ЧУ ДАСТИ ДӮСТ…

Сиёсат 30.10.2009 18:04

Ғавғоҳои матбуотӣ дар атрофи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Русия аз ҳангомаҳои ҳуҷуми амрикоиҳо ба Ироқ гузашт. Ҷаҳони матбуот саравал дар муносибатҳои ду давлат ҷанги шадиди сард оғоз карда, фарзияҳои даст ба гиребон шудани Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро пешкаш карданд. Хати сурхи ҷанг забони русӣ шуд. Забоне, ки имрӯз бештар барои ҳифз дар Русия ниёз дорад. Аз рӯи маълумоти бунёди "Русский мир" танҳо дар худи ҳудуди Русия қариб як миллион китобҳои таълимӣ намерасад.

Дар манотиқи амиқи Русия умуман макотиб нест. Президенти Тоҷикистон ба ин масъала нуқта гузошта, таъкид кард, ки забони русӣ чун забони байналхалқии муошират боқӣ мемонад. Барои исботи дақиқи он нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоровро чун гарав ба Душанбе овард. Зеро забони модариашро намедонад ва ҳатмӣ бо ӯ бо забони русӣ ҳарф мезананд.

Иқдоми Сарвари давлат дар мавриди даъвати омӯзгорони забони русӣ низ сазовори таҳсин аст. Бе киноя "десантҳо"- омӯзгорони солҳои 60-ум дар ташаккули зиёии тоҷик саҳми бузург гузоштанд. Вале ин корро ба харҷи кам анҷом додан зарур аст. Омӯзгорони забони русиро албатта бояд бо мақоми "муҳоҷири меҳнатӣ" қабул кард. Беҳтараш мо 8 ҳазор бинокор фиристонда, 4 ҳазор омӯзгор мегирем.

Забонро бо силоҳ ҳифз намекунанд. Замоне испаниҳо барои рушди забони испанӣ бо маблағҳои калон мардумро ба Амрико равон мекарданду маблағҳои калонро дареғ намедоштанд. Агар Русия дар Тоҷикистон сад мактаби русӣ бино карда, даҳ нашрияи русиро маблағгузорӣ кунад, худи русҳои Тамбов барои омӯхтани забони русӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Одатан пойгоҳҳои низомии русҳо дар даврони осоишта хатарноканд. Албатта силоҳи онҳо не, афсарони сархӯшаш даҳшатоваранд. Ин масъала низ ҳалталаб аст. Умуман пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чун музей низ хизмат мекунад. Ин пойгоҳ пораи таърихи начандон дури мо аст. Ман аз шартҳои мавҷудияти ин пойгоҳ огоҳӣ надорам. Вале табиист, ки вазифаи стратегии пойгоҳ ба бехатирии Осиёи Марказӣ вобаста аст. Касе имрӯз дӯстии ҷовидонии моро бо Чин, Покистон, бародармусулмони мо Узбакистон замонат намедиҳад. Мулло Умар ва пайравонаш ҳоло дар даҳсолаи оянда низ дар Осиёи Марказӣ бо гулчанбар истиқбол гирифта намешаванд. Ба замми ин дар Осиё имрӯз беш аз 340 ҳазор пайравони гурӯҳҳои тундраву маргталабу исломгарои чап мавҷуданд.

Захираҳои нафту гоз торафт кам мешаванд. Ба замми ин зарари истифодаи сӯзишвории қишрӣ торафт меафзояд. Рӯзе мерасад, ки шайхи Араб аз мо илтиҷо мекунад, ки дар соҳили Панҷ ё Зарафшон ним гектор заминро барои сохтани ниругоҳ барояш бидиҳем. Бе Русия бунёди маҷмаъи энержии Тоҷикистон имконпазир аст. Аз ҷониби дигар имрӯз лоиҳаҳои энергетикии Русия боварбахш нест. Нисбат ба Русия имрӯз Чехия, Олмон, Канада лоиҳаҳои арзонтару муътамадтар доранд. Барои ин саросемавор Русияро ба Роғуну Зарафшон овардан лозим нест.

Дар маҷмӯъ тамоми фарзияҳо таҳлилҳои нисбати сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ғалат баромаданд. Мардуми содда аз ин сафар арзоншавии бензин, ҷорӣ нашудани лимити барқро интизор буданд. Аммо ба таври муъҷизавӣ Эмомалӣ Рахмон бо сафари давлатӣ Русияро "таслим" кард. Дигар "пойгоҳи низомӣ" забони русӣ баҳона нест. Ва Дмитрий Медведев дарк кард, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Эмомалӣ Шарифовичи даҳ сол пеш монанд нест.


Наҷмиддини Шоҳинбод
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97