ИНТИХОБОТ КАЙ БАРГУЗОР ШАВАД?!

Сиёсат 24.11.2009 15:18

Дар ҳоле ки мо барои баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ 3 моҳи дигар боқӣ мондааст, дар мавриди ба таъвиқ гузоштани интихобот сару садоҳое шунавотар ба гӯш мерасад. Бархе аз роҳбарони ҳизбҳо ва коршиносон бар он назаранд, ки замони интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ беҳтар аст ба баҳор гузаронида шавад. Онҳо бар он андешаанд, ки сардиҳои зимистон ва мушкилот бо барқ метавонад, мушкилоти омодагиҳои ҳизбҳоро ба ин интихобот дучанд биафзояд. Аммо ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон тағйири замони баргузории интихоботро як амали нодуруст медонанд.

Дар ин замина мо бо як суол бо чанде аз ҷонибҳои ширкаткунанда, интихобшаванда ва интихобкунандаҳо муроҷиат кардем: Тағйир додани замони баргузории интихоботи порлумонӣ - аз зимистон ба баҳор ба нафъи кӣ ва ё кадом ҳизб хоҳад буд?

НАЗАРИ ИНТИХОБКУНАНДА

Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигор:

- Ман ба он фикр, ки интихоботи порлумонӣ аз зимистон ба баҳор гузаронида шавад, пурра розиям. Масалан, на ҳама маҳалҳои Тоҷикистон, махсусан дар деҳот, ки аксарият ё теъдоди асосии интихобкунандагон дар он ҷо ҳастанд, аз барқ маҳруманд. Тарафи дигари масъала он аст, ки дар зимистон рафту омади намояндагони ҳизбҳои дигари сиёсӣ ба минтақаҳо душвор мешавад. Воқеан интихобот бояд маълум кунад, ки мардум ҷонибдори кадом ҳизб аст ё кадом нируи сиёсӣ ва порулмон ҳам, ки ташкил мешавад бояд ҳаминро инъикос кунад, ки дар Тоҷикистон кадом нируҳои сиёсӣ амал мекунанд. Яъне порлумон инъикоскунандаи нируҳои сиёсии кишвар бояд бошад. Албатта Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳизби пешбар аст, ингуна мушкилот надорад, ба хотири он ки ҳозир бо Ҳукумат марбут аст ва аз тамоми захираю имкониятҳои Ҳукумат барои ташвиқоту тарғиботу таблиғоти худ истифода мебарад, ҳам тариқи телевизионҳои давлатӣ ва ҳам тариқи нашрияҳое, ки таҳти сарпарастии ҳукуматанд. Дар зимистон барои ҳизбҳои дигар чунин имконият нест, масалан ҳозир тасаввур кунед, ки аз Душанбе ба Бадахшон рафта омадан ё аз Душанбе рафтан ба манотиқи шарқ ё шимоли Тоҷикистон харҷу хароҷоти зиёд дорад. Аз тарафи дигар тавре гуфтем, нируи барқ нест. Дар баҳор ингуна проблемаҳо пеш намеояд, рафтуомад осонтар мегардад. Фикр мекунам, ки ин пешниҳод пешниҳоди дуруст аст ва ҳеҷ мушкил нест, ки агар як ё ду моҳ интихоботро дертар гузаронанд ва ба баҳор монанд. Тамоми аъзои участкаи интихоботӣ, ҳавзаҳо аз намояндагони ҳамин ҳизб - Ҳизби халқии демократӣ ташкил ёфтааст ва фикр дорам, ки дар вақти набудани барқ тақаллубкорӣ осонтар мегардад, шаъмро дар мегиронанду "урра…" мекунанд.

