ИНТИХОБОТЕ, КИ ИМТИҲОНИ КАБИРИСТ

Сиёсат 19.01.2010 11:35

ИМТИҲОНИ АВВАЛИНИ КАБИРӢ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии соли ҷорӣ зери раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ширкат меварзад. Ва барои аввалин бор аст, ки дар феҳристи ин ҳизб номи Кабирӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Дар ду навбати қаблӣ ин ҳизб аз 63 курсии порлумон ҳамагӣ ду курсиро ишғол карда буд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар раъси ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шахсияте, ки зери санади Созишномаи умумии сулҳ имзо гузошта, бо обрӯ ва нуфузу ҷойгоҳи худ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз Тоҷикистон низ шӯҳрат дошт.

Вале ҳоло суол ин аст, ки ҲНИТ бидуни ҳузури як чунин шахсияти ҷаҳонӣ ва зери раҳбарии як ҷавони тозанафас метавонад дар мақому манзалати худ тағйир ворид кунад? Ва оё зери раҳбарии ин ҷавони тозанафас ва тозакор нафари савум ва ё чаҳоруму панҷум аз ин ҳизб вориди порлумон хоҳад шуд?

Коре, ки ба пешгузаштагони ӯ даст надода буд? Ва оё як чунин замина ва шароит барои афзоиши шумори "наҳзатиҳо" дар порлумони кишвар ба вуҷуд омадааст? Ва агар як чунин дигаргунӣ, яъне шумораи дигаре аз ончи ки ҳоло ҳаст ба даст ояд, манзалат ва ҷойгоҳи Кабирӣ дар ҳизб, кишвар ва дар миқёси байналмилалӣ чи гуна хоҳад буд?

Дар ҳоли ҳозир замина ва шароит барои афзоиши намояндагони ҲНИТ дар порлумони Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Аввал аз ҳама худи давлати Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои оғози рӯи короӣ муносибати худро бо ислом иваз кард. Балки ҳоло дар сиёсати давлатӣ Тоҷикистон дар иртибот бо кишварҳои исломӣ бартарии бештар касб мекунад. Барои мисол робита бо кишваре чун Ҷумҳурии Исломии Ирон, ки замоне пуштибони мухолифини давлат маҳсуб мешуд, комилан иваз шуда ва ин кишвар ба як шарики мӯътамад ва дӯсти воқеӣ табдил ёфтааст. Онгуна, ки гуфтем, дар муносибат бо дин дар дохили кишвар давлат сиёсати худро ба куллӣ тағйир дод ва даст ба иқдомоте зад, ки барои мисол дар чанд соли пеш тасаввурнопазир буд. Яъне ин дигаргуниҳои пешомада дар афкор ва азҳони ҷомеа он ҳама бадгумонӣ ва бадгӯиҳоро нисбати ислом ва табъан ҳизбе, ки бо ин вожаи муқаддас ном ва ормони худро ифода ва баён кардааст, беранг ва то ҷое пок хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир ҳам давлат ва ҳам ҲНИТ мухолифатҳои ошкору ниҳони собиқаро канор гузошта, тақрибан дар чаҳорчӯби барномаҳои муштарак ҳаракат мекунанд. Ба ин далел давлат низ аз афзоиши ду ё се нафари дигар дар шумори намояндагони ин ҳизб дар порлумон шояд ҳассосият нишон надиҳад.

АФЗОИШИ АЪЗОИ ҲНИТ

БО РОҲБАРИИ КАБИРӢ

Дигар заминаҳое, ки имкони табиии зиёд шудани "исломиҳо" дар порлумонро фароҳам кардааст, фаъолияти босамари худи ин ҳизб ва аз ҷумла роҳбари тозакору тозанафаси он аст. ҲНИТ замоне, ки ҳанӯз 20 000 узв дошт, тавонист ду ҷо ё курсӣ дар Маҷлис дошта бошад. Аммо ҳоло шумораи аъзои ин ҳизб ба 35 000 расидааст. Агар бо 20 000 узв тавониста бошад, ки ду курсӣ дар порлумонро ишғол кунад, пас тақрибан ду маротиба афзоиш ёфтани теъдоди аъзо чаро барои зиёд шудани намояндагони он боис нашавад(?). Ба ин далел дар ин интихобот ҲНИТ метавонад раъйи бештар ба даст оварад ва ҳамин тавр теъдоди вакилони худро зиёд кунад.

