ҲАМА РОҲҲО БА МАСКАВ МЕАНҶОМАД? Аз шикори моҳӣ то сафари давлатӣ

Сиёсат 10.12.2009 15:45

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охирин даҳаи моҳи октябр ба Русия сафари давлатӣ буд. Таври маълум ҳар раиси ҷумҳур дар тӯли замони раҳбарии худ танҳо ҳаққи анҷоми як сафари давлатӣ ба ин ё он кишварро дорад, ки он ҳам маъмулан замоне анҷом мешавад, ки равобити дуҷониба дар сатҳи олӣ ва ё ҳадди ақал муносиб қарор дошта бошад. Ба сурати табиӣ ин пурсиш пеш меояд, ки оё сафари раиси ҷумҳури мо ба Русия дар марҳалаи таърихие анҷом шуд, ки онро метавон авҷи равобити дуҷониба номид?

Таври маълум то як соли пеш дар долонҳои сиёсии Душанбеву Маскав аз баргузории ин сафар аслан сӯҳбате дар миён набуд, дар ҳоле ки чунин сафар усулан ба муқадимоти фаровоне ниёз дорад, ки тибқи маъмул моҳҳои тӯлонӣ ва гоҳе беш аз онро ҳам дар бар мегирад.

Агар фарзро бар ин бигирем, ки Тоҷикистону Русия ду кишвари дӯст ва ба ҳам бисёр наздик буда, ниёзи чандоне ба омодагии тӯлонӣ барои анҷоми сафари давлатӣ надоранд, боз ҳам шохиси аслӣ шароит ва натиҷаи мушаххаси чунин сафар хоҳад буд. Аз назари натиҷа сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон бо дигар сафарҳои расмӣ ва кории қаблиаш ба Маскав тафовути чандоне надошт. Як нукта ба вузуҳ дарк мешуд: бори сиёсии ин сафар барои Русия муҳимтар буд. Таври маълум таи як-ду соли ахир дар бархе аз заминаҳо ва бахусус равобити иқтисодӣ ва низомӣ миёни Душанбеву Маскав сӯитафоҳум ба вуҷуд омадааст, ки авҷи онро дар мавриди иҷрои тарҳҳои энержӣ ва бахусус ниругоҳи Роғун ва мавзеъгирии Дмитрий Медведев дар 23 январи соли ҷорӣ дар Тошканд мушоҳида кардем. Баёнияи раиси ҷумҳури Русия то ҷое барои Тоҷикистон ғайриинтизор ва нороҳаткунанда буд, ки баъд аз пахши он Вазорати хориҷаи кишварамон бо даъвати кордор ё худ қоиммақоми сафорати Русия ва тақдими ёддошт ба вай эътирози худро дар баробари ин мавзӯъ баён дошт.

Дар паи ин Душанбе эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон имкони ширкат дар нишасти ибтидои моҳи феврали Ҷомеъаи иқтисодии Уруосиё ва Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ дар Маскавро надорад. Ҳарчанд баъд аз як рӯзи пахши ин баёния раиси ҷумҳурии Тоҷикистон озими Русия шуд, аммо барои нахустин бор буд, ки Душанбе дар баробари ба истилоҳ камлутфии муҳимтарин шарики стратегии худ садо баланд кард ва ба истилоҳи сиёсӣ собиқа (претседент) эҷод намуд. Ин амр бо таваҷҷуҳ ба фаъол шудани дигар рақибони геополитикии Русия дар минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон барои Маскав ҷои нигаронӣ дошт. Ва бо дарки ҳассосияти мавзӯъ ва талош ҷиҳати аз даст надодани мавқеияти худ дар Тоҷикистон Кремл зуд ба фикри тадобире шуд, ки битавонад тасаввури муносиботи олии ду кишвар на танҳо дар сатҳи расмӣ, балки хусусии саронро низ эҷод намояд. Аз ин нигоҳ шикори моҳии Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳошияи ширкат дар нишасти сарони ду созмони ёдшуда ва сафари кории раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия сурат гирифт, бештар шикори сиёсиро мемонд.

