АГАР ЗОЙИРОВ БА ПОРЛУМОН РОҲ ЁБАД ҲУКУМАТ БУРД МЕКУНАД Ё БОХТ?!

Сиёсат 26.01.2010 13:56

ҲУКУМАТ БА ЗОЙИРОВ ШОНС ДОД

Ширкати номзадҳо ба вакилӣ аз ҲСДТ дар се ҳавза Душанбе, Бадахшон ва Конибодом ин ҳавзаҳоро ба саҳна ва майдони доғу пуршӯр ва тамошобоби интихоботи навбатии порлумонӣ бадал хоҳад кард. Ҳадди ақал намояндагони ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ маҳз дар ин ҳавзаҳо бо рақобати ҷиддӣ ва муқовимати шадиди ҳариф мувоҷеҳ мешаванд. Сотсиал-демократҳои тоҷик дар ҳоле вориди корзори интихоботӣ мешаванд, ки ба ҷуз аз нируи худ умеди дигар надоранд. Аз 8 ҳизби сиёсии кишвар танҳо ҲСДТ аст, ки намояндаи он ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пазируфта нашуд.

Воқеан, ин як рекламаи хеле ҷиддӣ барои ҲСДТ буд, ки мақомоти кишвар бо далеле, ки шояд фақат барои худашон маълум бошад, ба ҳузури намояндаи ҲСДТ дар КМИР мувофиқат накарданд. Ба таъбири дигар барои мухолифини худ ҳизби дигареро ба ҳайси як нируи сиёсии соҳибнуфуз шиносонд. Ва ин кор дуруст дар марҳалаи интихоботӣ, ки хоҳ-нохоҳ ҷомеа дар бораи аҳзоби сиёсӣ бештар аз мавзӯоти дигар сӯҳбат мекунад, рух дод. Вале аз тарафи дигар, муносибат ба ин ҳизб ҳушдорест ба мақомоти интихобот, ки ҳизбе, ки бояд берун аз назарҳо бошад, кадом аст. Аз ин дидгоҳ барои Раҳматилло Зойиров ва ҳизби ӯ ҳатто пеш бурдани мубориза дар ин сабқат ба душворӣ даст медиҳад. Барои дигар ҳизбҳо агарки чанд ҷо дар порлумон "дода" шавад, ӯ аз ин лутфу меҳрубонӣ маҳрум шудааст. Ӯ ҳатто "собиқа барои ду курсӣ"-ро, ки ҲНИТ дорад, надорад. Ӯ бояд худ бигирад. ҲСДТ агар як намоянда вориди порлумон кунад наметавон гуфт, ки ба ӯ доданд, ӯ худ гирифтааст. Ҳоло мумкин аст ҳукумат тамоми васоитро истифода ва ба кор андозад, ки маҳз ҲСДТ аз интихобот ноком берун шавад. Зеро як овози ӯ як овози зидди ҳукумат аст. Агарчанде Зойиров мегӯяд, ӯ ва сотсиал-демократҳо нируи зидди ҳукумат нестанд, аммо ҳукумат ӯро мухолифи худ шинохтааст.

ЗОЙИРОВ ҲАМКОРӢ МЕХОҲАД

Зойиров бо ин вуҷуд, ки аз ҳукумат интиқоди шадид мекунад ва машруъияти интихоботи президентро таҳти шубҳа қарор дода буд, боз ҳам омодааст, ки бо ин ҳукумат ҳамкорӣ кунад. Як бор гуфт, мехоҳад дар ҳукумати оқои Раҳмон вазири адлия бошад, бори дигар гуфт, ҳукумат ба сурати санҷишӣ роҳбарии як ноҳияро ба ихтиёри ҲСДТ диҳад, ҳоло мегӯяд, ки "юрист"-и ниругоҳи Роғун дар баробари Узбакистон дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад шуд. То чӣ андоза ин ҳарфҳо самимианд, қазоваташро ҳавволаи вақт мекунем. Вале дақиқ аст, ки баёни чунин андеша як навъ даъват ба муомила аст. Зойиров бо ин пешниҳод як воқеиятро эътироф кардааст, ки дар ниҳояти кор "ҷо" дар порлумон дар шароити имрӯза "дода" мешавад, на "гирифта".

