АБДУЛЛОҲ, КАРЗАЙ, УСТОД НУРӢ ВА КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Сиёсат 26.11.2009 14:44

ТАЪИНИ СУЛТОН КАРЗАЙ ВОДОРАМ КАРД

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин авохир таҳаввулоти шадиди чашмгиреро мувоҷеҳ гашт, ки албатта ширкати бозигарони бузурги ҷаҳонӣ дар он ошкору возеҳ буд. Банда, дар ин маврид ҳавсалаи навиштани мақолаеро надоштам, вале мақолаи хабарнигори шиноха Раҳматкарими Давлат, зери номи "… Обама "Султон Карзай"-ро таъин кард" водорам сохт, то баъзе омилҳои зирабт ба ин гуна таҳаввулотро ба ёд биёрам ва ба риштаи таҳлил бикашам. Агар бигӯем, ки Афғонистон воқеан як кишвари нодир ва мардуми он заҳматкашу озодафикр ҳаст, иштибоҳе нахоҳем кард.

Дар зеҳни баъзе аз хонандаҳои муҳтарам, эҳтимол саволе пайдо шавад, ки Афғонистон чиву нодирии он чӣ? Бале, дар зоҳир чунин аст ва як инсони чандон нобовар инро қабул карда наметавонад. Вале банда ба ин боварам, ки ҳамин гуна нобоварон маҷоли рад кардани гуфтаҳои болоро пайдо намекарданд, агар соле дар он ҷо басар мебурданд. Бо илова ҳаминро низ қобили тазаккур медонам, ки миллати Афғонистон ҳузури нируҳои хориҷиро дар ҳеҷ давру замон таҳаммул накардааст.

АЗ ДАФТАРИ ХОТИРОТ

Хотироти зиёде аз бархурдҳои дохилӣ ва бозиҳои хурду бузурге, ки атрофи ин кишвари "пурмоҷаро" рух доданд, дар зеҳни банда ҳамчун таҷриба боқӣ мондааст. Чун панҷ соли ҳаёти банда он ҷо пушти сар шуд ва дар заминаи масъулият раванди таҳавулотро дар ин кишвари воқеан нодир думболагирӣ мекардам. Солҳои 1993-96 Афғонистон ҳадди ақал ба чаҳор минтақа тақсимбандӣ шуда буд, ки ҳар кадоме хешро ба истилоҳ мустаъқил медонист, ҳатто баъзеи он пули худро ҳам дошт. Вале мардуми ин кишвар, ба ҳамаи ин мушкилӣ нигоҳ накарда, аз шарқ ба ғарб ва аз ҷануб ба шимол сафар мекарданд.

Дар нисбати қазияи Афғонистон аз ҳама ҷониб сӯҳбат мекарданд ва гӯё барои барқарории суботи он чораҳое низ пешниҳод мекарданд. Вале дар мавриди истифодаи нируҳои низомии хориҷӣ ҳарфе шунида намешуд, ҳатто аз ҷониби бозигари хориҷӣ ҳам. Чунин эҳсос мешуд, ки ҳеҷ ҷонибе ҷуръати ин гуна пешниҳодро надошт. Чунки дар муқобили ин гуна бозиҳо сипаҳсолори ҷиҳоду муқовамат шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд меистод, ки ҳанӯз дар замони таҷовузи Шӯравӣ ба як чеҳраи сиёсӣ ва қаҳрамони миллӣ табдил ёфта буд. Новобаста ба тақсимбандиҳои сунъӣ ва "гуногунроҳбарӣ"-и манотиқи Афғонистон, масоилеро бидуни Аҳмадшоҳ Масъуд касе тавони матраҳ ва ёрои ҳал кардан надошт.