Ғанӣ Одинаев, соҳибкор:

Фикр мекунам, барои тағйир додани замони баргузории интихоботи порлумонӣ дер шудааст. Ин ки ҳизбҳои мухолиф пофишорӣ доранд, ки замони он тағйир ёбад, дар ҳоли ҳозир як зӯри беҳуда аст. Барои интихоботҳои баъдӣ мумкин аст, ки ин корро бикунанд. Аммо ин ки мегӯянд, баргузории интихобот дар фасли зимистон ба манфиати ҳукумат аст, ман чандон розӣ нестам. Зеро агар интихобот воқеан шафоф баргузор шавад, мумкин аст, ҳизби ҳоким раъйи камтар ба даст оварад. Мушкилоти сахти зимистон, ба хусус бебарқиҳои бардавом, мардуми гирифтори мушкил ва ошуфтаро мумкин аст, водор кунад, ки ба ҳизбҳои оппозитсиюнӣ овоз бидиҳанд. Ҳамчунин расонаҳои электронӣ, ки бештар ба таблиғи ҳизбҳои наздик ба ҳукумат машғул мебошанд, дар ин фасл дастрас нест ва дар ин миён матбуоти мустақил бештар нуфуз пайдо мекунад, ки дар ин матбуот фаъолияти тамоми ҳизбҳо инъикос меёбад. Аз ин рӯ беҳтар аст, то аҳзоб нируи худро сарфи омодагӣ барои қувваозмоӣ дар майдони интихобот кунанд.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор:

- Маълум аст, ки қисмати зиёди Тоҷикистон кӯҳсор аст ва мо медонем, ки дар фасли зимистон рафтуомад хеле душвор мегардад ва ин албатта ба номзадҳо ба вакилӣ низ душворӣ пеш меорад. Аз ҷониби дигар норасоии барқ низ проблема мегардад. Масалан, ба ҳангоми омодагиҳо ба интихобот номзадҳо дар телевизион баромад мекунанд, аммо онҳоро кӣ тамошо мекунаду мешунавад, чунки дар 60-70 фоизи Тоҷикистон дар зимистон қувваи барқ нест. Бо назардошти ҳамин ман бар он фикрам, ки замони баргузории интихоботи порлумон аз зимистон ба баҳор ё ҳатто ба фасли тобистон гузаронида шавад. Дар мавриди муҳоҷирон бошад, бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дигар муҳоҷирин дар фасли зимистон ба Ватан барнамегарданд, балки беҳтар медонанд дар ҳамон муҳоҷират бимонанд. Шахсан худи ман чандин нафар шиносҳое дорам, ки дар зимистон ба Тоҷикистон намеоянд. Онҳо ба он фикранд, ки зимистони Тоҷикистон нисбат ба зимистони он ҷо душвортар аст. Аз ин рӯ ин иқдом ба манфиати интихобкунанда ҳам хоҳад буд.

НАЗАРИ АҲЗОБ

Ин танҳо пешниҳоди Зойиров не, балки яке аз таклифҳои мо дар замони муҳокимаи лоиҳа, ки тули чанд моҳ давом кард, буд. Мо гуфтем, ки баргузории интихобот дар зимистон хеле мушкил аст, зеро дар баъзе манотиқи Тоҷикистон барф то гулу аст ва он ҷо рафта намешавад. Ба ин ҷойҳо на танҳо намояндаҳои ҳизбҳо рафта наметавонанд, балки ҳатто аспу хар ҳам намеравад. Дар бисёр ҷойҳо барқ нест, намоиши телевизион нест ва барои ҳамин баргузории интихоботи порлумон дар фасли гармо бошад, на фасли сармо. Ин таклифҳо ҳамон замон буд. Вале барои инро амалӣ кардан мо шансро аз даст додем. Ҳамон замон агар таклифҳои мо-намояндагони Ҳизби коммунист дар порлумон мегузашт ва таклифҳои моро қабул медоштанд, имкони дигар кардани вақти гузаронидани интихобот буд. Мо ҳатто таклиф карда будем, ки интихобот пештар моҳи ноябр баргузор гардад. Зеро порлумон ҳақи қатъ кардани замони фаъолияти худро дорад. Бояд қаблан рӯзи интихоботро эълон мекардем, порлумон фаъолияти худро тамдид мекард ва шурӯъ мекардем ба интихобот. Ҳоло дигар порлумон ҳуқуқи тамдид кардани муҳлати фаъолияти худро надорад. Вале агар ин кор дар оянда шавад, мо ҳам тарафдор, лекин дар доираи қонун бояд инро муайян кард, ки интихобот дар кадом вақт баргузор шавад. На Маҷлиси намояндагон ва на Маҷлиси миллӣ ҳуқуқи тамдиди фаъолияти порлумонро надоранд. Панҷ сол муҳлат муайян гаштааст, на панҷ солу чаҳор моҳ. Агар замони баргузории интихоботро ба баҳор гузоранд, қонун вайрон мешавад, конститутсия вайрон мегардад. Аммо ин пешниҳод агар дар асл бигирем дуруст аст, ки дар фасли сармо душвориҳо зиёданд ва беҳтар мебуд дар баҳор баргузор гардад. Вале мутаассифона чунин нашуд ва таклифҳои моро ҳамон замон қабул накарданд, ҳоло бошад барои ин дер шуд.