ЗОЙИРОВ ТАҒЙИРОТ МЕХОҲАД

ҲСДТ ба фарқ аз аҳзоби дигарандеши дигар дақиқан дар талоши тағйири авзоъ аст ва бо ин ҳадаф шахсиятҳои ғайриҳизбиро ҳам даъват мекунад, ки таҳти пӯшиш ва ё пуштибонии ин ҳизб вориди корзори интихоботӣ шаванд. Барои мисол агар ҲНИТ дар ин маърака боз ҳам худ ва аъзои худро бештар таблиғ ва матраҳ мекунад, бо онки назар ба ҲСДТ шинохтатар ва аъзои зиёдтар дорад, ҲСДТ тарҷеҳ додааст, ки афроди машҳур ва саршиносро номзади интихоботӣ намояд ва бо ин васила таъкид кунад, ки дар фикри ба амал овардани як дигаргунии ҷиддӣ аст. Зеро бо ҷалби афроди мӯътабар аз як сӯ холи сиёсӣ ба даст меорад, аз сӯйи дигар паём ба мардум медиҳад, ки шароити феълиро қабул надорад ва аз сӯйи дигар, вақте чунин афрод маҳбубият ва ё рейтинги болоеро бархурдоранд, аммо дар баробари номзадҳои ҳукумат шикаст мехуранд, бори дигар бар тақаллуб ва ғиромии интихобот санад месозад. Аммо ҳоло ин масъаларо ҳам зиёд ғоз намедиҳем ва мустақим меравем ба онки аз мавҷудияти сотсиал-демократҳо дар порлумон нуфӯзи ҳукумат "кам" мешавад ё "зиёд" ва агар барои мисол дар ин се ҳавза се нафар аз сотсиал-демократҳо, ҳадди ақал дар яке аз онҳо ғолиб бадар оянд, чӣ хоҳад шуд. Фикр мекунам ҳеҷ чиз. Ҳеҷ таҳаввуле усулӣ ва бунёдӣ рух намедиҳад. Аммо дар инҷо идомаи сӯҳбат маҳз дар ин бобро қатъ мекунем, то як раҳ бубинем, ки Раҳматилло Зойиров кист ва кӣ ӯро ба ин манзалат расонидааст.

РАҲМАТИЛО ЗОЙИРОВ КИСТ?

Исми Раҳматило Зойиров баъд аз оне ки аз вазифаи мушовири калони раиси ҷумҳур истеъфо дод, расонаӣ ва мардумӣ шуд. Ӯ маҳз бо ин истеъфои худ ба худ "ном" кор кард. Ин истеъфо эътирози мустақим ба амали президенти Тоҷикистон буд. Дар ҳоле метавонист гӯшро кар кунад ва ояндаи босаодатеро соҳиб шавад. Ӯ аз баҳри ояндаи дурахшон гузашт ва роҳро ба самти ҳанӯз маълум нест, ки ба куҷо мебарад, гирифт. Яъне нони қоқи муборизи сиёсиро бар корди болои равғани дастгоҳ тарҷеҳ дод ва ба ин тартиб гуфт, ки мансабпараст ва амалталош нест.

Бори дигар боз ҳам бо масъалае номи худро дар сархати ахбор ва дар даҳони мардум андохт, вақте дар соли 2006 гуфт, ки интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ бо ширкати президенти амалкунанда муғойир бо Қонуни асосӣ аст.

Акнун, намояндаи ӯро ба Комиссияи интихоботӣ напазируфтанд. Вале тафовути Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз аҳзоби дигари мухолифи кишвар ин аст, ки он баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ташкил ёфтааст. Дар ҳар сурат ҳизбе аст, ки дар даврони раёсати Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда, санади иҷозаи фаъолиятро ҳам аз ин ҳукумат дарёфтааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки дар ташаккули сиёсии ин ҳизб худи ҳукумат саҳм доштааст. Ба чӣ далел? Далели аслӣ ва асосӣ он аст, ки ӯ- яъне Зойиров чизе дар бисот доштааст, ки президент ӯро ба командааш ҷалб кард. Ӯ аз маҳалли президент ва мушовири оид ба кадрҳои ӯ набуд. Бидуни шак интихоби ӯ тавсияи нафаре буд, ки мехост дар дастгоҳ "проффесионал"-ҳо фаъол бошанд. Ҳамин нукоти зикршуда басанда аст, бигӯем, ки наққоши симои сиёсии Зойиров дар худи болост.

ҲСДТ ЛОАҚАЛ БА ЯК

КУРСИИ ПОРЛУМОН ҲАҚ ДОРАД?