Вале акнун баргардем ба посухи ин пурсиш, ки афзоиши шумори вакилони ҲНИТ барои Кабирӣ, ки ончуноне пештар гуфтем, дар раъси ҳизб ҳизбро дохили майдони мубориза кардааст, чӣ хоҳад дод.

КАБИРӢ - ИСЛОМИИ ҶАДИД

Муҳиддин Кабирӣ - исломие бо сару сурати нав, исломие бо галстуку бидуни риш, исломие бидуни доштани титулҳое чун муллову домулло ва сайиду эшон дар ин интихобот бо ҳукумат мустақим "рӯбарӯ" ва ё бо баёни дигар "сарбасар" мешавад. Муҳиддин Кабирӣ, ки тӯли панҷ соли фаъолият дар порлумон тавонист аз худ як симои вакили фаъол ва сухангӯро ба намоиш бигзорад ва низ дар ин муддат дар даҳҳо ҳамойишу конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳизб, кишвар ва гоҳе ҳам аз минтақа намояндагӣ ва бо ин васила худро дар берун низ матраҳ кунад ва муҳимтар аз ин ҳама бидуни "текст" ва берун аз матни омодашуда сӯҳбату нутқи бо мазмуни бомаъниро дошта бошад, дар рӯбарӯи имтиҳони бағоят ҷиддӣ қарор гирифтааст. Бидуни шак гирифтани ҷойи бештар дар порлумон барои Кабирӣ як дастоварди фавқулода бузург хоҳад буд. Зеро ӯ ба коре муваффақ мешавад, ки то ӯ ҳизб ба он даст наёфта буд. Яъне дар он сурат ӯ тавонистааст, ки иштибоҳҳои қаблиро бартараф карда, ба ин комёбӣ нойил шавад. Дар сурате ки қабл аз ӯ ҳизб як марҳалаи ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳазорон "шаҳид" ва ҳамин тавр марҳалаи сулҳро бо ҳазорон "умед" тай карда, бо вуҷуди ин ҳама "шаҳодатҳо"-ву "умедвори"-ҳо ҳамагӣ ду курсӣ дар порлумонро ба даст оварда буд. Кабирӣ дар як шароити осоишта бар ин шумора афзуд. Афзоиши шумораи намояндагони ҳизб дар Маҷлис ҷойгоҳи Кабириро ҳам дар худи ҳизб ҳам дар саҳнаи сиёсати дохилӣ ва ҳам дар хориҷа боло мебарад. Дар дохили ҳизб бархе аз андеша ва тамоюлҳои беэътимодии мавҷуд ба ӯро мешиканад ва нигоҳ ба "як ҷавони камтаҷриба"-ро аз байн мебарад ва эътибораш боло меравад. Дар дохили кишвар ин андешаро, ки Кабириро ҳизб ва он ҳам бо пуштибонии лидерони алоҳида ба ин мартаба расонидааст, ботил хоҳад кард. Ва дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳу равиши баргузидаи ӯро, ки ҳизбро торафт дар қалби ақшори мухталифи ҷомеа зада шумори аъзову мухлису ҷонибдори худро афзун месозад, вале ҳамзамон симову сирати як исломии "мӯътадил ва муросопеша"-ро касб мекунад, дуруст мешуморанд. Онгуна ки дунё Нуриро шинохт ва дар суроғаш Афғонистон рафт.