Ва дар матни чунин фазои аз қабл тарроҳишудаи Кремл буд, ки Дмитрий Медведев ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди анҷоми сафари давлатӣ таи соли ҷорӣ ба Русияро кард ва аз тарафи раиси ҷумҳури мо низ бо қадрдонӣ пазируфта шуд. Дар давоири коршиносии кишварамон ин интизорро доштанд, ки таи ин сафар масоили асосии равобити дуҷониба ва бахусус наҳваи ҳузури пойгоҳи низомӣ ва дигар таъсисоти стратегии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ва сармоягузориҳои ин кишвар рӯи тарҳҳои иқтисодӣ ва аз ҷумла энержӣ (назири Роғун) баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Барои чунин интизор заминаи воқеӣ низ вуҷуд дошт, зеро мақомоти сиёсӣ ва низомии ду тараф зимни мусоҳибаҳои мухталифи худ аз идомаи музокирот перомуни вазъи ҳуқуқии пойгоҳи 201, ҳазинаҳои иҷораи он ва дигар масоили марбута хабар дода буданд. Вале бар хилофи интизороти мавҷуд дар миёни ҷомеаи тоҷик баҳси пойгоҳ ва пардохти иҷора дар музокироти сарони ду кишвар аслан матраҳ нашуд ва ин хабарро пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мақомоти сиёсӣ ва низомии Русия расонаӣ карданд ва бадин тартиб ба таври ғайримустақим ба тасаллути худ ба шароити сиёсии Тоҷикистон таъкид намуданд. Аз баёнияҳои мақомоти рус таи ин сафар чунин бармеомад, ки беш аз он ки рӯи хитоби онҳо ба Душанбе бошад, ба тарафҳои дигари хориҷии Тоҷикистон буд, ки гӯё аз тира шудани равобити ин ду кишвар мехостанд баҳрабардорӣ кунанд.

ГУЗАШТИ НАВБАТӢ

Агар бозтоби расонаии ин сафарро дар Тоҷикистон ва Русия қиёс кунем ва назару дидгоҳҳои мақомоти сиёсии ду кишварро канори ҳам бигузорем, хоҳем дид, ки аз натоиҷи он Маскав бамаротиб ризояти бештар дорад. Барои доштани ризоят танҳо ҳамин кофист, ки Маскав бо истифода аз ин сафар ва музокироти анҷомшуда тавонист ҳузури низомии худро дар Тоҷикистон барои чор соли дигар муфту маҷонӣ нигаҳ дорад. Яъне ҳадди ақал то соли 2014 аз ҳазинаҳои мавриди интизори Душанбе як қирон ҳам пардохт нахоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи мавҷуд тарафи тоҷик ҳисоб рӯи дарёфти маблағи беш аз 300 миллион доллар бобати ҳар соли ҳузури низомии Русия дар қаламрави кишварро дошт. Агар ин рақамро асос ва мабно қарор диҳем, пас ба ин натиҷа мерасем, ки сафари давлатии раиси ҷумҳурамон ба Маскав барои тарафи русӣ беш аз як миллиарду дусад миллион доллар суд доштааст. Дар шароити бӯҳрони молӣ ва иқтисодии мавҷуд Русия бояд қадри ин кӯмаки саховатмандонаву бедареғи Тоҷикистонро бидонад...

Ва ин ҳама дар шароите иттифоқ афтод, ки дар пешманзари ин сафар умедвориҳое барои Душанбе дида мешуд. Ва он ин буд, ки ҳам дар остонаи сафари моҳи июли Дмитрий Медведев ба Душанбе ва ҳам баъд аз он мақомоти расмии Русия ва аз ҷумла вазири хориҷаи ин кишвар таъйид карда буданд, ки мавзӯъи пардохти иҷора бобати пойгоҳи 201 аз меҳварҳои аслии музокироти руасои ҷумҳури ду кишвар дар Маскав хоҳад буд. Ҳатто бархе аз расонаҳои наздик ба Кремл аз мувофиқати Маскав бо пешниҳодоти Душанбе дар робита ба пардохти маблағи иҷораи пойгоҳ хабар дода буданд ва танҳо баҳси мизони иҷораро қобили баррасӣ медонистанд ва бар он ишора мекарданд, ки рақами 300 миллион доллар хеле зиёд мебошад.

