ШАРИФХОНИ "ЩЕДРЫЙ", БА ШАҲРИ БЕДАРВОЗА ХУШ ОМАДӢ!

Сиёсат 16.01.2010 13:10

ТАҒЙИРОТ АЗ ҚӮРҒОНТЕППА ШУРӮЪ ШУД

Тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Норак ва Балҷувону Нуробод оғоз гардид. Тибқи яке аз фармонҳои Президенти кишвар раиси НБО "Норак" Шарифхон Самиев раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Изатулло Зоировро иваз намуд. Инак, дар 6-7 соли охир бори панҷум аст, ки раисони шаҳри Қӯрғонтеппа иваз мешаванд, аммо то кунун ба ҳеҷ кадом аз ин нафарон муяссар нагардидааст.

Муҳимтарин мушкилиҳои шаҳри Қӯрғонтеппа аз қабили тозагии шаҳр аз партобгоҳҳо, таъмири роҳҳои мошингарди шаҳр, ба танзим даровардани атрофи бозори марказии шаҳр, муайян намудани мавқеи ҷуғрофии шаҳр, аз хатҳои сурх бардоштани иншоотҳои дар солҳои 1990-2000-ум сохташударо бартараф намоянд.

Воқеан, дар нисбати дигар мақомотҳои иҷ¬роияи маҳалӣ ба ягоне аз собиқ раисони дар 6-7 соли охир таъйиншуда муяссар нашудааст, ки ҳадди ақал 5 сол шаҳрро роҳбарӣ кунанд.

ҚУРҒОНТЕППА Ё ҚУРЪОНТЕППА

Аз таърихчаи Қурғонтеппа: Ба гуфтаи рӯҳонии мӯътабар Мулло Ғаффор, аслан, номи дурусти ин шаҳр Қурғонтеппа ҳаст. Чун дар замони хилофати ҳазрати Усмон тамоми китобҳои "Қуръон", ки ба он аз қавоиди пеш аз исломӣ илова намуда буданд, ҷамъоварӣ мешавад. Бо супориши он ҳазрат дар ҳамин китъаи Вахшонзамин маҳфузгоҳи хокӣ бино намуда, ҳамаи он китобҳоро маҳфуз мекунанд, то мардум аз онҳо истифода набаранд. Баъдан, вақте ин шаҳрро туркҳо ишғол мекунанд, номи онро Қӯрғонтеппа мехонанд ва ҳамин тавр баъди 70 соли ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ ва то имрӯз ин ном бетағйир мондааст. Нақли дигаре ҳам ҳаст, ки солҳои раисии Асомиддин Шарипов вақти кофтани зербинои манора-музей дар болои теппаи таърихӣ устухонҳои одамон ёфт шудааст. Гумон меравад, ки замоне ишғолгарон теппаро ба қабристони оммавӣ табил додаанд.

ШАҲРИ БЕДАРВОЗА

Дар бораи дарвозаи шаҳр яке аз собиқ раисони шаҳри Қӯрғонтеппа Руқия Қурбонова дар нахустин вохӯрии хеш бо хабарнигорон иброз намуда буд, ки тӯли муҳлати раисии худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки 22 мушкилоти аввали шаҳрро ҳал хоҳад намуд, ки яке аз ин масъалаҳо бунёди дарвозаҳо дар даромадгоҳҳои шаҳр мебошад. Вале дар муддати роҳбарии ӯ ва баъдан раисии Изатулло Зоиров шаҳр соҳиби дарвоза нашуд.

