АБДУЛЛО НАЗАРОВ: МАҲМУД БАРОИ МО МУРДААСТ!

Сиёсат 09.11.2009 15:27

Посухҳои генерал-майор Абдулло Назаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Симпозиум барои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишварҳои минтақа, ки 3-4 ноябр дар Душанбе доир шуд.

- Ҷаноби генерал Назаров, чӣ хатароте бо назардошти авзои Афғонистон метавонад минтақа ва Тоҷикистонро мутаваҷҷеҳ шавад?

- Хатарот аз Афғонистон ношӣ намешавад. Балки хатар аз ноҳияи созмонҳои террористие бармеояд, ки дар қаламрави ғайри қобили контроли Афғонистон ва Покистон барои худ паноҳгоҳ пайдо кардаанд. Ва нируҳои мусаллаҳи Покистон ва Афғонистон дар ҳамдастии нируҳои байналмилалӣ амалиёти густардаеро алайҳи ин нируҳои террористӣ дар пойгоҳҳояшон ба роҳ мондаанд, ки гуфтанист, натиҷаҳои қобили мулоҳизае ҳам ба даст овардаанд.

- Яъне имкони убури унсурҳое аз ин нируҳо ва такрори ҳаводиси тобистони гузаштаи Тавилдара вуҷуд дорад?

- На он чӣ буд, дигар такрор намешавад.

- Аммо Маҳмуд Худойбердиев ҳанӯз зинда аст ва оё ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад ё не?

- Худойбердиев ва унсурҳое, ки ҳамроҳи ӯ замоне Тоҷикистонро тарк карда буданд, мешавад гуфт, ба сурати мустақим ба амнияти Тоҷикистон наметавонанд таҳдид кунанд. Балки, албатта сар аз гоҳе ва ҷо-ҷое аз худ дарак медиҳанд ва мехоҳанд худро таблиғ ё реклама кунанд.

Аммо хатар аз ҷои дигар ношӣ мешавад. Бадбахтӣ ин аст, ки ахиран аз иртиботи ин гурӯҳҳо бо созмонҳои террористӣ маълумот ба даст омадааст. Боқимондаи ин гурӯҳҳое, ки шумо ном бурдед, аз ҷумлаи унсурҳои Худойбердиев, вақте ки ҷои худро тангтар ва тангтар мебинанд, баъзан рӯ меоранд ба Афғонистон ва роҳҳои илҳоқ ё ҳамроҳӣ ба созмонҳои байналмилалии террористие назири «Ал-Қоида» ва Ҳаракати исломии Узбакистонро ҷустуҷӯ мекунанд. Анна онҳо ба ҳамин созмонҳо руҷӯъ мекунанд. Чаро? Барои он ки кишварҳои дигари минтақа дар чаҳорчӯби созмони Шангхай ва дигар созмонҳои минтақаии зиддитеррористӣ ба сурати дастаҷамъӣ барномаҳои таъмини амният дар қаламрави ин кишварҳо ва дар минтақаро тарҳрезӣ ва рӯи даст гирифтаанд.

- Аммо ба ҳар ҳол худи ӯ, Худойбердиев зинда аст?

- Агар мехоҳед воқеъиятро бидонед, пас он ин аст, ки ман ба ростӣ дар мавриди мурдаву зиндаӣ ин одам сӯҳбат карданро лоиқ намедонам. Барои ниҳоди мо ӯ дигар як ҷасад аст. Касе, ки Ватани худро фурӯхт, савгандеро, ки ба президент ва қонуни асосӣ дода буд, зери по кард, хост балво барпо кунад ва шармандавор фирор кард, касе нест, ки одам бихоҳад дар марвиди ӯ сӯҳбат кунад. Ӯ барои мо дар тамоми абъод мурдааст.

- Дар мавриди пешгирӣ аз фаъолияти ташкилоти «Ватандор» ва ҳама он чӣ ки Додоҷони Атовулло иддаъо мекунад ва таҳқироте, ки ба унвони Президент раво мебинад, Шумо иқдоме мекунед? Ва ё онро ҷиддӣ намегиред?!

- Ростӣ, вақте ки як нафар аз тариқи матбуот ва расонаҳои электронӣ мехоҳад худро реклама кунад, арзиши онро надорад, ки дар мавридаш сӯҳбат кунем. Ин масъала ҳам қобили гуфтан нест. Ӯ танҳо ба худтаблиғкунӣ саргарм аст. Ва он чи ки аз номи кадом созмоне сухан мегӯяд, ҳамаи ин дурӯғ аст. Ин шахс танҳо ба таблиғи худаш машғул аст.

- Аммо натиҷаи нишасти Душанбе чӣ аст? Оё дар ин нишаст, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии кишварҳои минтақа ширкат доштанд, масъалаи камарбанди амниятие, ки қаблан Тоҷикистон пешниҳод карда буд, низ баррасӣ шуд?

- Ин иқдом албатта дастгирӣ ва татбиқи амалии пешниҳоди Президенти мамлакат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чанд соли пеш гуфта буд, бояд дар атрофи Афғонистон камарбанди амниятӣ муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубориза бо терроризм ташкил шавад. Мо хурсандем, ки ҳамин пешниҳодро кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ҳам ҷонибдорӣ карданд ва на танҳо он кишварҳо, балки кишварҳои ҳамсоя низ.

Агар бигӯем, ки нишасти имрӯз иқдоме дар ҳамин самт аст ва ин идеяро як қадам пеш бурд, хато намекунем.


©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97