ИҚБОЛ ДАРГУЗАШТ, ФОРСӢ ҲАМ МУРД Ё Муҳаммад Иқбол ва тамаддуни умумифорсӣ

Сиёсат 03.12.2009 17:04

Ба таваҷҷуҳи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Анҷумани байналмилалии тоҷикони ҷаҳон ва форсизабонон Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Раиси Ҷумҳури Исломии Ирон, дуктур Аҳмадинажод

Солҳост, ки меҳмони диёри Иқболам ва ҳар боре, ки ба ин диёри андеша ва хирадхез ворид мешавам, онро дигаргуна дарёб мекунам ва бардоштҳоеро бо худ мебарам, ки дар меҳмониҳои қаблӣ вар нахӯрда будам. Воқеан, Иқбол дар қабили он барзгари андешаест, ки диёри пиндорҳои худро хеле зебо бунёд кардааст ва барои ҳамеша обод нигоҳ доштааст.

Ончиро, ки ман дар меҳмонхонаи пиндору ашъори ин тарроҳи олами муосир пайдо кардам, дар ғайри он то ҳанӯз наёфтаам. Аммо чизе, ки маро ҳамеша зимни мутолиаи осор ва ашъори ин аломмаи фақид ҳамроҳӣ мекунад ва аз ҳарфу мисраи шоир посух металабад, ҳамоно пайванди Иқбол ба тамаддуни форсист.

ИТТИҲОД, РАМЗИ ПИРӮЗИСТ!

Иқбол ба унвони як тарроҳи нави олам дар доираҳои илмии муосири дунё замоне шӯҳрат пайдо кард, ки дар осораш дунёро ба ислом даъват намуд. Агар то Иқбол шоирони ориф ва орифони шоир ҳамагӣ ба тарзҳои умумӣ ва инфиродӣ ин ақидаро тарвиҷ карда бошанд, пас ӯ ин таълимотро ба таври консептуалӣ матраҳ карда буд, ки мабнӣ бар таҷдиди ҳаёти мусалмонони ҷаҳон мебошад:

Ҳазар аз асри нав, к-асри фасод аст,

Илоҷаш муслиминро иттиҳод аст.

Ба найранги сиёсӣ ҳал нагардад,

Калиди роҳи пирӯзӣ ҷиҳод аст!

Албатта ин даъвати Иқбол дар шароити равандҳои муосири иҷтимою сиёсӣ моҳияти гаронарзишеро ба худ ихтисос додааст. Чун дигар ҷомеаҳо наметавонанд дар худашон рушд кунанд, ба сӯйи якдигар майл мекунанд. Ҷомеаи ислом низ ба назари Иқбол дар ҳоли иттиҳод метавонад ба рушди суботбунёд даст ёбад. Дар шароити баҳамситезии фарҳангҳо ва ба ягонагӣ майл кардани арзишҳо (ҷаҳонишавӣ) ақидаҳои сиёсӣ-фалсафии Иқбол, моҳиятан арзиши бузургтаре касб мекунад, ҳарчанд барои доираҳои қудратманди олами муосир ин таълимот мақбул нестанд.

МУССОЛИНИ, РӮ БА ИСЛОМ БИОВАР!

Иқбол ба ҳайси як фигури матраҳи илм ва адаби ҷаҳон нафарест, ки ба ҳам омаданро дар оини ислом аз дунё талаб мекунад. Боре як дӯстам, ки дар донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил мекард гуфт, ки: «Замоне ки Мусолини дар Итолиё ҳаракати фашизмро таъсис кард, Иқбол дар Урупо буд ва ӯ аломмаро барои машварат ба ҳузури худ хонд ва гуфт, ки ман мақсади ҷаҳонро гирифтан дорам. Иқбол ба ӯ (Мусолини) як ҷумла ҷавоб гуфт: Агар дунёро гирифтан мехоҳӣ, рӯй бар ислом биёр»! Ҳарчанд, ки зимни мутолиоти баъдӣ ин таъкидро дар осори интиқодии иқболшиносӣ пайдо накардам, вале ҳамоно ба ин нукта сахт эътиқод дорам. Зеро қабат-қабати осори Иқбол чунин аст. Аз ин рӯ пайванди Иқболро ба тамадуни форсӣ-тоҷикӣ ду чиз таъмин мекунад; ислом ва забони форсӣ.