Вале акнун баргардему идома бидиҳем, ки агар ҳадди ақал як нафар аз ҳизби Зойиров дар корзори интихоботӣ муваффақ шуд, чӣ мешавад? Нахустин фарқият дар муқоиса бо интихоботҳои пешин ин хоҳад буд, ки шаффофияти интихобот зери шубҳа қарор намегирад. Ва агар фарз бар ин бошад, ки порлумони Тоҷикистон бисёрҳизбӣ мешавад, мавҷудияти танҳо як намоянда аз ин ҳизб ҳузури чанд намоянда аз ҳизбҳое чун ислоҳоти иқтисодӣ, аграрӣ ва сотсиалистиро ҷуброн мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба онки ниругоҳи Роғун бояд бо дасту пули мардуми тоҷик бунёд шавад ва бо таваҷҷӯҳ ба онки касе аз берун даъватҳои роҳбарияти кишвар барои ширкат дар ин тарҳро лаббайк нагуфт, айни вақт аст, ки аз ин ҳизб намоянда ба порлумон ворид шавад. Ҳузури намояндагони аҳзобе чун ислоҳоти иқтисодӣ, аграрӣ ва сотсиалистӣ, ки зикрашон пештар рафт, бисёрҳизбии порлумониро дар пиндори созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ ифода намекунад, магар инки як намоянда аз ҲСДТ бошад. Ва бо назардошти ин воқеият ворид шудани намояндагони ҲСДТ то ҷое барои аз инзивои байналмилалӣ берун омадани кишвар мусоидат мекунад. Ҷомеаи байналмилалӣ бар ин бовар мешавад, ки давлати Тоҷикистон ба самти демократия ҳаракат мекунад. Ба таъбири дигар Тоҷикистон чеҳраи "давлате рӯ ба демократия" -ро соҳиб мешавад, ки метавонанд ба унвони намуна барои кишварҳои минтақа матраҳ кунанд. Имиҷи чунин мақоми ифтихориро бо ҳузури як-ду намоянда аз ҳизби мухолиф дар порлумон ба даст овардан ба манфиати давлат хоҳад буд. Бале, маҳз дар порлумон ва аз тариқи интихобот. Зеро ҷомеаи байналмилалӣ ба маъракаҳое чун интихобот ва мурооти мавозини демократӣ дар он аҳамият қойиланд. Ҳоло, ки Русия ва ҳамин тавр Узбакистон дар садади коҳиши тирагии равобит бо Тоҷикистон нестанд, баргузории интихобот бо чунин натоиҷ муносибати ҳасанаи кишварҳои пешрафтаи демократӣ бо Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ва агар ин нуктаро ҳам ба инобат бигирем, ки Зойиров "одам"-и созмонҳои байналмилалист ва ҳукумат онро дар порлумон пазируфтааст, ҷилави танқидҳои эҳтимолии интихоботи ғайридемократӣ гирифта мешавад. Афзун бар ин ҳамаи нируи мухолиф даври ҳукумат меоянд. Аз нируи фурсатталаб ба нируи масъул дар анҷоми барнома ва аҳдофи миллӣ на танҳо дар чаҳорчӯби тарҳҳои ҳизбӣ, балки давлатӣ табдил мешаванд. Яъне як ҳиссае аз бори масъулияти давлат ба дӯши онҳо гузошта мешавад.

ҲСДТ ДАР ПУШТИ

ШОНАҲОИ ЗОЙИРОВ

Вале аз сӯйи дигар ҲСДТ то ҳанӯз таҳти обрӯ ва нуфузи муассис ва раиси худ ҳаракат дорад. Яъне ҳизбе дар меҳвари як шахс аст. Чунончи, чунин вазъ ҳоло хоси ҲХДТ аст, ки ҳама нуфуз ва мақомаш вобаста аз мақому мартабаи раиси он аст. Аз ин дидгоҳ суоле ҳам халқ мешавад , ки Зойиров то чӣ сатҳе метавонад боло равад. Бале, ӯ метавонад беҳтарин вазири адлия, додситони кулл, раис дар яке аз Додгоҳҳои ҷумҳурӣ ва ё муовини раиси Маҷлис бошад. Аммо ҳоло дар сатҳи раиси порлумон, ҷумҳурӣ ва сарвазирӣ барои ӯ роҳ нест. Зеро ҷомеаи имрӯзаи мо ва авомиле объективию субъективӣ иҷоза намедиҳанд. Вале агар аз ин ҳизб нафаре вориди порлумон нашуд, пас, мардумони норозӣ аз ин маъракаро, ки бар шумора ҳазорон нафар аз шумори аъзои ҲСДТ зиёдтар хоҳад буд, дар канори ин ҳизб ва раиси ӯ мекунад. Зойиров ба унвони як шахсе мазлум ва мустаманд дар баробари муҳаббат ва алоқамандии мардум қарор мегирад. Ӯ ба як раҳбари таҳаррукоти зиддиҳукуматӣ ва ҷамоаҳои норозии кишвар табдил меёбад ва бо фаъолиятҳои густардатар барномарезони беруниро умедвор мекунад.


Абдуқаюми ҚАЮМЗОД
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97