АГАР ҲАҚҚИ КАБИРИРО

АЗ Ӯ НАГИРАНД

Аммо бо таваҷҷуҳ бо воқеияти кишвар, ки натиҷаи ба бовари хелеҳо интихобот дар утоқҳои алоҳида ва долонҳои ҷудогона ва пешакӣ муайян мешавад оё дастбакорони интихобот омодаанд, ки ин шароитро аз Кабирӣ нагиранд? Яъне оё бо онки ҳукумат ҷойи бештареро дар Маҷлис ба "наҳзатиҳо" дод, нуфузи худро коҳида меҳисобад ва дар гирдоби ин гумон меафтад, ки роҳҳоро барои Кабирӣ ба қуллаҳои болотар кушодааст? Ба фарқ аз замони ду навбати қабл фикр мекунам, ҳоло ҳукумат ҳеҷ боке ва ҳеҷ ҳаросе нахоҳад дошт, ки агар намояндагони Наҳзат дар порлумон биафзоянд. Бале, дар оғози бозгашти мухолифин яъне ҲНИТ аз ҳиҷрат, таваққӯъи ҷомеа аз он бештар буд. Ҷомеа интизор буд, ки бо ворид шудани мухолифин дар саҳнаи сиёсат тавозун дар қудрат ҳифз ва яккатозӣ аз миён меравад. Ба маҳзи ҳифзи ҳузури устувор, яъне яккатозие, ки дошт ҳукумат ҳукми худро болои онҳо таҳмил кард ва ба онҳо шанси бештар надод. Яъне ҳамагӣ бо ду вакил ин ҳама муборизаҳо ҳисоб шуданд. Вале ҳоло чуноне гуфтам, ҳукумат чунин бим ва тарс надорад, балки ҳоло додани ҷойи бештар баёнгари аз як сӯ эътимоду итминон ба худ ва аз сӯи дигар ба ин ҳизб ба унвони як рақиби хушфаҳм ва озмудаву муросокор талаққӣ мешавад. Бар изофа ҳукумат бо афзоиши намояндаҳои бо ҷаҳонбинии мазҳабӣ дар Маҷлис аз як сӯ чеҳраи худро боз ҳам демократитар намуда, аз сӯи дигар рӯ ба ислом ва аз сӯе ҳам ҳушдор додани Каримов ба он маъно метавонад бошад, ки "бо як гунае нируҳои мазҳабӣ ва сиёсиро зери назар дорем, вале чи илоҷ ки ҳар рӯз бештар фаъол мешаванд", карданист? Аммо ҳамзамон бо афзоиши шумори намояндагони ҲНИТ дар порлумон чунин сару садоҳое ҳам боло хоҳад шуд, ки Кабирӣ зери назорат ва бори ҳукумат рафтааст ва бо ҳукумат "муомила" кардааст. Аз ин дидгоҳ низ зиёд шудани намояндаи "наҳзатиҳо" дар Маҷлис барои ҳукумат масъала нахоҳад шуд. Ҳамчунин ҳукумат бо мухолифат наварзидан бар афзоиши шумораи намояндаҳои ҲНИТ ҷойи пойи Кабирӣ, манзалат ва мақоми ӯро дар саҳнаи сиёсати кишвар, албатта дар он маҳдудае, ки худи ҳукумат таъйин мекунад, таҳким бахшида ва Кабириро аз як сӯ аз дасти нируҳои беруна, ки имкон дорад рӯяш "ставка" кунанд, бигирад ва аз сӯи дигар ӯро қойим дар равише, ки ҳоло баргузидааст, яъне ҳизбе бидуни мухолифати шадид, нигаҳ бидорад.

Аммо агар бо ин ҳама шароит ва заминаҳои фароҳамшуда барои густариш ва рушду эҳёи арзиш ва тарвиҷи ақоиди исломӣ, ки дар он худи ҳукумат низ ҳисса ва саҳм гузоштааст ҲНИТ натавонад, ки ҳадди ақал се намояндаи худро вакили Маҷлис кунад, пас мантиқан чунин хулоса бармеояд, ки муносибати давлат бо дин ва баргузории ҷашнвораи мӯҳташаме барои соли мавлуди Имом Абӯҳанифа сароби назар буда ва ҳадаф танҳо танг кардани фаъолияти ҲНИТ ҳамчун як созмони сиёсии мазҳабӣ аст. Вале аз авоқиби чунин амал, ки нируҳои исломии бидуни назорат ва ба истилоҳи имрӯзӣ радикалу тундравро таҳрик хоҳад дод, бояд андеша кард.


Абдуқаюми ҚАЮМЗОД
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97