Албатта ин нукта, ки тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ як василаи аслии исломгарой набудани Иқбол аст, чандон илмӣ нест. Зеро ҳарчанд сарзамини ӯ исломро ҳанӯз дар асри VII пазируфта бошад, ҳам аммо ҳуҷуми Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба ин сарзамин исломро бо забони форсӣ-тоҷикӣ овард. Дар ҳамон давра забони тоҷикӣ онҷо мустақар гардид ва ҳукумат пайдо кард. Ба андешаи муаррих Қаҳҳор Расулиён «Забони порсии дарӣ ҳанӯз ҳазор сол муқаддам, айёми лашкаркашиҳои султонҳои Ғазнавиён ба сарзамини Покистони кунунӣ қадам ниҳода, баъдтар густариш ёфта ва тӯли садсолаҳо забони расмии ин марзу бум буд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва ворисони ӯ шаҳри Лоҳури иёлати Панҷобро ба ҳайси яке аз пойтахтҳои худ пазируфта, барои равнақи дини ислом ва забони порсии дарӣ аз тамоми сарзамини паҳновари форсизабонон, минҷумла Осиёи Миёна адибону ….. оварда буданд» (Қаҳҳор Расулиён, Покистон.-Душанбе, 1997).

МАҲМУДИ ҒАЗНАВӢ ВА ИҚБОЛ

Мешавад гуфт, ки решаи аслии пайванди доктор Иқбол бо ҷомеаи форсӣ-тоҷикӣ ин ҳуҷуми Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон аст. Ҳамин аст, ки образи Султон Маҳмуд дар фалсафа ва адаби Иқбол ба сифати як чеҳраи локомотив ва идеолӣ ҷилва мекунад ва ин ҳам алорағми таърихшиносии кишварҳои дигари қаламрави забони форсӣ-тоҷикӣ. Маҳмуди Ғазнавӣ барои Иқбол як чеҳраи хунхори таърих не, балки як симоест, ки дар заминаи муборизаҳо аз ғуломӣ ба шоҳӣ расидааст ва Иқболи насли осорашро дар заминаи симоҳое чун Маҳмуди Ғазнавӣ тарбият мекунад. Аз инҷост, ки Маҳмуди Ғазнавӣ ба сифати яке аз мабдаҳои алоқаи Иқбол ба ҷомеаи форсӣ баромад мекунад.

ИҚБОЛ САМАРҚАНДИСТ?!

Хонаводаи Иқбол бо ислом ошноии дерина дошт. Аммо замоне, ки Иқбол ба адабиёти бузурги форсу тоҷик, ки ба унвони як адабиёти исломист, ошноӣ пайдо кард, исломшиносӣ ва исломхоҳии вай низ тағйир кард. Аз ҷониби дигар баъзе иқболшиносон хонаводаи дуртари аломмаро аз Самарқанд медонанд. Яъне Иқбол ба тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ пайванди хуниву имонӣ дорад. Ислом ва забони форсӣ-тоҷикӣ ба сифати ду омили тавъаме дар иштиёқи аломма ба ҷомеаи умумифорсӣ мебошанд.

ИҚБОЛ ҚАҲРАМОНИ

ШЕЪРИ ФОРСӢ

Донишманди фақид Довуд Шерозӣ ҷойгоҳи Иқболро дар тамаддуни умумифорсӣ хеле баланд қоил мешавад: «Бо ин ки теъдоди ҳиндуёни порсигӯ бисёр зиёд аст ва дар миёни онон шоирони қодире низ дида мешавад, ҳисоби Иқбол аз ҳамагии онҳо ҷудо аст. Иқбол шоире дар радифи қаҳрамонони ҷовиди шеъри форсӣ аз қабили Мавлоно Ҷалолиддин ва Ҳофиз аст. Иқбол сабк ва мактаби ҷадиде дар шеъри форсӣ таъсис карда, ки дар воқеъ бояд сабки ӯро сабки Иқбол номид ва қарни адабии ҳозирро бояд ба номи ӯ музайян сохт».