Шодӣ Шабдолов

раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

***

Дар зимистон дар вақти муайянгашта гузаронидани интихоботи порлумон фикр дорам, хеле хуб аст, зеро дар фасли гармо масоили кишту кор ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон пеш меояд, ки гузаронидани интихобот дигар ҳеҷ фоидае надорад. Бештари мардум дар вақти гармӣ дар муҳоҷирати меҳнатианд ва дар кишту кор банд мебошанд ва эҳтимол на ҳама мардум дар интихобот имкони иштирокро дошта бошанд. Албатта баъзе мушкилиҳо дар баргузории интихобот дар зимистон ҷой дорад, аммо ба дигар вақт гузаронидани замони интихобот ба фикри ман ҷоиз нест.

Абдуҳалим Ғаффоров,

раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

***

Дар ҷаласаи ҳизбӣ, ки омодагӣ ба интихоботи дар пешистода дар он баррасӣ шуд, раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар мавриди замони баргузории интихобот ҳеч эроде надорад. Мо фикр мекунем, ки интихобот бояд дар вақти муқарраршудааш баргузор гардад. Ба фикри ман дар баргузории интихобот ягон душворӣ нест ва Тоҷикистон имконияте дорад, ки интихобот баргузор гардад.

Маҳмадшариф Нозимов,

муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон:

***

Ин ки моҳи феврал барои баргузории интихоботи порлумон дар шароити феълии Тоҷикистони мувофиқ нест, комилан дуруст аст. Чунки бӯҳрони бебарқии имсола, ки хеле барвақт шурӯъ шуд (ҳарчанд аз тарафи мақомоти марбута барвақт сар задани бӯҳрони бебарқӣ дар соли равон ваъда нашуда буд!), наметавонад ба ҷараёни интихобот таъсири манфӣ нарасонад. Ҷои шубҳа нест, ки бӯҳрони бебарқӣ ва сардии зимистон дар ҳамбастагӣ ҳам барои интихобкунанда ва ҳам ба кори ҳавзаҳои интихоботӣ монеаҳои зиёд эҷод менамояд ва натиҷагирӣ аз интихобот бошад, чун солҳои пеш метавонад боз тавлидгари хулосаҳои зидунақиз гардад. Аз тарафи дигар, маҳз барои Тоҷикистон даврае расидааст, ки гузаронидани тамоми чорабиниҳояш бояд мутобиқ ба талаботи мантиқи ҷомеадорӣ бошад, ки имрӯз ҳадаф ҳам ҳамин шуда… Гузаронидан ва ё интиқоли вақти интихоботи полумон ба давраи дигар (моҳи апрелро дар назар дорам!) пешниҳоди нав нест. Қаблан ҳам тақрибан охирҳои моҳи май тариқи ВАО оиди тағйир додани вақти интихобот пешниҳоде шуда буд ва дар он омада буд, ки беҳтар мебуд, агар вақти интихоботи полумон аз моҳи феврали соли 2010 ба моҳи ноябри соли 2009 гузаронида шавад. Аммо дар ҳамон давра касе ба ин пешниҳод вокунише надод ва ба андешаи ман дурусташ ҳам ҳамон пешниҳод буд. Ба моҳи апрел гузаронидани интихоботи порлумон метавонад сарчашмаи моҷароҳои навбатӣ дар фазои сиёсии ҷумҳурӣ гардад. Ба хотире, ки аллакай моҳи март аксари мардуми қобилияти корӣ дошта (ҳатто қисми боқимондааш!) барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ кӯч мебанданд. Маҳз ҳамин қисмати мардум, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ дар интихоботро доранду дар берун мемонанд, шумораашон атрофи шояд беш аз 35% ҳастанд, чунки шумораи умумии интихобкунандагон дар ҷумҳӯрӣ атрофи 5 милион буда, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ таи 1,5 - 2 милионро ташкил мекунанд. Хулоса, табдил додан ва ё гузаронидани вақти интихоботи порлумон ба вақти дигар, бахусус ба фасли тирамоҳ мантиқан дуруст буд, вале тағйири мӯҳлати интихоботи порлумон ба моҳи апрели соли 2010 дар чунин вазъият мутлақо хатост. Зимнан, боз набояд фаромӯш шавад, ки дар робита ба зарурияти мавриди назар паҳлӯҳои ҳуқуқии масъалаи пешовардашуда ниёз ба таҳлили ҳамаҷониба дорад.