БОЗОРИ ЗӮРУ РАИСОНИ НОТАВОН

Масъалаи дигаре, ки собиқ раисони шаҳри Қӯрғонтеппа аз иҷрои он ботантана набаромаданд, ин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар атрофи бозори марказии шаҳр мебошад. Даврони раиси шаҳр будани Сироҷиддин Валиев дар қисмати поёнии бозор истгоҳи калони замонавӣ бунёд гардид. Аммо нақлиёти мусофирбарро ба он истгоҳ бурданду оварданд ва билохира бароварданд. Баъдан дар ҷойи собиқ истгоҳи мошинҳо воқеъ дар рӯ ба рӯйи Омӯзишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон бозори хусусӣ таъсис ёфт. Чанд сол қабл дар қисмати ҷанубии шаҳр бо сарфи маблағҳои дар он вақт ҳангуфт як соҳибкор Терминали "Баҳор"-ро бунёд намуд. Аммо боз ҳам тамоми нақлиёти мусофирбаре, ки мардумро аз ноҳияҳои вилоят барои хариду фурӯш ба бозор меоянд, дар атрофи бозор қад-қади роҳҳо ҷамъ мешаванд. Дар қатори Шарифхон Самиев ин 4-умин раиси шаҳр аст, ки дар оғози фаъолияти роҳбарии хеш ваъда медиҳанд, ки корро аз ба тартиб даровардани атрофи бозор оғоз мекунанд. Сокинони маркази вилояти Хатлон ҳам ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки Ғайбулло Авзалов низ дар рӯзҳои аввали ба ҳайси раиси вилоят омаданаш ваъдаи сахт дода буд, ки тартибу интизомро дар атрофи бозори маркази вилоят ҷорӣ хоҳад намуд, аммо ҳамоно натавонистааст.

РОҲҲОИ ФАРСУДА КАДРҲОРО ПЕШПО МЕДИҲАД

Ин субҳ бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз афкори умум бобати таъиноти раиси нав дар бозори шаҳр бо аробакашу испандфурӯш, мӯзадӯзону оҳангарон ҳамсӯҳбат шудем. Бобои Мика мегӯяд, ки дар хонаи бе дару шаҳри бедарвоза ҷорӣ намудани тартибу интизом ғайри имкон аст. Баъдан то роҳҳои мошингарди шаҳр таъмир нашаванд, ягон Раис аз ин шаҳр бо сари баланд намебарояд, роҳ, ки ноҳамвор шуд, кадрҳо ҳам пешпо мехӯранд бачам, - ба шӯхӣ мегӯяд бобои Мика.

Шаҳри Қӯрғонтеппа дар миқёси вилоят аз ҷумлаи шаҳрҳое мебошад, ки аз даромади умумии захираҳои дохилӣ 50%-и онро ҳам дар ихтиёр надорад. Ба гуфтаи ҷонишини раиси шаҳр Абдулло Бобохонов аз ҳисоби андозҳое, ки дар шаҳр ҷамъ мешаванд, 70%-и он ба буҷаи вилоят мегузарад ва 30%-и он барои эҳтиёҷоти шаҳр ҷудо карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки аз сабаби нарасидани маблағ роҳҳои мошингарди дохили шаҳр харобу партобҳои 15-20 сол ҷамъшударо аз шаҳр бароварда наметавонанд.

ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА ДАР БОЛОИ ЧӢ МЕИСТАД?

Қӯрғонтеппа ҳамчун шаҳри нав қариб 80 сол умр дорад. Шаҳр барои 40 000 ҳазор аҳолӣ сохта шудааст, аммо ба гуфтаи раиси шаҳр аҳолии он аз 75 000 бештар аст. Тӯли ин муддати таъсисёбӣ то ҳол мавқеи ҷуғрофии шаҳр пурра муайян карда нашудааст. Ҳанӯз ду сол пеш сокинони як маҳаллаи ғарби-шимолии атрофи шаҳр аз нарасидани неруи барқ ба ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа шикоят карда буданд. Баъдан маълум шуд, гарчанде ки онҳо дар ҳудуди шаҳр зиндагӣ кунанд ҳам, аммо мавзеи онҳо ба ҷамоати деҳоти "Ориён"-и ноҳияи Бохтар шомил мешавад. Дар дигар гӯшаҳои шаҳр баҳсҳо атрофи он ки сокинони Бохтар пар¬тобҳои худро дар қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа мепартоянд то ҳанӯз идома дорад. Қаблан, ба дастгирии маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Бохтар ва вилояти Хатлон бояд беш аз 200 га заминҳои худуди Бохтар ба қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа дохил мешуданд. Аммо ин масъала дар порлумони кишвар мавриди муҳокима қарор нагирифт ва насиб бошад мавзӯи марзи маъмурии шаҳрро вакилони оянда ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Ҳамчунин масъалаи таҳияи нақшаи Генералии шаҳри Қӯрғонтеппа солиёни дароз мешавад, ки ҳалли худро намеёбанд. Ин масъала боиси он шудааст, ки собиқ раисон дар замони роҳбарии худ дар пешгирӣ аз сохтмони иншоотҳои дар хати сурху ғайриқонунӣ сохташуда чорае андешида натавонистаанд.