Гумон мекунам, моҳҳои январ-феврали соли 1995 буд, ки гурӯҳе аз амрикоиҳо, ба ҳайси сиёсатшинос ва таҳлилгарони мустақил дар шимоли Афғонистон бо миссияи хос пайдо шуданд. Ва онҳо рӯзе ба шаҳри Толиқон ҳам расиданд, ки дафтари марказии Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон он ҷо буд. Онҳо баъди анҷоми дидору мулоқот бо мақомоти афғонӣ, дархост карданд, ки бо масъулини сиёсии Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ сӯҳбат кардан мехоҳанд. Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳайъатеро ҷиҳати мулоқот бо амрикоиҳои таҳлилгар муайн кард ва мулоқот ҳам доир гардид. Аз масъалагузориҳои меҳмонон эҳсос мешуд, ки рӯ овардани Аҳмадшоҳ Масъуд ба Ғарб ҷиддист ва суботу оромиро бояд бо кӯмаки онҳо барқарор кард. Аҷибии кор дар он буд, ки Шери Панҷшер амният ва имкониятҳои сафар аз минтақа ба минтақаи дигарро барои меҳмонон таъмин карда буд, вале омодаи сӯҳбат набуд. Амрикоиҳо дар сӯҳбат бо ҳайъати ҲНИТ дар ин маврид ишора ҳам карданд ва моили мулоқот доштан бо Масъудро пинҳон накарданд. Таҳлилгарон ва сиёсатшиносони мустақили амрикоӣ баъди сӯҳбатҳои зиёд дар манотиқи марказӣ ва шимолии Афғонистон ба хулосае расида буданд, ки бе ширкати Масъуд амалӣ шудани ҳеҷ тасмиме номумкин аст. Ва дар мавриди моилсозии ӯ бо Ғарб ҳоҷати дигаре нест. Роҳи ягона сарнагунии низоми Давлати Исломии Афғонистон буд, ки дар раъси он донишманд ва сиёсатмадори таҳаммулпазир, профессори улуми исломӣ устод Раббонӣ қарор дошт ва ин гуна табаддулотро танҳо бо дасти Ҳаракати толибон анҷом додан имкон дошт. Ва ба ҷаҳониён нишон додан мехостанд, ки миллати Афғонистон аз чунин як шакли низоми давлатдорӣ, ки гӯё муносиби низоми исломӣ нест, хаста шудаанд ва "иқдомҳои амниятоварии толибонӣ"-ро ҷонибдорӣ мекунанд.

Бале, кор то ба ҷое расид, ки Ҳаракати ғайритабии толибон қудратро ба даст гирифт ва низоми хешро қариб дар 99% қаламрави Афғонистон ҳоким сохт. Аммо, Масъуди шаҳид шикасти хешро қабул надошт ва пеши кадом қудрати хориҷие низ сари хеш хам накард. Ин гуна ҳолат наметавонист ба дарозо ба манфиати побарҷоии низоми толибонӣ бошад, чунки доираҳои бозигар аз таҷрибаи муқовимати Масъуд хеле хуб огаҳӣ доштанд. Аз ҷониби дигар, Масъуд ягона такягоҳи боэътимод ва ҳадафманде буд барои устод Раббонӣ дар муқовамат ва мубориза алайҳи душманони Афғонистон. Аз нигоҳи манфиатхоҳон фурсати он расида буд, ки бо ҳар қиммате ҳам бошад Аҳмадшоҳ Масъуд аз миён бардошта шавад. Тавре шоҳид гаштем, Масъудро бо шаддидтарин услуб аз байн бурданд. Ин ҷо наметавон аз ҷавонмардӣ ва дилсофии мусалмонии ӯ ёддовар нашуд, ки эҳтимол ҳамин сифатҳо эътимоди душманони вайро дар чеҳраи "исломӣ" бештар кард ва онҳо аз наздик чунин як амалро анҷом доданд. Дигар чунин як фарди сарсупурдаи роҳи ҷиҳод ва муқовиматро миллати Афғонистон аз даст дод ва каси дигаре ҷойгузини ӯ наметавонист бошад. Ҳамин буд, ки устод Раббонӣ дар раванди мудохилаи берунӣ афроди ҳадафманди дигареро дар паҳлӯи хеш надошт.

Ҳамин тавр, доираҳои манфиатхоҳ ва бозигари сиёсатҳои геополитикӣ тавассути "низоми толибонӣ", ки худ онро роҳандозӣ кардаву тайи чанд сол ҳукмронии ин тоифаро таҳаммул ҳам карданд, тавонистанд чеҳраи Исломро бадномшуда ва беэътибор нишон бидиҳанд ва афкори ба истилоҳ густариши радикализм ва экстремизми исломиро дар Ғарб ва низоми давлатдориҳои ИДМ тақвият бахшанд. Чунин як фурсатро низомҳои Осиёи Марказӣ низ интизор буданд, чун бо доираҳои исломхоҳи хеш мушкил доштанд. Аз ин хотир изҳори ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо қудратҳои ҷаҳонӣ мекарданд. Акнун барои Ғарб танҳо пайдо кардани василаи муносиби ворид шудан ба Афғонистонро тарҳрезӣ кардан боқӣ монда буду бас. Баъди таҳлилу баррасии паҳлӯҳои мухталифи далил ва василаи вуруд ба Афғонистон, ба хулосае расиданд, ки бидуни истифодаи нируҳои низомии Ҷабҳаи муттаҳид ин кор номукин аст. Чунки Ҳаракати толибон тавонистанд мардуми паштузабонро як гуна пуштибони хеш қарор бидиҳанд.

