7 ХОТИРАИ СОЛИ 2009

Сиёсат 02.01.2010 16:00

ИҚДОМИ СОЛ

Бузургтарин гомро метавон гоми давлати Тоҷикистон унвон кард, ки барои бунёди "Роғун" бардошта шудааст. Раҳбарии давлати Тоҷикистон ниҳоят ба ин ҳақиқат расид, ки маънии истиқлол, яъне бо қонуни навиштаи хеш зиндагӣ кардан аст. Бо вуҷуди мухолифатҳо ва пофишориҳои Узбакистон давлати Тоҷикистон қатъан тасмим гирифт, ки "Роғун"-ро бо нируи худӣ бунёд кунад. Дар ин роҳ давлат аз сӯйи мардуми кишвар пуштибони аслӣ пайдо кард, ки ин муҳимтарин дастовард дар давлатдорӣ аст.

ҲИММАТИ СОЛ

Баргардонидани Расул Боқиев ба Ватан аз бузургтарин иқдомҳо буд, ки дар соли равон бар он тасмим гирифта шуд. Агарчанд ҳанӯз ҳам рӯшан нест, ки кадоме аз давлатмардон ва ё чеҳраҳои саршинос ин иқдомро аз сар гирифтааст, аммо ҳиммати бисёр арзанда аст.

ШОИРИ СОЛ

Бо гузашти солҳо ҳамоно бузургтарин ва дӯстдоштатарин шоир Бозор аст, ки мемонад. Ҳарчанд ба таври шабонарӯзӣ шоиру нависандагони "эрка"-и Иттиҳодияи нависандагон дар васфи "Роғун" шеъру достон мехонанд, аммо ҳанӯз ҳам аз Бозор шеъри олитар натавонистаанд, бигӯянд. Бархе рӯзномаҳои ҳангоматалаб дар соли гузашта аз номи Бозор навиштанд, "Таджикистан для меня чужой". Ва хостанд ба ҳамин тартиб комилан аз баданаи миллат ӯро дур афкананд. Ва шоирнамоҳои мо имсол ҳамагӣ ба мадҳияи Роғун саргарм буданд. Ҳамин, ки сардии зимстони имсолро камтар ҳис кардем аз гармии тасби даҳони ҳамин ҳангоматалабон аст. Ин боз ҳам Бозор буд, ки нишон дод, шоири Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ӯст:

Дубора созамат Ватан

Ба хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба сақфи ту

Ба устухони хештан.

Сатили обу гил маро

Барои сохтори ту.

Ду панҷа хуни дил маро

Барои рангу бори ту...

ТОҶИКИ СОЛ

Раҳамтулло Назаров, ки дар додгоҳи урупоии Страсбург бар милисаи Русия пирӯз шуд. Бар асоси қарори додгоҳи Страсбург, Раҳматулло Назаров табраа шуда ва милисаи рус, ки ҳамарӯза ризқи муҳоҷирони тоҷикро дуздӣ мекунад, ба ӯ 16 000 евро товон ҳам пардохт кард.

ҶАШНИ СОЛ

Бузургдошти 1310 солагии Имоми Аъзам.

ХУДКУШИИ СОЛ

Худкушӣ кардани Маҳмадназар Солеҳов, як мақоми баландпоя ва аз афроди бонуфузи кишвар - собиқ вазири корҳои дохила, собиқ Додситони кулл ва ду дафъа раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ аз пурсарусадотарин ҳодиса дар соли гузашта буд, ки ҳанӯзам асрори маргаш дар зеҳниятҳо суолҳоеро бармеангезонад.

БОХТИ СОЛ

Ростӣ, намехостам муруре аз бузургтарин рӯйдодҳои соли 2009 бикунам, зеро ин корро дигарон ҳам мекунанд ва такрори амали дигарон ҷуз сарфи ниру чизи дигаре намедиҳад.

Аммо вақте ки барои ҷустуҷӯйи акс аз сафҳаҳои акси Интернет боздид мекардам, шумораи сиёҳи "Миллат"-ро дидам, ки аз он акси Устод Тоҳири Абдуҷаббор бо чашмони маҳзун, ҳамчуноне маҳзун ба сарнавишти миллати мазлуми тоҷик, менигарист. Ва тасмим гирифтам, ки бузургтарин рӯйдоди имсоли кишвар, яъне соли марги Устод, Муаллифи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистони азизро ҳатман ёдоварӣ кунам. Барои миллати асолатбохта ва парешон. Зеро мутмаинам, ки ҳеч манбае аз ин фоҷиа ёд нахоҳад кард, ҳамонгуна, ки дар зиндагӣ ба қадраш нарасиданд. Лоақал ба хотири истифода аз афкори пешқадам ва созандааш. Соле, ки бузургтарин қурбонӣ аз ин миллат гирифт. Аммо гомҳое барои пиёда кардани ормонҳои ӯро давлати Тоҷикистон аз сар гирифтааст. Нек бошад!


©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97