Масъуд Собиров,

раиси ҲДТ

***

Аз ин пешниҳод ба таври расмӣ, ки огаҳ нестам, фикр мекунам, ки аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ карданам беҳтар аст.

Вале мо ҳаргиз ҷонибдор нестем, ки гузаронидани интихобот ба замони дигар монда шавад. Бояд дар вақти муайяншудаи конститутсионӣ интихобот гузаронида шавад.

Қароқулов,

раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон:

***

Гумон мекунам, ки ин пешниҳод аз кадом ҷонибе ҳам, ки бошад, ҳеҷ гоҳ манфиати маҳдудро думбол намекунад. Ин ҷо манфиати умумимиллӣ аст. Ба ҳар ҳол касе интихоботро дар моҳи феврал таъин карда бошад, гумон мекунам, тамдид додани ин ба манфиати ҳамон ҷониб нест. Дигар ҳар касе, ки ҳаст, манфиат дорад. Ширкаткунандагони интихобот се ҷониб ҳастанд; аҳзоб, мардум ва ниҳодҳои интихоботӣ. Ҳеҷ каси дигар набояд дар ин масъала мушкил битарошад. Мушкил барои ин се ҷонибро мо матраҳ накунем. Агар аҳзоби сиёсӣ дар умум мувофиқ ҳастанд, ки ин кор тағйир бихӯрад, миллат мувофиқ бошад, ки ин тағйир биёбад, агар як ҷониб, яъне ниҳодҳои интихоботӣ, комиссияҳои интихоботӣ мувофиқ нестанд, онҳо бояд гӯш биандозанд ба ду ҷониби дигар. Ман гумон мекунам, ки аз нигоҳи қонунӣ, ҳуқуқӣ эҳтимол ин кор мушкилтар бошад. Аммо тамдиди интихобот дар салоҳияти Президент ҳаст. Президент ҳақ дорад, ки ваколати порлумонро як гуна тамдид кунад, яъне баргузории интихоботро ба моҳҳои март ё апрел бигузаронад. Ҳеҷ мушкилие дар ин маврид нест. Боз ҳам ин ҷо манфиати ҳамон доираҳое, ки аз нигоҳи қудрат худро як гуна ҳокими тамоми манфиатҳои ҷомеа медонанд, ҳаст ва онҳо хоҳиши инро надоранд. Ман метавонам аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бигӯям, ки мо усулан мувофиқ ҳастем ва ҳатто соле пеш дар ин маврид пешниҳоди раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, оқои Кабирӣ буд, ки порлумон метавонад қабл аз анҷоми фаъолияти хеш ба истеъфо биравад. Вақте ба истеъфо рафт, интихобот метавонад, ки қабл аз вақти таъинӣ баргузор шавад. Манзури мо баргузории интихобот дар тирамоҳ буд, вале чунин як пешниҳод аз ҷонибҳои дигар пуштибонӣ пайдо накард ва имрӯз агар чунин як пешниҳоде ҳаст ба баҳор тамдид додани интихобот, мо мувофиқ ҳастем. Агар хоҳиши мақомоти аввали кишвар дар ин маврид бошад, кор хеле хуб хоҳад буд.

Ҳикматулло Сайфуллозода,

сухангӯи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон


©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97