ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД!

Сиёсат 30.01.2010 15:34

Ба таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири Корҳои Хориҷии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи Абдумаҷид Достиев, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Ба номи худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша бад нагзарад.

Қалам ба даст намегирифтам, агар ба дилсӯзии Раиси Ҷумҳур ба Миллат ва Ватан бовар намедоштам. Чандин бор бароям муяссар гашт, то бо Раиси Ҷумҳур сӯҳбат ва дидор дошта бошам.

Аввалин бор замоне, ки банда дар Ҷумҳурии Исломии Ирон донишҷӯ будам ва он рӯзҳо гуфтугӯи миёни тоҷикон барои оштӣ ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон мегузашт, ба чашми худ дидам, ки баъд бо ҳамдигар оғуш кушодану оғуш гирифтан Раиси Ҷумҳур ва устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз чашмони ҳар ду ашк мерехт. Аз ҳамон лаҳза ояндаи беҳтареро бо доштани ҳамчунин сарвар умедвор будам. Баъд аз ин замони донишҷӯиямон дар Маскав бо ӯ вохӯрӣ доштем ва боз чандин бори дигар дар ҷаласаҳо ва дидорбиниҳо.

Кас агар ба суханронии Раиси Ҷумҳур диққат бидиҳад, метавонад мушоҳида намояд, ки тамоми суханҳои он кас аз сидқ берун меоянд. Ва низ дар садоқати ин суханрониҳо ҳеч шакку шубҳае нест. Танҳо барои пиёда намудани ин барномаҳо командае лозим дорем, ки мисли банда ва ҳазорон нафари дигар ба садоқат ва ҷиддӣ будани ин суханҳо аз сидқ бовар дошта бошанд.

Барои кам касоне шояд маълум нест, ки имрӯз қисмати зиёде аз муҳоҷирини тоҷик рӯзҳои бадтарини умри худро дар кишвари ба мо "дӯст ва шарики стратегӣ - Русия" мегузаронанд.

Ҳатто баъзе аз масъулини ин кишвар ин ҳолатро метавонанд таъйид намоянд. Мувофиқи омори таъйидшуда, солона мо аз ин кишвари ба мо дӯст 600 то 700 ҷаноза (ҷасад) қабул мекунем. Яъне шароит ғайри қобили қабул аст. Ҳамин ҳолатро ба назар гирифта, мо як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик якуним сол қабл ҳаракате бо номи Созмони Ҷавонони Равшанфикри Тоҷикистон дар Русияро ташкил намудем. Ҳудудан ҳазор нафар аъзо дорем. Барномаҳои ташкилоти мо танҳо аз фаъолиятҳои гуманитарӣ иборат мебошад. Миннат ба даргохи худованд нашавад, имрӯз қариб ҳар як тоҷики Маскав ва ё берунтар аз он дар бораи ташкилоти мо иттилоъ доранд. Мо ба як хулосаи ниҳоӣ омадем, ки агар худамон аҳволро тағйир надиҳем, ҳеч каси дигар наметавонад аҳволи моро тағйир бидиҳад.

Кас нахорад пушти ман,

Ҷуз сари ангушти ман.

Баъзан ташкилоти мо барномаҳои фарҳангӣ низ мегузаронад. Аз қабили шаби фарҳангӣ ва ёдбуди Алома Иқболи Лоҳурӣ. Дарсҳое ҳам ба монанди ҳофизшиносӣ, бедилшиносӣ, таърих ва омӯхтани қавонини кишвари Русияро дорем. Вале то имрӯз расмият пайдо накардаем, зеро барои мо лозим набуд, ки худамонро реклама ва таблиғ намоем. Ва то як андозае мардуми кӯмакталаби муқими Маскав ба мо бовар ҳам доранд, ки шабу рӯз занг зада, кӯмак талаб менамоянд. Ва мо маҷбур мешавем, то ба ниҳодҳои давлатии ин кишвар ва ё ба сафорат ва ё консулгарии Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат намоем. Аксари вақт мардум аз надонистани ҳуқуқҳои шахсии худ зери шат ва лату кӯби милисаҳои рус қарор мегиранд. Бисёре аз касоне, ки ба мо занг зада кӯмак мехоханд, дар мавриди ҳуҷҷат ҳеч мушкилӣ надоранд. Танҳо ба хотири пул рӯёнидан онҳоро бурда, як ё ду рӯз бандӣ месозанд.

