СОЯ АЗ ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТ БАРДОШТА МЕШАВАД?

Сиёсат 11.01.2010 19:13

Дар ҳоле, ки ба поён ёфтани сабти номи номзадҳо ба вакилии порлумони кишвар дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамагӣ се рӯз боқӣ мондааст ва маъракаи интихоботро бозори саҳмияфурӯшии НБО-и «Роғун» зери соя бурдааст, бо ибтикори нашрияи сиёсии «Миллат» ҳузури занон дар интихоботи порлумонии соли 2010 дар як мизи гирд мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст, ки рӯзи 9-уми январ дар толори Иттифоқи журналистони кишвар таҳти унвони «Ҳузури зан дар интихобот» бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ баргузор шуд, мавзӯъи зан интихобкунанда ва зан интихобшаванда меҳвари баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст, дигоҳҳо ва назароти аҳзоби сиёсӣ дар мавриди ҳузури камранги занон дар маъракаҳои интихоботӣ, ба вижа интихоботи порлумонӣ шунида шуд. Аксарияти ширкат кунандагон камфаъолиятии занонро аз сабабҳои аслии ҳузур наёфтани онҳо дар саҳнаи муҳимии сиёсӣ - интихоботҳо арзёбӣ карданд. Мушкили дигаре, ки дар ин нишаст унвон шуд, мушкилоти молӣ буд, ки гуфта мешавад, бар асари тангдастӣ занон натавонистаанд вориди рақобатҳои интихоботӣ барои вакил шудан дар порлумон шаванд. Гуфта мешавад, ки адами ҳузури занон на танҳо мушкили ҳизбҳои бӯҳронзада, балки ҳизбҳои муқтадиртаре ҳамсони ҳизби ҳокими халқӣ ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ будааст. То ҳоли ҳозир муаррифӣ нашудани ҳадди ақал ду нафар бону аз сӯйи ин аҳзоб дар ҳавзаҳои инфиродии интихоботи порлумонӣ далели он аст, ки бӯҳрон ба ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар таъсиргузор будааст, агарчӣ намехоҳанд шояд аз сари ғурур бӯҳрони молӣ унвон кунанд, метавон ҳадс зад, ки аҳзоби Тоҷикистон як навъ ғутавари бӯҳрони маънавӣ ҳам шудааст. Зеро адами идеологҳои сарсахт, ба вижа аз шумули на танҳо занон, балки мардон низ рӯҳафтодагии аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро бармало месозад.

Аммо мубтакирони ин нишаст таъкид доштанд, ки ҳадафи баргузории ин мизи гирд танҳо барасии ҳузури густурда надоштани занон дар феҳрасти аҳзоби сиёсӣ ва адами ҳузури занони даъвогари вакилӣ аз ҳавзаҳои инфиродӣ набуда, зан интихобкунанда, ки имрӯз интихобкунандаи аслӣ ҳам ӯст, аз мавзӯъи матраҳшавандаи ин мизи гирд аст.

Ширкаткунандагони мизи гирд ҳарчанд баргузории ин нишастро як амали дершуда барои таъсиргузорӣ дар интихоботи кунунии порлумонӣ хонданд, аммо ин нишаст бесобиқа ва ҷолибтарин мизи гирд унвон шуд.

Аммо дастандаркорони ин мизи гирд бар онанд, ки «дер ояду шер ояд» ва ба гуфтаи онон муҳим баргузории ҳамчунин як нишаст дар остонаи интихобот будааст, ки чандон шӯру шавқунаш ба гӯш намерасад ва ҳузури камранги занон дар ин интихобот онро боз ҳам камрангтар мекунад.

Адолати Мирзо, муассиси нашрияи сиёсии «Миллат» зимни суханрониаш дар ин мизи гирд гуфт, ки мо мунтазир будем, ки созмонҳои марбут ба интихоботҳо ҳамчунин ҳамойишҳоеро баргузор ва мушкилотро баррасӣ кунанд ва мо инъикоскунандаи ин рӯйдод бошем. Аммо ба гуфтаи ӯ, камрангии омодагӣ ба интихобот онҳоро водор кардааст, даст ба кор шаванд ва ҳамчунин мизи гирдеро ташкил бикунанд.

Зоҳири Давлат, сардабири тозатаъйини «Миллат» гуфт, бо ҳадафи ҳарчӣ гармтар кардани корзори интихобот ва ҷалби бештари мардум барои ширкат дар интихобот ин нишастро баргузор кардаанд.

Воқеан, мавзӯи интихобкунанда ва нодида гирифтани шумориши раъйи ӯ аз муҳимтарин ва камрангтарин мавзӯъотест, ки то ҳоли ҳозир дар интихоботҳои Тоҷикистон матраҳ будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки эътимоди мардум ба таври рӯзафзун аз рафтан ба пушти сандуқҳои раъй камтар мешавад. Воқеан, мавзӯъи интихобкунанда ва нодида гирифтани шумориши раъйи ӯ аз муҳимтарин ва камрангтарин мавзӯъотест, ки то ҳоли ҳозир дар интихоботҳои Тоҷикистон матраҳ будааст. Он ҳам дар шароите, ки теъдоди азиме аз раъйдиҳандагон бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар будан дар аскари маврид бо сабабҳои гуногун аз додани раъй маҳрум аст ва занон ҳастанд, ки раъйашон сарнавишти ин миллатро имрӯз таъйин мекунад. Масъалае, ки имрӯз рӯйи он ангушт гузошта нашудааст. Дар ин нишаст вакилони МН Исмоил Талбаков, Хадича Ҳакимова, Муҳиддин Кабирӣ, инчунин намояндагони Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби коммунистӣ, ҲХД, Ҳизби аграрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тафсилоти орову андешаҳои ширкаткунандагон дар шумораи навбатии «Миллат» дастрас хоҳад шуд.


Д.УМАР
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97