ИСТИФОДАИ ҒАЙРИТАБЙИИ

ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Дар мавриди чӣ гунагии шикасти низоми толибонӣ ин ҷо чизи дигаре гуфтанро лозим намебинам. Чун ҳадаф аз навиштани мақолаи мазкур шарҳи нотавонбинии афроди мансабхоҳ дар Конфронси Бонни Олмон ва баъди он аст. Воқеан, чунин ба назар мерасид, ки дар конфронси Бонн аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода хоҳад шуд ва бештари таҳлилгарон дар ВАО дар ин маврид зиёд тазаккур медоданд. Аммо, собиқ ҳамсафони Аҳмадшоҳи Масъуд қабл аз рафтан ба Бонн дар қалби хеш нақшаи дигар кашида, кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, ки аз ширкати устод Раббонӣ дар ин нишаст ҷилавгирӣ кунанд. Ва гӯё бо ин васила мақоми дилхоҳи хешро дарёфт карданӣ буданд, албатта қабл аз ҳама сарварии давлатро. Онҳо ба дарки ин нарасида буданд, ки устод Раббонӣ дар меҳварияти ҷиҳод ва муқовимат қарор дошт ва бояд ин масъала ба инобат гирифта шавад. Вале, ҳубби қудратхоҳӣ чашми онҳоро кӯр карда буд.

Дар ҳамин ҷо лозим медонам дар мавриди раванди таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва интихоби раҳбари он, ки дар асоси Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон буд, ёддовар шавам. Бубинед, дар мо ҳам бо ҳар баҳона кӯшишҳои зиёде ба харҷ рафт, то устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нуриро нагузоранд вориди Тоҷикистон шавад. Ин гуна кӯшишҳо ҳам дар хориҷи кишвар сурат гирифтанд ва ҳам дар дохил ва ҳар нафари алоҳидае худро дар мақоми аввали КОМ дидан мехост. Онҳо маҳз ҳамин нақши меҳварияти устод Нуриро ба инобат намегирифтанд ва гӯё ҳар нафари дигаре ҳам метавонист роҳбарии КОМ-ро ӯҳда кунад. Ҳатто, дар раванди пешниҳоди ин ва ё он курсии мансаб ҳар нафари онҳо кӯшиш мекард, хешро наздик ба сарвари давлат нишон диҳад. Аммо, ҷомеъа шоҳиди ҳамаи ин гуна бозиҳо ва дигар паҳлӯҳои мансаби давлатиро ҳадаф қарор додан гардид. Хушбахтона, дар вақти муносиб макрҳои сунъӣ бекор шуданду макри аслӣ ғолиб ва устод Нурӣ дар раъси КОМ вориди кишвар гардид. Агар не, мушкилоти иҷрои Созишномаи сулҳро ҳеҷ каси дигаре бе таҳаммулпазириву гузаштҳои нуриёна амалӣ карда наметавонист. Эҳтимол дар ин ҷо кадом камбудӣ ва норасоиҳое буданд, вале оне, ки истиқрори сулҳ ба даст омад, бурди муҳим ва арзишмандест барои ҳамаи миллат, ки имрӯз дар фазои субот ва оромӣ басар мебарад.

