ҷумҳур ақидаҳоеро тақвият медиҳад, ки барои вориди сиёсати бузург шудани Рустами Эмомалӣ роҳ боз мешавад.

Дар ҳоле ҲХДТ Рустами Эмомалиро вориди саҳнаи интихобот мекунад, ки ҲНИТ низ дар феҳристи ҳизбиаш ба интихоботи қарибулвуқӯъ исми Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нуриро ҷо додааст.

Аммо қаблан, ки гуфта мешуд, мумкин аст Муҳаммадҷони Нурӣ аз ҳавзаи инфиродии Вахш низ номзад хоҳад шуд, ки ахиран ӯ аз ин рақобат сарфи назар кардааст.

Акнун танҳо мебояд интизор буд, ки дар ИНТИХОБОТ -2010 раъйи мардум баранда мешавад ё тақаллуб.


"Миллат"
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97