"ҲАЛ БА ДАСТИ МУТАХАССИСОН АСТ"

Сиёсат 30.01.2010 00:00

Бо шурӯъи соли нави милодӣ чун анъана мардум интизори ҳисоботи мақомоти мухталиф ва таъйини ҳайъати нави ҳукумат аз сӯйи Раиси ҷумҳур мешаванд. Бо вуҷуди он ки дар мавриди таъйин шудани кӣ дар куҷо қаблан сарусадоҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки на ҳамаи он сарусадоҳо ба воқеият табдил мешаванд, аммо имсол интихоботи моҳи феврали Маҷлиси намояндагон ва номзад шудани аксарияти соҳибмансабон дар ин интихобот холӣ шудани бархе аз курсиҳои мансабро ба намоиш гузоштааст. Акнун танҳо ҳадс задан, ки кӣ кадом мансабро ишғол хоҳад кард, мондаасту бас.

Нуқтаи тамаркузи аксарият ишғоли ду курсии мақоми аввалия дар Ҳукумати кунуниии оқои Раҳмон мебошад.

Курсии сарвазирӣ ва раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент.

Раҳбари дастгоҳи иҷроия назорати мустақими мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои иҷроияро метавонад анҷом диҳад. Таҳияи амру фармон, барномаҳои давлатӣ ва тарҳи қонунҳо низ зери назари раҳбари дастгоҳи иҷроия сурат мегирад. Мутобиқи моддаи 69-и Қонуни асосӣ, таъсиси ин дастгоҳ аз салоҳиятҳои раҳбари давлат аст ва раиси он дар низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми муовини аввали сарвазир баробар мебошад.

Аз ин рӯ дар навбати аввал мо тасмим гирифтем, ки атрофи курсии Раиси дастгоҳи иҷроияи Президент бичархем, зеро ин мақом баландовозатар ҳатто аз мақоми сарвазирӣ то ин замон будааст, ки аксарият онро марбут ба салиқаи шахсиятҳое, ки то ин дам ба ин курсӣ такя задаанд, медонанд.

Ва боз ҳам бозсозии сиёсати кадрӣ ва таҳаввулоти фикрӣ аз ҳар ҷиҳат ба дидгоҳ, салиқа ва навъи тафаккури раҳбари дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ бастагӣ дорад. Ин аст, ки баҳси ин мақом ҳамагӣ ва расонаӣ шуда, ки чӣ касе бояд дар ин мақом таъин шавад.

Дар баробари ин ки исми Амиршо Миралиев, раиси кунунии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар феҳрасти пешниҳодии ҳизби халқии ҳоким барои номзадӣ дар сархат қарор дорад, соҳиб шудани кадом нафар ба курсии кунунии ишғолии ӯ, ки аз курсиҳои калидии ҳукумати Тоҷикистон аст, дар долонҳои ҳукумат ва расонаҳо баҳсу гумонҳоеро ба миён овардааст. Кӣ сазовори ин курсӣ аст ва кӣ онро соҳиб хоҳад шуд? Аммо посухи ин суолро танҳо Раиси ҷумҳур дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон хоҳад дод ва онгоҳ аст, ки ин баҳс хатм ва гуфтугузорҳои дигаре атрофи шахси мунтахаби Раиси ҷумҳур доман хоҳад зад.

Гуфта мешавад, Амиршо Миралиев чандин соли ахир ба унвони мушовири давлатӣ нақши муҳиме дар сиёсати кадрии президент дошт. Аммо тирамоҳи соли 2006, вақте раҳбари Дастгоҳи иҷроия таъйин гашт, ба имкон, ихтиёр ва салоҳияти ӯ афзуда шуд. Акнун Амиршо Миралиев на танҳо дар таъиноти кадрӣ, балки дар сиёсатгузориҳо низ саҳм мегирифт.

Акнун ба шиддат ҳадсу гумон дар атрофи номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом паҳн мешавад. Ва эҳтимол дорад, инҳо Раис шаванд:

Абдуҷаббор Азизов - мушовири кадрии идораи раёсати ҷумҳурӣ, ки гуфта мешавад, кадрҳои таъйинотии ҷумҳурӣ то имрӯз танҳо аз "ғалбер"-и ӯ мегузаранд ва гумонҳое низ атрофи номи ӯ садо медиҳанд, ки ба хусус дар рӯйи кор овардан ва парвариши кадрҳои нав ба нав нақши муҳимме дорад.

Абдуҷаббор Раҳмонов - вазири маориф, зоҳиран аз пуркортарин вазирони кабинаи Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҳама бештар мавриди интиқоди расонаҳои мустақили кишвар қарор гирифтааст, вале ҳамоно аз вазирони пурэнержӣ маҳсуб меёбад, ки бо ин вуҷуд аз корзор берун нашудааст ва эҳсоси хастагӣ намекунад. Мусоҳибаи ахираш бо хабарнигорон ва посухаш ба интиқодоти матбуоти мустақил аз он далолат мекунад, ки ба озодии баён эҳтиром қоил аст ва агарчӣ ҳанӯз бархе аз матбуоти мустақил аз интиқод кардани ӯ дил ях нашудаанд, ӯ аз таҳаммулпазиртарин шахсиятҳои кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин рӯст, ки овозаи омаданаш ба сари идораи Раёсати ҷумҳурӣ боиси нигаронии чандонеро дар матбуот ба вуҷуд наовардааст. Ӯ дар баҳси ҳиҷоб ҳамчунин як шахсияти хабарсоз дар расонаҳои байналмилалӣ низ буд. Бино ба ин мавзеъаш норизоятии қишре аз ҷомеъаро низ бо худ дорад.