Чун банда худ мутахассиси муносиботи байналмилал ҳастам ва аз ҳуқуқ ва қавонини Русия ва қонунҳои байналмилал бохабарам, медонам бо милисаҳо чи тарз сӯҳбат намоям. Шояд ба ҳамагон маълум бошад, ки яке аз аввалин вазифаҳои сафорат ва консулгарӣ дар кишвари хориҷӣ ин дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ мебошад. Ва мувофиқи конвенсияҳои байналмилалӣ замони боздошти шаҳрванди хориҷӣ пулис аввалин коре, ки бояд анҷом диҳад, ин хабар расонидан ба консулгарии он кишвар мебошад. Яъне дар робита бо боздошт аввалин касе, ки хабардор мешавад, ин консул аст. Ва вазифаи консул аст, ки шабу рӯз дар хидмати мардум бошад. Ҳангоми боздошти шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз он ки шаб аст ё рӯз, бояд дар он макон ҳозир шавад. Ва то ҳал шудани мушкил, дар ҷараёни кор бошад. Аз он чизҳое, ки банда номбар кардам, шояд консули тоҷик дар Маскав ва ё коргарони он худашон хабар надошта бошанд. Мо дар муддати даҳ соле, ки дар Маскав ҳастем, то ҳол ёд надорем, ки консули тоҷик(!) барои кадом шаҳрванде, кадом кореро анҷом дода бошад. Банда чандин боре, ки бо мушкилӣ ба ҷаноби Ҷӯрахон Қурбонов, консули тоҷик дар Маскав муроҷиат кардам, на танҳо ҷавоби рад, балки ҳақорат ҳам шунидам.

Таърихи 07.12.2009 дар дафтар нишаста будам, ки ногоҳ як ҷавоне бо илтимос вориди утоқи кориам шуд. Ӯ мегуфт, ки додараш аз Тоҷикистон бо воситаи ҳавопаймо омадаасту зиёда аз 7 соат шудааст, ки аз фурӯдгоҳи Домодедово набаромадааст. Ногоҳ ронандаи таксие, ки мунтазири ин шаҳрванди Тоҷикистон буд, занг заду гуфт, ки ӯ аз ин зиёд наметавонад мунтазир бошад, зеро ҳар соати мунтазирӣ дар истгоҳи мошин, 150 рублро ташкил менамояд. Яъне бар замми он 1500 рубле, ки шумо ба ман додаед, боз ҳамин миқдор зам менамоед, мегуфт ронанда. Бечора ин бародар гирён буд ва намедонист, ки чӣ кор кунад, зеро дигар пуле дар кисааш надошт.

Мувофиқи қонун намояндаҳои ширкати "ТоҷикАйр" бояд қазияро думболагир шаванд ва маълум намоянд, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо чӣ сабаб боздошт шудааст. Банда бо ронандаи таксӣ маслиҳат додам то ба онҳо муроҷиат намояд. Мутаассифона ҳеч нафаре аз намояндагонро ӯ пайдо карда натавониста, боз ба ман занг зад. Хеле илтимос мекард, то ман ба ӯ кӯмак расонам. Банда маҷбур будам, ба консулгарӣ занг зада, кӯмак бихоҳам.