Аломма осорашро ба се забон; инглисӣ, урду ва форсӣ- тоҷикӣ таълиф намудааст, ки аз ин миён се асар ба инглисӣ, ду асар ба урду ва 12 асар ба форсӣ мебошад, ки бешак алоқаи шадиди ин абармарди андешаро ба як тамаддуни воқеан арзишманди ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Осори форсии Иқбол «Асрори худӣ», «Рамузи бехудӣ», «Забури Аҷам», «Ҷовиднома», «Паёми Машриқ», «Пас чӣ бояд кард?», «Армуғони Ҳиҷоз» ва маснавиҳои «Гулшани рози ҷадид», «Бандагинома», «Мусофир» ва ғайра осори назмӣ-фалсафии аломмаро ҳовӣ ҳастанд, ки намунаи барҷастаи як адабиёт ва ин ҳам адабиёти форсӣ дар саддаи XX мебошанд.

МО БЕЗОРИ ФОРСӢ,

ИҚБОЛ ОШИҚИ ФОРСӢ

Аз ҷониби дигар Иқбол худ шефтаи забони дарист. Ин нуктаро шоир бо сароҳат таъкид мекунад:

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Иқбол дар осори худ борҳо алоқаи шадид доштанашро ба тамаддуни умумифорсӣ зикр мекунад. Аз ҷумла дар ғазали маъруф, ки дар сосри интиқодии иқболшиносӣ бо номи «Паёми Иқбол» ёд мешавад, қоил мешавад, ки:

Ҳалқа гирди ман занед эй пайкарони обу гил,

Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо.

Сиришти Иқбол аз таъсири андешаҳои паёмбарони фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ Носири Хисрав, Румӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ҳамеша саршор буд. Ин аст, ки ӯ мегӯяд:

Гаҳе шеъри ироқиро бихонам,

Гаҳе Ҷомӣ занад оташ ба ҷонам.

Иштиёқи Иқбол бо сардамдорони адабиёти форс-тоҷик пайванди ақидавии ӯро ба тамаддуни форсӣ нишон медиҳад. Ин қаҳрамони наҳзати ақлонӣ ва истидлоли дунёи ислом, мешавад гуфт, ки таҳти таъсири сахти Мавлонои Балх қарор дошт. Ин омил, яъне таъсири сухансароёни шаҳири форсу тоҷик Иқболро ба тамаддуни форсӣ наздиктар мекунанд.

Иқболшиноси маъруфи Ирон, Аҳмад Суруш пайванди Иқболро ба тамаддуни форсӣ аз ягонагии ирқии то исломии Ҳинду Ирон медонад ва ба назари вай ин пайванд баъди зуҳури ислом дар ин сарзамин ва ҳуҷумҳои 17- маротибаи Оли Ғазниниён боз ҳамгиротар гаштааст: «Ҳақиқат ин аст, ки ҳиндиён ва ирониёни бостонӣ пас аз ҷудоӣ боз ҳам дар якдигар таъсироти мутақобил доштанд, аммо ҳиндиён бештар таҳти таъсири ирониён қарор доштанд.

ФАРҲАНГИ ФОРСӢ ВА

ШИКАСТИ ҲИНДУИЗМ

Пас аз зуҳури ислом низ, гарчӣ ҳиндуизм бо қудрати истеҳлокнопазираш дар баробари ислом сафороӣ кард, аммо ҳамон тавре, ки гуфтем сокинони он қисмате аз шибҳақораи Ҳинд, ки ҳаргиз наметавонистанд аз Ирон ҷудо шаванд, исломро пазируфтанд ва дар ҳақиқат бо тамоми муқовимате, ки ҳиндуизм ба харҷ дод боз ҳам дар муқобили ислом шикаст хӯрд ва ислом ба маротиб пеш рафт. Албатта, ҳиндуизм, ки ба василаи тарҳ ва алоиму доктринҳою фирқаҳои ҷадиди қудрат ва эҳсосоти тадофеъи ҳиндуҳоро барангехт ва нируи муқовиматашонро таҷдиду тамдид кард» (Кулиёти ашъори форсии Иқбол Лоҳурӣ.- Теҳрон, 1964).