Асадулло Раҳмонов - раиси Кумитаи РТВ, дар миёни ҳайъати кабинаи ҳукумат ҷавонтарин кадр аст. Агарчӣ муҳтавои барномаҳо, ба хусус барномаҳои телевизионӣ дар замони роҳбарии ӯ ба сӯйи беҳбуд тағйир наёфтаанд, аммо дар афзоиши шумора ва фарогирии фазо пешқадамтар аз роҳбарони қаблии Кумита будааст. Ҳамчунин аз лиҳози ороиши эстетикии биноҳои фарсудашудаи Шӯравӣ ва сохтмон бархе ӯро бартарият медиҳанд ва мегӯянд, ки ӯ сазовортарин Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ низ метавонист бошад. Фаъолияти ӯ аз дигар раҳбарони пешини Кумита бо ҷавон будан ва нирумандтар буданаш фарқ мекунад, географияи ӯ, ки барои соҳиб шуданаш ба мақоми раҳбарӣ плюс ва дар миёни интиқодгарони давлат минус ба ҳисоб меравад. Аммо тарҷумаи ҳоли ӯ аз он мегӯяд, ки ӯ аз корманди хурди эҷодӣ то ҳадди роҳбарии Кумита зина ба зина сабзидааст, танҳо сардамдорони вақт ақрабаки замонро агар сареътар тоб намедоданд, дигар мунтақидон ҳарфе барои интиқод шояд пайдо намекарданд.

Нусратулло Абдуллоев - раиси Додгоҳи олӣ, чеҳраи чандон шинохта дар миёни ҷомеа нест, вале дар миёни элитаи додгоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба унвони як мутахассис эътироф шудааст ва ҷойгоҳи худро дорад.

Сайидмурод Фаттоев - мушовири Раисиҷумҳур дар умури иҷтимоӣ, бешак яке аз бозёфтҳои мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар шинохти вақту фазо ҳушманд аст. Аз кадрҳои поёни умри Шӯравии абарқудрат мебошад, ки дар мактаби комсомолу коммунист дарси сиёсат ва интизом омӯхтааст. Садоқат ба кор ва пойбандӣ ба виҷдон аз хислатҳои ҳамидаи ӯ арзёбӣ мешавад. Ӯ кадри мактабдида ва шогирди содиқ ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои такя задан ба курсии раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент шонси бештар дорад. Содазистӣ ва хоксориву фурӯтаниаш боис шуда, ки мардум мисоли дигар мансабдорони дарозумри ҳукумат аз ӯ мутанаффир набошанд.

Ҳамрохон Зарифӣ - вазири умури хориҷӣ, агарчӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дер омада, аммо ба қавле шер омадааст. Ба хусус гардиши куллӣ дар сиёсати берунии Тоҷикистонро коршиносон маҳз ба сари кор омадани ӯ марбут медонанд. Кушодани дарҳои нав ба рӯйи сиёсати берунии кишвар низ маҳз дар номи ӯ сабт аст. Агарчӣ дар миёни элитаи сунатгаро чандон маҳбубият надорад, аммо барои технократҳо қобили пазириш аст.

Ба гуфтаи коршиносон, таблиғоти ошкору ниҳон алайҳи бархе аз ин шахсиятҳо, аз ҷумла А. Раҳмонов, дар матбуоти дохилӣ метавонад бозгӯи авҷи мубориза миёни гурӯҳҳо барои соҳиб шудан ба ин мақом бошад. Аммо коршиносон бо ин ҳама вуҷуд таъиноти шахсияти комилан ғайричашмдоштеро низ ба ин мақом баъид намедонанд. Чунончӣ дар ибтидои солҳои 2000-ум Раисҷумҳур Шӯҳрат Султоновро муддате раиси Дастгоҳи иҷроияи идораи Раёсати ҷумҳурӣ таъин карда буд.

Аммо табдилу таъинот чӣ гуна ва дар кадом вусъат сурат мегирад, маълум нест. Чизе маълум аст, ба гуфтаи соҳибназарон, ниёзи Тоҷикистон ба тафаккури нав дар шароити рӯёрӯӣ ва таҳаввулоти азимест, ки метавонад кишварро дар соли равон интизор бошанд.

Аммо суол боз ҳам ин аст, ки кадоме аз инҳо ба истилоҳ Амришо Миралиев мешавад?

То имрӯз инҳо Раисии ин мақоми калидиро дар даст доштанд:

Ҳумдин Шарифов,

Султон Мирзошоев,

Муҳаммадназар Солеҳов ду навбат,

Шӯҳрат Султонов ва

Амиршо Миралиев

Ду дастгоҳи иҷроия?

P.S: Гуфта мешавад, имкон дорад, баъд аз интихоботи МН инчунин Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ низ дастхуши тағйироти сохторӣ шавад. Феълан дастгоҳи ҳукумати иҷроия низ ҳамин ниҳод ба шумор меравад. Аммо имкон дорад, ки Дафтари раёсати ҷумҳурӣ, аз Дастгоҳи ҳукумат ҷудо шавад. Он гоҳ Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, танҳо дар хидмати сардори давлат қарор мегирад ва аслан ба сиёсатгузории давлатӣ машғул хоҳад шуд. Нақши мудохилаи мустақим бар кори мақомоти маҳаллӣ ҷузъи фаъолияти дастгоҳи ҳукумат хоҳад шуд. Аммо ин ҳанӯз фарзия аст. Шояд боз ин суол низ матраҳ шавад, ки барои як Тоҷикистони кӯчак ду дастгоҳи иҷроия чӣ даркор?


"Миллат"
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97