Ҷиддияти мавзӯъро дастури моҳи июли руасои ҷумҳури ду кишвар ба Ҳамрохон Зарифӣ ва Анатолий Сердюков барои таи муддати якуним моҳ омода намудани пешниҳодоти ҷомеъи марбут ба идомаи ҳузури пойгоҳи 201 ва дигар таъсисоти низомии Русия дар хоки Тоҷикистон таъйид мекард. Ва интизор мерафт, ки дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ин мавзӯъ ба таври ниҳоӣ ҳал хоҳад шуд. Ба таври ниҳоӣ не, вале ҳадди ақал барои чаҳор сол ва он ҳам ба суди Русия ҳал шуд.

Мушаххас аст, ки баҳси пойгоҳ аз ибтидои соли ҷорӣ ба ин тараф тавассути Душанбе дунбол мешуд ва боздидҳои ошкору маҳрамонаи мақомоти сиёсӣ ва низомии Маскав ва бахусус вазири дифоъ Анатолий Сердюков аз кишвармон аз ҷиддияти мавзӯъ ҳикоят мекард. Аммо бо наздик шудани замони сафари давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав ин мавзӯъ дар долонҳои сиёсии Душанбе кам-кам ҳассосияташро аз даст дод ва ба ҷое расид, ки намояндагони расмии кишварамон кӯшиш мекарданд то аз он аслан сӯҳбате ба миён наояд. Ин маънои гузашти навбатӣ дар баробари Русияро дошт.

ЧАРО ЧУНИН ШУД?

Ба сурати табиӣ ин суол пеш меояд, ки чӣ авомиле ба ин роҳатӣ сабаби бознигарии мавзеъи Душанбе шуд? Посух албатта рушан нест, аммо таҳлили сайри таҳаввулоти равобити миёни Душанбе ва Маскав дар чанд моҳи ахир бархе аз гӯшаҳои ин мавзӯъро бозгӯ мекунад. Таври маълум дар остонаи сафари раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Душанбе дар моҳи июли соли ҷорӣ ёвари ӯ Сергей Приходко ҳушдор дода буд, ки агар тарафи тоҷик барои иҷораи пойгоҳи 201 пул мехоҳад, пас бояд силоҳу таҷҳизоти низомиро аз Русия бо қимати бозор харидорӣ кунад ва барои донишҷӯёни худ дар муассисоти омӯзиши низомии Русия низ пул пардохт намояд. Оё ин ҳушдор муҷиби даст кашидани Душанбе аз мавзӯи иҷораи пойгоҳ барои чор соли оянда шуд ё чизи дигаре низ ҳаст?

Албатта Сергей Приходко, ки ҳамеша аз ҷониби Кремл сухан мегӯяд, боз ҳам дар моҳи июл эҳтимоли бозгардонидани як миллион нафар муҳоҷири тоҷик ба кишварашонро мавриди таъкид қарор дода буд. Ва вай ин таъкидро, ки амалан маънои таҳдидро дошт, дар робита ба тасвиби эҳтимолии қонуни забони давлатии Тоҷикистон ҷоиз дониста буд ва аз он нороҳатӣ мекард, ки дар қонуни ёдшуда аз забони муоширати миёни миллатҳо, яъне забони русӣ, сӯҳбате дар миён нест. Шояд ин таҳдид боиси мунсариф шудани Тоҷикистон аз баҳси иҷораи пойгоҳи Русия шудааст?

Фикр намекунам, ки ин ду маврид муҷиби тағйир ва таҷдиди назари Душанбе шуда бошад, зеро қаблан низ сиёсатмадорон ва коршиносони рус аз зарурати истифодаи омили муҳоҷирони корӣ ба унвони абзори фишор рӯи дигар кишварҳои шӯравии собиқ зиёд сӯҳбат кардаанд ва амалан натиҷае низ ба даст наовардаанд. Агар омили муҳоҷирати корӣ сирфан суди якҷониба медошт, кайҳо қаламрави Русияро аз вуҷуди онҳо "озод" карда буданд.