Алоқаи бемисли Иқбол ба тамаддуни умумифорсӣ бештар дар он зоҳир мегардад, ки ӯ баъди сафари аввалини худ ба Урупо дар Мюнхени Олмон рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Тавсеа ва такомули фалсафаи мовароуттабиа (метафизика) дар Ирон» дифоъ кард.

Осори Иқбол саропо муҳаббат ва самимияти ӯро ба дунёи форсӣ бозгӯӣ мекунанд. Пайвандҳое, ки Иқбол ба Румӣ дорад, ин низ консепсияи андешаҳои форсишиносии ӯро нишон медиҳад. Ӯ ба забони ҳол мегӯяд, ки Румӣ комилан дигаргунаш кардааст:

Гиреҳ аз кори ин нокора во кард,

Ғубори роҳгузарро кимиё кард.

Найи он найнавози покбозе,

Маро бо ишқу мастӣ ошно кард.

***

Худӣ то гашт маҳҷӯи Худоӣ,

Ба фақр омӯхт одоби гадоӣ.

Зи чашми масти Румӣ вом кардам,

Суруре аз мақоми кибриёӣ.

***

Ба коми худ дигар он кӯҳна май рез,

Ки бо ҷомаш наярзад мулки Парвез.

Зи ашъори Ҷалолиддини Румӣ,

Ба девори ҳарими дил биовез.

ИҚБОЛ БО ФОРСӢ СӮҲБАТ МЕКАРД?

Иқбол худ ба унвони бузургтарини шоири садаи ХХ шарафёб шудааст, ки ин нукта ба мо дигар иҷоза намедиҳад, ки ӯро аз тамаддуни умумифорсӣ ҷудо баррасӣ кунем. Аммо чанд нуктаи дигаре вуҷуд доранд:

1.Як василаи дигари муҳаббати Иқбол ба тамаддуни умумифорсӣ ин таваҷҷуҳи ҳайратбарангези аллома ба як қисмати бузурги қаламрави умумифорсӣ-Афғонистон аст. Ӯ баъди сафараш аз ин сарзамин маснавии «Мусофир»-ро дар ҳолати масту аласт будан аз ин диёр эҷод кард. Ба назари Иқбол:

Осиё як пайкари обу гил аст,

Миллати афғон дар он пайкар дил аст.

Ва дар маснавӣ ин сарзаминро хеле баҳои баланд медиҳад:

Сарзамине кабки ӯ шоҳинмизоҷ,

Оҳуи ӯ гирад аз шерон хироҷ.

Аҳмад Суруш менависад, ки: «Ин китоб беҳтарин муаррифии таассурот аз ин сафар аст ва гармҷӯшӣ ва баландназарию алоқаи қаблии ӯро ба миллали мусалмон хосса, иронию афғон ба хубӣ нишон медиҳад».

2. Дар китоби донишманди фақид, файласуф ва шоири андешагаро Комил Бекзода «Гурез аз Хайём» дар қисмати «Он чи дар қофия нагунҷид» мехонам: «Яке аз кормандони Иттиҳоди нависандагон пурсид, ки (аз Ҷовид Иқбол-фарзанди аллома. И.С.) «Падари шумо дар хона бо кадом забон ҳарф мезад?» Ҷовид Иқбол дар ҷавоб гуфт: «Падарам дар хона бо забони урду сӯҳбат мекарданд. Забони форсиро мехонданд, мефаҳмиданд ва шеърҳо менавиштанд, вале озод гуфтугӯ карда наметавонистанд». Ва худи Ҷовид ҳам форсиро намедонист ва дар ҳама мулоқот бо забони англисӣ сӯҳбат мекарданд. Вазъи забони форсӣ-тоҷикӣ дар Покистони имрӯза, хусусан вазъи он дар хонаводаи аллома Муҳаммад Иқбол, мо фарҳангиёни Тоҷикистонро хеле дилсард намуд…» (Комил Бекзода. «Гурез аз Хайём».-Душанбе, 2003).