Вақте ба консулгарӣ занг задам, гӯширо худи ҷаноби Ҷӯрахон Қурбонов гирифт. Чун банда пештар ҳам бо ин ҷаноб сӯҳбат доштам, аз тарзи сӯҳбаташ бо мардум огоҳ будам. Банда ба ӯ қазияро баён доштам. Ҷанобашон ба ҷои маслиҳат додан, ба пурсу поси ман шурӯъ намуданд: - Шумо кӣ, аз куҷо ҳастед, барои чӣ ва моли кӣ ҳастед?! Ҳарчанд кӯшиш мекардам то ба ҷаноби олӣ фаҳмонам, ки бародарон ба хотири кӯмак ба мо муроҷиат намудаанд, ҷанобашон инро шунидан ва фаҳмидан намехостанд, ки як тоҷике метавонад, бидуни ҳеч ғаразе ба як тоҷики дигар кӯмак расонад. Танҳо ва танҳо ба хотири мансубияташ ё тоҷик буданаш. Ҷанобашон суол мекарданд, ки шумо худатон кӣ ҳастед, ки боз ба шумо барои кӯмак муроҷиат мекардаанд. Хулоса дар нисфи аз сӯҳбат пули телефони дастии банда тамом шуду боз телефони дастии нафари дигареро гирифта, сӯҳбатро давом додам. Наздики 15 дақиқа сӯҳбат доштем, вале натавонистем, консули тоҷикро бовар бубахшем, ки ҷавони 21 солаи тоҷик, ки 7 соат боз бандӣ аст, бегуноҳ мебошад. Бубинед, агар мо тоҷикон ба бегуноҳии шаҳрвандони худамон бовар надошта бошем ва ҳар нафареро, ки пулис ӯро барои чанд соат ё чанд рӯз боздошт намудааст, тӯҳмат ба ҷинояткор будан намоем, пас мо аз пулиси рус чӣ фарқият дорем? Гузашта аз ин, аз сафири тоҷик, устоди мӯҳтарам Абдумаҷид Достиев, аз Вазири Корҳои Хориҷии Тоҷикистон, мӯҳтарам Ҳамрохон Зарифӣ ва низ аз Ҳукумати Ҷумҳурӣ пурсиданиам, ки магар шахсе ҷиноят содир намуд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон хориҷ мешавад? Магар Раиси Ҷумҳури Амрико набуд, ки барои як шаҳрванди ҷинояткораш, ки дар маҳбаси Русия 3 моҳ бандӣ шуда буд, дархосту илтимос намуд, ки ӯро озод намоянд?

Гумонам ин аст, мушкили мо ҷанобон, ки худамон ба худамон бовар надорем, пас мунтазири онро дорем, ки як миллати дигар ба мо эҳтиром гузорад. Ман боварӣ дорам, агар каме ҳам бошад, намояндагии Тоҷикистон дар Русия кор мекарданд, ҳеч гоҳ пулиси ин кишвар ба худ иҷоза намедод, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон ин гуна рафторро дошта бошанд.

Нафари дигаре, ки бародараш номзади илм буда ва бештар аз 6, 5 сол, ки дар маҳбаси Русия бандӣ будааст, ба хотири як нома ба мо муроҷиат намуд, то кӯмак намоем. Вақте банда бо раиси маҳбасхона телефонӣ сӯҳбат кардам, ӯ гуфт, ки ин ҳуҷҷат лозим аст то ба суд пешниҳод намоем, ки он маҳбус пеш аз муҳлати таъйиншуда озод шавад. Банда бо мушкилиҳои зиёде ба утоқи кории ҷаноби Қурбонов дохил шудам. Вақте ба ҷанобашон қазияро баён намудам, маро боз суолборон карданд. Танҳо бо як савол ҷанобашон маро ба нокдаун фиристод. Ин ҳам бошад, "ту худат кӣ, ту худат кӣ". Хулоса маро аз ғурфаи ҷаноби консул кашон - кашон ба берун партофтанд. Дар берун хунукии зимистон 15 дараҷа сармо ҳукмрон буд. Худ ба худ ба фикр фурӯ рафтам. Гармии утоқи кории консулро пеши назар овардаму аз хунукӣ ларзидани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар берун, ки ба хотири коре ба он ҷо омада буданд. Ба худ гуфтам, оё шахсе, ки дар утоқи гарму нарм нишастааст, парвои хунукиро дорад? Дар урфият гуфтаанд; "серро чӣ парвои гурусна". Чун ба ман гуфтанд, ки ту худат кӣ ҳастӣ, ки ҳуҷҷат талаб менамоӣ, бояд хешу табораш биёянд, баъд аз чанд рӯз бародари он шаҳрванди маҳбус ба консулгарӣ омад, вале ба ӯ ҳам ҳуҷҷатро надоданд. Хулоса ба мо муяссар шуд, то воситаҳои зиёдеро ба кор андозему он маҳбуси 58 соларо аз зиндон берун биёварем. Вале натавонистем, меҳру муҳаббати он бародарро нисбати ватанаш зиёд гардонем. Чунки пайваста мегиристу мегуфт, ки мо ба ватан лозим нестем.