Мавзӯъи дигар, яъне хариди силоҳу таҷҳизот бо қимати дохилии Русия низ наметавонад далеле барои бознигарии мавзеъи Душанбе шавад. Тарафи русӣ чунин вонамуд мекунад, ки гӯё дигар кишварҳои шӯравии собиқ ва бахусус Осиёи Марказӣ, ки мизбони пойгоҳҳои Русия дар хоки худ нестанд, силоҳу таҷҳизоти низомии вайро бо қимати чандбаробарӣ мехаранд ва барои донишҷӯёнашон низ пулҳои ҳангуфте ҳазина мекунанд. Дар асл чунин нест. Ҳоло рақобат дар бозори таслиҳот ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки қиматҳо хеле поин омада ва иддае аз кишварҳо (ҳатто дар Осиёи Марказӣ) тарҷеҳ медиҳанд, то бахше аз силоҳу таҷҳизоти тавлиди Русияро бо тавлидоти бокайфияттари хориҷӣ иваз кунанд. Ин як воқеият аст.

Дар мавриди омӯзиши низомӣ низ имрӯз кишварҳои дорои манофеъи сиёсӣ ва геополитикӣ дар минтақа умдатан ба сурати ройгон ва ё вогузории имтиёзоти мутақобил дари донишгоҳу донишкадаҳои худро ба рӯи довталабони Осиёи Марказӣ боз кардаанд ва хуб медонанд, ки кадрҳои низомии тарбиятёфтаи мактабашон омили муассир барои густариши нуфузи онҳо дар ин арсаи муҳим ва ҳассоси кишварҳои минтақа хоҳад буд. Русия аз ин омил то ҳоли ҳозир камоли истифодаро ба амал оварда ва кишвари моро ҳам аз назари сиёсатгузории низомӣ ва ҳам таслиҳот комилан дар ҳавзаи манофеъи худ нигаҳ доштааст. Бо он содагие, ки Русия афсарони ниҳодҳои низомӣ ва амниятии моро ба тобеъияти худ мепазирад ва барояшон ҳуқуқи бознишастагии бамаротиб бештар аз маъоши мақомоти баландпояи қудратии Тоҷикистонро медиҳад, яъне медонад, ки ба хотири чӣ ин корро мекунад. Ҳамин алоқамандии моддист, ки афсарони ниҳодҳои марбутаи кишварамон дар баробари Русия на танҳо ҳусни ният доранд, балки эҳсоси таъаҳҳуд низ мекунанд.

Аммо боз ҳам маълум нест, чӣ чизе Душанберо мутақоъид кардааст, ки то соли 2014 аз баҳри иҷораи пойгоҳи Русия бигзарад. Зеро дар қиёс бо ваъдаҳои болобаланди соли 2004 Владимир Путин дар робита ба сармоягузориҳои миллиардӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ин бор Маскав ваъдаи хосе ба Душанбе надод. Таваҷҷуҳ ба мавзӯъи ҳузури муҳоҷирони кории мо дар Русия, шиддат бахшидан ба умури ҷустуҷӯии ширкати "Газпром" дар Тоҷикистон ва танзими қарзи кишварамон аз ниругоҳи "Сангтӯдаи 1" аз дастовардҳои аслии ин сафар муъаррифӣ шуд. Ва ду ҳафта бештар тӯл накашид то умри яке аз ин тавофуқоти Маскав ба поён бирасад; мудирияти "Сангтӯдаи 1" ба ҳукумати Тоҷикистон расман ҳушдор дод, ки агар қарзи баҳсбарангези кишвармон ба ин ниругоҳ пардохт нашавад, умеди дарёфти барқи "Сангтӯдаи 1"-ро аз дилҳоямон берун кунем. Дар остонаи фаро расидани замистон ва фурӯпошии системаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ, ки барои Тоҷикистон мушкилоти тозаеро ба бор овардааст, чунин рафтор ба он маъност, ки Маскав ба роҳатӣ метавонад аз вуҷуди ин ниругоҳ ба унвони абзори нави фишор дар қаламрави кишвармон истифода намояд.