ХУШ ОМАДӢ, ШАРИФХОНИ "ЩЕДРЫЙ"!

Дар рӯзи аввали корӣ раиси тозаинтихоб бо хотири болида ва як неруи тоза сухан мекард. Ваъдаи аввалинаш ин буд, ки Қӯрғонтеппаи торикро чароғон мекунад. Тавре ки Самиев дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, маркази вилоят набояд дар чунин ҳол бошад. Ман, - мегӯяд Самиев, - 11 сол қабл дар шаҳр муовини Раис шуда кор мекардам, дирӯз аз бозори марказӣ гузар кардам ва аз он бозоре, ки мо он солҳо бо хуни ҷигар сохта будем, нишоне намондааст.

Раиси нави шаҳр Шарифхон Самиев гуфт, ки мошинбозори шаҳри Қӯрғонтеппаро, ки дар баромадгоҳи шаҳр аз самти Душанбе-Қӯрғонтеппа дар назди автовокзали шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият мекунад, ба дигар ҷой кӯчонанд. Гарчанде ки моҳе аз ин бозор 3 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷаи шаҳр ворид мешавад, аммо дар рӯзҳои якшанбе фаъолият кардани ин бозор дар роҳҳои мошингарди атрофи бозор ҳаракат мушкил шуда, ин бозор ба талаботи шаҳрдорӣ чавобгӯй нест.

Дар шаҳр камбудиҳо зиёданд, - иброз дошт Шарифхон Самиев. Ман дар маҷлиси саҳарӣ супориш додам, ки ин истгоҳҳои сарироҳӣ аз атрофи бозор бардошта шаванд. Маркази вилоят бояд намуди дигар дошта бошад. Он ҳолати дигаре, ки маро ба тааҷҷуб овард, ин дар айвонҳои хонаҳои истиқоматии рӯ ба рӯйи ҳукумати шаҳр овезон кардани сару либос аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Ш. Самиев иброз дошт, ки тӯли як ҳафтаи аввал бо тамоми сокинони шаҳр вохӯриҳо доир намуда, аз вазъи воқеии аҳволи иҷтимоии мардум огоҳ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ҷавоби суолҳои хабарнигорон иброз дошт, ки қаблан сокини ҳамин шаҳр буда, дар ин ҷо манзили истиқоматӣ дорад ва эҳтиёҷ ба сохтмони хонаҳои замонавӣ надорад. Ба гуфтаи худи ӯ, аввалин имзое, ки ба ҳайси раиси шаҳр гузошт, ин ҷудо намудани 80 ҳазор сомонӣ барои дастаи футболи "Вахш" буд, ки тараддуди сафар ба Мусобиқаи ИДМ ба Русия дорад.

Ҳамин тавр, раиси нав бо ваъдаҳои ҷолиб ва хотири болида ба кор оғоз кард. Мушоҳидон низ, ки ба фаъолияти кории ҳар раисони мақомоти маҳаллӣ таваҷҷӯҳ доранд, ба қавле нуқтаи сурх "rek"-ро пахш карданд.


©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97