РАИСИ ҶУМҲУР МЕҲМОНИ РАШТ АСТ

Сиёсат 27.10.2009 15:06

Имрӯз, 27-уми октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои мавриди истифода қарор додани сохтмони чанд иншооти муҳим ва анҷом додани мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафари худро шурӯъ кард. Қарор аст дар ҳошияи ин сафар дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод се пули азим дар болои дарёи Сурхоб мавриди истифода қарор бигиранд. Дар ноҳияи Нуробод ҳамчунин, маркази ноҳия ба шаҳраки нави ободу замонавии Дарбанд, ки тайи чанд соли охир дар ҷойи холӣ бунёд ёфтааст, кӯчонда мешавад. Сафари кории Президент ба водии Рашт аз мавзеи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт.

Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмонро мардум истиқбол гирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати чинии «Чайна роуд» лентаи рамзиро бурида, пули азими дарозиаш 210 ва паҳноиаш 10 метраро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иқтидори борбардории ин пули муқтадир, ки бо сарфи 18 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ба 80 тонна баробар аст.

Гуфта мешавад, дар бунёди ин қисмати роҳ 200 нафар мутаххасисону коргарони маҳаллӣ бо кор таъмин гаштаанд ва ҳамчунин 25 километр роҳи маҳаллӣ аз Нимич то Сайрон навсозӣ мешавад, ки 17 километри он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо бинокорон ва мардуми ноҳияи Тоҷикобод ба муҳандисону мутахассисон ва роҳсозони тоҷику чинӣ барои дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони ин пули бузург изҳори сипос намуд.


©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97