2010 ВА 2013

Бархе аз коршиносони рус албатта дар лобалои таҳлили сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба масоиле ишора карданд, ки барои Душанбеи расмӣ аз аҳамияти бисёр боло бархурдор аст. Таври мисол онҳо дар нармиши мавзеъи тарафи тоҷик дар музокироти Маскав мавзӯъи интихоботи моҳи феврали соли ояндаро муассир донистанд. Манзур ин аст, ки назари Русия ба унвони кишвари меҳварии фазои шӯравии собиқ дар таъйиди қонунмандии ҳар навъ интихобот дар ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ва бахусус Осиёи Марказӣ хеле муҳим буда, маъмулан таъсири арзёбиҳои интиқодии кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ ва паёмадҳои манфии онро дар арсаи байналмилалӣ кам мекунад.

То ҳоли ҳозир ҳимоятҳои бедареғи Маскав аз тариқи созмонҳои мавҷуд дар қаламрави шӯравии собиқ "аз баргузории озод ва демократӣ"-и интихоботҳои раёсати ҷумҳурӣ ва полумонии ин кишварҳо ба истилоҳ рӯи ҳукуматҳои онҳоро дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҷое сафед кардааст. Агар тасаввур бишавад, ки бо ҳар сабаб ва далеле кишварҳои ҷомеъаи ҳамсуд ва бавижа Осиёи Марказӣ ин ҳимояти Русияро аз даст бидиҳанд, пас дар сатҳи байналмилалӣ "ғайриозод ва ғайридемократӣ" будани ҳар гуна интихоботи онҳо таъйиди бештар хоҳад ёфт ва машруъияташон ҷиддитар зери суол қарор хоҳад гирифт.

Албатта ин ба он маъно нест, ки Русия худ як кишвари комилан демократӣ буда, озод ё ғайриозод арзёбӣ шудани интихоботҳо дар бахши аъзами фазои шӯравии собиқ ба назари он бастагӣ дорад. Назари Русияро нуфуз ва ҷойгоҳи геополитикиаш дар муъодилоти байналмилалӣ ва минтақаӣ муҳим кардааст, ки ҳамсӯии Чин бо он дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ин омилро бамаротиб тақвият намудааст. Бинобар ин, ба истилоҳи русҳо агар нонавиштаҳои миёни сатрҳоро бихонем, ин натиҷаро хоҳем гирифт, ки рақами 2010 ба унвони соли баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон таи ин сафар ба бароварда шудани аҳдофи Русия кӯмак кардааст. Ҳарчанд боварнакарданист, ки раиси ҷумҳури кишвармон бо ваҷҳаи мусбате, ки дар миёни мардум дорад, ниёзманди чунин гузаштҳое барои таъмини баргузории интихоботи муваффақиятомези порлумонӣ бошад.

Аммо дар ҳар сурат ғайриихтиёр ин пурсиш пеш меояд, ки оё ҳимояти эҳтимолии Русия аз ҳукумати кишвар дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 - и порлумон бар таркиби ҳизбии он таъсир хоҳад гузошт? Ин суол асосист. Зеро Тоҷикистон дар ин робита бар сари дуроҳӣ қарор гирифтааст; яке ба сӯи якҳизбӣ кардани порлумон мебарад ва дигаре ба сӯи чандҳизбӣ шудани он. Роҳи аввал дар Қазоқистон таҷруба шуд, ки муваффақ набуд ва бидуни шак Остона дар интихоботи баъдӣ имкони вуруди дигар аҳзоб ба маҷлисро хоҳад дод. Зеро ин кишвари аз назари сарватҳои табиъӣ ва бахусус энержӣ саршор ва дорои сатҳи нисбатан болои рифоҳи иҷтимоъии ҷомеъа натавонист бо вогузории имтиёзоти моддӣ ба мардум ниёзҳои онҳо ба ҳуқуқу озодиҳои сиёсиву маданиро (шаҳрвандиро) ба таври тӯлонӣ маҳдуд нигаҳ дорад. Ин таҷруба барои кишварҳои дорои мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа, ки Тоҷикистон аз он қабил аст, муносиб нахоҳад буд. Ба ин хотир ҳатто Узбакистони дорои шадидтарин низоми мудириятии худкома дунболи эҷоди зоҳири ҳузури аҳзоби мухталиф ва мухолифи сиёсӣ дар порлумони худ меравад ва аз тарафи бархе аз кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ таърифу тамҷид ҳам мешавад.