Суоле ба миён меояд, ки ин ҳама сидқу садоқати Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон куҷою он ҳама бесадоқатию бемеҳрию такаббурии консулгарии Тоҷикистон дар Русия куҷо?! Яъне бубинед, ормонҳои Раиси Ҷумҳурро чи тавр ниҳодҳои ҳукуматӣ пиёда менамоянд(!).

Албатта банда ҳаққи пурсиш надорам, ки аз ҷаноби консул бипурсам, ки ин ҳама соле, ки дар ин кишвар кор мекунед, чӣ кореро ба сомон расонидед? Ва намедонам ба хотири кадомин хидмат ҷаноби консули мо Ҷӯрахон Қурбонов ҳеч иваз намешаванд?

Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки зиёда аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар манзилҳои махсуси нигаҳбонӣ (спецприем) моҳҳо ва баъзеҳо ҳатто ба сол мунтазири депортатсия мебошанд. Бовар кунед, баъзеи аз онҳо моҳҳо чизе тановул намекунанд. Зеро таъоме, ки ба онҳо дода мешавад, қобили хӯрдан нест. Мехостам аз ҷаноби консул бипурсам, ки оё шумо боре аз аҳволи ҳамон бечорагоне, ки моҳҳо дар интизори депортатсия дар маҳбас менишинанду маоши шумо аз ҳисоби киссаи онҳост, хабар гирифтаед?

Ҷавонони баномуси тоҷике, ки даъвати моро қабул карданд, моҳона чанд ҳиссае аз даромади худашонро ба ҳисоби ана ҳамон бечорагони мунтазир мегузаронанд. Шумо ҷаноби консул метавонед аз худи ин бечорагон пурсон шавед, агар кибру ғурурро як сӯ гузоред. Баъди бастани фаъолияти "Черкизбозор" милисаҳои гирду атрофи он, ҳар тоҷикеро ба чанг меоваранд, то се чор рӯз нигоҳ медоранд. Шояд, ки кадом хешу табораш омада, харида бубарад. Ва сари ҳар нафар нархи муайянеро мемонанд. То замони дар он ҷо буданашон ба онҳо хӯрок намедиҳанд. Баъзеашонро аз худи ҳамон милисахона рост ба бемористон мебаранд. Ана ҳамин ҷавононе, ки шумо ҳар бор ту худат кӣ гуфта мепурсед, гурӯҳе ташкил намудаанд ва дар давоми ҳар ду се рӯз ҳамон милисахонаҳоро ҷустуҷӯ карда мебароянд, ки мабодо тоҷике аз гуруснагӣ намирад. Агар каме ҳам бошад, бо як бурда нон таъмин менамоянд.

Вақте шунидам, ки ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ ва дигар кишварҳо шартнома барои муҳоҷирати корӣ бастааст, хеле хурсанд гаштам. Чун дар ин ҷо фоида аз ду ҷониб ба даст меояд. Яке ин, ки муҳоҷирин аз дасти пулисҳои судхӯри Русия ва ҳақорату дашноми онҳо, дигаре аз дасти ҳамчунин масъулоне, ки вазифаашонро дар утоқи гарм нишастану ба коғазпаронӣ машғул будан, анҷомшуда меҳисобанд, халосӣ меёбанд.

Такрор ҳам шавад, боз ҳам мегӯям, ки вазъиятро худи мо бояд тағйир бидиҳем. Агар ҳар тоҷики боздоштшуда аз ҷониби сафорат ва консулгарӣ пуштибонӣ пайдо мекард, вазъ беҳтар мешуд.

Таклифи банда ин аст, ки чораҳои заруриро дар ин росто дида баромадан лозим. То минбаъд ҳангоми сафар Раиси Ҷумҳур ба ин кишвар аз муҳоҷиронаш фахр намояд.

Худоё, суханҳои содиқонаи раҳбари моро амалӣ гардон. Омин!

P.S.: Пас аз иншои ин нома шунидем, ки Ҷӯрахон Қурбонов аз вазифаи консулӣ озод шуда ва аммо ноиби консул шуда кор мекунад. Вале вазъият ба сӯйи беҳӣ тағйир наёфтааст. Мо бошем, аз Ватан умеди зиёд дорем.


Иззатуллоҳ ХОЛОВ аз Русия
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97