Воқеан хеле нуқтаи нангин аст, замоне як шоир бо забони форсӣ шеъри оламгир меофарад, вале «озод гуфтугӯ карда наметавонад». Ин нуктаро албатта ба баҳси дигар мегузорем, вале эътиқоди ман ҳамоно ин аст, ки Иқбол, ки тавониста дар қолаби забони форсӣ шеъри рӯҳнавозу ҳушдоркунанда офарад, бояд ин забонро хуб медонист, зеро вай аз ширинии он ёдовар аст – тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст. Шоире, ки ба ибораи Аҳмад Суруш «оқибати тилисми шеъри форсиро шикастааст» муваззаф буд, ки забони ин шеърро дар ҳадди озодона бидонад. Марде, ки «ягона маҳсули зарранамои вуҷудро сухани порсӣ медонам» гуфта буд, намешавад, ки ин забонро надониста бошад.

ФОРСӢ БЕСОҲИБ АСТ?!

Дар Покистони имрӯза (манзурам Покистони 50-60 соли охир аст) ва Ҳиндустон забони форсӣ мавқеи худро аз даст додааст, ки Нодирпур дар як кунгураи шеъри Иқбол (дар Деҳлии нав) онро эҳсос кардаву нидо мекунад:

Эй баландиқболи фирдавсисиришт,

Олам аз табъи ту хуррам чун биҳишт.

Эй пас аз шаҳномапардози куҳан,

Кас накишта ҳамчу ту тухми сухан,

Эй, ки бурди ранҷҳо дар сол сӣ,

То сухан ту оварӣ дар порсӣ.

Эй, ки бо назми дарӣ кохи баланд,

Сохтӣ аз боду борон бегазанд.

Эй, ки пайвастӣ ба ҳам чун Мавлавӣ,

Хуйи дарвешиву лутфи хисравӣ.

Эй, ки бо сеҳри сухан кардӣ падид,

Бар «Мусофир», «Гулшани рози ҷадид».

Эй ба «Асрори худӣ» пардохта,

Эй «Рамузи бехудиро» сохта,

Эй худоӣ карда дар лафзи дарӣ,

Дар «Паёми Машриқ»-ат пайғамбарӣ.

Эй, ки гуфтӣ бо ҷавонони аҷам,

К-эй хуморолудагони ҷоми Ҷам.

«Ростӣ, ҷони ману ҷони Шумо,

Лолаам ман дар гулистони шумо».

Оре, эй Иқболи маъниофарин,

Сар барор аз хоби сангину бубин,

К-андар ин ҷо дар дили иқлими ту

ххх

Ҳар, ки овард аз ту зикре дар миён,

Инглисидон шуду урдузабон.

Лафзи зебои туро як су ниҳод,

Ҳурмати шеъри дарӣ бар бод дод.

Гар ту таҷлиле чунин мехостӣ,

Аз чӣ қадри порсиро костӣ.

Ё ба урду менавиштӣ номаҳо,

Ё ба лафзи «инглисӣ» чомаҳо.

Лек медонам, ки эй марди шигифт,

Ин гунаҳро бар ту натвонам гирифт.

Гар дигар бор аз биҳишт ойӣ фуруд,

Кай ба ҷуз шеъри дарӣ хоҳӣ суруд.

Кошки номоварони анҷуман,

Дар китобат хонда буданд ин сухан:

«Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст».

Сухани охир дар мавриди алоқаи шаддиди Иқбол ба тамаддуни форсӣ ҳамоно ногуфта боқӣ мемонад, зеро ин кор пажӯҳишоти жарфтареро тақозо мекунад. Вале як чиз мусаллам аст, ки Иқбол худ як намоди забон ва адаби порсӣ дар асри ХХ аст, ки бад-ин ғоят расидани ӯро намешавад бидуни таъсири ислом, забони форсӣ ва осору ақоиди Румию Ҳофиз… (аз назари Иқбол «Девони Шарқию Ғарбӣ»-и Ҳуте дар таъсири Ҳофиз рӯйи кор омадааст) тасаввур кард.


Иршод СУЛАЙМОНӢ, устоди ДМТ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97