Вале набояд ҳимояти ҳар тарафи қавии хориҷӣ ва бахусус Русия аз Душанбе муҷиби интихоби роҳи аввал бишавад. Роҳи дуввум низ бо аҳзоби дастсохта ва ба истилоҳ қарордодии ҳукумат аз роҳи аввал тафовути чандоне нахоҳад дошт. Пас беҳтар аст Тоҷикистон дар интихоботи пеши рӯ шароити муносибтареро фароҳам кунад ва натиҷаеро ба даст биёрад, ки ваҷҳа ё худ имиҷи моро ба унвони кишвари қарорёфта дар масири демократӣ ва мардуммеҳварӣ боло барад. Зеро, масалан, барои қишри огоҳ ҳамон миқдоре, ки раҳ наёфтани намояндагони дигар аҳзоби матраҳ ба порлумон ғайри қобили қабул аст, ҳамон андоза аз аъзои як ҳизб, ҳатто ҳизби ҳоким, таркиб ёфтани порлумон низ боварнакарданӣ мебошад.

Вижагии шароити сиёсии Тоҷикистон дар он аст, ки бештари аҳзоби мухолиф дар масоили усулии марбут ба ҳифзи манофеъи миллии кишварамон муттаҳид ва шарики ҳукумат мебошанд ва ин амрро дар чанд соли ахир борҳо исбот кардаанд. Ба ин мавзӯъ бояд бо назари арзишӣ нигарист, зеро борҳо иттифоқ афтодааст, ки дар бархе аз кишварҳои минтақа иддае аз шахсиятҳо ва аҳзоби мухолиф барои расидан ба манофеъи маҳдуди хусусӣ ё гурӯҳии худ дар муъомилаҳои сиёсӣ бо тарафҳои қудратманди хориҷӣ манофеъи миллиро ба бозӣ гирифтаанд. Дигар ин ки вуҷуди аҳзоби воқеан мухолиф дар порлумон ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ба далоили зиёде ба суди кишварамон аст, ки пардохтан ба ин мавзӯъ фурсати дигарро мехоҳад.

Аммо дар ин миён коршиносони рус зимни таъкид бар нармиши мавзеъгирии тарафи тоҷик дар сафари ёдшуда ба Маскав танҳо аз соли 2010 ба унвони соли интихоботи порлумонии Тоҷикистон ёд карданд ва аз соли 2013 чизе нагуфтанд. Чаро? Зеро аз як тараф ҳанӯз фурсат зиёд аст ва аз тарафи дигар таъкид рӯи он замоне метавонад анҷом шавад, ки дар равобити дуҷониба масоили ҷиддитаре пеш ояд. Таври маълум интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни соли 2013, ки амалан охирин соли иҷораи пойгоҳи низомии 201 Русия дар кишварамон мебошад, баргузор мегардад. Маскав ба қавле рӯи ин ҳамзамонӣ ҳисоб гузоштааст ва мунтазири фаро расидани замони муносиб аст, то битавонад барои бақои ҳузури низомии худ боз ҳам баҳрабардории лозимро дошта бошад.

Агар бихоҳем дар як калом нуфуз ва нақши воқеии Русияро барои кишвармон дар ин марҳала таъриф кунем, шояд беҳтар аз мақоли маъруф (танҳо бо тағйири номи шаҳр) чизе натавон гуфт: Ҳама роҳҳо ба Маскав меанҷомад...


Қосим БЕКМУҲАММАД
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97