Бармегардем, ба ҳамин гуна қазия дар кишвари бародари Афғонистон, ки чӣ бозиҳое сурат нагирифт. Ҳамсафони устод Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд эҳтимол фикр карданд, ки вақте низоми толибонӣ бо кӯмаки Ҷабҳаи шимол шикаст хӯрд, Ғарб қудрати сиёсиро ба дасти онҳо медиҳад ва раванди барқарории суботро низоми давлатдориро бидуни ширкати хеш тасавур намекарданд. Аммо, кор дар Бонн шакли дигар гирифт ва дар раъси давлати таъинотӣ шахсе сари қудрат расид, ки дигар маҷоле барои рад кардани ӯ аз ҷониби ҳамсафони устод Раббонӣ боқӣ намонда буд. Яъне курсиҳои қудрат тавре тақсимбандӣ шуданд, ки гӯё ҳамаи ширкатдорон мувофиқ буданд. Аммо, дар он вақт ҳам ҳамсафони устод Раббонӣ ба дарки он нарасиданд, ки найранг ва бозиҳои бузургтаре ҳоло дар пешанд. Бубинед, интихоботи Луи ҷиргаро, ки чӣ тарз доир гардид ва дар интихоби раёсати он чӣ кушишҳое нашуд, то ба ҳамсафони Аҳмадшоҳ Масъуд нарасад. Аммо, ин ҷо ҳузур ва талошҳои устод Раббонӣ ҳадафи бозигарони манфиатхоҳи хориҷиро ботил сохт. Ва ин марди шариф ва огоҳ аз бозиҳои сиёсӣ тавонист интихоб шудани яке аз ҳамсафони Аҳмадшоҳ Масъудро ба раёсати порлумон таъмин намояд.

БАҲОИ ИШТИБОҲОТ

Ҳоло иқтибосе меорам аз навиштаи Р. Давлат, ки мегӯяд, дигаре аз ҳамсафони Аҳмадшоҳи Масъуд, ки аз камбудиҳои интихоботи раёсати ҷумҳур шикоят карда ва гӯё ба дарки иштибоҳоти гузаштаи хеш расидааст. "…Доктор Абдуллоҳ, вақте ки об дар чашмонаш ҳалқа мезад, буғз гулӯгираш карда буд, мехост тасмими худро эълон кунад, ки дар интихобот ширкат намекунад…… Аммо вақте…касе аз ӯ суол кард, ки саҳм ва ғалати худро дар ин ноҳақиҳо то куҷо мебинад, чун чанд сол вазири Карзай буд? Доктор Абдуллоҳ гуфт, ман натанҳо дар ин ҳукумат будам, балки ин ҳукуматро сохтам. Иштибоҳи ман ин буд, ки Каразайро дар ҷаласаи Бонн раиси ҳукумати кардам.

Валлоҳ, ки агар Абдуллоҳ ва Қонунӣ дар Бонн аз Карзай пуштибонӣ намекарданд, дастори зебандаи устод Раббонӣ дар қасри гулхонаи Кобул ба калапуши нангини Карзай иваз намешуд".

Дар мавриди шикасти Қонунӣ, дигаре аз шахсият ва ҳамсафони Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар ҳақи устод Раббонӣ хиёнат карда буд ва дар интихоботи чанд соли пеши раёсати ҷумҳур дар муқобили ҷаноби Карзай ба шикаст мувоҷеҳ шуда буд, чизе гуфтанӣ нестам. Чунки ҳарфҳои доктор Абдуллоҳро ба ин шахсият низ марбут донистан иштибоҳ нест, балки айни ҳақиқат аст.

Ин аст ҳамон хулосаи банда, ки як инсони гӯё сиёсатмадор, вале берун ё ноогоҳ аз бозиҳои бузурги сиёсӣ дар раванди бозиҳои бузурги сиёсӣ ба чӣ иштибоҳҳое мувоҷеҳ мегардад. Як чеҳрае ки тӯли си сол дар сангарҳои ҷиҳод ва муқовимат ширкат карда, чанд соли дигар ба ҳайси вазири умури хориҷӣ фаъолият карда ва солҳои баъд хешро барои расидан ба мансаби раёсати ҷумҳур омода кардааст. Бубинед, доктор Абдуллоҳ имрӯз ба хулоса расидааст, ки иштибоҳ кадом вақт сурат гирифтааст.

Акнун мебояд сари ин масъала фикр кард, ки оё ҳамон вақт ва имрӯз ҳам расидан ба қудратро ӯ ҳадафи хеш қарор надода буд? Мо умед мекунем, ки агар эшон ҳадаф аз хидмат ба миллат ва кишварро пешаи хеш қарор дода бошад, ҳатман рӯзе пирӯзӣ насиби ӯ хоҳад гашт. Ва дигаре аз нодириҳои миллат ва кишвари Афғонистон ҳамин аст, ки новобаста ба бозиёҳои бузурги сиёсӣ интихоботеро доир кард, ки барои кишварҳои Осиёи марказӣ онро метавон орзу кард.


Ҳ. САЙФУЛЛОҲЗОДА,
таҳлилгари сиёсӣ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97